Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Барг бошад чун салиби сабз андар гарданаш.
Мурғи ҳақ бонги «аналҳақ» мезанад,
Дар гулўи шаб бупечад шеванаш.

Дар чунин фасле, ки ҳар кас ёр меҷўяд, чаро
Айб набвад фориғ аз савдои ў будан маро?!

БА НАМРУДТИНАТОН

Эй ду-се намрудтинат,
Боки ман ҳамчун Халил аз оташи Намруд нест.
Чунки андар даштҳои маргзои тинати хушки шумо, Чингае аз баҳри дандон кофтан дигар намонд.
Боки ман аз оташу аз дуд нест, Боки ман аз оташи кину ҳасадҳои шумост!

Лоҷарам, пинҳон бидорам ман Халили табъи худ, Дар паноҳи болҳои Ҷабраили дафтарам.
Дафтари кори шумо тангӣ кунад бар вусъати пиндори ман, Ман ба рўи дафтарам рў оварам.

Ман парида аз миёни оташи кину ҳасадҳои шумо,
Бо Халили табъ доим мекашам озори шеър.
Гар Худо бошад нигаҳбони сарам,
Мешукуфад аз миёни оташи кину ҳасадҳои шумо-
Гулзори шеър!

СОЛИ ХУШК

Эй абрҳои зунг,
Эй ноқаҳои маст, ки дар дашти осмон
Беҳуда мечаред,
Обистанӣ зи ёдатон оё ки рафтааст?
Ё нутфаи маҳини абри дигаре,

пешина
аз 73
навбатӣ