Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу яке чўби тарам, во шараре нест маро.
Ман, ки умре ба хаёли рухи ў мезистам,
Сад дарего, ба ҷамолаш назаре нест маро.
Зумрае аз ҳунари хеш занад лоф мудом,
Ғайр аз ин гиряву зорӣ ҳунаре нест маро.
Умр бигзашт ба сарсониву ҳам дарбадарӣ,
Чӣ кунам ҷойи иқомат ба даре нест маро.
Ба дуо ёди мани зор намоӣ, Мирзо,
Ки дар ин роҳи дароз ҳамсафаре нест маро.


Эй вой, ханҷар мезанад бар сина он барно маро,
Охир ба хоку хун кашад, имрўз, ё фардо маро.
Дар раҳгузори он санам ман хок бар сар мекунам,
Шояд ки хонад сўйи хеш он турки бепарво маро.
Андар намози бомдод омад маро чашмаш ба ёд,
Он як нигоҳи чашми ў кард волаю шайдо маро.
Дар маҳфиле биншаста ў, хайли ҳарифон рў ба рў,
Аз маҷлисаш берун намуд бо нозу истиғно маро.
Созам ба даргоҳи Худо ҳар субҳу шом ман ин дуо,
То дарди ишқ гардад насиб ин ҷову ҳам он ҷо маро.
Ин бахти бад раҳме накард бар ҷони Мирзо, эй ҳабиб,
Дар кўйи ў афкандааст бечораву танҳо маро.


Мерасад бар авҷи гардун оқибат овои мо.
Дар самовоти дигар эҷод шуд маъвои мо.
Андаруни олами дигар ману дунёи ман,
Бебасар ҳаргиз набинад олами зебои мо.
Тарси ман аз марг набвад, эй ҳабиби меҳрубон,
Дар миёни ҳакшиносон холӣ монад ҷойи мо.
Дардмандонему дармоне намеёбад табиб,
Сўхт мағзи устухонам, войи мо, сад войи мо.
Бо дили девона ҳар шаб менамоям кашмакаш,
Дар фиғон афтодааст ҳамсоя аз ғавғои мо.
Мардуме аз баҳри таъзим назди дуне дар сукут,
Лоиқи иззат нагардид, сад дареғ, Мирзои мо.


пешина
аз 73
навбатӣ