Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Марҳилаи намунавии ҳаёти молро чи тавр тасвир кард. Марҳилаи ҳаёти мол аз чор давраи асосӣ иборат аст.

  1. Давраи ба бозор баровардан: вақте, ки баробари ба бозор баромадани мол намшъунамои фурўш суст аст. Дар ин давра дар натиҷаи бисёр будани хароҷоти ба бозор баровардани мол, фоида мушоҳида карда намешавад.
  2. Давраи наъунамо: вақти дар бозор бо зудӣ қабулкунии мол ва афзоиши тези фоида.
    Давраи камолот: вақти сустшавии сурати фурўш, чунки молро бисёрии харидорони потенсиалӣ қабул карданд. Дар инҷо ҳаҷми фоида ба муносибати зиёдшавии хароҷот барои ҳиссаи мол аз рақибон мўътадил ё кам мешавад.
    Давраи таназзул: вақте, ки ҳаҷми фурўш ниҳоят пастрафта миқдори фоида кам мешавад.
    Сабаҳои асосии нашъунамо ва пастравии нишондиҳандаҳои ин давраҳоро бо мисолҳои мушаххас фаҳмонда дод.
    Баъд аз омўхтани ин мавзўъ, донишҷў бояд ба саволҳои зерин ҷавоб диҳад:
  3. Намудҳои асосии таснифи молҳоро фаҳмонида диҳад.
  4. Тамғаи мол барои чӣ лозим аст.
  5. Давраҳои коркарда баромандани моли навро фаҳмонда диҳад.
  6. Чӣ тавр марҳилаи ҳаёти молро дароз намудан мумкин.

МУҚАРРАРКУНИИ НАРХ БА МОЛҲО

  1. Ба вуҷудоии нарх дар шаклҳои гуногуни бозор.
  2. Усули ҳисоби нархи ибтидоӣ.
  3. Муқарраркунии нарх ба молҳои нав.
  4. Бо ташаббус тағйирёбии нарх.
  5. Ҳиссиёти фирма (корхона) на тағйирёбии нархи моли рақибон.

Ба вуҷудоии нарх дар шаклҳои гуногуни бозор

Иқтисодчиён 4 шакли бозорро ҷудо намуданд, ки ҳар яки он оид ба вуҷудоии нарх проблемаи хешро дорад.

  1. Бозори рақобати комил дар инҷо:
    -шумораи харидорон аз як зиёд, фурўшандагон ҳам аз як зиёданд, нархи мол доимӣ шуда метавонад;
    -маҳсулот якхела, бисёриҳо маҳсулоти якхела истеҳсол мекунанд;
    -барои ба соҳа ворид шудан ё баромадан монанд нест;
пешина
аз 91
навбатӣ