Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Худоё, қавми маро раҳнамоӣ фармо, чи онҳо нодононанд.
ташдид бо эшон бояд ки мутафовит бувад.
Дараҷаи аввал кофаронанд. Агар аҳли ҳарб бошанд, худ душмании эшон фариза аст ва муомилат бо эшон куштан ва банда гирифтан аст.
Дараҷаи дуввум аҳли зимматанд. Душманӣ бо эшон низ фариза аст ва муомилат бо эшон он аст, ки эшонро ҳақир доранд ва икром накунанд ва роҳ бар эшон танг кунанд дар рафтан. Аммо дӯстӣ бо эшон бағоят макрӯҳ аст ва бошад ки ба дараҷаи таҳрим расад, ки Худои таъоло мегӯяд: «Ло таҷиду қавман йуъминуна биллоҳи ва-л-йавми-л-охири йуводдуна ман ҳаддаллоҳа ва расулаҳу ...» ал-ойату1. Ва расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ҳар ки ба Худои таъоло ва ба қиёмат имон дорад, бо душманони Худои таъоло дӯст набошад». Аммо ба эшон эътимод кардан ва эшонро ба амалу вилоят бар мусалмонон мусаллат кардан истихфоф бувад бар мусалмонӣ ва аз ҷумлаи кабоир бувад.
Дараҷаи саввум мубтадеъ бошад, ки халқро ба бидъат даъват кунад.
Изҳори душмании вай муҳим бошад, то халқ аз вай нафрат гиранд; ва авлотар он бувад, ки вайро салом накунанд ва бо вай сухан нагӯянд ва саломи вайро ҷавоб надиҳанд, ки чун даъват кунад, шарри ӯ мутааддӣ бошад2
.
Аммо агар оммӣ бувад ва даъват накунад, кори вай саҳл бошад.
Дараҷаи чаҳорум маъсияте аст, ки дар он ранҷи халқ бошад, чун зулм; ва гувоҳӣ ба дурӯғ; ва ҳукми бамайл ва ҳиҷо кардан дар шеър; ва ғайбат кардан; ва тахлит кардан миёни мардумон; аз ин қавм эъроз кардан ва бо эшон дуруштӣ кардан сахт некӯ бувад ва дӯстӣ доштан бо эшон сахт макрӯҳ бувад ва ба дараҷаи ҳаром бирасад – дар зоҳири фатво, ки ин дар забти таклиф наёяд.
Дараҷаи панҷум: Кас бувад, ки ба шароб хӯрдан ва фисқ кардан машғул бувад ва касеро аз вай ранҷе набошад, кори вай саҳлтар бувад ва бо вай талаттуф ва насиҳат авлотар – агар умеди қабул бувад – ва агар на, эъроз кардан аз вай некӯтар. Аммо ҷавоби салом боз бояд додан ва лаънат набояд кардан; яке дар рӯзгори расул алайҳиссалом чанд бор шароб хӯрд ва вайро ҳадд заданд; яке аз саҳоба вайро лаънат кард ва гуфт:
«Чанд хоҳад будан аз фасоди вай?» Расул алайҳиссалом вайро наҳй карду гуфт: «Вайро худ шайтоне хасм бас аст, ту низ ёвари шайтон мабош бар вай!»
Боби дуввум
1 Нахоҳӣ ёфт мардумеро, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин имон дошта бошанд ва мухолифони Худо ва пайғамбаронашро дӯст бидоранд.
2 Ба дигарон сироят кунад ва бирасад.
Дар ҳуқуқи сӯҳбат ва шароити он
Бидон, ки ҳар касе дӯстӣ ва сӯҳбатро нашояд, балки бояд ки сӯҳбат бо касе дорӣ, ки дар вай се хислат бувад:
Аввал ақл бувад, ки дар сӯҳбати аҳмақҳеч фоида набувад ва ба охир ба ваҳшат кашад, ки аҳмақ он вақт ки хоҳад, ки бо ту некӯӣ кунад, бошад ки коре кунад – ба аҳмақӣ, ки зиёни ту дар он бувад; надонад; ва гуфтаанд:
«Аз аҳмақ дур будан қурбат1 аст ва дар рӯи аҳмақ нигаридан хатиат аст».
Ва аҳмақ он бувад, ки ҳақиқати корҳо надонад ва чун бо вай бигӯӣ, фаҳм накунад.
Хислати дуввум хулқи некӯ бувад, ки аз бадхӯ саломат набувад ва чун он хӯи бади вай биҷунбад, ҳаққи ту фурӯ монад ва бок надорад.
Хислати саввум он, ки ба салоҳ бувад, ки ҳар ки ба маъсият мусир бувад, аз Худои таъоло натарсад ва ҳар ки аз Худои таъоло натарсад, бар вай эътимод набошад. Ва Худои таъоло мегӯяд: «Ва ло тутиъ ман ағфално қалбаҳу ъан зикрино ва-ттабаъа ҳавоҳу» - «Тоат мадор касеро, ки аз зикри Худ ғофил кардаем ва аз паси ҳавои хеш аст». Ва агар мубтадеъ бувад, аз вай дур бояд буд, ки бидъати вай сироят кунад ва шумии вай ба ту бирасад. Ва ҳеч бидъат азимтар аз он набудааст, ки акнун падид омадааст: гурӯҳеанд, ки мегӯянд: «Бо халқи Худои таъоло доварӣ набояд кардан ва ҳеч касро аз фисқу маъсият боз набояд дошт, ки моро бо халқи Худои таъоло хусумат нест ва дар эшон тасарруф нест». Ва ин сухан тухми ибоҳат аст ва сари зандақа аст ва аз бидъат азимтар аст, албатта; бо ин қавм ҳеч мухолатат набояд кардан, ки ин сухане аст, ки мувофиқи табъ аст ва шайтон ба муовинати он бархезад ва инро дар дил биёрояд ва ба зудӣ ба ибоҳати сареҳ кашад.
Ва Ҷаъфар ас-Содиқ разийаллоҳу анҳу гуфтааст, ки: «Аз сӯҳбати панҷ тан ҳазар кунед: дӯрӯғзан, ки ҳамеша бо вай дар ғурур бошӣ; ва дигаре аҳмақ, ки он вақт ки суди ту хоҳад, зиён кунад ва надонад; ва бахил, ки беҳтарини вақти ту аз ту бибарад; ва баддил (тарсу), ки дар вақти ҳоҷат туро зоеъ бимонад; ва фосиқ, ки туро ба як луқма бифурӯшад ва ба камтар аз як луқма». Гуфтанд: «Он чист?» Гуфт: «Тамаъ дар он»2. Ва Ҷунайд мегӯяд раҳматуллоҳи алайҳи ки: «Сӯҳбат бо фосиқи некӯхӯ дӯсттар дорам аз он ки бо қуррои бадхӯ».
Ва бидон, ки ҷумлаи ин хисол камтар ҷамъ шавад, валекин бояд ки ғарази сӯҳбат бишиносӣ – агар мақсуд унс аст, хулқи некӯ талаб кунӣ; ва
1 Қурбат – наздикӣ ба Худо аст.
2 Яъне шахсро ҳатто ба тамаъи луқма – на худи луқма –бифурӯшад.
агар мақсуд дунё аст, саховат ва карам талаб кунӣ; ва агар мақсуд дин аст, илму парҳезгорӣ талаб кунӣ; ва ҳар якеро шарте дигар аст.
Бидон, ки халқ аз се ҷинс аст – баъзе чун ғизоанд, ки аз вай нагузирад (ночор аст); ва баъзе чун доруанд, ки дар баъзе аҳвол бад-эшон ҳоҷат афтаду бас; ва баъзе чун иллатанд, ки ба ҳеч вақт бо эшон ҳоҷат набувад, валекин мардум бад-эшон мубтало шаванд ва мудоро мебояд кард, то бираҳад.
Ва дар ҷумла, сӯҳбат бо касе бояд кард, ки ӯро аз ту фоидаи динӣ бувад, ё туро аз вай.
Пайдо кардани ҳуқуқи сӯҳбат ва дӯстӣ Бидон, ки ақди бародарӣ ва сӯҳбат чун баста шуд ҳамчун ақди никоҳ аст, ки вайро ҳуқуқ аст. Расул алайҳиссалом мегӯяд: «Масали ду бародар чун масали ду даст аст, ки якдигарро мешӯянд». Ва ин ҳуқуқ аз даҳҷинс аст:
Ҳаққи аввал
Дар мол аст ва дараҷаи бузургтарин он аст, ки ҳаққи вайро тақдим кунад ва исор кунад, чунон ки дар ҳаққи ансор1 омадааст: «Ва йуъсируна ъало анфусиҳим ва лав кона биҳим хасосатун»2. Дуввум3 он ки вайро ҳамчун хештан дорад; ва мол миёни хеш ва вай муштарак дорад; ва дараҷаи бозпасин он аст, ки ӯро чун ғулом ва ходими хеш донад – он ки аз вай фузун ояд, дар кор ва ҳоҷати вай кунад – бе он ки варо бибояд хост; чун хост ва ба гуфтор ҳоҷат афканд, ин аз дараҷаи дӯстӣ берун шуд, ки андеша ва темори (хидмат ва ғамхорӣ) вай аз дили вай бархост; ин сӯҳбати одате бошад, ки онро қадре набошад.
Утбат ал-Ғуломро дӯсте буд; гуфт: «Маро ба чаҳор ҳазор дирам ҳоҷат аст». Гуфт: «Биёву ду ҳазор дирам бигир». Аз вай эъроз карду гуфт:
«Шарм надорӣ, даъвои дӯстии худоӣ кунӣ, он гоҳ дунёро исор накунӣ!»
Ва қавмеро аз сӯфиён ғамз (бадгӯӣ) карданд ба наздики яке хулафо; шамшер биёварданд, то ҳамаро бикушанд, Абулҳасани Нурӣ дар он миён буд, аз пеш даромад, то вайро бикушанд нахуст, он халифа гуфт: «Чаро чунин кардӣ?» Гуфт: «Эшон бародарони мананд андар дин, хостам,
1 Ёрони пайғамбар аз аҳли Мадина, дар муқобили муҳоҷирин, ки аз Макка бо он ҳазрат (с) муҳоҷират карда буданд.
2 Ва дигаронро хештан муқаддам медоранд, агарчи худ эҳтиёҷ ждоқта бошанд.
3 Мақсуд дараҷаи дуввум дар дӯстист.
ки ҷон пеши эшон нисор кунам». Гуфт: «Касоне, ки эшон чунин бошанд, эшонро натавон кушт». Ва ҳамаро раҳо кард.
Ва Фатҳи Мавсилӣ ба хонаи дӯсте шуд, ҳозир набуд; канизаки вайро гуфт, то сандуқча биёвард, то он чи хост, баргирифт. Чун дар шаб ба хона бозомад ва бишунид, ки чӣ кард, канизакро аз шодӣ озод кард. Ва яке ба наздики Абӯҳурайра омад разийаллоҳу анҳу, гуфт: «Мехоҳам, ки бо ту дӯстӣ ва бародарӣ кунам». Гуфт: «Донӣ, ки ҳаққи бародарӣ чист?»
Гуфт: «Он ки ту ба зару сими хеш авлотар аз ман набошӣ». Гуфт: «Бадин дараҷа нарасидаам». Гуфт: «Пас, бирав, ки ин кори ту нест». Ибни Умар гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Якеро аз саҳоба сари бирён фиристонд, гуфт: – «Фалон бародари ман аз ман авлотар ва ҳоҷатмандтар аст». Бари вай фиристод ва он кас ба бародари дигар фиристод ва ҳамчунин ба чанд даст бигашт, то он гоҳ ки ба аввал бозрасид». Ва миёни Масруқ ва Хайсама бародарӣ буд ва ҳар яке вом доштанд, ин воми он бугузорд – чунон ки он надонист; ва он воми ин бигузорд, чунон ки ин надонист.
Ва Алӣ мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Бист дирам дар ҳаққи бародаре кунам, дӯсттар дорам аз он ки сад дирам ба дарвешон диҳам». Ва расул алайҳиссалом дар бешае шуд ва ду мисвок боз кард (чид, канд), яке каж ва дигаре рост; ва яке аз саҳоба бо вай буд, он рост бо вай дод ва кӯж нигоҳ дошт, гуфт: «Ё расулуллоҳ! Ту бад-ин авлотарӣ». Гуфт: «Ҳеч кас як соат бо касе сӯҳбат накунад, ки на вайро суол кунанд аз ҳаққи сӯҳбати вай, ки нигоҳ дошт ё зоеъ гузошт». Ишорат кард бад-он ки ҳаққи сӯҳбат исор аст. Ва гуфт: «Ҳеч ду тан бо якдигар сӯҳбат накунанд, ки на дӯсттар назди Худои таъоло он бувад, ки рафиқтар бувад».
Ҳаққи дуввум
Ёрӣ додан бувад дар ҳама ҳоҷатҳо – пеш аз он ки дархоҳад ва бигӯяд; ва қиём кардан ба муҳиммот – ба диле хуш ва пешонии кушода. Ва салаф чунин будаанд – чун ба дари сарои дӯст шудандӣ, ҳар рӯз аз аҳли хона бипурсидандӣ, ки чӣ кор ва чӣ шуғл аст, ҳезуматон ҳаст ва намакатон ҳаст ва нону равған ҳаст? Ва кори эшон ҳамчун кори хеш муҳим доштандӣ ва чун бикардандӣ, миннат бар худ доштандӣ.
Ва Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Бародарон бар мо азизтар аз аҳлу фарзандонанд, ки эшон дин ба ёд медиҳанд ва фарзандони дунё ба ёд медиҳанд». Ва Ато гуфтааст, ки: «Пас аз се рӯз бародарон талаб кунед:
агар бемор бошанд, иёдат кунед ва агар машғул бошанд ёрӣ диҳед ва агар фаромӯш карда бошанд, ёд диҳед».
Ва Ҷаъфар ибни Муҳаммад разийаллоҳу анҳу гӯяд: «Ман шитоб кунам, то ҳоҷати душмане аз ман раво шавад – то аз ман бениёз набошад – дар ҳаққи дӯст чӣ кунам?». Ва кас будааст дар салаф, ки пас аз марги бародар чиҳил сол аҳлу фарзанди варо темор медоштааст, нигоҳдошти ҳаққи сӯҳбатро.
Ҳаққи сеюм
Бар забон аст, ки дар ҳаққи бародарон некӯ гӯяд; ва уюби эшон пӯшида дорад; ва агар касе дар ғайб ҳадиси эшон кунад, ҷавоб надиҳад; ва чунон ангорад, ки вай аз паси девор мешунавад; чунон ки хоҳад, ки вай бошад дар ғайбати ӯ, вай низ дар ғайбати ӯҳамчунон бошад; ва мудоҳинат накунад; ва чун сухан гӯяд, бишунавад ва бо вай хилофу мунозира накунад; ва ҳеч сирри вай ошкоро накунад – агарчи пас аз ваҳшат бувад, ки лаимтабъӣ1 бошад; ва забон аз ғайбати аҳлу фарзанд ва асбоби вай кӯтоҳ дорад; ва агар касе бар вай қадҳ (бадгӯӣ) кунад, бо вай нагӯяд, ки ранҷи вай аз расонанда бувад; ва чун вайро некӯ гӯянд, аз вай пинҳон надорад, ки он аз ҳасад бувад; ва агар дар вай тақсире равад, гила накунад ва вайро маъзур дорад ва аз тақсири хеш бозандешад, ки дар тоати Худой мекунад, то аз он аҷаб надорад, ки касе дар ҳаққи вай тақсир кунад; ва бидонад, ки агар касе талаб кунад, ки дар вай ҳеч тақсир набувад, ҳаргиз наёбад ва он гоҳ аз сӯҳбати халқ биюфтад.

пешина
аз 176
навбатӣ