АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Сайд чаро раҳо кунӣ в-аз пайи дона меравӣ?
Номи азизи ту дигар сабти равони ман шуда,
Ҳамраҳи ҷон аз лабам мисли тарона меравӣ.
Аз дари дўст мерасад Пури Талаб ба шаҳри хеш,
Баҳри зиёраташ чаро ҳамраҳи мо намеравӣ?
РАВШАНИ ҲАМРОҲ
Равшани Ҳамроҳ (Ҳамроев Равшанқул Замонович) 18 сентябри соли 1960 дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент (с.1980) ва факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд)-ро соли1984 хатм намудааст. Аз соли 1984 то соли 1989 дар мактаби миёнаи рақами 35-и ноҳияи Ёвон ба ҳайси омўзгор ва то соли 1992 дар шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия дар вазифаи мушовир кор кардааст. Ду сол дар мактаби миёнаи зодгоҳаш муаллим буд. Аз соли 1994 то соли 2016 дар коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент дарс гуфтааст. Алъон муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Оиладор, падари шаш фарзанд.
Намунаҳои эҷодиёташ дар рўзномаву маҷаллаҳо ва зиёда аз бист маҷмўаҳои дастаҷамъӣ ба табъ расидааст. Нахустин маҷмўаи шеърҳояш таҳти унвони «Гарди ситора» соли 1990 дар нашриёти «Адиб» аз чоп баромадааст. То айни замон маҷмўаҳои ашъораш таҳти унвони «Гули абр» (1997), «Андешаҳо аз решаҳо» (1999), «Таронаҳо ба хонаҳо» (2001), «Забони чашм» (2003), «Тафсири фиғони мурғ» (2004), «Оҳанги бедорӣ» (2006), «Ташнаи дидор» (2007), «Саду як ғазал» (2009) ва «Солнома» (2011), «Дарахти оҳ» (2013) ва «Аз чароғи хона то шамъи мазор» (2016) ба нашр расида. Равшани Ҳамроҳ инчунин, муаллифи маҷмўаи ҳаҷвии «Витамини ханда» (1999), рисолаҳои «Саргузашти Ҳазрати Муҳаммад(с)» (2009), «Қиссаҳо аз рўзгори Имоми Аъзам» (2010), «Таълимгоҳи бузургон» (2010), «Кони зар ва дарёи пургуҳар» (2010), «Фарзанди қарни ХХ» (2011) ва «Рўзгори омўзгор» (2013) буда, бештар аз 50 мақолааш дар матбуоти маҳалливу марказӣ интишор ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё