АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Монд аз баҳори умри худ бечора модарам,
Шуд тирамоҳи умри ў оғози ин баҳор.
Мелоди ман ба зодани дарё бувад шабеҳ,
Дарё нигаҳ намекунад бар кўҳу чашмасор.
Аз модари ягонааш ёде намекунад,
Вақте ки дашт чун зане гирад варо канор.
Рўзе ,ки пои ман равон бинмуд модарам,
Ман домани намозии ў пушти по задам.
Пас аз канори модарам рафтам канори деҳ,
Худро пас аз канори деҳ бар шаҳрҳо задам.
Ҳайфо, канори модарам буд меҳани нахуст,
Тарки ватан намудаму гаштам ғарибу зор,
Аз он биҳишти гумшуда афсўс мехўрам,
Акнун миёни дўзахи дунё ҳазор бор.
Вақте зи шири модари худ ман шудам ҷудо,
Пистон ниҳод бар лаби ман дояи фалак.
Меҳрам наяст дар дили ин модарандарам,
Хунам диҳад ба ҷои шир ин золи бенамак.
Ман аз забони модарам дуздида вожаҳо,
Ман бо забони модарам гўям таронаҳо.
Аз як баҳори модарам дуздида сад баҳор,
Ман аз баҳори модарам дорам нишонаҳо.
Тўмори сабзи баргҳо дар гардани дарахт,
Тўмори сабзи модарам дар гардани ман аст.
Марҷони ашки абрҳо дар домани дарахт,
Марҷони ашки модарам дар домани ман аст.
ШУКРОНАҲО
Зи тарси хоби бепоёни уқбо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё