АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Оҳи дардолуди моро бишнаву андеша кун,
Оҳи ғам аз синаҳои реш пайдо мешавад.
Гушначашмонро набошад айб ин ҳирсу ҳаво,
Ин амал з-олудагии беш пайдо мешавад.
Гуфтугўи ишқ дилро мебарад аз раҳ бурун,
Каҷраҳӣ аз мазҳабу аз кеш пайдо мешавад.
Соғари андешаро дар зиндагӣ аз каф манеҳ,
Дар миёни нўш гоҳе неш пайдо мешавад.
Якраҳӣ касро зи по афтонад андар рўзгор,
Ин амал аз саркашии меш пайдо мешавад.
Эй Зарифӣ, аз сурўшам омад имшаб ин паём:
Ҳарфи ҳақ аз қалби ҳақандеш пайдо мешавад.
Ба гулшан шохаи гул ҳар баҳоре мешавад пайдо,
Ба пои сабзаву гул гоҳ хоре мешавад пайдо.
Хуш ояд булбулонро сўзиши қалби ҳазини ман,
Зи барқи оҳи сўзонам шароре мешавад пайдо.
Намонда ашк андар дидаам дар ҳасрати рўят,
Зи ҳар як тори мўям чашмасоре мешавад пайдо.
Дар ин майдони танҳоӣ ниҳон аз гўшаи хиҷлат,
Ба қасди раҳзани дил шаҳсаворе мешавад пайдо.
Зи гарди домани ман ,ар кунад парҳез, боке нест,
Ки аз ҳар бурҷи ин саҳро ғуборе мешавад пайдо.
Зи тўфони ҳаводис нест биме дар дили ошиқ,
Бирав, эй нохудо, охир каноре мешавад пайдо.
Магў, андар дили гулшан касе роҳат намепояд,
Дар ин водӣ яке уммедворе мешавад пайдо.
Зи доғи қалби хунинам чӣ мепурсӣ, гузар аз ман,
Ба ҳар ҷо з-ашки чашмам лолазоре мешавад пайдо.
Зарифӣ, аз забони Соибам ин ҳарф хуш омад:
«Навосанҷе чу ман дар рўзгоре мешавад пайдо».
Рўяд гули муҳаббати ту аз замини ман,
Сабт аст ҳарфи ишқ ба лавҳи нигини ман.
Нозат базебу чашми сиёҳи ту дилфиреб,
Дорам ҳавои чеҳраи ту, нозанини ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё