Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва масали ғазаб чун саги шикорӣ аст ва масали шаҳват чун асб ва масали ақл чун савор, ки асб гоҳ бувад, ки саркаш бувад ва гоҳ бувад, ки фармон бардорад ва саг гоҳ бувад, ки омӯхта бувад ва гоҳ бувад, ки бар табъи худ бувад ва то ин омӯхта набувад ва то он фарҳехта2 набувад, саворро умед он набошад, ки сайд ба даст орад, балки бими он бувад, ки худ ҳалок шавад, ки саг андар вай афтад ва асб вайро бар замин афканад ва аммо маънии адл он бошад, ки ин ҳар дуро андар итоати ақлу дин дорад: гоҳ шаҳватро бар хашм мусаллат кунад, то саркашии вай бишиканад ва гоҳ хашмро бар шаҳват мусаллат кунад, то шараҳи вай бишиканад ва чун ин ҳар чаҳор бад-ин сифат бувад, ин некӯхӯи мутлақ бувад ва агар аз ин баъзе некӯ набошад, ин некӯхӯи мутлақ набошад:
ҳамчунон, ки касеро, ки даҳон некӯ бувад ва бинӣ зишт, ин некӯрӯи мутлақ набошад.
Ва бидон, ки ин ҳар яке чун зишт бувад, аз вай хулқҳои зишт ва корҳои бад таваллуд кунад. Ва зиштии ҳар яке аз ду ваҷҳ бувад: яке аз фузунӣ хезад, ки аз ҳад нашуда бувад ва яке аз он ки ноқис бувад.
Ва қуввати илм чун аз ҳад бишавад ва андар корҳои бад ба кор доранд, аз вай гурбузӣ3 ва бисёрдонӣ хезад ва чун ноқис шавад, аз вай аблаҳӣ ва ҳамоқат хезад ва чун мӯътадил бошад аз вай тадбири некӯ ва раъйи
1 Ҳар киро доноӣ додаанд, ҳароина хайри фаровон додаанд.
2 Боадаб, ботарбият.
3 Ҳилагарӣ ва дағалкорӣ аз роҳи доноӣ.
дуруст ва андешаи савоб ва фаросати рост хезад.
Ва қуввати хашм чун аз ҳад бишавад, онро таҳаввур1 гӯянд ва чун ноқис бувад, онро баддилӣ ва беҳамиятӣ2 гӯянд ва чун мӯътадил бувад, на бешу на кам – онро шуҷоат гӯянд ва аз шуҷоат, карам ва бузургҳимматӣ ва далериву ҳилму бурдборӣ ва оҳистагиву фурӯ хӯрдани хашм ва амсоли ин ахлоқ хезад ва аз таҳаввур лофу уҷб ва кибру кундоварӣ ва борномаву хештан андар корҳои бохатар афкандан ва амсоли ин хезад ва чун ноқис бошад ва аз вай хорхештанӣ ва бечорагӣ ва ҷазаъу тамаллуқ ва мазаллат хезад.
Ва аммо қуввати шаҳват чун ба ифрот бувад, онро шараҳ гӯянд ва аз вай шӯхӣ3 ва палидӣ ва бемурувватӣ ва нопокӣ ва ҳасаду хорӣ кашидан аз тавонгарон ва ҳақир доштани дарвешон ва амсоли ин хезад ва агар ноқис бувад, аз рӯи сустӣ ва номардӣ ва бехештанӣ4 хезад ва чун мӯътадил бувад, онро иффат гӯянд ва аз вай шарму қаноат ва мусомеҳат ва сабру зарофат5 ва мувофиқат хезад.
Ва ҳар якеро аз ин ду канора аст, ки зишт ва мазмум аст ва миёнаи он некӯ ва писандида аст ва он миён дар миёна ду канораи бориктар аст аз мӯй ва Сироти мустақим6 он миёна аст ва ба борикӣ чун Сироти охират аст: ҳар кӣ бар ин Сирот рост биравад, фардо бар он Сирот эмин бувад.
Ва барои ин аст, ки Худои таъоло барои ҳама ахлоқ миёна фармуд ва аз ҳар ду тараф манъ ва занҷир кард ва гуфт: «Ва-л-лазина изо атфақу лам йусрифу ва лам йақтуру ва кона байна золика қивоман» бисутуд касеро, ки андар нафақа на танг гирад ва на исроф кунад ва бар миёна биистад ва расулро гуфт – саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Ва ло таҷъал йадака мағлулатан ила ъунуқика ва ло табсутҳо кулла-л-басти», «Даст андар банд мадор, чунонки ҳеч чиз бинадиҳӣ ва ба якборагӣ кушода мадор, чунонки ҳама бидиҳӣ ва бе барг фурӯ монӣ».
Пас, бидон, ки некӯхӯии мутлақ он бувад, ки ин ҳама маъонӣ андар вай мӯътадил ва рост бувад, чунонки некӯрӯӣ он бувад, ки ҳама андомҳои вай рост ва некӯ бувад ва халқ андар ин ба чаҳор гурӯҳанд: яке он бошад, ки камоли ин ҳама сифот вайро ҳосил бувад ва некӯхӯӣ ба камол бошад, ҳама халқро ба вай иқтидо бояд кард ва ин набувад илло пайғамбарро саллаллоҳу алайҳи ва саллам, чунонки некӯрӯии мутлақ Юсуфро буд –
1 Бебокӣ.
2 Беғайратӣ.
3 Бешармӣ.
4 Беҳушӣ, беҳиссӣ.
5 Покдилӣ, покниҳодӣ.
6 Роҳи рост.
алайҳиссалом, дуввум он ки ин ҳама сифот андар вай ба ғояти зиштӣ бувад ва ин бадхӯии мутлақ бувад: ва уҷб бувад вайро аз миёни халқ берун кардан, ки вай наздик бувад ба сурати шайтон, ки шайтон ба ғояти зиштист ва зиштии шайтон зиштии ботин ва сифоту ахлоқ аст; саввум он, ки дар миёни ин ду дараҷа бошад, валекин ба некӯтар наздиктар; чаҳорум он, ки дар миёна бошад, лекин ба зиштӣ наздиктар бувад; ва чунонки андар ҳусни зоҳир некӯӣ бағоят ва зиштӣ бағоят камтар бувад ва бештар андар миёна бошад андар хулқи некӯҳамчунин бувад: пас, ҳар касеро ҷаҳд бояд кард, то агар ба камол нарасад, бошад, ки ба дараҷаи камол наздиктар бувад ва агар ҳама ахлоқи вай некӯ набувад, боре баъзе ё бештар некӯ бувад. Ва чунонки тафовут андар некӯрӯӣ ва зиштрӯӣ ниҳоят надорад, андар хулқҳамчунин бошад.
Ин аст маънии хулқи некӯ ба тамомӣ ва ин на як чиз аст, на даҳ ва на сад, ки бисёр аст, валекин асли ин бо қуввати илму ғазаб ва шаҳвату адл аст ва дигар ҳама шохаҳои вай бувад.
Пайдо кардани он ки хулқи некӯ ба даст овардан мумкин аст Бидон, ки гурӯҳе гуфтаанд: «Чунонки хулқи зоҳир бинагардад аз он, ки офаридаанд: кӯтоҳ дароз нашавад ба ҳилат, ё дароз кӯтоҳ нашавад ва зишт некӯ нашавад, ҳамчунин ахлоқ, ки сурати ботин аст, бинагардад» ва ин хатост, агар чунин будӣ, таъдиб ва риёзат ва панд додан ва васият кардани некӯ1ҳама ботил будӣ. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳусну ахлоқакум – хӯи хешро некӯ кунед». Ва ин чӣ гуна муҳол бувад, ки мар сутурро аз саркашӣ бо нармӣ тавон овар ва сайди ваҳширо фаро унс тавон дошт! Ва қиёси ин бар хулқат ботил аст, ки корҳо ду қисм аст, баъзе он аст, ки ихтиёри одамиро бад-он роҳ нест, чунонки аз астаи хурмо дарахти себ натавон кард, аммо аз вай дарахти хурмо тавон кард ба тарбият ва нигоҳ доштан ва шурути он, ҳамчунин асли хашм ва шаҳват мумкин нест ба ихтиёр аз одамӣ бибурдан, аммо хашм ва шаҳватро ба риёзат бо ҳадди эътидол овардан мумкин аст ва ин ба таҷрибат маълум аст, аммо дар ҳаққи баъзе хулқ душвортар бувад ва душвории он ба ду сабаб бувад, яке аз он ки дар асли фитрат қавитар афтода бувад ва дигар он, ки муддате дароз тоати он дошта бувад.
Ва халқ андар ин ба чаҳор дараҷаанд:
Дараҷаи аввал – он ки содадил бошад, ки ҳанӯз нек аз бад нашинохта
1 Суфориш кардан.
бошад, ҳанӯз хӯй фарокори неку бад накарда бувад, валекин бар фитрат аввал аст ва ин нақшпазир бувад ва зуд салоҳ пазирад: вайро ба касе ҳоҷат бувад, ки таълим кунад ва офати ахлоқи бад бо вай бигӯяд ва роҳ ба вай намояд. Ва кӯдаконро ҳама дар ибтидои фитрат чунин бувад ва роҳи эшон падару модар бизананд, ки эшонро бар дунё ҳарис кунанд ва фаро гузоранд, то чунонки хоҳанд, зиндагонӣ мекунанд, хуни дайни эшон дар гардани модарону падарон бошад ва барои ин гуфт Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло: «Қуво анфусакум ва аҳликум норан»1
.
Дараҷаи дуввум – он бувад, ки ҳанӯз чизе бад эътиқод накардааст, лекин мутобеати шаҳват ва ғазаби хӯй карда бошад мудом, лекин ҳамедонад, ки нокарданӣ аст. Кори вай саъбтар бувад, ки вайро ба ду чиз ҳоҷат аст. Яке он, ки хӯи фасод аз вай берун кунанд ва дуввум он, ки тухми салоҳ андар вай бикоранд, валекин агар дар вай ҷиддӣ ва боястӣ пайдо ояд, зуд ба ислоҳ ояд ва хӯй аз фасод бозканад.
Дараҷаи саввум – он, ки хӯй фаро фасод карда бувад, надонад, ки ин нокарданӣ аст, балки он хӯй андар чашми вай некӯ шуда бувад: ин ба ислоҳ наёяд, илло ба нодир.
Дараҷаи чаҳорум – он, ки аз ин ҳама фахр кунад ба фасод ва пиндорад, ки корест чун касоне, ки лоф зананд, ки мо чандин кас бикуштем ва чандин шароб бихӯрдем, ин илоҷпазир набошад, магар саодате самовӣ андаррасад, ки одамӣ андар он роҳ набарад.
Пайдо кардани тариқи муолиҷа
Бидон, ки ҳар кӣ хоҳад, ки хулқеро аз худ берун кунад, як тариқ беш нест ва он – он аст, ки ҳар чизро, ки он хулқҳамефармояд, хилофи он ҳамекунад, ки шаҳватро ҷуз мухолифат накушад ва ҳар чизро зидди вай шиканад: чунонки илоҷи иллате, ки аз гармӣ хезад сардӣ хӯрдан аст; ҳар иллате, ки аз хашм хезад, илоҷи вай бурдборӣ кардан аст ва ҳар чӣ аз такаббур хезад, илоҷи вай тавозӯъ кардан аст ва ҳар чӣ аз бухл хезад, илоҷи вай мол додан аст ва ҳамчунин аст ҳама.
Пас, ҳар кӣ коре некӯ одат кунад, хулқи некӯ андар вай падид ояд ва сирри ин, ки шариат ба кори некӯ фармудааст, ин аст, ки мақсуд аз ин гардидани дил аст аз сурати зашт ба сурати некӯ. Ва ҳар чӣ одамӣ ба такаллуф одат кунад, табъи вай шавад, ки кӯдак аз ибтидо аз дабиристон бирамад ва аз таълим гурезон бувад. Ва чун вайро ба илзом фаро таълим доранд, табъи вай шавад ва чун бузург шавад, лаззати вай андар илм
1 Худатон ва касонатонро аз оташ нигоҳ доред.
бувад ва аз он сабр натавонад кард, балки касе ки кабӯтар бозидан ё шатранҷ бозидан ё қимор одат кунад – чунонки табъи ӯ гардад – ҳама роҳатҳои дунё ва ҳар чӣ дорад, андар сари он диҳад ва даст аз он бинадорад, балки чизҳо, ки бар хилофи табъ аст, ба сабаби одат табиат гардад, то касоне бошанд, ки фахр кунанд бар айёрӣ ва бар он, ки бар чӯб хӯрдан ва даст буридан сабр кунанд ва муханнасон – бо фазиҳати кори эшон – бо якдигар дар муханнасӣ фахр кунанд, балки агар касе назора кунад, миёни ҳаҷҷомон ва канносон ҳамчунон андар кори худ бо якдигар фахр кунанд, ки уламо ва мулук накунанд ва ин ҳама самараи одат аст, балки касе, ки ба гил хӯрдан хӯ фаро кунад, чунон шавад, ки аз он сабр натавонад кард ва бар бемориву хатари ҳалок сабр мекунад.
Пас, чун он чи зидду хилофи табъ аст, ба одати табъ ҳамегардад, ончи бар мувофиқи табъ аст ва дилро ҳамчун таом ва шароб аст танро, авлотар ки ба одат ҳосил ояд ва маърифати Ҳақ таъоло ва тоати вай ва зердаст доштани ғазабу шаҳват, бар муқтазои табъи дили одамӣ аст, ки вай аз гурӯҳи фариштагон аст ва он ки майли вай ба хилофи ин аст, аз он аст, ки бемор шудааст, то ғизои вай нохуш шудааст наздики вай; ва бемор бошад, ки таомро душман дорад ва он чи вайро зиён дорад бар он ҳарис, пас ҳар кӣ чизе дигар аз маърифат ва тоати Ҳақ таъоло дӯст надорад, бемор аст, чунонки Ҳақ таъоло гуфт: «Фӣқулубиҳим маразун»1. Ва гуфт:
«Ал-амну атиллоҳа биқалбин салимин»2 ва чунон ки тани бемор дар хатар ҳалоки ин ҷаҳон аст, дили бемор дар хатари ҳалоки он ҷаҳон аст ва чунонки беморро умеди саломат набувад, илло бад-он ки бар хилофи нафс доруи талх хӯрад ба фармони табиб, бемории дилро низ ҳилат набувад, илло ба мухолифати ҳавои нафс ба қавли соҳиби шариат алайҳиссалом, ки табиби дилҳои халқӯст.
Ва бар ҷумла, тибби тан ва тибби дил ҳар ду яке роҳ дорад: чунонки гармиро сардӣ созад ва сардиро гармӣ, ҳамчунин касеро, ки такаббур бар вай ғолиб бувад, ба такаллуф кардани тавозӯъ шифо ёбад ва агар тавозӯъ ғолиб бувад ва ба ҳадди хасисӣ расида бошад, такаллуф3 такаббури вайро шифо бувад.

пешина
аз 176
навбатӣ