АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ба хобам омадӣ, ҷоно, биё дар вақти бедорӣ,
Бидонам то ки дорам ман дар ин дунёи дун ёре.
Бубин гул рашки булбул чун қадаҳ саршор медорад,
Худоё, кош омӯзӣ аз ӯ дарси вафодорӣ.
Сар аз хоки дари ту ҳеҷ гоҳе барнамедорам,
Агарчандам, ки бинвозӣ в-агарчандам, ки озорӣ.
Чи кулфатҳо, ки омад бар сарам аз ишқи он дилбар,
Набинад ҳеҷ кас, ё Раб, ба олам инчунин хорӣ.
Ба ҳаққи он ҳама ранҷе, ки дид андар раҳи ишқат,
Ба Султони ҷаҳони ғам бикун лутф аз раҳи ёрӣ.
ИСМОИЛ ЗАРИФӢ
Исмоил Зарифӣ 16-уми майи соли 1955 дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Соли 1972 мактаби миёнаро дар деҳаи Филмандар ва соли 1982 Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Аз соли 1972 то имрўз омўзгор аст.
Хабару мақолаҳояш аз курсии мактабӣ ва шеърҳояш аз соли 1984 дар матбуоти давр ба табъ мерасанд.
Соҳиби 35 китоб аст. Ў соли 2016 барои китоби панҷҷилдаи «Лаҳзае то ҷовидон» барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст.
Китобҳои охиринаш «Ғуруби зиндагӣ», «Лутфи Равшан» ва «Кош арўсам шавӣ» солҳои 2017 ва 2018 ба табъ расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё