Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Рухсати дуввум таяммум аст ва тафсили ин дар таҳорат гуфтаем.
Рухсати сеюм он аст, ки ҳар фаризае, ки чаҳор ракъат аст, ду ракъат
1 Каъби мӯза он ҷост, ки ба соқи по мерасад.
2 Ҷое, ки дар вузӯ масҳ бар он ҷо фарз ва воҷиб аст.
3 Мухаффафи нагунсор: вожгуна.
кунад, лекин ба чаҳор шарт:
Яке он ки дар вақт гузорад – агар қазо шавад, дуруст он аст, ки қаср нашояд.
Дуввум он ки нияти қаср кунад ва агар ният тамом кунад, ё дар шак афтад, ки ният тамом кард ё на, лозим ояд, ки тамом кунад.
Сеюм он ки ба касе иқтидо накунад, ки вай тамом мекунад – агар бикунад, вайро низ лозим ояд, ки тамом кунад; балки агар гумон барад, ки имом муқим аст ва тамом хоҳад кард – ва ӯ дар шак бувад – вайро тамом кардан лозим аст, ки мусофирро боз тавон донист. Аммо чун донист ки мусофир аст, агар дар шак бувад, ки имом қаср хоҳад кард, вайро раво бувад, ки қаср кунад, агарчи имом қаср накунад, ки ният пӯшида бувад ва донистани он шарт натавон кард.
Чаҳорум он ки сафар дароз бувад ва мубоҳ; ва сафари касе, ки ба роҳ задан равад, ё ба талаби идрори ҳаром шавад, ё бе дастурии модару падар шавад, ҳаром бувад ва рухсат дар вай раво набувад. Ва ҳамчунин касе, ки аз вомхоҳ бигурезад ва дорад, ки бидиҳад. Ва дар ҷумла сафар барои ғаразе бувад, чун он ғараз, ки боиси вай аст, ҳаром бувад, сафар низ ҳаром бошад.
Ва сафари дароз он бошад, ки шонздаҳ фарсанг бувад ва дар кам аз ин қаср нашояд. Ва ҳар фарсанге дувоздаҳҳазор гом бувад. Ва аввали сафар он бувад, ки аз иморати шаҳр (ободӣ ва сохтмонҳои шаҳр) берун шавад, агарчи аз хароб ва бӯстонҳо берун нашуда бошад. Ва охири сафар он бувад, ки ба иморати ватан расад ё дар шаҳри дигар азми иқомат кунад – се рӯз ё зиёдат, берун аз рӯзи даршудан ва берун омадан. Ва агар азм накунад, валекин дар банди гузордани корҳо бувад ва надонад, ки кай гузорда шавад; ва ҳар рӯзе чашм медорад, то гузорда шавад ва заёдат аз се рӯз таъхир равад, бар як қавл, ки ба қиёс наздиктар аст, раво бувад, ки қаср мекунад, ки ӯҳамчун мусофир аст, ки ба дил қарор нагирифтааст ва азми қарор надорад.
Рухсати чаҳорум — ҷамъ аст; ва раво бувад дар сафари дарози мубоҳ, ки намози пешин таъхир кунад, то бо намози дигар ба ҳам кунад; ва намози дигар тақдим кунад ва бо пешин ба ҳам бигузорад; ва намози шом ва хуфтан ҳамчунин. Ва чун намози дигар бо пешин ба ҳам кунад, бояд ки аввал намози пешин кунад, он гоҳ намози дигар. Ва авлотар он бувад, ки суннатҳо ба ҷой орад, то фазилати он фавт нашавад ва фоидаи сафар бад-он бар наёяд1. Валекин агар хоҳад, суннатҳо бар пушти сутур меку-
1 Бо муроҷиа ба «Эҳёу-л-улум», маънии ин ҷумла чунин мешавад: суди сафари зиёнеро ки аз фавт шудани навофил фароҳам мешавад, ҷуброн намекунад ва бо он барнамеояд.
над ё дар миёни рафтан; ва тартиб он бувад, ки аввал чаҳор ракъат, ки суннати намози пешин аст, бикунад ва он гоҳ он чаҳор ракъат, ки суннат аст пеш аз аср, бигузорад, он гоҳ бонги намоз ва қомат кунад ва фаризаи намози пешин бигузорад, он гоҳқомат кунад; ва агар таяммум мекунад, иодат мекунад; ва фаризаи намози дигар бикунад; ва миёни ҳар ду намоз пеш аз таяммум ва қомат рӯзгор набарад, он гоҳ он ду ракъат суннат, ки пас аз намози пешин аст, пас аз намози дигар бикунад; ва чун зӯҳр таъхир кунад, то аср, ҳамчунин кунад; ва агар бикард ва пеш аз фурӯ шудани офтоб ба шаҳр расид, аср бознакунад. Ва ҳукми намози шому хуфтан ҳамчунин аст. Ва бар як қавл ҷамъ дар сафари кӯтоҳ низ раво бувад.
Рухсати панҷумон ки суннат бар пушти сутур раво бувад ва воҷиб набувад, ки рӯй ба қибла дорад, балки роҳ бадали қибла аст; агар ба қасд он роҳ бигардонад дар миёни намоз ва на ба сӯи қибла гардонад, намоз ботил шавад; ва агар ба саҳв бувад, ё сутур ҳарунӣ (саркашӣ) кунад, зиён надорад; ва рукӯъ ва суҷуд ба ишорат мекунад; ва пушт хам мекунад; ва дар суҷуд хами зиёдат диҳад; ва чандон шарт нест, ки дар хатар бошад, ки бияфтад; ва агар дар марқад (хобгоҳ, тахти равон, каҷова) бувад, рукӯъ ва суҷуд тамом бикунад.
Рухсати шашумон ки меравад ва намози суннат мекунад ва дар ибтидои такбир рӯй ба қибла кунад, ки бар вай осон бувад; ва бар касе, ки рокиб бувад, душвор бувад; ва рукӯъ ва суҷуд ба ишорат мекунад; ва дар вақти ташаҳҳуд меравад ва «ат-таҳийёт» мехонад ва нигоҳ дорад, то пой бар наҷосат наниҳад; ва бар вай воҷиб нест, ки ба сабаби наҷосот, ки дар роҳ бувад, аз роҳ бигардад ва бар хештан роҳ душвор кунад. Ва ҳар ки аз душман бигурезад, ё дар саффи қитол бувад, ё аз гург мегурезад, вайро раво бувад, ки фариза кунад дар рафтан ё бар пушти сутур, ҳамчунин, ки дар суннат гуфтем; ва қазо воҷиб наёяд.
Рухсати ҳафтумрӯза кушодан аст; ва мусофир, ки нияти рӯза карда бошад, агар бикушояд, раво бувад; ва агар пас аз субҳ аз шаҳр берун ояд раво набошад, ки бикушояд; ва агар бикушояд, пас ба шаҳр расад, раво бошад, ки дар шаҳр биравад ва нон хӯрад; ва агар накушода бувад, ки ба шаҳр расад, раво набувад, ки бикушояд. Ва қаср кардан фозилтар аз тамом кардан, то аз шубҳати хилоф берун ояд, ки наздики Абӯҳанифа раҳимаҳуллоҳ итмом раво набувад; аммо рӯза доштан фозилтар аз ифтор, то дар хатари қазо наяфтад, магар ки бар хештан тарсад ва тоқат надорад: он гоҳ кушодан фозилтар.
Ва аз ин ҳафт рухсат, се дар сафари дароз раво бувад: қаср; ва фитр; ва масҳ; ва се дар сафари кӯтоҳ низ раво бувад: суннат кардан бар пушти сутур дар рафтан; ва ҷумъа нокардан; ва таяммум кардан бе қазои намоз.
Аммо дар ҷамъ миёни ду намоз хилоф аст; ва зоҳир он аст, ки дар сафари кӯтоҳ нашояд. Ин илмҳо лобуд бувад мусофирро омӯхтан пеш аз сафар: чун дар сафар касе нахоҳад буд, ки аз вай биёмӯзад ба вақти ҳоҷат.
Ва илми далоили қибла ва далели вақти намозҳо низ бибояд омӯхт, чун дар роҳ деҳҳо набошад, ки меҳроб пӯшида намонад. Ва ин миқдор бояд бидонад, ки ба вақти намози пешин офтоб ба куҷо бошад; ва чун рӯй ба қибла кунӣ; ва ба вақти фурӯ шудан ва баромадан чӣ гуна бошад; ва қутб чӣ гуна афтад; ва чун дар роҳи кӯҳӣ бошад, бидонад, ки бар дасти рост қибла бувад ё бар дасти чап; аз ин миқдор чора набувад, ки бидонад.
АСЛИ ҲАШТУМ
Одоби самоъ ва ваҷд1
Ва ҳукми самоъ дар ду боб ёд кунем иншоаллоҳу таъоло:
Боби аввал дар ибоҳати самоъ ва баёни он чи аз вай ҳалол аст ва он чи ҳаром.
Боби дуввум дар осори самоъ ва одоби он.
Боби аввал
Дар ибоҳати самоъ ва баёни он чи аз вай ҳалол аст ва он чи ҳаром Бидон, ки Эзади таъолоро сиррест дар дили одамӣ, ки он дар вай ҳамчунон пӯшида аст, ки оташ дар оҳан. Ва чунон ки ба захми санг бар оҳан он сирри оташ ошкоро гардад ва ба саҳро афтад, ҳамчунин самоъи овози хушу мавзун он гавҳари одамиро биҷунбонад ва дар вай чизе падид орад, бе он ки одамиро дар он ихтиёре бошад. Ва сабаби он муносибате аст, ки гавҳари дили одамиро бо олами улвӣ, ки олами арвоҳ гӯянд, ҳаст.
Ва олами улвӣ олами ҳусну ҷамол аст. Ва асли ҳусну ҷамол таносуб аст. Ва ҳар чи мутаносиб аст, намудгорест аз ҷамоли он олам, чи ҳар ҷамолу ҳусн ва таносуб, ки дар ин олами маҳсус аст, ҳама самараи ҷамолу ҳусни он олам аст. Пас, овози хуши мавзуни мутаносиб ҳам шубҳате дорад аз аҷоиби он олам, бад-он сабаб огоҳӣ дар дил пайдо ояд; ва ҳаракату шавқе
1 Самоъ – ба маънии шунидан ва гӯш додани овозу суруд; ва ваҷд – ҳолате аст, ки бар асари самоъ дар инсон падид меояд.
падид ояд, ки бошад ки одамӣ худ надонад, ки он чист. Ва ин дар диле бувад, ки сода бувад ва аз ишқеву шавқе, ки бад-он роҳ барад, холӣ бошад.
Аммо чун холӣ набошад ва ба чизе машғул бувад, он дар ҳаракат ояд ва чун оташе, ки дам дар вай диҳанд, афрӯхтатар гардад. Ва ҳар киро дӯстии Худои таъоло бар дил ғолиб бошад, самоъ вайро муҳим бувад, ки он оташ тезтар гардад. Ва ҳар киро дар дил дӯстии ботил бувад, самоъ заҳри қотили вай бувад. Ва бар вай ҳаром бувад.
Ва уламоро хилоф аст дар самоъ, ки ҳалол аст ё ҳаром. Ва ҳар ки ҳаром кардааст, аз аҳли зоҳир будааст, ки вайро худ сурат набастааст, ки дӯстии Ҳақ таъоло ба ҳақиқат дар диле фуруд ояд, чи вай чунин гӯяд, ки одамӣҷинси худро дӯст тавонад дошт, аммо онро, ки на ҷинси вай бувад ва на ҳеч монанди вай бувад, вайро дӯст чун тавонад дошт? Пас, наздики вай дар дил ҷуз ишқи махлуқ сурат набандад. Ва агар ишқи Холиқ сурат бандад, бинобар хаёли ташбеҳе ботил бошад; бад-ин сабаб гӯяд, ки самоъ ё бозӣ бувад, ё аз ишқи махлуқе бувад; ва ин ҳар ду дар дин мазмум аст. Ва чун вайро пурсанд, ки маънии дӯстии Худои таъоло, ки бар халқ воҷиб аст, чист? Гуяд: «Фармонбардорӣ ва тоат доштан». Ва ин хатое бузург аст, ки ин қавмро афтодааст ва мо дар китоби муҳаббат аз рукни мунҷиёт ин пайдо кунем.
Аммо ин ҷо мегӯем, ки ҳукми самоъ аз дил бояд гирифт, ки самоъ ҳеч чиз дар дил наёрад, ки набошад, бал онро, ки дар дил бошад, биҷунбонад. Ҳар киро дар дил чизест, ки он дар шаръ маҳбуб аст ва қуввати он матлуб аст; чун самоъ онро зиёдат кунад, вайро савоб бошад.
Ва ҳар киро дар дил ботиле аст, ки дар шариат он мазмум аст, вайро дар самоъ иқоб бувад. Ва ҳар киро дил аз ҳар ду холӣ аст, лекин бар сабили бозӣ шунавад ва ба ҳукми табъ бад-он лаззат ёбад, самоъ вайро мубоҳ аст. Пас самоъ бар се қисм аст:
Қисми аввал
Он ки бар ғафлат шунавад ва бар тариқи бозӣ; ин кори аҳли ғафлат бувад. Ва дунё ҳама лаҳву бозӣ аст; ва ин низ аз он бувад. Ва раво набошад, ки самоъ ҳаром бошад, бад-он сабаб ки хуш аст, ки хушиҳо ҳаром нест. Ва он чи аз хушиҳо ҳаром аст, на аз он аст ҳаром аст, ки хуш аст, балки аз он ҳаром аст, ки дар вай зараре аст ва фасоде, чи овози мурғон хуш аст ва ҳаром нест, балки сабзаву оби равон ва назора дар шукуфаву гул хуш аст ва ҳаром нест. Пас овози хуш дар ҳаққи гӯш, ҳамчун сабзаву оби равон аст дар ҳаққи чашм; ва ҳамчун бӯи мушк дар ҳаққи бинӣ; ва ҳамчун таоми хуш дар ҳаққи завқ; ва ҳамчун ҳикматҳои некӯ дар ҳаққи ақл; ва ҳар яке аз ин ҳавосро навъе лаззат аст, чаро бояд ки ҳаром бошад? Ва далел бар он ки тибату бозӣ ва назорае дар он ҳаром нест, он аст, ки Оиша разийаллоҳу ъанҳо ривоят мекунад, ки: «Рӯзи ид дар масҷид зангиён бозӣ мекарданд, расул алайҳиссалом маро гуфт: «Хоҳӣ, ки бинӣ?» Гуфтам: «Хоҳам». Бар дар биистод ва даст пеш бидошт, то занахдон бар дасти вай ниҳодам ва чандон назора кардам, ки чанд бор бигуфт, ки: «Пас набошад?» Гуфтам: «Не!» Ва ин дар «Сиҳоҳ» аст; ва аз ин хабар панҷ рухсат маълум шуд.
Яке он ки бозӣ ва лаҳву назора дар вай – чун гоҳ-гоҳ бошад – ҳаром нест ва дар бозии зангиён рақсу суруд буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё