АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Идоракунии маркетингӣ озуқаворӣ
Идоракунии маркетинг (менеҷменти маркетингӣ) ин раванде, ки (дар ин давра) фирма ва ташкилотҳо барномаҳое кор карда ҷорӣ менамояд, ки барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ва ба даст даровардани фоида ёрӣ мерасонанд. Яке аз принципҳои муҳими маркетингӣ иборат аз он аст, ки фирма бояд талаботи муайян намуда ўро қонеъ гардонад. Мақсади умумии консепсияи маркетинг иборат аз он аст, ки кўшиши фирма бояд барои қонеъ гардонидани зарурати истеъмолкунандагон ва гирифтани фоида равона карда шуда бошад. Принсипи асосии дуюми маркетинг талаб мекунад, ки истеъмолкунанда ҳама вақт хоҳиши имконияти интихоб кардан дошта бошад.
Барои дониста гирифтани сабабҳои бомуваффақият фаъолият намудани як фирма назар ба дигар аст, рафтори идоракунии маркетинг фоиданок аст.
Фирмаҳои истеҳсолкунанда кор карда мебароянд ва стратегияҳои гуногуни ба рақобат тобоварӣ маркетингро ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи ин ё он гурўҳи истеъмолкуннадагон истифода мебаранд. Мавқеи маркетинги фирма бо номи «стратегияи чор Р» маҷмўи стратегияи нарх, маҳсулот, ҳаракати мол ва ҷойро ифода менамояд (англ. Price. Product. Promotion. Place). Ҳар як фирма (корхона) таносиби беҳамтои ин стратегияҳоро барои истифодабарии бартарии захираҳои хеш, ҷамъ намудани истеъмолкунандагони мақсадноки хеш ва аз рақибон пеш гузаштан кор карда мебарояд. Интихоби бозорҳои мақсаднок ва таносиби маркетингӣ, стратегияи маркетинг номида мешавад.
Усулҳои идоракунии маркетингие, ки дар ин иқтисодиёти бозорӣ васеъ истифода бурда мешавад, зуд-зуд ба танқид дучор мешаванд. Фирма (корхона)-ро бо тарзҳои гуногун, ба монанди баланд бардошгтани нарх, фиреб додани истеъмолкунандагон, гуногуншаклӣ, бемувофиқатӣ ва дуборагӣ, бемаъноӣ мукофонидан, маҳдуд намудани воридшавӣ ба бозор, талафкорона истифодабарии захираҳо ва таҷрибаи ғайри ахлоқӣ дар тиҷорат ва ғайраро айбдор мешуморанд. Дар вақти бо маводҳои мушаххас шарҳ додан, ин гунаҳкоркуниҳоро дар стратегияи идоракунии маркетинг дида мебароем.
Самаранокии маркетинг
Самаранокии маркетингӣ соҳаи озуқаворӣ-нишондиҳандаи вазифаи маркетинг ба шумор меравад. Мақсади самаранокии умумии фермерҳо, маркетинги озуқавории фирмаҳо ва ҷамъият аст.
Самаранокӣ ба тариқи умумӣ ҳамчун таносуби ба система баромадан ва ворид шудан чен карда мешавад. Воридшавии маркетингӣ-захираҳое, ки (қувваи корӣ, бортгониӣ, мошинҳо ва таҷҳизотҳо,я ва ғайраҳо) барои баҷоории вазифаҳои ў заруранд. Баромадан дар маркетинг ҳар як фоиданокӣ, вақт, шакл, ҷой ва соҳибикунӣ, ки истеъмолкунандагонро қонеъ мекунонад, дарбар мегирад. Ҳамин тавр, захираҳои ин хароҷотҳо, фоиданокии ин манфиат дар қоидаи самаранокии маркетингӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё