Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Миёнаравҳо- шахсони алоҳида ва фирмаҳое, ки барои иҷро кардани вазифаҳои маркетингии ба хариду фурўши мол дар вақти бурда расидани онҳо аз истеъмолкунанда ба истеъмолкунанда алоқаманд, махсус гардонида мешаванд.
Онҳоро ба тарзи зерин тасниф намудан мумкин аст:
Миёнаравҳои савдо:

  1. фурўшандагони чакана; 2. Фурўшандагони яклухт.
    Миёнаравҳои агентӣ (вакил):
  2. брокерҳо; 2. коммисионерҳо.
    Миёнаравҳои биржавӣ:
  3. Аз нав коркунандагон ва истеҳсолкунандагон; 2. Ташкилотҳои ёрирасон.
    Вазифаҳои асосии миёнаравҳоро бо ҳаёти реалӣ мутобиқ намуда фаҳмондан зарур аст. Муносибати инвеститсионӣ барои дар соҳаи озуқаворӣ фаҳмидани сабабҳои махсусгардонии миёнаравҳо фоидаи калон дорад. Фермерҳо метавонанд амалиётҳои нигоҳдорӣ, бурда расонидан, фурўш ва кор карда баромадани маҳсулотҳои кишоварзиро гузаронанд. Мисол, бозори муқаррарии фермерӣ бо роҳи ба фермерҳо ва истеъмолкунандагон додани вазифаи онҳо, ҳамаи миёнаравҳои озуқавориро бекор мекунад.
    Се сабаби асосии ба миёнаравҳо вобаста намудани нигоҳубин, боркашонӣ, кор кардабароӣ, савдои яклухт ва ғайра вуҷуд дорад.
    Якум, тақсимоти меҳнат ва махсусгардонии истеҳсолоти ҷамъиятӣ.
    Дуюм, махсусгардонӣ имконият медиҳад, ки вобаста ба масштаби амалиёт фоида ба даст ояд.
    Сеюм, миёнаравҳо метавонанд хароҷотҳои доир ба омўхтани бозор, бурдани амалиётҳои касбӣ ва бастани созишномаро ба дараҷаи назаррас паст кунанд.

Муносибати ахлоқӣ
Фирмаи маркетинги мушаххас ва системаи онҳоро аз рўи мавқеи ахлоқӣ дида баромадан мумкин аст. Ҳамаи онҳор аз одамоне, ки барои ин ё он душвориҳо бартараф намудан қарорҳои муайян қабул мекунанд. Масъалаҳои ба системаи ахлоқӣ (рафтор) алоқаманд доштаро ба чор гурўҳи васеъ тақсим кард.
*системаи дароварӣ-барориш; *системаи ҳукмронӣ дар бозор; *системаи алоқа (коммуникация); *системаи ахлоқии (рафтор) мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии дохилӣ ва берунӣ.

пешина
аз 91
навбатӣ