Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Агар шартҳои гуфтугузор ба тарафҳо маъқул яод созишнома баста мешавад.
Шиносоӣ бо ин мавзўъ донишҷўро водор мекунад, ки ки ў ба саволҳои зурин ҷавоб дода тавонад:
-фарқи маркетинг дар бозори корхонаҳо аз бозори истеъмолӣ дар чист?
-омилҳои асосие, ки ба рафтори харидорони молҳои дар саноат истифодашанда таъсир мерасонанд?
-хусусиятҳои фарқкунандаи бозори молҳои дар саноат истифодашаванда аз бозори молҳои сермасраф дар чист?
-чи тавр харидорони корхонаҳои (муассисаҳои) давлатӣ қарор қабул мекунанд?

ТАҲЛИЛИ БОЗОРИ КИШОВАРЗӢ ВА ОЗУҚАВОРӢ

  1. Мақсади асосии омўхтани маркетинги озуқаворӣ

  2. Идоракунии маркетинги озуқаворӣ

  3. Самаранокии маркетинг

  4. Истеъмолкунанда ва маркетинги озуқаворӣ

  5. Мақсади асосии омўхтани маркетинги хўрокворӣ

Мафҳуми маркетинг аз тарафи шахсони гуногун якхела қабул карда намешавад.
Барои истеъмолкунанда маркетинг ин истифодабарии ҳаррўзаи хизмати супермаркет ба ҳисоб меравад.
Аз ин рў маҷмўи ҳамаи намудҳои фаъолияте, ки ба раванди ҳаракати маҳсулоти хўрокворӣ ва хизматрасонӣ, аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сар карда то лаҳзаи ба дасти истеъмолкунанда расидани онҳо маркетинги хурокворӣ номида мешавад. Маҷмуаи раванди таъминоти фермаҳо, истеҳсоли хоҷагиҳои фермерӣ ва маркетинги хўроквориро бизнеси аграрӣ меноманд.
Дар вақти омўхтани ин фан бояд проблемаҳои асосии иқтисодиро ба монанди чӣ қадар, чӣ тавр, чӣ хел тақсим (паҳн) намудани маҳсулоти истеҳсолшударо фаромўш набояд кард.
Дар замони ҳозира оид ба омўхтани маркетинги хўрокворӣ якчанд нуқтаи назар мавҷуд аст, ҳар яки он ояндаи ягонаи хосе дорад, ки аз рўи нигоҳ ва характер ва мавчудоти раванд тааллуқ дорад.
Нуқтаи назари функсионалӣ (муносибати функсионалӣ) Яке аз усулҳои таснифкунии фаъолиятҳои гуногуни ба раванди маркетинг дохилшаванда аз рўи вазифа (функсия) тақсим намудани ин равандҳо.

пешина
аз 91
навбатӣ