Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба чашми мо зи шаҳди хоби ширин шира мемолад,
Ки чашми мо ҷамоли субҳи тиллорезро нодида
ғофил биғнавем, эй дўст.
Агар ту аз Худо тарсӣ,
Саҳартар хезу гўш андоз,
Ду гўши хеш бар бонги Хурўсу он сурўш андоз:
Ба ҳангоме ки аз дарёи шири моҳтоби субҳи аввал,
Саъваҳои зарди ахтарҳо,
Тани худро ҳамешўянд,
Ба ҳангоми намози хеш дар домони сабзи осмон онҳо,
Ба умри як шаби дар анҷуман бигзаштаи худ
шукр мегўянд,
Хурўси арш ҳам болу параш афшондаву фарёд месозад,
Ба монанди муаззини фалак бонги азон эҷод месозад:
Азони аввалини ў чунин бошад,
Ки аз хоби гарони бесамар хезед, оқилҳо!
Азони дуввумини ў чунин бошад,
Ки чун Хуршед бар поси саҳар хезед, ғофилҳо!
Азони саввумини ў чунин бошад,
Ки гар доред фикри ризқу рўзие ба сар, хезед, коҳилҳо!
Азони охирину вопасини ў ҳамин бошад:
Шумо ҳам дар шумори мурдаҳо ҳастед, ҷоҳилҳо!

Хурўсони замин бонги варо такрор месозанд, Ба бонги хеш мардони худоро ҳар саҳар бедор месозанд.

ҶУДОӢ

Шира баста чашми мурғон,
Чашми гулҳо гард дорад.
Мисли ман абри парешон,
Дард дорад, дард дорад.

Як назар кардам ба саҳро,
Сабзазорон бетароват.

пешина
аз 73
навбатӣ