Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Борпечонӣ бояд диққати харидоронро ба худ ҷалб намояд, хусусияти молро ифода кунад, дар истеъмолкунанда ба ин мол боварӣ пайдо кунад ва умуман таъсири мувофиқ расонида тавонад.
Пешравии фаровони истеъмолкунандагон. Пешравии фаровонии истеъмолкунандагон чунин маъно дорад, ки онҳо тайёранд барои беҳбудии намуда берунӣ, боэътимодӣ, обрў ва борпечонии беҳтарин диққати бисёре диҳанд.
Симои мол ва симои тамға. Фирма (корхона) бояд иқрор шавад, ки борпечонӣ оид ба фосилаи кўтоҳ дониста гирифтани фирма ва тамға ёрдамчии харидор (истеъмолкунанда) бошад.
Имконият барои навоварӣ. Дар борпечонӣ навоварӣ барои истеъмолкунандагон фоидаи иқтисодии зиёдеро меоварад. Мақсади асосии борпечонии нав чунин аст:
а)нигоҳдории мол; б)шароити мусоид барои харидорон; в)моли шавқовар, диққатҷалбкунанда; г)тоза нигоҳ доштани мол; д)кашондани мусоиди мол; е)барҳам додани намудҳои ҳархелаи масолеҳи борпечонӣ.
Дар вақти ҳозира, масъалаи (проблемаи) борпечонӣ диққати ҷомеаро боз ҳам зиёд ба худ ҷалб менамояд. Бинобар он, дар вақти қабули қарор оид ба борпечонӣ,ходимони бозор бояд ҷиҳати корҳои зеринро баҳисоб гиранд:

  1. Ҳақиқат дар борпечонӣ ва нишонакунӣ, ифодаи худро ёфта бошад.
  2. Арзиши аз ҳад зиёди борпечонӣ. Дар бисёр ҳолатҳо арзиши борпечонӣ аз нархи мол зиёд аст.
  3. Истифодабарии манбаъҳои камёфт.
  4. Дар бисёри мамлакатҳои тараққикарда то 40% партовҳои сахт ( кавӣ)-ро масолеҳи партофташудаи пўсонданӣ ташкил медиҳад.
    Дар замони ҳозира нишонакунии мол ахамияти калон дорад. Фурўшандагон барои молҳои худ воситаҳои нишонакунӣ (тамғаи мол-этикетка ва ярлык) меофаранд.
    Тамғаи аз рўи мол (этикетка) вазифаҳои зеринро иҷро намояд:
    а)Тамғаи рўи мол (этикетка) ҳамшакл будани молро ифода кунад; б)Тамғаи рўи мол метавонад навъи молро нишон диҳад; в)Тамғаи рўи мол метавонад молро тасвир кунад. Мисол, дар куҷо ва кай вайро сохтааст, чизи борпечондабуда, қоидаи истифодабарӣ ва техникаи бехатарии дар вақти кор бо ў; г) Тамғаи рўи мол метавонад молро ба таърихи нақшавӣ-шавқовар иҷро кардан тағйирот барад.
пешина
аз 91
навбатӣ