АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Рўзу шаб шўям тафаккурҳои худро
Мисли дарё.
ДАРСИ КУШОД
Баҳори сабзхат аз имтиҳони охирини пири Дай бигзашт,
Зимистон ҷои худро бар муриди навхаташ биспурд Ва худ бо хотири ҷамъаш ҳамоно мурд; Ва зоғони сияҳпўшу кабўтарҳои азрақпўш Варо бо нолаҳою гиряҳои абру боронҳо гуселонданд, Ба он хоне, ки сар зад растахези навбаҳор, ўро бигўронданд.
Сипас бар хонаҳои куҳнаи саҳро баҳор омад, Чу Монӣ дар бараш Аржанги пурнақшу нигор омад.
Муридон-рўду мурғу офтобу абру боронҳо Ҳама бар хонақоҳаш омаданд аз нав Баҳори сабз бар танҳои онон хирқаҳои сабз пўшонид, Бигуфто: корвони рушдро дар кўҳу саҳроҳо биҷунбонед!
Ба дасти ҳар кадоме дод як хатти рашоди сабз, Ба дасти ҳар кадоме дод як барги сафарнома.
Ба дасти ҳар кадоме дод як дипломи сабзеро, Ки то гўянд дарси тозае дар мактаби саҳро, Ки ороянд маҳфил аз ҳисоби сабзаву гулҳо.
Кунун дар мактаби саҳро Ва донишгоҳи боғу маҳфили гулҳо Надонам рўд бар гўши дарахтону ниҳолонаш чӣ мегўяд, Надонам мурғ бар гўши гулу ғунча чӣ мехонад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё