Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Бозори муассисаҳои давлатӣ
Намуди сеюми бозори корхонаҳо, бозори муассисаҳои давлатӣ ба шумор меравад.
Бозори муассисаҳои давлатиро ташкилотҳои ҳукумати федералӣ, органҳои маҳаллӣ, ки молҳоро барои иҷроиши вазифаҳои асосии ҳукуматдорӣ мехаранд ё ба иҷора мегиранд, назорат мекунанд.
Дар ин шакли бозор одатан фурўшанда (истеҳсолкунанда) корхонаҳои давлатӣ буда, харидорони мол бошад муассисаҳои давлалтӣ мебошад.
Мисол, истеҳсоли яроқ ва дигар лавозимоти низомӣ. Одатан молҳои харидори гуногун ва хизматӣ аз номи муассиаҳои давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои дар пеш истодаи давлатӣ зарур аст. Дар мисоли мушаххас фаҳмонид, ки барои иҷрои ин максадҳо муассисаҳои давлатӣ кадом гурўҳ молҳоро харида мегиранд. Мисол, барои ҳимояи ватан, тадқиқотҳои коинот кадом гурўҳ молҳо заруранд. Аз ин рў бешубҳа гуфтан мумкин, ки давлат барои ҳар як истеҳсолкунанда ва фурўшандагони мобайнӣ, бозори бузург аст.
Дар вақти аз тарафи муассисаҳои давлатӣ харидорӣ кардани молҳо бояд қарори иловагӣ қабул карда шавад, яъне чи қадар бисёр, дар куҷо бо кадом нарх ба даст оварда шавад ва кадом намуди хизматрасонӣ талаб карда шавад. Инҷо ба тариқи максималӣ кам кардани хароҷоти андоздиҳанда дар назар дошта мешавад.
Барои қабули қарор оид ба мол аз номи муассисаҳои давлатӣ идораҳои гуногун (Вазорати савдо ва ғайраҳо) иштирок мекунанд. Аммо ягон идора ҳамаи моли ба муассисаи давлатиро харидорӣ карда наметавонанд. Бинобар ин бисёри муассисаҳо молҳои даркории хешро, хусусан молҳои дар саноат истифодашаванда ва таҷҳизотҳои махсусро мустақилона харидорӣ мекунанд.
Ба харидорони муассисаҳои давлатӣ ҳам чор гурўҳ омилҳое, ки дар боло зикр ёфтаанд таъсири асосӣ мерасонанд. Хусусияти фарқкунандаи харидорӣ аз номи муассисаи давлатӣ дар он аст, ки аз болои онҳо гурўҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ назорати доимӣ мебаранд (Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ғайраҳо).
Бисёр вақтҳо барои таъминкунандагон харидории ҳукуматӣ ниҳоят мураккаб ва шастгардон менамояд. Барои ин муомила ҳуҷҷатҳои бисёр талаб карда мешавад, бинобар ин таъминкунандагон изҳори норозигӣ баён мекунанд.
Хариди яклухти давлатӣ бо ду роҳи асосӣ баҷо оварда мешавад:
-усули савдои кушод;
-усули созишномавӣ, дар натиҷаи гуфту гузор.
Дар вақти истифодабарии усули савдои кушод, ташкилоти давлатии яклухт харида аз таъминкунандагони касбӣ талаб мекунад, ки дар пешниҳоди онҳо мол тасвири пурраи худро дошта бошад.
Дар ҳолати истифодабарии усули созишномавӣ ташкилоти давлатӣ бо як ё худ якчанд фирма (корхона) кор мебарад ва оид ба бастани созишнома гуфтугузори бевоситаро анҷом медиҳад.

пешина
аз 91
навбатӣ