Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Мақсади асосии истифодабарии стратегияи бисёртамғагӣ бо сабабҳои зерин фахмонидан мумкин аст:
Якум, истехсолкунанда барои дар магазинҳо мондани молҳои худ имконияти зиёди майдони фурўш пайдо карда метавонад; Дуюм, миқдори ками харидорон ба як тамға мухлис (тарафдор буда, онҳо хоҳиши санҷида дидани дигар тамғаро доранд; Сеюм, тамғаи нави молҳо ташаббусро ҳавасманд мегардонанд ва боздиҳии коргарони корхонаи истеҳсолкунанда баланд мекунад; Чорум, стратегияи бисёртамғагӣ диққати харидоронро ба манфиатҳои гуногун ва хусусиятҳои ҳархелаи дилкаши мол ҷалб менамояд. Дар як тамғаи мол метавонад диққати гурўҳи алоҳидаи истеъмолкуннадагонро ба худ ҷалб намояд.

Аҳамияти печондан ва нишонкунии молҳо
Борпечони аз давраҳои қадим пайдо шудааст. Одамони давраи ибтидоӣ аз ҷангалзорҳо меваҳои ёбоиро ба хонаашон дар даруни пўсти чорво ё худ дар сабадҳое, ки аз алаф (қамиш) мебофтанд мебурданд. 8 ҳазор сол муқаддам хитоиҳо барои нигоҳ доштани масолеҳи сахт ва моеъ ғунҷоишгоҳҳои гуногуни лоинро ихтироъ намудаанд.Арабҳои Мисри қадим барои нигоҳ доштани масолеҳи моеъ зарфи шишагинро ихтироъ карданд.
Ғунҷоишгоҳ, асосан аз се қабат иборат аст.
Борпечони дохилӣ-ин ғунҷоишгоҳи бевоситаи мол ба шумор меравад (барои конфет қоғази сафед). Борпечони берунӣ- месолеҳе, ки барои ҳимояи борпечони дохилӣ хизмат мекунад.
Вақтҳои охир печондани мол ба яке аз олотҳои таъсирбахшандаи маркетинг мубаддал гаштааст.
Ҳозир қисми зиёди молҳои пешниҳод мешуда бояд печонида шуда бошад. Барои баъзе молҳо (куртаи мардона) борпечонӣ ахамияти на он қадар калон дорад, вале барои қанд, макарон, мурғ ва дигар молҳо бениҳоят зарур аст. Бинобар ин қисми зиёди фурўшандагон борпечониро яке аз унсурҳои сиёсати мол меҳисобанд.
Истифодабарии васеи борпечонӣ, ҳамчун олоти маркетингӣ омилҳои гуногун мусоидат мекунанд:
Худхизматрасонӣ дар савдо. Инҷо мол бе ёрии бевоситаи фурўшандагон харида мешавад, бинобар ин онҳо бояд дона-дона, ё худ бо ягон қадоқи муайян борпечон шуда бошанд.

пешина
аз 91
навбатӣ