АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Дар ҳолати монополияи танзимшаванда будан, фирма аз рўи имконияти бозор метавонад озодона ҳар кадом нархро муқаррар намояд. Аммо фирма бо сабабҳои гуногун на ҳама вақт нархи максималиро талаб менамояд.
Бозори монополистӣ аз миқдори ками фурўшандагоне, ки ба сиёсати нархгузорӣ ва стратегияи маркетинги ҳамдигар фаъолият қодир менамояд иборатанд. Молҳои ба якдигар монанд (пулод, алюминий), инчунин номонанд (автомобил, компютер) мавҷуданд.
Агар ягон фурўшанда нархи моли худро 10% кам кунад, харидорон бо тезӣ ба дигар маъминкунанда мегузаранд.
Олигополист ҳеҷ гоҳ боварӣ надошт, ки вай аз ҳисоби паст кардани нарх натиҷаи дуру дарозро ба даст оварда метавонад. Агар олигополист нархро баланд кунад, мумкин, ки рақибон аз паси ў нараванд, дар ин вақт вай маҷбурӣ ба нархи пешина бармегардад.
Усули ҳисоби нархи ибтидоӣ
Ҳамин тавр вобаста ба шакли бозор проблемаи сиёсати нарх тағйир меёбад. Новобаста ба ин фирмаҳо(корхонаҳо) усули танзимшудаи нархи ибтидоии моли худро дошта бошад. Усули ҳисоби нархи ибтидоӣ аз 6 доира иборат аст:
-ташкили вазифаҳои бавуҷудоии нарх;
-муайян намудани талабот;
-баҳодиҳӣ ба хароҷотҳо;
-таҳлили нарх ва моли рақибон;
-интихоби усули нархгузорӣ;
-муқаррар намудани нархи охирин.
Стратегияи нархгузорӣ асосан аз рўи қарори пашкӣ қабул кардаи фирма оид ба вогузории мол дар бозор муайян карда мешавад. Мисоли ин тавр тез-тез вохурдани мақсад чунин аст:
- Таъминоти зинда мондан; 2. Максимализатсияи фоидаи ҷорӣ; 3. Ба дастовардани пеш сафӣ аз рўи нишондиҳандаи сифати мол.
Ҳар як нархи муқарраршуда ба сатҳи талабот таъсир мерасонад. Талабот баробари паст шудани нарх зиёд мешавад. Ғайр аз ин ба талабот омилҳои дигар, ба монанди реклама ҳам таъсир мерасонад.
Талабот дар ҳолатҳои зерин кам ёзандаанд:
-мол ивазкунанда надорад, ё худ рақибон нестанд;
-харидорон баландшавии нархро якбора ҳис намекунанд.
-харидорон одатҳои харидкунии хешро оҳиста-оҳиста дигар мекунанд ва барои ҷустўҷўи молҳои арзонтар намешитобанд; Харидорон баландшавии нархро бо баландшавии сифати мол, афзоиши табии пастшавии қурби пул меҳисобанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё