Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва дар хабар аст, ки: «Мӯъмин ҳама узр ҷӯяд ва мунофиқҳама айб ҷӯяд; ва бояд ки як некӯӣ даҳ тақсир бипӯшонад, ки расул алайҳиссалом мегӯяд: «Паноҳ кунед аз ёри бад, ки чун шарре бинад, ошкоро кунад ва чун хайре бинад, бипӯшад!» Ва бояд ки ҳар гоҳ тақсирро узр тавонад ниҳод, узр ниҳад ва бар ваҷҳи некӯтарин амал кунад ва гумони бад набарад, ки гумони бад ҳаром аст.
Расул гуфт: «Худои таъоло аз мӯъмин чаҳор чиз ҳаром карда аст: молу хун ва ирзу он ки ба вай гумони бад баранд». Ва Исо мегӯяд алайҳссалом: «Чӣ гӯӣ аз касе, ки бародари хешро хуфта бинад, ҷома аз аврати вай боз кунад, то бараҳна монад?» Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, кӣ раво дорад ин кунад?» Гуфт: «Шумо! Ки он айби бародари хеш бидонед, ошкоро кунед ва бигӯед, то дигарон бидонанд».
Ва чунин гуфтаанд, ки: «Чун бо касе дӯстӣ хоҳӣ гирифт, ӯро ба хашм ор ва он гоҳ касеро пинҳон ба вай фирист, то ҳадиси ту кунад, агар ҳеч сирри ту ошкоро кунад, бидон, ки дӯстиро нашояд». Ва гуфтаанд, ки:
«Муҳаббат бо касе кун, ки ҳар чи Худои таъоло аз ту бидонад, вай агар
1 Яъне баъд аз ваҳшату буридани дӯстӣ низ асрор нагӯяд, ки далел бар пастии табъ аст.
бидонад, чунон ки Худои таъоло бар ту бипӯшонидааст вай бипӯшонад». Ва яке сирре бо дӯсте бигуфт, гуфт: «Ёд гирифтӣ?» Гуфт:
«Не, фаромӯш кардам». Ва гуфтаанд: «Ҳар ки бо ту дар чаҳор вақт бигардад, вай дӯстиро нашояд: дар вақти ризо; ва дар хашм; ва дар вақти тамаъ; ва дар вақти ҳавову шаҳват, балки бояд ки бад-ин сабабҳо ҳаққи ту фурӯ наниҳад».
Ва Аббос писари хеш Абдуллоҳро гуфт разийаллоҳу анҳумо, ки:
«Умар разийаллоҳу анҳу туро ба худ наздик медорад ва бар пирон тақдим мекунад, зинҳор, то панҷ чиз нигоҳ дорӣ: ҳеч сирри вай ошкоро макун; ва дар пеши вай ғайбат макун; ва бо вай ҳеч дурӯғ магӯй; ва ҳар чи фармояд, хилоф макун; ва бояд ки ҳаргиз аз ту ҳеч хиёнат ва хилоф набинад». Ва бидон, ки ҳеч чиз дӯстиро чунон табоҳ накунад, ки мунозира ва хилоф кардан дар ҳар ҳадисе. Ва маънии рад кардани сухан бар дӯст он бувад, ки варо ҷоҳилу аҳмақ гуфта бошӣ ва худро оқилу фозил ва бар вай такаббур карда бошӣ ва ба чашми ҳақорат дар вай нигариста. Ва ин ба душманӣ наздик бувад, на ба дӯстӣ.
Ва расул мегӯяд алайҳиссалом: «Бо бародари хеш дар он чи гӯяд, хилоф макун ва бо вай мазоҳ макун ва дар ваъдае, ки диҳӣ, хилоф макун».
Ва бузургон чунин гуфтаанд: «Чун бародари хешро гӯӣ: бархез; вай гӯяд:
то куҷо меравӣ? Сӯҳбатро нашояд, балки бояд ки бархезад ва напурсад».
Абӯсулаймони Доронӣ мегӯяд: «Дӯсте доштам, ҳар чи хостаме, бидодӣ; як бор гуфтам: «Ба чизе ҳоҷат аст». Гуфт: «Чанд мебояд?» Дӯстии вай аз дили ман берун шуд».
Ва дар ҷумла бидон, ки қавоми муҳаббат ба мувофиқат аст, дар ҳар чи мувофиқат тавон кард.
Ҳаққи чаҳорум
Он ки ба забон шафқат ва дӯстӣ изҳор кунад. Расул алайҳиссалом мегӯяд: «Изо аҳабба аҳадукум аҳоҳу фа-л йухбирҳу» – «Ҳар ки касеро, ки дӯст дорад, бояд ки хабар диҳад». Барои он гуфт, то дӯстии ту низ дар дили он кас падид ояд ва он гоҳ аз дигар ҷониб дӯстӣ музоаф бувад. Пас бояд ки аз ҳама аҳволи вай ба забон бипурсад; ва дар шодию андӯҳ бознамояд, ки бо вай шарик аст; ва андӯҳу шодии вай чун андӯҳу шодии худ донад; ва чун вайро овоз диҳад ба номи некӯтарин бояд ки бихонад ва агар ӯро хитобе1 бошад, он гӯяд, ки дӯст дорад. Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Бародарӣ ба се чиз софӣ шавад: он ки ӯро ба номи некӯтарин хонӣ; ва ба салом ибтидо кунӣ; ва дар нишаст вайро тақдим кунӣ». Ва аз
1 Мақсуд ах хитоб, лутф ё шӯбрастест ҷуз исм.
ин ҷумла он бувад, ки бар вай сано гӯӣ дар ғайбати вай, чунон ки вай дӯст дорад ва ҳамчунин бар аҳли фарзанд ва аҳволи вай ва ҳар чи ба вай тааллуқ дорад, сано гӯӣ, ки ин асаре азим дорад дар дӯстӣ; ва ба ҳар некӯие, ки кунад, шукр кунӣ, ки Алӣ мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Ҳар ки бародари хешро бар нияти некӯ шукр накунад, бар кори некӯҳам шукр накунад». Ва бояд ки дар ғайбат вайро нусрат кунад ва сухани мутааннит (бадгӯ) бар вай рад кунад ва вайро ҳамчун хеш донад; ва ҷафои азим бошад, ки дар пеши вай сухани дӯсти вай гӯянд ба зиштӣ ва вай хомӯш мебошад; ва ин ҳамчунон бошад, ки бинад, ки вайро мезананд ва вай ёрӣ накунад ва хомӯш мебошад, ки захми сухан азимтар аст. Ва яке мегӯяд: «Ҳаргиз аз дӯсти ман касе сухан нагуфт, ки на тақдир кардам, ки вай ҳозир аст ва мешунавад, то он гуфтам, ки хостам, ки вай бишунавад».
Абӯддардо разийаллоҳу анҳу ду говро дид, ки дар замин баста буданд, чун яке биистодӣ, дигаре низ боистодӣ, бигиристу гуфт: «Бародарони худоӣҳамчунин бошанд, бо якдигар дар истодан ва рафтан мувофиқат кунанд».
Ҳаққи панҷум
Он ки ҳар чи бад-он ҳоҷатманд бошад дар илму дин – вайро биёмӯзад, ки бародаронро аз оташ нигоҳ доштан авлотар аз он ки аз ранҷи дунё; ва агар биёмӯхт ва бад-он кор накард, бояд ки насиҳат кунад ва панд диҳад ва вайро ба Худои таъоло битарсонад. Лекин бояд ки ин насиҳат дар хилват бувад, то аз шафқат бошад, ки насиҳати бармало (ошкоро дар баробари мардумон) фазеҳат бувад; ва он чи гӯӣ, ба лутф гӯӣ, на ба унф (сахтӣ), ки расул мегӯяд алайҳиссалом: «Мӯъмин оинаи мӯъмин бувад», яъне ки айбу нуқсони хешро аз вай бидонад. Ва чун бародари ту ба шафқат айби ту дар хилват бо ту бигӯяд, бояд ки миннат дорӣ ва хашм нагирӣ, ки ин ҳамчунон бувад, ки туро хабар диҳад, ки дар даруни ҷомаи ту море аст ё каждуме, аз ин сухан хашм нагирӣ, балки миннат дорӣ. Ва ҳамаи сифатҳои бад дар одамӣ мору каждум аст, лекин захми он дар гӯр падид ояд; ва захми он бар рӯҳ бувад ва он саъбтар аз мору каждуми инҷаҳонӣ аст, ки захми вай бар тан бувад ва Умар разийаллоҳу анҳу гуфтӣ: «Раҳмати Худои таъоло бар он кас бод, ки айби маро ба ҳадя пеши ман орад». Ва чун Салмон наздики вай омад, гуфт: «Ё Салмон!
Рост бигӯй, то чӣ дидӣ ва чӣ бишунидӣ аз аҳволи ман, ки онро кореҳ будӣ?». Гуфт: «Маро афв кун аз ин ҳадис». Гуфт: «Лобуд аст», чун илҳоҳ кард, гуфт: «Шунидам, ки бар хони ту ду нонхӯриш бувад ба як бор; ва ду пироҳан дорӣ, яке шабро ва яке рӯзро!» Гуфт: «Ин ҳар ду низ набошад (дигар нахоҳад буд), дигар ҳеч чиз шунидӣ?» Гуфт: «Не». Ва Ҳузайфа ибни Исо бар Юсуфи Асбот нома навишт, ки: «Шунидам, ки дини хеш ба ду ҳабба бифурӯхтӣ, дар бозор чизе харидорӣ кардӣ, он кас гуфт: «Ба донаге. Ва ту гуфтӣ: «Ба се тасу (чаҳоряки донг ва ҳабба). Ва он кас дод, ки туро медонист1, он мусоҳимат барои дин ва салоҳи ту кард.
Қиноъи (сарпӯш) ғафлат аз сар боз кун ва аз хоб бедор шав». Ва бидон, ки ҳар ки илми Қуръон ҳосил кард ва он гоҳ рағбати дунё кард – эмин набошем, ки аз ҷумлаи мустаҳзиён бошад ба оёти Худои таъоло. Пас, нишони рағбати дин он бувад, ки аз чунин чизҳо миннат дорад ва Худои таъоло мегӯяд: «Ва локин ло туҳиббуна-н-носиҳин»2 – дар сифати дурӯғзанон. Ва ҳар ки носеҳро дӯст надорад, аз он бувад, ки руунат ва кибр бар дини вай ғалаба дорад.
Ва ин ҳама ҷое бошад, ки он кас айби хеш надонад, чун бидонад, панд бояд дод ба таъриз (ба киноя) ва ошкоро набояд кард. Ва агар он айб бад-он бувад, ки дар ҳаққи ту тақсир карда бошад, авлотар пӯшидан ва нодониста ангоштан, ба шарти он ки дил мутағаййир нашавад дар дӯстӣ, агар мутағаййир хоҳад шуд, итоб кардан (сарзаниш кардан) дар сирр авлотар аз қатиат (буридани дӯстӣ); ва қатиат беҳтар аз вақиат (бадгӯӣ) ва забон дароз кардан.
Ва бояд ки мақсуди ту аз сӯҳбат он бувад, ки хулқи хешро муҳаззаб кунӣ ба эҳтимол кардан аз бародарон, на он ки аз эшон некӯӣ чашм дорӣ. Абӯбакри Катонӣ гӯяд раҳимаҳуллоҳу: «Марде бо ман сӯҳбат кард ва бар дили ман гарон буд, вайро чизе бахшидам, то он гаронӣ аз дили ман бархезад, барнахост; вай бигирифтам ва ба хона бурдаму гуфтам:
«Кафи пой бар рӯи ман неҳ!» Гуфт: «Албатта, зинҳор». Гуфтам: «Лобуд, чунин бояд кард». Чунон кард, то он гаронӣ аз дили ман бархост».
Ва Бӯалии Работӣ гӯяд: «Бо Абдуллоҳи Розӣҳамроҳ шудам дар бодия, ӯ гуфт: «Амир ман бошам дар роҳ ё ту?» Гуфтам: «Ту». Гуфт: «Бояд ки ба ҳар чи бигӯям, тоат дорӣ». Гуфтам: «Самъан ва тоъат (мешунавам ва фармонбардорам)». Гуфт: «Он тӯбра биёвар». Биёвардам; ва зоду ҷома ва ҳар чи ҳар ду доштем, дар он ҷо ниҳод ва бар пушти худ ниҳод ва мебурд. Ҳарчанд, ки гуфтаме: «Маро деҳ, монда шавӣ!» Гуфто: «Не, бо ту бигуфтаам, ки амир манам, ту фармонбардор бош». Дигар шаб борон омад, то рӯз вай бар пой истод ва гилеме забари ман медошт, то борон бар ман наёяд. Ва чун ҳадис кард, мегуфтӣ: «Амир манам, ту тоатдор бош». Гуфтам: «Кошки ҳаргиз ӯро амир накардаме».
1 Яъне чун туро мешинохт, барои салоҳ ва диндории ту ба муомила розӣ шуд.
2 Валокин насиҳаткунандагонро дӯст надоред.
Ҳаққи шашум
Афв кардан аз заллат (лағзиш, хато) ва тақсир; бузургон гуфтаанд:
«Агар бародаре тақсире дар ҳаққи ту кунад, ҳафтод гуна узри вай аз хеш бихоҳ, агар нафси ту напазирад, бо хештан гӯй: Инат бадхӯе ва бадгӯҳар касе, ки тӯӣ, ки бародари ту ҳафтод узр бихост ва напазируфтӣ?» Ва агар тақсир бад-он бувад, ки бар вай маъсияте равад, вайро бо талаттуф насиҳат кун, то даст боздорад; ва агар даст бидорад ва исрор накунад, худ нодида ангор; ва агар исрор кунад, насиҳат кун. Агар фоида надорад, саҳобаро дар ин масъала ихтилоф аст, ки чӣ бояд кард. Мазҳаби Абӯзар разийаллоҳу анҳу он аст, ки аз вай бибояд бурид, ки мегӯяд «Барои Худои таъоло вайро дӯст доштӣ, акнун барои Худои таъоло вайро душман дор». Ва Абӯдардо ва ҷамоате аз саҳоба гуфтаанд, ки қатиат набояд кард, ки умеди он бошад, ки аз он бигардад, аммо дар ибтидо бародарӣ набояд баст, чун баста шуд, бад-ин қатъ набояд кард. Ва Иброҳими Нахаъӣ мегӯяд: «Ба гуноҳе, ки бародарат кунад, варо маҳҷур макун, ки агар имрӯз бикунад, фардо даст бидорад». Ва дар хабар аст, ки: «Ҳазар кунед аз заллати олим ва аз вай мабурред ва чашм медоред, ки зуд аз он боз гардад».
Ду бародар буданд аз бузургони дин, яке ба ҳавои дил бар махлуқе мубтало шуд, он дигар бародар гуфт: «Дили ман бемор шуд, агар хоҳӣ, ки ақди бародарӣқатъ кунӣ, бикун». Гуфт: «Маъозаллоҳ, ки ман ба як гуноҳ аз ту қатъ кунам». Ва бо худ азм кард, ки ҳеч таом ва шароб нахӯрад, то он гоҳ ки Худои таъоло ӯро аз ин бало офият диҳад; чиҳил рӯз ҳеч нахӯрд. Пас пурсид, ки ҳол чист? Гуфт – ҳамчунон ва ӯ сабр кард бар гуруснагӣ; ва тани вай бигудохт (об шуд, лоғар шуд) то он гоҳ ки вай биёмад ва гуфт: «Худои таъоло кифоят кард ва дили ман аз он ишқ сард кард». Пас аз он вай таом хӯрд!
Ва якеро гуфтанд: «Бародари ту аз дин бигардид ва дар маъсияте афтод; чаро аз вай набурӣ?» Гуфт: «Вайро ба бародар имрӯз ҳоҷат аст, ки афтодааст; даст аз вай чун боз дорам; балки даст гирам то варо ба талаттуф аз дӯзах бираҳонам». Ва дар банӣ Исроил ду дӯст буданд, бар сари кӯҳ ибодат кардандӣ. Яке ба шаҳр омад, то чизе харад, чашми вай бар зани хароботӣ афтод ва ошиқ шуду дармонд, бо вай бинишаст. Чун чанд рӯз баромад, он дигар ба талаби вай омад ва ҳоли вай бишунид, ба наздики вай шуд, вай аз шарм гуфт: «Ман худ туро намедонам (намешиносам)». Гуфт: «Эй бародар, дил машғул мадор, ки маро бар ту ҳаргиз он шафқат ва дӯстӣ набудааст, ки акнун ҳаст». Бархост ва тавба кард ва бо вай бирафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё