Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва Ҳорунаррашид бо Аббос ки аз ҷумлаи хавоси вай буд, ба наздики Фузайли Иёз мешуд, чун ба дари хона расид, Қуръон мехонд, бад-ин оят расида буд, ки: «Ам ҳасиба-л-лазина-ҷтараҳу-с-саййиоти ан наҷъалаҳум ка-л-лазина оману ва ъамилу-с-солиҳоти савоан маҳйоҳум ва мамотуҳум, соа мо йоҳкумун», яъне он аст, ки: «Пиндоштанд касоне, ки корҳои бад карданд, ки мо эшонро баробар дорем бо касоне, ки имон оварданд ва корҳои нек карданд!?» Бад ҳукме буд, ки эшон карданд!» Пас гуфт: «Дар бизан, Аббос». Дар бизаду гуфт: «Амирулмӯъмининро дар боз кун».
Гуфт: «Амирулмӯъминин назди ман чӣ кунад?» Гуфт:
«Амирулмӯъмининро тоат дор». Пас дар боз кард, шаб буд, чароғро бикушт, Ҳорун дар торикӣ даст гирд мебаровард, то дасташ ба вай боз омад, гуфт: «Оҳ аз ин даст бад-ин нармӣ, агар аз азоб наҷот ёбад!» Он гоҳ гуфт:
«Ё амирулмӯъминин, ҷавоби Худои таъолоро сохта бош рӯзи қиёмат, ки туро бо ҳар як мусалмоне як-як биистонад ва инсоф аз ту талаб кунад».
Ҳорун ба гиристан афтод, Аббос гуфт: «Хомӯш бош, ки бикуштӣ амирулмӯъмининро!» Гуфт: «Ё Ҳомон1, ту ва қавми ту вайро ҳалок кар-
1 Номи вазири Фиръавн.
дед ва маро мегӯӣ, бикуштӣ вайро?» Ҳорун гуфт, ки туро Ҳомон аз ин мегӯяд, ки маро баробари Фиръавн ниҳод. Пас ҳазор динор дар пеши вай биниҳод, ки ин ҳалол аст аз маҳри модарам. Гуфт: «Туро мегӯям: аз он чи ки дорӣ, даст бидор ва ба худовандон деҳ, ту ба ман диҳӣ?!» Ва аз пеши вай бархосту бирафт.
Ва Умар ибни Абдулъазиз мар Муҳаммад ибни Каъби Қуртиро гуфт:
«Сифати адли маро бигӯй». Гуфт: «Аз мусалмонон ҳар ки аз ту кеҳтар аст, ӯро падар бош ва ҳар ки меҳтар аст, вайро писар бош ва ҳар ки ҳамчун туст, вайро бародар бош ва уқубати ҳар касе дархӯри гуноҳ ва қуввати вай кун зинҳор, то ба хашм як тозиёна назанӣ, ки он гоҳҷои ту дӯзах бувад!»
Ва яке аз зуҳҳод ба наздики халифаи рӯзгор шуд, гуфт: «Маро панде деҳ». Гуфт: «Ман ба сафари Чин рафта будам, малики он ҷоро гӯш кар шуда буд, мегирист азим ва мегуфт: «На аз ин мегирям, ки шунавоии ман ба халал шуд, лекин аз он мегирям, ки мазлум бар дари ман фарёд кунад ва ман нашунавам. Валекин чашм бар ҷост мунодо кунанд, то ҳар ки тазаллум хоҳад кард, ҷомаи сурх пӯшад». Пас ҳар рӯзе бар пиле нишастӣ ва берун омадӣ ва ҳар ки ҷомаи сурх доштӣ, вайро бихондӣ. Ё амирулмӯъминин, ин дар кеши кофирӣ буд, ки шафқат ба бандагони Худои таъоло чунон мебурд ва ту мӯъминӣ ва аз аҳли байти расулӣ, нигоҳ кун, то шафқати ту чӣ гуна аст?»
Ва Абӯқилоба ба наздики Умари Абдулъазиз шуд, гуфт: «Маро панд деҳ». Гуфт: «Аз рӯзгори Одам то имрӯз ҳеч халифа намондааст, магар ту». Гуфт: «Бияфзой». Гуфт: «Нахустин халифа, ки бихоҳад музд, ту хоҳӣ буд». Гуфт: «Бияфзой». Гуфт: «Агар Худои таъоло бо ту бувад, аз чӣ тарсӣ ва агар бо ту набувад, ба чӣ паноҳ кунӣ?» Гуфт: «Басанда аст ин, ки гуфтӣ».
Сулаймон ибни Абдулмалик халифа буд, як рӯз андеша кард, ки дар ин дунё чандин танаъъум кардам, ҳоли ман ба қиёмат чӣ гуна бувад?»
Касе бар Бӯҳозим фиристод, ки олим ва зоҳиди рӯзгор буд ва гуфт: «Аз он чи рӯза бад-он кушоӣ, маро чизе фирист». Порае сабӯси бирёнкарда ба вай фиристоду гуфт: «Ман ба шаб аз ин хӯрам». Сулаймон чун бидид, бигирист ва бар дили вай азим кор кард ва се рӯз рӯза дошт, ки ҳеч чиз нахӯрд ва саввум шаб бад-он рӯза бикушод. Чунин гӯянд, ки он шаб бо аҳл сӯҳбат кард, писари вай Абдулъазиз падид омад ва аз вай Умари Абдулъазиз, ки ягонаи ҷаҳон буд дар адл ва монанди Умари Хаттоб буд; ва гуфтанд, ки он аз баракоти он нияти некӯ бувд, ки аз ин таом хӯрда буд.
Умари Абдулъазизро гуфтанд, ки: «Сабаби тавбаи ту чӣ буд?» Гуфт:
«Рӯзе ғуломеро задам, гуфт: ёд кун аз он шабе, ки бомдоди вай қиёмат хоҳад буд. Ва он бар дили ман асар кард».
Ва Ҳорунаррашидро яке аз бузургон дид, ки дар Арафот пои бараҳна ва сари бараҳна бар зери сангреза истода буд ва даст бардошта мегуфт:
«Бор Худоё, Ту Туӣ ва ман манам; кори ман он аст, ки ҳар замон ба сари гуноҳ шавам ва кори Ту он, ки ҳар замон ба сари мағфират шавӣ, бар ман раҳмат кун». Бузургон гуфтанд: «Бинигаред, ки ҷаббори замин пеши Ҷаббори ҳафт осмон ва замин чӣ зорӣ мекунад!»
Ва Умари Абдулъазиз ба Абӯҳозим гуфт: «Маро панд деҳ». Гуфт: «Бар замин хусб ва марг фаро сар неҳ ва ҳар чи раво дорӣ, ки марги туро дарёбад, нигоҳ дор; ва ҳар чи раво надорӣ, аз он дур бош, ки бошад ки худ марг наздик бошад».
Пас бояд ки соҳиби вилоят ин ҳикоят пеши чашм дорад; ва ин пандҳо, ки дигаронро додаанд, бипазирад; ва ҳар олимеро, ки бинад, аз вай панд талаб кунад; ва ҳар ки эшонро бинад, панд аз даст надиҳад ва калимаи ҳақ бознагирад ва эшонро ғурур надиҳад, ки бо эшон дар он мазлимат шарик бошад.
Қоидаи нуҳум
Он ки бад-он қаноат накунад, ки худ аз зулм даст бидорад, лекин омилону ноибон ва чокарони хешро муҳаззаб кунад ва ба зулми эшон ризо надиҳад, ки вайро аз зулми эшон бипурсанд ва эшонро аз зулми вай напурсанд.
Умари Хаттоб нома навишт ба Абумӯсо ал-Ашъарӣ – ва вай омили ӯ буд, ки: «Аммо баъд. Некбахттарини раиятдорон касест, ки раият бад-ӯ некбахт аст; ва бадбахттарин касе аст, ки раият бад-ӯ бадбахт аст. Ва зинҳор, то фарох наравӣ, ки уммоли ту он гоҳҳамчунон кунанд, он гоҳ масали ту чун сутуре бошад, ки сабза бинад ва бисёр бихӯрад, то фарбеҳ шавад ва он фарбеҳӣ сабаби ҳалоки вай гардад, ки бад-он сабаб вайро бикушанд ва бихӯранд. Ва дар Таврот аст, ки: «Ҳар зулм, ки аз омили султон биравад ва хомӯш бошад, ин зулм вай карда бошад; ва маъхуз бувад бад-он». Ва бояд ки волӣ бидонад, ки ҳеч кас мағбунтар ва беақлтар аз он набошад, ки дину охирати хеш ба дунёи дигарон бифурӯшад. Ва ҳама уммолу чокарон хидмат барои насиби дунёи хеш кунанд ва зулмро дар чашми волӣ ороста кунанд, то вайро ба дӯзах фиристанд. Ва эшон ба ғарази хеш расанд. Ва кадом душман бувад азимтар аз он ки дар ҳалоки ту саъй кунад барои дираме чанд, ки ба даст орад?
Ва дар ҷумла дар раият адл нигоҳ надорад касе, ки уммол ва чокарони хешро бар адл надорад ва ин накунад илло касе, ки пештар дар даруни тани хеш адл нигоҳ дорад. Ва адл он бувад, ки зулми шаҳвату ғазаб аз ақл боздорад, то эшонро асири ақлу дин гардонад, на ақлу динро асири эшон. Ва бештари халқ онанд, ки ақлро камари хидмат барбаста доранд барои шаҳвату ғазаб, ё ҳилае истинбот мекунанд, то шаҳвату ғазаб ба муроди хеш расанд. Ва ақл аз ҷавҳари фариштагон аст ва аз лашкари Худои таъоло аст; ва шаҳвату ғазаб лашкари иблис аст. Касе, ки лашкари Худойро таъоло дар дасти лашкари иблис асир кунад, бар дигарон адл чун кунад? Пас офтоби адл аввал дар сина падид ояд, он гоҳ нури он ба аҳли хона ва хавос сироят кунад, он гоҳ шуои он ба раият расад. Ҳар ки бе офтоб шуо чашм дорад, талаби муҳол карда бошад!
Ва бидон, ки адл аз камоли ақл хезад. Ва камоли ақл он бувад, ки корҳо чунон ки ҳаст, бинад ва ҳақиқату ботини он дарёбад ва ба зоҳири он ғарра нашавад, масалан, чун адл даст бидорад барои дунё, нигоҳ кунад, то мақсуди вай аз дунё чист: агар мақсуд он аст, ки таоми хуш хӯрад, бояд ки бидонад, ки баҳима бошад дар сурати одамӣ, ки шараҳи хӯрдан кори сутурон аст; ва агар барои он кунад, то ҷомаи дебо пӯшад, ин зане бувад дар сурати марде, ки раъноӣ кори занон бувад; ва агар барои он кунад, то хашми хеш биронад бар душманони хеш, ин сабъе бувад дар сурати одамӣ, ки хашм гирифтан ва дарафтодан бо халқ кори сибоъ аст; ва агар барои он кунад, то вайро хидмат кунанд, ин ҷоҳиле бувад дар сурати оқиле, ки агар ақл дорад, бидонад, ки он ҳама чокарон хидмати шикам ва фарҷу шаҳвати хеш мекунанд ва аз вай доми шаҳвати худ сохтаанд ва он суҷуд, ки мекунанд, хештанро мекунанд; ва нишон он аст, ки агар бишунаванд, ки вилоят ба дигаре медиҳанд, ҳама аз вай эъроз кунанд ва бад-он дигар тақарруб кардан гиранд ва ҳар ҷо, ки гумон баранд, ки сим он ҷо хоҳад буд, хидмату суҷуд он ҷо кунанд. Пас ҳақиқати он на хидмат кардан аст, балки хандидан аст бар вай. Ва оқил он бувад, ки аз корҳо ҳақиқат ва рӯҳи он бинад на сурати он ва ҳақиқати ин корҳо чунин аст, ки гуфтаанд, ҳар ки на чунин донад, оқил нест; ва ҳар ки оқил нест, одил нест ва ҷои вай дӯзах аст ва бад-ин сабаб аст, ки сари ҳама саодатҳо ақл аст, валлоҳу аълам.
Қоидаи даҳум
Он аст, ки ғолиб бар волӣ такаббур бошад ва аз такаббур хашм ғолиб бувад ва вайро ба интиқом даъват кунад. Ва хашм ғӯли ақл аст; ва офату илоҷи он дар китоби ғазаб дар рукни мӯҳликот ёд кунем.
Аммо чун ин ғолиб шуд, бояд ки ҷаҳд кунад, то дар ҳама корҳо майл ба ҷониби афв кунад ва караму бурдборӣ пеша гирад ва бояд бидонад, ки чун ин пеша гирад, монанди анбиё ва саҳобаву авлиё бошад ва монанди мардумони аблаҳ, ки монанди сибоъ ва сутурон бошанд, набошад.
Ҳикоят кунанд, ки Бӯҷаъфар халифа буд, бифармуд, то якеро бикушанд, ки хиёнате карда буд, Муборак ибни Фузола ҳозир буд, гуфт: «Ё амирулмӯъминин, нахуст хабаре аз расул алайҳиссалом бишунавӣ аз ман?» Гуфт: «Бигӯй». Гуфт: «Ҳасани Басрӣ ривоят мекунад, ки расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Рӯзи қиёмат, ки ҳамаи халқро дар як саҳро ҷамъ кунанд, мунодӣ овоз диҳад, ки: «Ҳар киро ба назди Худои таъоло дасте аст, бархезад». Ҳеч кас барнахезад, магар он, ки аз касе афв кунад». Гуфт: «Даст аз вай бидоред, ки ман аз вай афв кардам». Ва бештари хашму лоф аз он бувад, ки касе ба эшон забон дароз кунад, ки хоҳанд, ки дар хуни вай саъй кунанд; ва дар ин вақт бояд ки ёд дорад аз он, ки Исо гуфт алайҳиссалом мар Яҳёро алайҳиссалом, ки ҳар ки туро чизе гӯяд ва рост гӯяд, шукр кун ва агар дурӯғ гӯяд, шукри азимтар кун, ки дар девони ту амале бияфзуд – бе ранҷи ту». Яъне ки ибодати он кас ба девони ту оранд – бе ранҷи ту.
Ва якеро дар пеши расул алайҳиссалом мегуфтанд, ки: «Ӯ азим боқувват марде аст!» Гуфт: «Чаро?» Гуфтанд: «Бо ҳар касе гӯштӣ гирад, ӯро бияфканад ва бо ҳама кас барояд». Расул гуфт алайҳиссалом:
«Қавӣ ва мардона он бошад, ки бо хашми хеш барояд, на он, ки касеро бияфканад!» Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Се чиз аст, ки ҳар ки бад-он расид, имони вай тамом (комил) шуд: чун хашм гирад, қасд ботил накунад ва чун хушнуд бувад, ҳақ бинагузорад ва чун қодир шавад, беш аз ҳаққи хеш наситонад». Ва Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Бар хулқи ҳеч кас эътимод макун, то ба вақти хашм ӯро набинӣ; ва бар дини ҳеч кас эътимод макун, то дар вақти тамаъ ӯро наёзмоӣ». Ва Алӣ ибни ал- Ҳусайн разийаллоҳу анҳу як рӯз ба масҷид мешуд, яке вайро дашном дод, ғуломони вай қасди вай карданд, гуфт: «Даст бидоред аз вай». Ӯро гуфт: «Он чи аз мо бар ту пӯшида аст, бештар аст, ҳеч ҳоҷате ҳаст туро, ки ба дасти мо барояд?» Он мард хиҷил шуд, пас Алӣ ибни ал-Ҳусайн разийаллоҳу анҳу ҷомае дошт, ба вай дод ва ҳазор дирам фармуд вайро. Он мард мешуду мегуфт: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ин ҷуз фарзанди паёмбарон нест». Ва ҳам аз вай ривоят аст, ки ғуломро ду бор овоз дод, ҷавоб надод, вайро гуфт: «Нашунидӣ?» Гуфт: «Шунидам». Гуфт: «Чаро ҷавоб надодӣ». Гуфт: «Аз хулқи некӯи ту эмин будам, ки маро наранҷонӣ». Гуфт: «Шукр Худойро, ки бандаи ман аз ман эмин аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё