Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Сабаби дуввум
Он ки бо суруду рубоб ва чангу барбат бувад ва рӯдҳо бошад ё нои ироқӣ бошад, ки дар вай наҳй омадааст, на ба сабаби он ки хуш бошад, ки агар касе нохуш ва номавзун занад, ҳам ҳаром бувад; лекин ба сабаби он ки ин одати шаробхорагон аст. Ва ҳар чи ба эшон махсус бошад ҳаром кардаанд ба табаийяти шароб ва бад-он сабаб ки шароб ба ёд диҳад ва орзуи он биҷунбонад. Аммо таблу шоҳин ва даф – агарчи дар вай ҷалоҷил (занг, зангӯла) бувад, ҳаром нест, ки андар ин чизе наёмада аст; ва ин чун рӯдҳо нест; ин на шиори шаробхорагон аст. Пас бар он қиёс натавон кард; балки даф худ задаанд пеши расул алайҳиссалом ва фармудааст задани он дар арӯсӣ ва бад-он ки ҷалоҷил дарафзоянд, ҳаром нашавад.
Ва табл ҳоҷиёнрову ғозиёнро худ расм аст задан, аммо табли муханнасон худ ҳаром бувад, ки он шиори эшон аст. Ва он табле дароз бувад, миёнаборик ва ҳар ду сар паҳн; аммо шоҳин – агар ба сар фурӯ бувад ва агар на – ҳаром нест, ки шубононро одат будааст, ки мезадаанд. Ва Шофеӣ мегӯяд: «Далел бар он ки шоҳин ҳалол аст, он аст, ки овози он ба гуши расул омад алайҳиссалом, ангушт дар гӯш кард ва Ибни Умарро гуфт: «Гӯш дор, чун даст бидорад, маро хабар деҳ». Пас рухсат додан Ибни Умарро, то гӯш дорад, далели он аст, ки мубоҳ аст; аммо ангушт дар гӯш кардани вай далели он аст, ки ӯро дар он вақт ҳоле буда бошад шариф ва бузургвор, ки дониста бошад, ки он овоз ӯро машғул кунад, ки самоъ асаре дорад дар ҷунбонидани шавқи Ҳақ таъоло, то наздиктар расонад касеро, ки дар айни он кор набошад. Ва ин бузург бувад ба изофат бо зуафо, ки эшонро худ ин ҳол набувад; аммо касе, ки дар айни кор бошад, бувад ки самоъ ӯро шоғил бувад ва дар ҳаққи вай нуқсон бувад.
Пас нокардани самоъ далели ҳаромӣ накунад, ки бисёр мубоҳ бошад, ки даст бидоранд. Аммо дастурӣ додан далели мубоҳӣ кунад қаъан, ки онро ваҷҳе дигар набошад.
Сабаби саввум
Он ки дар суруд фаҳш бошад, ё ҳиҷо бошад, ё таън бувад дар аҳли дин, чун шеъри равофиз (фирқае аз мусалмонони шиа), ки дар саҳоба гӯянд, ё сифати зане бошад маъруф, ки сифати занон пеши мардон гуфтан раво набошад, ин ҳама шеърҳо гуфтан ва шунидани вай ҳаром аст. Аммо шеъре, ки дар вай сифати зулфу хол ва ҷамол бувад ва ҳадиси висолу фироқ ва он чи одати ушшоқ аст, гуфтану шунидани он ҳаром нест. Ва ҳаром бад-он гардад, ки касе дар андешаи хеш он ба зане, ки вайро дӯст дорад ё бар кӯдаке фуруд орад, он гоҳ андешаи вай ҳаром бувад. Аммо агар ба зан ва канизаки хеш самоъ кунад, ҳаром набувад.
Аммо сӯфиён ва касоне, ки эшон ба дӯстии Ҳақ таъоло мустағрақ бошанд ва самоъ бар он кунанд, ин байтҳо эшонро зиён надорад, ки эшон аз ҳар яке маъние фаҳм кунанд, ки дархури ҳоли эшон бошад, то бошад ки аз «зулф» зулмати куфр фаҳм кунанд ва аз «нури рӯй» нури имон фаҳм кунанд ва бошад ки аз «зулф» силсилаи ашколи ҳазрати Илоҳият фаҳм кунанд, чунон ки шоир гӯяд:
Гуфтам: бишуморам сари як ҳалқаи зулфаш, То бӯ, ки ба тафсил сари ҷумла барорам.
Хандид ба ман бар сари зулфинаки мушкин Як печ бипечиду ғалат кард шуморам.
Ки аз ин «зулф» силсилаи ашколи ҳазрати Илоҳият фаҳм кунанд, ки касе, ки хоҳад, ки ба тасарруфи ақл ба вай расад – ба он ки сари мӯе аз аҷоиби ҳазрати Илоҳият бишиносад – ба як печ ки бар вай афтад, ҳама шуморҳо ғалат шавад ва ҳама ақлҳо мадҳуш шавад. Ва чун ҳадиси шароб ва мастӣ бувад дар шеър, на он зоҳир фаҳм кунанд, масалан, чун шоир гӯяд:
Гар май ду ҳазор ратл барпаймоӣ,
То май нахӯрӣ, набошадат шайдоӣ.
Он фаҳм кунанд, ки кори дин ба ҳадис ва тааллум рост наёяд, ки ба завқ рост ояд, агар бисёрии ҳадиси муҳаббат ва ишқу зӯҳд ва таваккулу дигар маъонӣ бигӯӣ ва дар ин (дар ин боб, дар ин мавзӯъ) китоб тасниф кунӣ ва коғази бисёр дар ин сиёҳ кунӣ, ҳеч судат накунад, то бад-он сифат нагардӣ.
Ва он чи аз байтҳои харобот гӯянд, ҳам чизе дигар фаҳм кунанд, масалан, чун гӯянд:
Ҳар к-ӯ ба харобот нашуд, бедин аст, Зеро ки харобот усули дин аст.
Эшон аз ин харобот харобии сифоти башарият фаҳм кунанд, ки усули дин он аст, ки ин сифот, ки ободон аст, хароб шавад, то он ки нопайдост дар гавҳари одамӣ, пайдо ояд ва ободон шавад.
Ва шарҳу фаҳми он дароз бувад, ки ҳар касеро дархури назари худ фаҳми дигар бошад. Валекин сабаби гуфтан он аст, ки гурӯҳе аз аблаҳон ва гурӯҳе аз мубтадиъон бар эшон ташнеъ мезананд, ки: «Эшон ҳадиси санам ва зулфу хол ва мастиву харобот мегӯянду мешунаванд; ва ин ҳаром бошад. Ва мепиндоранд, ки ин худ ҳуҷҷате азим аст, ки бигуфтанд ва таъне азим бикарданд, ки аз ҳоли эшон хабар надоранд балки самоъи эшон худ бошад (мумкин аст, шояд) ки на бар маънии байт бошад, ки (балки) бар муҷарради овоз бошад, ки аз овози шоҳин худ самоъ афтад, агарчи маънӣ надорад.
Ва аз ин бувад, ки касоне, ки тозӣ (арабӣ) надонанд, эшонро бар байтҳои тозӣ самоъ афтад ва аблаҳон механданд, ки вай ин надонад, самоъ чаро мекунад? Ва ин аблаҳ ин миқдор надонад, ки шутур низ тозӣ надонад ва бошад, ки сабаби ҳидои (овози махсуси сорбонон) араб бар мондагӣ чандон бидавад – ба қуввати самоъу нишот – бо он бори гарон, ки чун ба манзил расад ва аз самоъ даст бидорад, дарҳол бияфтад ва ҳалок шавад; бояд ки ин аблаҳ бо шутур ҷангу мунозира кунад, ки ту тозӣ намедонӣ, ин чӣ нишот аст, ки дар ту пайдо меояд?
Ва бошад низ, ки аз байти тозӣ чизе фаҳм кунанд, ки он на маънии тозӣ бувад, лекин чунон ки эшонро хаёл афтад, ки на мақсуди эшон тафсири шеър аст. Яке мегуфт: «Ва мо зоранӣ фӣ-н-навми, илло хайолукум»1, сӯфие ҳол кард, гуфтанд: «Ҳол чаро кардӣ, ки худ надонӣ, ки вай чӣ мегӯяд?» Гуфт: «Чаро надонам? Мегуяд: Мо зорем! Рост мегӯяд, ки ҳама зорем ва дармондаем ва дар хатарем». Пас самоъи эшон бошад ки чунин бувад ва ҳар киро коре ба дил ғалаба гирифт, ҳар чи шунавад, он шунавад ва ҳар чи бинад, он бинад. Ва касе, ки оташи ишқ – дар ҳақ ё дар ботил надида бошад, ин вайро маълум нашуда бошад.
Сабаби чаҳорум
Он ки шунаванда ҷавон бошад ва шаҳват бар вай ғолиб ва дӯстии Ҳақ таъоло худ нашиносад, ки ғолиб он бувад, ки чун ҳадиси зулфу хол ва сурати некӯ шунавад, шайтон пой бар гардани ӯ ниҳад ва шаҳвати вайро биҷунбонад ва ишқи некувонро дар дили вай ороста гардонад ва он аҳволи ошиқон, ки мешунавад, вайро низ хуш ояд ва орзу кунад ва дар талаби он истад, то вай низ ба тариқи ишқ бархезад.
Ва бисёранд аз занону мардон, ки ҷомаи сӯфиён доранд ва бад-ин кор машғул шудаанд ва он гоҳҳам ба иборати томот инро узрҳо ниҳанд ва гӯянд: «Фалонро савдое ва шӯре падид омадааст ва хошоке дар роҳи ӯ афтода». Ва гӯянд, ки ишқ доми ҳақ аст, вайро дар дом кашидаанд. Ва гӯянд: «Дили вай нигоҳ доштан ва ҷаҳд кардан, то вай маъшуқи хешро бинад, хайре бузург аст. Қавводагиро2 зарифӣ ва некӯхӯӣ ном кунанд ва фисқро ва ливотатро (бо писарон даромехтан) шӯру савдо ном кунанд; ва бошад ки ин узри хешро гӯянд, ки: «Фалон пири моро ба фалон кӯдак назаре буд ва ин ҳамеша дар роҳи бузургон афтодааст; ва ин на ливотат аст, ки шоҳидбозӣ аст». Ва бошад ки гӯянд: «Айни рӯҳбозӣ бошад». Ва аз ин турраҳот ба ҳам бозниҳанд, то фазиҳати хеш ба чунин беҳудаҳо бипӯшанд. Ва ҳар ки эътиқод надорад, ки ин ҳаром аст ва фисқ аст, ибоҳатӣ аст ва хуни вай мубоҳ аст.
Ва он чи аз пирон ҳикоят кунанд, ки эшон ба кӯдаке нигаристанд; ё дурӯғ бошад, ки мегӯянд – барои узри хешро, ё агар нигариста бошанд,
1 Дар хоб ҷуз андешаи шумо ҳеҷ кас ба дидори ман наёмад.
2 Қаввод – касе, ки занону мардонро барои пайванди номашрӯъ роҳнамоӣ мекунад.
шаҳват набуда бошад, балки чунон ки касе дар себи сурх нигарад ё дар шукуфа нигарад ва ё бошад ки ин пирро низ хатое афтода бошад, ки на маъсум бошад. Ва бад-он ки пиреро хатое афтад ва ё бар вай маъсияте равад, он маъсият мубоҳ нашавад. Ва ҳикояти қиссаи Довуд барои он гуфтаанд, то ту гумон набарӣ, ки ҳеч кас аз чунин сағоир эмин шавад, агарчи бузург бувад; ва он навҳа ва гиристану тавбаи вай аз он ҳикоят кардаанд, то он ба ҳуҷҷат нагирӣ ва худро маъзур надорӣ.
Ва як сабаби дигар ҳаст ва он нодир бошад, ки касе бошад, ки вайро дар он ҳолат, ки сӯфиёнро бошад, чизҳо намоянд ва бошад ки ҷавоҳири малоика ва арвоҳи анбиё эшонро кашф афтад – ба мисоле; ва он гоҳ он кашф, бошад ки бар сурати одамӣ бошад ба ғояти ҷамол, ки мисол лобуд дархӯри ҳақиқати маънӣ бувад; ва чун он маънӣ ба ғояти камол аст, дар миёни маонии олами арвоҳ, мисоли вай аз олами сурат ба ғояти ҷамол бошад. Ва дар араб ҳеч кас некӯтар аз Диҳя ал-Калбӣ набуд ва расул алайҳиссалом Ҷабраилро алайҳиссалом ба сурати вай дид. Он гоҳ бошад ки чизе аз он кашф афтад бар сурати амраде (навҷавон, писари хушшакл) некӯ ва аз он лаззате азим бошад, чун аз он ҳол боз дарояд, он маънӣ боз дар ҳиҷоб шавад ва вай дар шавқу талаби он маънӣ афтад, ки он сурат мисоли вай буд. Ва бошад ки он маънӣ боз наёбад, он гоҳ агар чашми зоҳири вай бар сурати некӯ афтад, ки бо он сурат муносибат дорад, он ҳолат бар вай тоза шавад ва он маънии гумшударо бозёбад ва вайро аз он ваҷдеву ҳолате падид ояд. Пас раво бошад ки касе рағбат намуда бошад дар он ки сурати некӯ бинад барои бозёфтани ин ҳолат. Ва касе, ки аз ин асрор хабар надорад, чун рағбати вай бинад, пиндорад, ки вай ҳам аз он сифат менигарад, ки сифати вай аст, ки аз он дигар худ хабар надорад!
Ва дар ҷумла кори сӯфиён азим ва бохатар аст ва бағоят пӯшида аст ва дар ҳеч чиз чандон ғалат роҳ наёбад, ки дар он. Ин миқдор ишорат карда омад, то маълум шавад, ки эшон мазлуманд, ки мардумон пиндоранд, ки эшон аз ин ҷинс будаанд, ки дар ин рӯзгор падид омадаанд. Ва дар ҳақиқат мазлум он кас бувад, ки чунин пиндорад, ки бар хештан зулм карда бошад, ки дар эшон тасарруф кунад ё бар дигарон қиёс кунад.
Сабабаи панҷум
Он ки авом, ки самоъ ба одат кунанд – бар тариқи ишрату бозӣ, ин мубоҳ бошад, лекин ба шарти он ки пеша нагирад ва бар он мувозибат накунад, ки чунон ки баъзе аз гуноҳон сағира аст, чун бисёр шавад, ба дараҷаи кабира расад. Баъзе аз чизҳо мубоҳ аст, ба шарти он ки гоҳ-гоҳ бувад ва андак бувад, чун бисёр шавад, ҳаром шавад, ки зангиён як бор дар масҷид бозӣ карданд, расул алайҳиссалом манъ накард; агар он масҷидро бозигоҳ сохтандӣ, манъ кардӣ. Ва Оиша разийаллоҳу ъанҳо аз назора манъ накард, агар ҳамеша одат кардӣ, манъ кардӣ. Агар касе ҳамеша бо эшон мегардад ва пеша гирад, раво набошад; ва мазоҳ кардан гоҳ-гоҳ мубоҳ аст, валекин агар касе ҳамеша одат гирад, масхара бошад ва нашояд.

пешина
аз 176
навбатӣ