Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Мункароти бозорҳо
Он ки ба харанда дурӯғ гӯянд; ва айби коло пинҳон доранд; ва тарозуву сангу чӯби газ рост надоранд; ва дар коло ғаш даркунанд (чизи бегона дохили ҷинс кунанд); ва чангу чағона (навъе соз аст) фурӯшанд; ва сурати ҳайвонот фурӯшанд барои кӯдакон дар ид ва шамшеру сипари чӯбин фурӯшанд барои наврӯз; ва буқи сафолин барои сада1; ва кулоҳу қабои абрешимин фурӯшанд барои ҷомаи мардон; ва ҷомаи руфӯкарда ва гозуршуста фурӯшанд ва фаро намоянд, ки нав аст; ва ҳамчунин ҳар чи дар он талбисе бошад; ва миҷмараву кӯзаву давот ва авонии симу зар фурӯшанд; ва амсоли ин.
Ва аз ин чизҳо баъзе ҳаром аст ва баъзе макрӯҳ; аммо сурати ҳайвон ҳаром аст. Ва он чи барои сада ва наврӯз фурӯшанд, чун сипару шамшери чӯбин ва буқи сафолин, ин дар нафси худ ҳаром нест, валекин изҳори шиори габрон аст, ки мухолифи шаръ аст ва аз ин ҷиҳат нашояд; балки ифрот кардан дар оростани бозор ба сабаби наврӯз ва қатоифи (навъе ширинӣ) бисёр кардан ва такаллуфҳои нав сохтан барои наврӯз нашояд, балки наврӯзу сада бояд ки мундарис шавад ва касе номи он набарад; то2 гурӯҳе аз салаф гуфтаанд, ки рӯза бояд дошт, то аз он таомҳо хӯрда наёяд ва шаби сада чароғ фаро набояд гирифт, то аслан оташ набинад. Ва муҳаққиқон гуфтаанд: «Рӯза доштани ин рӯз ҳам зикри ин рӯз бувад ва нашояд, ки номи ин рӯз баранд ба ҳеч ваҷҳ, балки бо рӯзҳои дигар баробар бояд дошт ва шаби сада ҳамчунин, чунон ки аз ӯ худ ному нишон намо-
1 Ҷашне, ки эрониёни бостон дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман мегирифтаанд.
2 Дар бисёре аз ҷоҳои ин китоб «то» ба ҷои «ҳатто»-и арабӣ омада.
над».
Мункароти шоҳроҳҳо
Он аст, ки сутун дар шоҳроҳ биниҳанд; ва дӯкон кунанд, чунон ки роҳ танг шавад; ва дарахт коранд; ва қобул1 берун оранд, чунон ки агар касе бар сутур бувад, дар он ҷо кӯбад; ва харворҳои бор биниҳанд; ва сутур бибанданд ва роҳ танг гардонанд; ва ин нашояд, илло ба қадри ҳоҷат, чунон ки фурӯ гиранд ва бо хона нақл кунанд.
Ва бор бар сутур ниҳодан, зиёдат аз он чи тоқат дорад, нашояд; ва куштани гӯсфанд қассоберо бар роҳ – чунон ки мардумонро хатар бувад
– нашояд, балки бояд ки дар дӯконе ҷои он бисозад; ва ҳамчунин пӯсти харбуза бар роҳ афкандан; ё об задан, чунон ки дар вай хатар бошад, ки пои мардум билағзад; ва ҳамчунин ҳар ки барф бар роҳ афканад, ё обе, ки аз боми ӯ ояд, роҳро бигирад, бар вай воҷиб бувад, ки роҳ пок кунад.
Аммо он чи ом бувад, бар ҳама бувад ва волиро расад, ки мардумонро бар он дорад ва ҳамл кунанд; ва ҳар ки саге дорад бар дари сарое, ки мардумро аз он бим бошад, нашояд; ва агар ҷуз он ранҷ набошад, ки роҳ палид кунад, аз он манъ натавон кард, чи эҳтироз мумкин бувад; ва агар ба роҳ бихусбад, чунон ки роҳ танг кунад, ин нашояд, балки худованди ӯ агар бар роҳ бинишинад ва бихусбад, ҳам нашояд!
Мункароти гармоба
Он бувад, ки аврат аз зону то ноф пӯшида надорад; ва рон дар пеши қоим ниҳад – бараҳна карда, то бимолад ва шӯх боз кунад, балки агар даст дар зери эзор бар он фаро гирад, нашояд, ки бисудан ба маънии дидан бувад; ва сурати ҳайвон бар девори гармоба мункар аст, воҷиб бувад табоҳ кардани он ё берун омадан; ва дигар дасту тос ва сатили палид дар оби андак кардан, ки мункар бошад бар мазҳаби Шофеӣ; ва инкор натавон кард бар Моликӣ, ки ба мазҳаби ӯ раво бувад; ва оби бисёр рехтан ва исроф кардан аз мункарот аст. Ва мункароти дигар ҳаст, ки дар китоби таҳорат гуфтаем.
Мункароти меҳмонӣ
Фарши абрешимин ва миҷмараву гулобдони симин ва пардаҳои овех-
1 Пешомадагии сохтмон аз қабили новадон ва тиру ҷуз он.
та, ки бар он сурат бувад; аммо сурат бар фарш ва болиш раво бувад; ва миҷмара бар сурати ҳайвон мункар бувад; аммо самоъи рӯд ва назораи занон дар мардони ҷавон тухми фасод бувад; ва ҳисбат бар ин ҳама воҷиб ояд. Ва агар натавонад, берун омадан воҷиб бувад. Аҳмади Ҳанбал барои сурмадоне симин, ки бидид, бархост ва берун омад. Ва ҳамчунин агар дар меҳмонӣ марде бувад, ки ҷомаи дебо дорад ё ангуштарии заррин, нашояд он ҷо нишастан; ва агар кӯдаке мумаййиз ҷомаи абрешимин дорад, ҳам нашояд, ки ин ҳаром аст бар зукури уммат; чунон ки хамр ҳаром аст ва низ чун хӯ фаро кунад, шараҳ он баъд аз булуғ бар вай бимонад, аммо чун мумаййиз набувад ва лаззати он дарнаёбад, макрӯҳ бувад, валекин ҳамоно ба дараҷаи таҳрим нарасад.
Ва агар дар меҳмонӣ масхарае бошад, ки мардумонро ба фаҳшу дурӯғ ба ханда оварад, нашояд нишастан бо ӯ.
Ва тафсили мункарот бисёр аст, чун ин бидонистӣ, мункароти мадорис ва хонагоҳҳо ва маҷлиси ҳукм ва девони султон ва ғайри он бар ин қиёс кун.
АСЛИ ДАҲУМ
Дар раият доштан, вилоят рондан
Бидон, ки вилоят доштан кори бузургест ва хилофати Ҳақ аст дар замин, чун бар сабили адл бувад; ва чун аз адлу шафқат холӣ бувад, хилофати иблис бувад лаъанаҳуллоҳ, ки ҳеч сабаби фасод азимтар аз зулми волӣ нест. Ва асли вилоят доштан илму амал аст. Ва илми вилоят дароз аст, аммо унвони илмҳо он аст, ки волӣ бояд ки бидонад, ки ӯро бад-ин олам барои чӣ овардаанд; ва қароргоҳи ӯ чист; ва дунё манзилгоҳи ӯст, на қароргоҳи ӯ; ва ӯ ба сурати мусофирест, ки раҳими модар бидояти манзили ӯст ва лаҳади гӯр ниҳояти ӯ; ва ҳар солеву ҳар моҳе ва рӯзе, ки мегузарад аз умри ӯ, чун марҳилае аст, ки бад-он наздик мешавад ба қароргоҳи худ ва ҳар киро ба қантарае (пул) гузар бояд кард, чун ба иморати қантара рӯзгор ба сар барад ва манзилгоҳ фаромӯш кунад, беақл бувад. Ва оқил он бувад, ки дар манзили дунё ҷуз ба зоди роҳ машғул нашавад ва аз дунё ба қадри зарурату ҳоҷат қаноат кунад; ва ҳар чи беш аз он бувад, ҳама заҳри қотил бувад ва ба вақти марг хоҳад, ки ҳама хазоини ӯ пури хокистар бувад. Пас ҳарчанд ҷамъ беш кунад, дарду ҳасрат беш бувад ва насиби ӯҷуз ба қадри кифоят набувад ва боқӣҳама визру ваболи он ҷаҳон бошад; ва дар вақти марг ҷон кандан бар ӯ сахттар бувад. Ва ин он вақт бувад, ки ҳалол бувад ва агар аз ҳаром бувад, худ азобу уқубат бар ин ҳасрат бигузорад1
.
Ва мумкин нест аз шаҳавоти дунё сабр кардан, илло ба вараъ, валекин чун имон дуруст бувад бад-он ки ба сабаби ин лаззат, ки рӯзе чанд бошад ва мунағғасу мукаддар бувад, лаззоти охират фавт хоҳад шуд – ва он подшоҳии бениҳоят аст, ки ҳеч кудуратро бад-он роҳ нест, сабр кардани рӯзе чанд осон бувад; ҳамчунон ки касе маъшуқе дорад, бо ӯ гӯянд: «Агар имшаб наздики ӯ шавӣ, низ ҳаргиз ӯро набинӣ; ва агар имшаб сабр кунӣ, ҳазор шаб ӯро ба ту таслим кунем – бе рақибу бе нигоҳбон». Агарчи ишқ ба ифрот бувад, сабри як шаб бар ӯ осонтар шавад бар умеди ҳазор шаб.
Ва муддати дунё ҳазоряки охират нест, балки худ ҳеч нисбат надорад, ки онро ниҳоят нест ва дарозии абад дар ваҳм наёяд, чи агар тақдир кунӣ, ки ҳафт осмону замин пури говарс кунӣ ва ба ҳар ҳазор сол мурғе аз он як дона баргирад, он ҷумла говарс бирасад ва аз абад ҳеч чиз нарасад2. Пас аз умри одамӣ, агар ба масал сад сол бизияд ва рӯи замин шарқан ва ғарбан ӯро мусаллам шавад ва софӣ – бе мунозеъе, онро чӣқадр бошад дар ҷанби умри охирати бениҳоят! Пас чун ҳар касеро аз дунё андаке мусаллам бошад ва он низ мунағғасу мукаддар бувад ва дар ҳар чи бувад, бисёр хасисон мунозеъи ӯ бошанд, чӣ воҷиб кунад, ки подшоҳии ҷовидро бар ин кори хасис ва мунағғас бифурӯшад?
Ин маънӣ бояд ки волӣ ва ғайри волӣ бар дили худ тақрир кунад, то бар вай осон шавад рӯзе чанд сабр кардан аз шаҳвати дунё ва шафқат бурдан бар раият ва некӯ доштани бандагони Худой ва халифатии (ҷонишинии) Подшоҳи акбар ба ҷой овардан. Чун ин бидонист, бояд ки ба вилоят доштан машғул шавад, чунон ки фармудаанд на бар он ваҷҳ, ки салоҳи дунё бошад, ки ҳеч ибодат ва қурбат назди Худой бузургтар аз вилояти боадл нест. Расул гӯяд ъалайҳи-с-салавоту ва-с-салом: «Як рӯз аз умри султони одил фозилтар аз ибодати шастсолаи бардавом». Ва он ҳафт кас, ки дар хабар аст, ки фардо дар сояи Ҳақ таъоло бошанд, аввал султони одил аст. Ва расул гуфт ъалайҳи-с-салавоту ва-с-салом: «Султони одилро ҳар рӯз амали шаст сиддиқи муҷтаҳид дар ибодат рафъ кунанд ва ба осмон баранд». Ва гуфт: «Дӯсттарин ва наздиктарин ба Худой имоми одил аст ва душмантарин ва муаззабтарин имоми ҷобир аст». Ва гуфт: «Бад-он Худой, ки нафси Муҳаммад ба яди қудрати Ӯст, ки ҳар рӯзе волии одилро чандон амал рафъ кунанд, ки амали ҷумлаи раияти ӯ
1 Зиёдтар ва фузунтар мешавад: сахтии он аз сахтии ҳасрат таҷовуз мекунад.
2 Расидан: тамом шудан.
бошад ва ҳар намозе аз они ӯ ба ҳафтод ҳазор намози дигарон баргиранд». Чун чунин бувад, чӣғанимат беш аз он, ки Эзади таъоло касеро мансаби вилоят диҳад ва ӯро халифаву ноиби худ созад, то як соати ӯ ба умри дигарон барояд? Чун касе ҳаққи ин нашиносад ва ба зулму ҳавову шаҳват рондан машғул бошад, маълум бувад, ки мустаҳиққи сахат гардад. Ва ин адл бад-он рост ояд, ки даҳқоида нигоҳ дорад:
Қоидаи аввал
Он ки дар воқеае, ки ӯро пеш ояд, тақдир кунад, ки ӯ раият аст ва дигаре волӣ, ҳар чи худро написандад, ҳеч мусалмонро написандад; ва агар писандад, ғашшу хиёнат карда бошад дар вилоят доштан. Рӯзи Бадр1 расул алайҳиссалом дар соя буд, Ҷабраил омаду гуфт: «Худой мегӯяд: ту дар сояӣ ва ёрони ту дар офтоб?!» Ба ин қадар бо ӯ итоб карданд; ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар ки хоҳад, ки аз дӯзах халос ёбад ва дар биҳишт қарор гирад, бояд ки марг ӯро дарёбад бар калимаи «ло илоҳа иллаллоҳ» ва бад-он, ки ҳар чи худро написандад, ҳеч мусалмонро написандад». Ва гуфт: «Ҳар ки бомдод бархезад, ӯро ҷуз Худой ҳиммате дигар бошад, на марди Худой аст; ва агар аз кори мусалмонон ва темордошти эшон холӣ бувад, аз ҷумлаи эшон нест».
Қоидаи дуввум
Он ки интизори арбоби ҳоҷот бар даргоҳи худ хор надорад ва аз хатари он ҳазар кунад ва то мусалмонеро ҳоҷате мебояд, ба ҳеч ибодати нофила машғул нашавад, ки гузордани ҳоҷот аз ҳама навофил фозилтар.
Як рӯз Умари Абдулъазиз кори халқ мегузорд, то вақти намози пешин, монда ва заҷир шуда буд, дар хона шуд, то як соат баросояд, писари ӯ гуфт: «Чӣ эминӣ, ки на ин соат марг даррасад ва касе ба даргоҳи ту мунтазири ҳоҷате бувад ва ту муқассир бошӣ дар ҳаққи ӯ?!» Гуфт: «Рост мегӯӣ». Дарҳол бархост ва берун шуд.
Қоидаи сеюм
Он ки хештан одат накунад, ки ба шаҳавот машғул шавад, бад-он ки ҷомаи нек пӯшад ва таоми хуш хӯрад, балки дар ҳама чизҳо бояд ки қаноат нигоҳ дорад, ки бе қаноат адл мумкин нашавад.
Умари Хаттоб разийаллоҳу анҳу Салмонро пурсид, ки: «Чӣ мешунавӣ аз аҳволи ман, ки онро кореҳӣ?» Гуфт: «Шунидам, ки ба як бор ду нонхӯриш бар хон мениҳӣ ва ду пероҳан дорӣ, яке рӯзро ва яке шабро».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё