Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз баҳри Худо, эй дуст, бархезу биё имшаб.
Беҳуда равӣ, Мирзо, шабҳо пайи ёди ў,
Дар базми рақибон аст, дур аз бари мо имшаб.


Соқӣ, аёғ пур кун аз он шароби Ваҳдат,
То як ғазал бихонам ман аз китоби Ваҳдат.
Боре намо назора бар саҳфаҳои таърих,
Бегонагон чӣ карда зери ниқоби Ваҳдат.
Гардем асиру вола бар ҳусни безаволаш,
Як лаҳза дур созем аз сар ҳиҷоби Ваҳдат.
Дар кўйи некномон, дар базми хубрўён,
Ҷонҳо ба шўр орад чангу рубоби Ваҳдат.
Паймонае ба каф гир имрўз бетаҳаммул,
Ду оламат ба фармон гўяд савоби Ваҳдат.
Аз худ биҷў нишоне айёми ҳақшиносист,
Дигар макун тағофул дар интихоби Ваҳдат.
Сад ҷон супурда покон аз баҳри номи тавҳид,
Душман камар бибандад баҳри итоби Ваҳдат.
Мирзо агар биёбад шурбе зи ҷоми тавҳид,
Ёбад ҳаёти ҷовид бо як хитоби Ваҳдат.


Дўш аз ин кўй гузар карду рафт,
Боз маро хуни ҷигар карду рафт.
Ҷилвакунон хайли парӣ аз пасаш,
Ҳар ду ҷаҳон зеру забар карду рафт.
Суҳбати ин пир будӣ дилгир,
Оқибати кор ҳазар карду рафт.
Нола надорад ба дили ў асар,
Ашки маро дурру гуҳар карду рафт.
Мурғи хушилҳон дами субҳдам,
Қиссаи он нури басар карду рафт.
Пири хирадманд маро дид маст,
Таъна бар он домани тар карду рафт.
Он ки мудом ҷони ҷаҳон хондамаш,
Вой, маро хок ба сар карду рафт.
Хонаи чашмам кунамаш пешкаш,

пешина
аз 73
навбатӣ