Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

зуафо аст ва касоне, ки дар роҳқавӣ шуданд, эшонро ҳеч зиён надорад ва дини эшон дуқулла шуд, ки ба ҳеч чиз наҷосат напазирад. Ва чун бад-ин дараҷа расад, куштани вай фозилтар аз куштани ҳазор кофир дар Руму Ҳинд, ки мардумон худ аз кофир хештанро нигоҳ доранд, аммо ин малъун мусалмониро ҳам ба забони мусалмонӣ ботил кунад. Ва шайтон дар ин рӯзгор ҳеч дом фурӯ накард аз ин азимтар ва бисёр кас дар ин дом афтоданд ва ҳалок шуданд.
Одоби мусофир
Одоби мусофир – дар зоҳир – аз аввал то охир ва он ҳашт аст:
Адаби аввал
Он ки нахуст мазолим боздиҳад; ва вадиатҳо боздиҳад; ва ҳар киро нафақа бар вай воҷиб бувад, нафақа диҳад; ва зоде ҳалол ба даст орад ва он қадар баргирад, ки бо ҳамроҳон рифқ тавонад кард, ки таом додан ва сухани хуш гуфтан ва бо мукорӣ хулқи некӯ кардан дар сафар аз ҷумлаи макорими ахлоқ аст.
Адаби дуввум
Он ки рафиқе шоиста ба даст орад, ки дар дин ёри ӯ бувад. Ва расул алайҳиссалом наҳй кардааст аз сафари танҳо ва гуфтааст: «Се тан ҷамоате аст». Ва гуфтааст, ки: «Бояд ки якеро амир кунанд», ки дар сафар андешаҳо мухталиф афтад ва ҳар кор, ки сарбанди он бо яке нашавад, табоҳ бувад: агар сари кори олам бо ду Худой будӣ, табоҳ будӣ. Ва касеро амир кунанд, ки ба хулқ некӯтар бувад ва сафар беш карда бувад.
Адади саввум
Руфақои ҳазарро (ёрони шаҳр, муқим) видоъ кунад ва дуои расул алайҳиссалом бигӯяд бо ҳар яке: «Аставдиъуллоҳа динака ва амонатака ва хавотима ъамалика». Ва расул алайҳиссалом, чун касе аз назди вай ба сафар шудӣ, гуфтӣ: «Заввадакаллоҳу-т-тақво ва ғафара занбака ва ваҷҷаҳака ила-л-хайри, ҳайсу таваҷҷаҳта». Ин дуо суннати муқим аст. Ва бояд ки чун видоъ кунад, ҳамаро ба Худои таъоло супорад. Як рӯз Умар разийаллоҳу анҳу ато медод, марде биёмад бо кӯдаке. Умар гуфт:
«Субҳоналлоҳ! Ҳаргиз кас надидам, ки ба кас монад, чунин ки ин кӯдак ба ту». Гуфт: «Аз аҷоиби кори вай туро хабар кунам, ё амирулмӯъминин:
ман ба сафаре мерафтам ва модари вай обистан буд, гуфт: «Маро бад-ин ҳол мебигузорӣ?» Гуфтам: «Аставдиъуллоҳа мо фӣ батники» – «Ба Худой супурдам он чи дар шикам дорӣ». Чун боз омадам, модари вай мурда буд. Як шаб ҳадис мекардем, оташе дидам аз дур, гуфтам: «Ин чист?» Гуфтанд: «Ин аз гӯри он зани туст ва ҳар шабе ҳамчунин мебинем». Гуфтам, ки вай намозгузор ва рӯзадор буд, ин чӣ гуна бошад?!
Рафтам ва гӯр боз кардам, то чист; чароғе дидам ниҳода ва ин кӯдак бозӣ мекард, овозе шунидам, ки маро гуфтанд: «Ин кӯдакро ба Мо супурдӣ, агар модарашро низ ба Мо супурдӣ, бозёфтӣ».
Адабичаҳорум
Он ки ду намоз бигузорад: яке намози истихораи (талаби хайру некӣ кардан) пеш аз сафар; ва он намозу дуо маъруф аст; ва дигар ба вақти берун шудан чаҳор ракъат намоз кунад, ки Анас мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки марде ба наздики расул омад алайҳиссалом ва гуфт: «Андешаи сафар дорам, васият набиштаам, ба падар диҳам ё ба писар ё ба бародар?» Расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Ҳеч кас ки ба сафар шуд, халифае ба ҷои хеш нагузошт назди Худои таъоло дӯсттар аз чаҳор ракъат намоз, ки бигузорад дар он вақт, ки бор баста бошад: «Ал-ҳамду лиллоҳи» ва «қул ҳуваллоҳу» бархонад, он гаҳ бигӯяд: «Аллоҳуммма иннӣ атақаррабу биҳинна илайка фа-хлуфнӣ биҳинна фӣ аҳлӣ ва молӣ; фа ҳийа халифатуҳу фӣ аҳлиҳи ва молиҳи ва давварат ҳавла дориҳи ҳатто йарҷиъа ила аҳлиҳи»1
.
Адабипанҷум
Он ки чун ба дари сарой шавад бигӯяд: «Бисмиллоҳи ва биллоҳи таваккалту ъалаллоҳи; ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи; Раббӣ аъузу бика ан азилла ав азалла ав азлима ав узлама ав аҷҳала ав йуҷҳала ъалайя», чун бар сутур нишинад, бигӯяд: «Субҳона-л-лазӣ саххара лано ҳозо ва мо кунно лаҳу муқринина ва инно ило Раббино ла мунқалибуна». Ва ҷаҳд кунад, то ибтидои сафар рӯзи панҷшанбе бувад бомдодон, ки расул алайҳиссалом ибтидои сафар рӯзи панҷшанбе кардӣ. Ва Ибни Аббос гӯяд: «Ҳар ки сафаре хоҳад кард ё ҳоҷате хоҳад хост аз касе, пагоҳ бояд кард, ки расул алайҳиссалом дуо кардааст, ки:
«Аллоҳумма борик ли умматӣ фӣ букуриҳо йавма хамисиҳо». Ва гуфт
1 Худоё, наздикӣ меҷӯям ба онҳо (чаҳор ракъат намоз) ба Ту, пас онҳоро дар хонавода ва дороии ман ҷонишини ман гардон. Пас онҳо ҷонишини ӯ бошанд ва даври хонаи ӯ бигарданд, то ба хонаи хеш бозгардад.
низ: «Аллоҳумма борик ли умматӣ фӣ букуриҳо йавма-с-сабти»1. Пас бомдоди шанбе ва панҷшанбе муборак аст.
Адабишашум
Он ки сутурро бори сабук кунад; ва дар пушти сутур наистад; ва дар хоб нашавад; ва чӯб бар рӯи сутур назанад; ва бомдоду шабонгоҳ як соат пиёда биравад, то пой сабук кунад ва сутур сабукбор шавад ва дили мукорӣ шод шавад. Ва баъзе аз салаф киро гирифтандӣ, ба шарти он ки фуруд наёянд ҳеч гоҳ; гоҳ фуруд омадандӣ, то он садақа бошад бар сутур; ва ҳар сутурро, ки бизанад бе сабабе, ё бори гарон барниҳад, рӯзи қиёмат хасме кунад. Абӯдардо разийаллоҳу анҳу шутуре ба музд мегирифт ва мегуфт: «Эй шутур! Аз ман ба Худои таъоло гила макун, ки донӣ, ки бор бар тоқати ту ниҳодам». Ва бояд ки ҳар чи бар сутур хоҳад ниҳод, бар мукорӣ намуда бошад ва шарт карда, то ризои вай ҳосил омада бошад ва бар он зиёдат накунад, ки нашояд. Ибни ал-Муборак бар сутур нишаста буд, касе номае ба вай дод, ки инро ба фалон ҷой бирасон, гуфт: «Бо мукорӣ шарт накардаам». Ва дар сухани фуқаҳо наовехт, ки ин миқдорро вазне набувад ва дар маҳалли мусомаҳат бувад; балки ин дарбастан аз камоли вараъ донист.
Адабиҳафтум
Он ки Оиша мегӯяд разийаллоҳу ъанҳо, ки: «Расул алайҳиссалом ҳар гаҳ ки сафар кардӣ, шонаву оина ва сивоку сурмадону мидро бо худ бурдӣ». Ва мидро он бувад, ки мӯй бар сар бад-он рост кунанд. Ва дар ривояти дигар нохунбуре ва шишае низ ҳаст. Ва сӯфиён ҳабл (ресмон) ва далвро фузуданд. Ва ин одат набудааст салафро, ки эшон ҳар куҷо расидандӣ, таяммум кардандӣ; ва дар истинҷо бар санг иқтисор кардандӣ; ва аз ҳар обе, ки наҷосати он надонистандӣ, таҳорат кардандӣ.
Валекин агарчи одат набудааст, дар ҳаққи ин қавм некӯст: сафари эшон ҳамчунон бошад, ки ба чунин эҳтиётҳо бипардозанд. Ва эҳтиёт некӯст; аммо сафари салаф бештар дар ғазву ҷиҳод ва корҳои азим будӣ ва ба чунин эҳтиётҳо напардохтандӣ.
Адаби ҳаштум
Чун расул алайҳиссалом аз сафар бозомадӣ, чун чашми вай бар Мадина афтодӣ, гуфтӣ: «Аллоҳумма-ҷъал лано биҳо қароран ва ризқан
1 Худоё, дар пагоҳ хостани уммати ман рӯзи шанбе ва панҷшанбе бар онҳо баракат фирист.
ҳасанан»1; ва он гоҳ аз пеш кас бифиристодӣ; ва наҳй кард аз он ки ногоҳ кас дар хона дар шавад ва ду тан хилоф карданд. Ҳар яке кори мункаре диданд, ки биранҷиданд. Ва чун бозомадӣ, аввал дар масҷид шудӣ ва ду ракъат намоз кардӣ; ва чун дар хона шудӣ, гуфтӣ: «Тавбан, тавбан би Раббано, авбан, авбан, ло йуғодиру ъалайно ҳавбан»2. Ва суннате муаккад аст роҳовард (ҳадия, савғотӣ) бурдан аҳли хонаро, то дар хабар меояд, ки:
Агар чизе надорад, санге дар буни тӯбра афканад. Ва ин масале аст ва таъкиди ин суннат аст. Ин аст одоби сафари зоҳир.
Аммо одоби хавос дар сафари ботин он аст, ки сафар накунад, то он гоҳ ки донад, ки зиёдати дини вай аст дар сафар; ва чун дар роҳ дар дили худ нуқсоне бинад, бозгардад; ва ният кунад дар ҳар шаҳре, ки шавад, турбатҳои бузургонро зиёрат кунад; ва шуюхро талаб кунад ва аз ҳар яке фоидае гирад, на аз баҳри он ки то ба ҳадис баргӯяд – яъне, ки ман машоихро дидаам – валекин, то бад-он кор кунад. Ва ба ҳеч шаҳр беш аз даҳ рӯз мақом накунад, магар ба ишорати шайхе, ки мақсуд бошад. Ва агар ба зиёрати бародарон равад, се рӯз биистад, ки ҳадди меҳмонӣ ин аст, магар ки вай ранҷур хоҳад шуд, агар мақом накунад; ва чун ба наздики пире шавад, як шабонарӯз беш мақом накунад – чун мақсуд беш аз зиёрат набошад. Ва чун ба салом шавад, дари сарой бикӯбад ва сабр кунад, то вай берун ояд; ва ба ҳеч кор ибтидо накунад; то аввал зиёрати вай накунад; ва дар пеши вай сухан нагӯяд, то напурсад; ва чун пурсид, он қадар гӯяд, ки ҷавоб бувад. Ва агар суоле хоҳад кард, нахуст дастурӣ хоҳад. Ва дар он шаҳр ба ишрат машғул нашавад, ки ихлоси зиёрат биравад. Ва дар роҳ ба зикру тасбеҳ машғул бошад ва ба Қуръон хондан дар сирр – чунон ки касе нашунавад – ва чун касе бо вай ҳадис кунад, ҷавоби вай муҳимтар донад аз тасбеҳ; ва агар дар ҳазар ба чизе машғул аст ва он муяссар аст, сафар накунад, ки он куфрони неъмат аст.
Боби дуввум
Дар баёни илме, ки мусофирро пеш аз сафар бибояд омӯхт Бар вай воҷиб бувад, ки илми рухсати сафар3 биёмӯзад, ки агарчи азм дорад, ки кор ба рухсат накунад, бошад ки ба зарурат бад-он мӯҳтоҷ бу-
1 Худоё, барои мо дар он осоиш ва рӯзии некӯ фароҳам фармо.
2 Тавба мекунам ба Парвардигор ва бозгашт мекунам бад-он сон, ки ҳеч гуноҳе бар мо фурӯ магузорад.
3 Илми рухсати сафар марбут ба масоили динӣ аст.
вад; ва илми қибла ва вақти намоз бибояд омӯхт.
Ва сафарро дар таҳорат ду рухсат аст: яке масҳи мӯза ва дигар таяммум; ва дар намоз ду: қасру ҷамъ ва дар суннат ду: бар сутур гузордан ва дар рафтан гузордан; ва дар рӯза яке ва он фитр (ифтор, кушодани рӯза) аст. Ва ин ҳафт рухсат аст:
Рухсати аввал масҳи мӯза: ҳар ки ба таҳорате тамом мӯза пӯшад, он гоҳҳадас кард, вайро шояд, ки бар мӯза масҳ кашад, то он гоҳ ки аз вақти ҳадас се шабонарӯз бигузарад. Ва агар муқим бошад, як шабонарӯз ба панҷ шарт:
Якум он ки таҳорат тамом кунад, он гоҳ мӯза пӯшад: агар як пой бишӯяд ва дар мӯза кунад, пеш аз он ки дигар пой бишӯяд, наздики Шофеӣ ин нашояд, пас чун дигар пой бишӯяд ва дар мӯза кунад, бояд ки аввал пой аз мӯза берун кунад ва боз дарпӯшад.
Дуввум он ки мӯза чунон бувад, ки бар вай одат бувад андаке рафтан, агар чарм надорад, раво набувад.
Саввум он ки то каъби мӯза1 дуруст бувад – агар дар муқобилаи маҳалли фарз2 чизе пайдо шавад ё сӯрох дорад, нашояд наздики Шофеӣ; ва наздики Молик он аст, ки агарчи дарида бувад, чун бар вай битавон рафтан, раво бувад; ва ин қавле қадим аст Шофеиро; ва наздики мо ин авлотар аст, ки мӯза дар роҳ бисёр бидарад ва дӯхтани он ба ҳар вақте мумкин набошад.
Чаҳорум он ки мӯза аз пой берун накунад, агар масҳ кард ва агар берун кунад, авлотар он бувад, ки таҳорат аз сар гирад; ва агар ба пой шустан иқтисор кунад, зоҳир он аст, ки раво бошад.
Панҷум он ки масҳ бар соқ накунад, балки дар муқобилаи қадам кунад, бар пушти пой; ва агар ба як ангушт масҳ кунад, кифоят бувад ва ба се ангушт авлотар бувад; ва як бор беш масҳ накунад; ва чун пеш аз он ки берун шавад, масҳ кашад, бар як шабонарӯз иқтисор кунад. Ва суннат он аст, ки ҳар ки мӯза дар пой хоҳад кард, нахуст нагусор3 кунад: як рӯз расул алайҳиссалом мӯза дар пой кард, калоғе он дигар мӯза даррабуд аз вай ва бияфшонд, море аз даруни мӯза берун афтод, расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки ба Худои таъоло ва ба қиёмат имон дорад, гӯ:
мӯза дар пой макун, то он гоҳ ки бияфшонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё