АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

-байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон забоняккунӣ нест;
-имконияти гирифтани ахбороти пурра аз ҳарду тараф мавҷуд аст;
2.Бозори монополияи покиза инҷо:
-миқдори фурўшандагон якто, миқдори харидорон аз як зиёд;
-аз тарафи дигар истеҳсолкунандагон барои ба соҳа даромадан роҳ нест;
-инҷо молҳои ивазшаванда мавҷуд нест.
3. Бозори рақобати монополистӣ, инҷо:
-шумораи харидорон ва фурўшандагон аз як зиёд аст;
-муомила дар доираи васеи нарх содир мешавад;
-молҳои аз нуқтаи назари хосият ва нарх фарқкунанда пешниҳод карда мешаванд;
-барои моли якхела нарх баланд гузошта мешавад.
4. Бозори олигополистӣ, инҷо:
-шумораи фурўшандагон каманд;
-фурушандагон оид ба сиёсати нархгузории якдигар нозукӣ зоҳир мекунанд;
- олигополист бо тезӣ нархи моли рақибонро ҳис мекунад.
Ҳамин тавр, бозори рақобати комил аз бисёр фурўшандагон ва харидорони молҳои ба ҳамдигар монанди ҳархела иборатанд. Фурўшанда нархи молро аз нархи бозор баданд талаб карда наметавонанд, чунки харидорон онҳоро бо нархи чакана миқдори зарурии молҳоро харида мегиранд. Дар инҷо фурўшандагон барои кор карда баромадани стратегияи маркетингӣ сарф намекунанд, то он вақте, ки бозори рақобати комил мемонад (бозори укроп ). Мақоми роли тадқиқоти маркетингӣ оид ба кор карда баромадани мол, сиёсати нарх, намоиш (реклама), ҳавасмандкунии фурўш камтар аст.
Бозори рақобати монополистӣ аз бисёр харидорон ва фурўшандагон ташкил ёфта, муомиларо дар доираи васеи нарх ба ҷо меорад. Мавҷудияти доираи нарх маълум менамояд, ки ба харидорон тарзҳои гуногуни молҳои аз якдигар бо сифат, хосиятҳо, ороиши берунӣ фарқкунанда пешниҳод карда мешавад. Харидорон фарқияти пешниҳодҳоро фарқ мекунанд ва тайёранд ба молҳо пардохти ҳархела кунанд.
Дар бозори монополистӣ фақат як фурўшанда фаъолият мекунад. Мумкин аст, ки ин муассисаи(корхонаи) давлатӣ бошад. Монополияи давлатӣ ба воситаи сиёсати нарх ва мақсадҳои гуногун расида метавонад. Вай метавонад нархро аз арзиши аслии пасттар муайян кунад ( агар мол барои харидорӣ аҳамияти муҳим дошта бошад ва имконияти бо арзиши пуррааш харида гирифтан набошад, мумкин нарх барои рўпуш кардани хароҷотҳо ва гирифтани даромади хуб муқаррар карда шавад. Ба мақсади кам кардани истеъмоли ин мол, нархи баланд муқаррар карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё