Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дуввум он ки дар масҷид мекарданд.
Саввум он ки дар хабар аст, ки расул алайҳиссалом дар он вақт ки Оишаро он ҷо бурд, гуфт: «Ба бозӣ машғул шавед». Ва ин фармон бошад. Пас бар он чи ҳаром бошад, чун фармояд?
Чаҳорум он ки ибтидо кард ва Оишаро разийаллоҳу ъанҳо гуфт:
«Хоҳӣ, ки бинӣ?» Ва ин тақозо бошад; на чунон бошад, ки агар вай назора кардӣ ва вай хомӯш будӣ, раво будӣ, ки касе гуфтӣ, ки нахост, ки вайро биранҷонад, ки он аз бадхӯӣ бошад!
Панҷум он ки худ бо Оиша биистод соате дароз, бо он ки назораи бозӣ кори вай набошад. Ва бад-ин маълум шавад ки барои мувофиқати занон ва кӯдакон – то дили эшон хуш шавад – чунин корҳо кардан аз хулқи некӯ бувад ва ин фозилтар бувад аз хештан фароҳам гирифтан ва порсоӣ ва қурроӣ кардан.
Ва ҳам дар «Сиҳоҳ» аст, ки Оиша ривоят мекунад, ки: «Ман кӯдак будам, лӯъбат (асбоби бозӣ, лӯхтак) биёростаме – чунин ки одати духтарон аст – чанд кӯдаки дигар ба наздики ман омадандӣ, чун расул алайҳиссалом даромадӣ, кӯдакон бозпас гурехтандӣ, расул алайҳиссалом эшонро ба наздики ман фиристодӣ. Як рӯз кӯдакеро гуфт, ки чист ин лӯъбатҳо? Гуфт: «Ин духтаракони мананд». Гуфт: «Ин чист бар ин асб?» Гуфт: «Пару бол аст». Расул гуфт алайҳиссалом: «Асбро бол аз куҷо бувад?» Гуфт: «Нашунидаӣ, ки Сулаймонро асб буд бо пару бол?» Расул алайҳиссалом табассум кард ва то ҳамаи дандонҳои вай пайдо шуд». Ва ин аз баҳри он ривоят мекунам, то маълум шавад, ки қурроӣ кардан ва рӯй турш доштан ва хештан аз чунин корҳо фароҳам гирифтан аз дин нест, хосса бо кӯдак ва бо касе, ки коре кунад, ки аҳли он бошад ва аз вай зишт набувад. Ва ин хабар далели он нест, ки сурат кардан раво бувад, ки лӯъбати кӯдакон аз чӯбу хирқа бувад, ки сурати тамом надорад, ки дар хабар аст, ки боли асб аз хирқа буд.
Ва ҳам Оиша ривоят мекунад, ки: «Ду канизаки ман даф мезаданд ва суруд мегуфтанд, расул алайҳиссалом дар хона омад ва бихуфту рӯй аз дигар ҷониб кард. Абӯбакр даромад ва эшонро заҷр карду гуфт: «Хонаи расул ва мизмори (овоз, суруд) шайтон?» Расул гуфт:»Ё Абӯбакр, даст аз эшон бидор, ки рӯзи ид аст». Пас даф задан ва суруд гуфтан аз ин хабар маълум шуд, ки мубоҳ аст ва шак нест, ки ба гӯши расул мерасидааст он; ва манъи вай мар Абобакрро аз инкори он далеле сареҳ аст бар он, ки мубоҳ аст.
Қисми дуввум
Он ки дар дил сифате мазмум бувад, чунон ки касеро дар дил дӯстии зане бувад ё кӯдаке бувад, самоъ кунад дар ҳузури вай, то лаззат зиёдат шавад, ё дар ғайбати вай бар умеди висол, то шавқ зиёдат шавад, ё суруде шунавад, ки дар вай ҳадиси зулфу холу ҷамол бошад ва дар андешаи хеш бар вай фурӯ оварад: ин ҳаром аст. Ва бештари ҷавонон аз ин ҷумла бошанд, барои он ки ин оташи ишқи ботилро гармтар кунад; ва он оташро фурӯ куштан воҷиб аст; барфурӯхтани он чун раво бошад? Аммо агар ин ишқи вай бо зани хеш бувад ё канизаки хеш бувад, аз ҷумлаи таматтӯъи дунё бувад ва мубоҳ бувад, то он гоҳ ки талоқ диҳад ё бифурӯшад, он гоҳҳаром шавад.
Қисми сеюм
Он ки дар дил сифате маҳмуд бошад, ки самоъ онро қувват диҳад ва ин аз чаҳор навъ бувад.
Навъи аввал суруд ва ашъори ҳоҷиён бувад дар сифати Каъба ва бодия, ки оташи шавқи хонаи Худойро дар дил биҷунбонад. Ва аз ин самоъ музд бувад касеро, ки раво бувад, ки ба ҳаҷ шавад. Аммо касеро, ки модару падар дастурӣ надиҳад, ё сабабе дигар, ки вайро ҳаҷ нашояд, раво набувад, ки ин самоъ кунад ва ин орзу дар дили хеш қавӣ гардонад, магар ки донад, ки агарчи шавқғолиб ва қавӣ хоҳад шуд, вай қодир бувад бар он ки наравад. Ва бад-ин наздик бувад суруди ғозиён ва самоъи эшон, ки халқро ба ғазо ва ҷанг кардан бо душманони Худои таъоло ва ҷон бар каф ниҳодан бар дӯстии Вай орзуманд кунад. Ва инро низ музд бошад. Ва ҳамчунин ашъоре, ки одат аст, ки дар масоф бигӯянд, то мард далер шавад ва ҷанг кунад ва диловариро зиёдат кунад дар вай, музд бувад, чун ҷанг бо кофирон бувад. Аммо агар бо аҳли ҳақ бувад, ин ҳаром бувад.
Навъи дуввум суруди навҳагар бувад, ки ба гиристан орад ва андӯҳ зиёдат кунад. Ва андар ин низ музд бувад, чун навҳагарӣ бар тақсири худ кунад дар мусалмонӣ; ва дар гуноҳон, ки бар вай рафта бувад; ва бар он чи вайро фавт шудааст аз дараҷоти бузург аз хушнудии Ҳақ таъоло, чунон ки навҳаи Довуд буд алайҳиссалом, ки вай чандон навҳа кардӣ, ки ҷанозаҳо аз пеши вай баргирифтандӣ ва вай дар он илҳон будӣ ва овозе хуш будӣ. Агар андӯҳе ҳаром бошад дар дил, навҳа ҳаром бошад; чунон ки вайро касе мурда бошад, ки Худои таъоло мегӯяд: «Ликайло таъсав ъало мо фотакум» – «Бар гузашта андӯҳ махӯред»; чун касе қазои Худои таъолоро кореҳ бошад ва бад-он андӯҳгин бувад, то он андӯҳ зиёдат шавад, ин ҳаром бувад. Ва ба сабаби ин аст, ки музди навҳагар ҳаром аст ва вай осӣ бувад ва ҳар ки он бишунавад осӣ бувад.
Навъи саввум он ки дар дил шодӣ бошад ва хоҳад, ки он зиёдат кунад ба самоъ; ва ин низ мубоҳ бувад, чун шодӣ ба чизе бошад, ки раво бошад, ки бар он шод шавад, чунон ки дар арӯсӣ ва валима ва ақиқаву вақти омадани фарзанд ва вақти хатна кардан ва бозрасидан аз сафар, чунон ки расул алайҳиссалом ба Мадина расид, пеш бозшуданд ва даф мезаданд ва шодӣ мекарданд ва шеър мегуфтанд, ки:
Талаъа-л-бадру ъалайно мин саниййоти-л-Видоъи Ваҷаба-ш-шукру ъалайно мо даъо лиллоҳи доъи1
.
Ва ҳамчунин ба айёми ид шодӣ кардан раво бувад ва самоъ бад-ин раво бувад. Ва ҳамчунин чун дӯстон ба ҳам нишинанд ба мувофиқате ва хоҳанд, ки таом хӯранд ва хоҳанд, ки вақташон бо якдигар хуш шавад, самоъ кардан ва шодӣ намудан ба мувофиқати якдигар раво бошад.
Навъи чаҳорум ва асл он ки касеро, ки дӯстии Ҳақ таъоло бар дил ғолиб шуда бошад ва ба ҳадди ишқ расида, самоъ вайро муҳим бувад ва бошад ки асари он аз бисёрии хайроти расмӣ беш бувад. Ва ҳар чи дӯстии Ҳақ таъоло бад-он зиёд шавад, музди он беш бувад. Ва самоъи сӯфиён дар асл, ки будааст, бад-ин сабаб будааст, агарчи акнун ба расм омехту шудааст, ба сабаби гурӯҳе, ки ба сурати эшонанд дар зоҳир; ва муфлисанд аз маъонии эшон дар ботин. Ва самоъ дар афрӯхтани ин оташ асаре азим дорад ва кас бошад аз эшон, ки дар миёни самоъ вайро мукошифот падид ояд ва бо вай лутфҳо равад, ки беруни самоъ набувад.
Ва он аҳволи латиф, ки аз олами ғайб ба эшон пайвастан гирад ба сабаби самоъ, онро ваҷд гӯянд. Ва бошад ки дили эшон дар самоъ чунон поку софӣ шавад, ки нуқраро чун дар оташ ниҳӣ. Ва он самоъ оташ дар дил афканад ва ҳама кудуратҳо аз дил бибарад ва бошад ки ба бисёрии риёзат он ҳосил наояд, ки ба самоъ ҳосил ояд. Ва самоъ он сирри муно-
1 Моҳ бар мо аз гарданаи Видоъ (ҷоест, ки дар Мадина мусофирони Маккаро то он ҷо бадрақа мекардаанд) тулӯъ кард. То он гоҳ ки хонандагон Худоро бихонанд, бар мо шукр воҷиб аст.
сибатро, ки рӯҳи одамиро ҳаст бо олами арвоҳ, биҷунбонад, то бувад, ки ӯро ба куллият аз ин олам биситонад, то аз ҳар чи дар ин олам равад, бехабар шавад; ва бошад, ки қуввати аъзои вай низ соқит шавад; ва бияфтаду аз ҳуш биравад. Ва он чи аз ин аҳвол дуруст бошад, вайро асл бувад, дараҷаи он бузург бувад ва он касеро, ки бад-он имон бувад ва ҳозир бувад, аз баракоти он низ маҳрум набувад. Валекин ғалат андар ин низ бисёр бошад ва пиндорҳои хато бисёр афтад ва нишонии ҳаққу ботили он пирони пухта ва роҳрафта донанд; ва муридро мусаллам набошад, ки аз сари хеш самоъ кунад бад-он ки тақозои он дар дили вай падид ояд.
Ва Алии Ҳаллоҷ яке буд аз муридони шайх Абулқосими Гургонӣ, дастурӣ хост дар самоъ, гуфт: «Ҳеҷ махӯр, пас аз он таоми хуш бисоз, агар самоъ ихтиёр кунӣ бар таом, он гоҳ ин тақозои самоъ ба ҳақ бошад ва туро мусаллам бувад». Аммо муриде, ки вайро ҳанӯз аҳволи дил пайдо наёмада бошад ва роҳи ҳақ ба муомилат надонад, ё пайдо омада бошад, валекин шаҳват ҳанӯз аз вай тамом шикаста нашуда бошад, воҷиб бувад ба пир, ки вайро аз самоъ манъ кунад, ки зиёни вай аз суд беш бувад.
Ва бидон, ки ҳар ки самоърову ваҷдрову аҳволи сӯфиёнро инкор кунад, аз мухтасарии хеш инкор кунад; ва маъзур бувад дар он инкор, ки чизе, ки вайро набошад, бад-он имон душвор тавон овардан. Ва ин ҳамчун муханнас (хуносо, нару мода) бувад, ки вайро бовар набувад, ки дар сӯҳбат лаззат ҳаст, чи лаззат ба қуввати шаҳват дартавон ёфт, чун вайро шаҳват наёфаридаанд, чӣ гуна донад? Ва агар нобино лаззати назора дар сабза ва оби равон инкор кунад, чӣ аҷаб, ки вайро чашм надодаанд ва он лаззат бад-он дартавон ёфт; ва агар кӯдак лаззати риёсат ва салтанату фармон додан ва мамлакат доштан инкор кунад, чӣ аҷаб, ки вай роҳи бозӣ донад, дар мамлакат доштан чӣ роҳ барад?
Ва бидон, ки халқ дар инкори аҳволи сӯфиён – он ки донишманд аст ва он ки омӣ аст – ҳама чун кӯдаконанд, ки чизеро, ки бад-он ҳанӯз нарасидаанд, мункаранд. Ва он касе, ки андак мояи зиракӣ дорад, иқрор диҳад ва гӯяд, ки: «Маро ин ҳол нест, валекин медонам, ки эшонро ҳаст», боре бад-он имон дорад ва раво дорад. Аммо он ки ҳар чи ӯро набувад, худ муҳол донад, ки дигаронро бувад, ба ғояти ҳамоқат бошад ва аз он қавм бошад, ки Ҳақ таъоло мегӯяд: «Ва из лам йаҳтаду биҳи фа сайақулуна ҳозо ифкун қадимун»1
.
— ФАСЛ —
1 Ва чун бад-он роҳ наёфтанд, мегӯянд, ки ин дурӯғе кӯҳна аст.
[Самоъ дар куҷо ҳаром бувад] Бидон, ки он ҷо ки самоъ мубоҳ гуфтем, ба панҷ сабаб ҳаром шавад, бояд ки аз он ҳазар кунад:
Сабаби аввал
Он ки аз зане шунавад, ё аз кӯдаке, ки дар маҳалли шаҳват бувад, ки ин ҳаром бувад, агарчи касеро, ки дил ба кори ҳақ мустағрақ бувад; чи:
шаҳват дар асли офариниш ҳаст ва чун сурате некӯ дар чашм ояд, шайтон ба муованати он бархезад ва самоъ ба ҳукми шаҳват шунавад. Ва самоъ аз кӯдаке, ки маҳалли фитна набошад, мубоҳ аст ва аз зане, ки зиштрӯ бувад, мубоҳ нест: чи вайро мебинад; ва назар бар занон ба ҳар сифат, ки бошад, ҳаром аст. Аммо агар овоз шунавад аз пушти парда, агар бими фитна бувад, ҳаром бувад ва агар не – мубоҳ бувад; ва далел он ки ду зан дар хонаи Оиша разийаллоҳу ъанҳо суруд мегуфтанд ва бе шак расул алайҳиссалом овози эшон мешунид. Пас овози занон аврат – нест чун рӯи кӯдакон, валекин нигаристан дар кӯдакон дар шаҳват ва ҷое, ки бими фитна бошад, ҳаром аст ва овози занон низ ҳамчунин аст. Ва ин аҳвол бигардад: кас бошад, ки ба хештан эмин бошад ва кас бошад, ки битарсад; ва ин ҳамчунон бошад, ки ҳалоли хешро бӯса додан дар моҳи рамазон: ҳалол бувад касеро, ки аз шаҳвати хеш эмин бувад ва ҳаром бувад касеро, ки битарсад ки шаҳват вайро дар мубошират афканад ё аз инзол тарсад ба муҷарради бӯса додан.

пешина
аз 176
навбатӣ