Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чандон ки ба гўши ту суруданд тарона,
Шаҳбайти ғазалҳои шакарбори ту бошам.
Гўям ҳама ҷо қиссаи шабҳои висолат,
Эй кош, ки сарномаи ашъори ту бошам.
Дар базми ту хуршед рухашро нанамояд,
Чун бода ба паймонаи саршори ту бошам.
Хоҳам, ки дар ин хонаи торик чу шамъе
Побанди туву лаззати дидори ту бошам.
Раҳме бинамо, дар ғами ишқи ту асирам,
Ҷон бахшамату ҳамдаму дилдори ту бошам.

ВИДОЪ

Дар пойи дил завлонаҳо аз остонат меравам,
Чун бахт, чун мурғи ҳумо аз ошёнат меравам.
Дар лобалои зиндагӣ кай сар ниҳам дар пойи ту?
Хуш бош бо ёри нават, аз тан чу ҷонат меравам.
Дар қисмати танҳоиям, шеъри тари савдоиям,
Эй ҳамсафар, бе ҳамсафар рози ниҳонат меравам.
Банде ба гардан бори ишқ, бо синаи афгори ишқ,
Бишкаста сози дилбарӣ, аз хонумонат меравам.
Ай ҷони ширин, борҳо додам туро озорҳо,
Ноошнои ошно, ман аз баёнат меравам.
Хоки биёбонам кунун, рў карда сўи офтоб,
Чун оҳ андар лаҳзае ман аз забонат меравам.
Тақдири мо андар замин қисмат нашуд бо ҳамдигар,
Хуш бошу бо дигар нишин, ман аз ҷаҳонат меравам.

ВИСОЛ

Шоми ишқи мо басе зебо гузашт,
Хандаи гул, домани саҳро гузашт.
Ташналаб андар хаёли зиндагӣ
Лаззати дидору он шабҳо гузашт.
Баъд аз инам бўсаборонам макун,
Вақти ҷому соғару саҳбо гузашт.

пешина
аз 73
навбатӣ