Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Худои таъоло ваҳй фиристод ба баъзе аз анбиё ки «Ин зӯҳд, ки пеш гирифтаӣ, бад-ин роҳати хеш таъҷил кардӣ, ки аз дунё ва ранҷи вай бирастӣ ва аммо он ки ба ибодати Ман машғул шудӣ, бад-ин иззи хеш ҳосил кардӣ, лек бинигар, то ҳаргиз барои Ман дӯстони Маро дӯст доштӣ ва бо душманони Ман душманӣ кардӣ?». Ва ба Исо алайҳиссалом ваҳй фиристод, ки: «Ҳамаи ибодатҳои аҳли осмону замин ба ҷой орӣ ва дар миён дӯстиву душманӣ барои Ман набошад, он ҳама сурат надорад».
Ва Исо гуфт алайҳиссалом: «Хештан дӯст гардонед наздики Худои таъоло ба душман доштани осиён; ва наздик гардонед худро ба Худои таъоло ба дур будан аз эшон; ва ризои Худои таъоло талаб кунед ба хашм гирифтан бо эшон». Гуфтанд: «Ё Рӯҳуллоҳ, бо кӣ нишинем?» Гуфт: «Бо касе, ки дидори эшон Худойро бо ёди шумо диҳад ва сухани эшон дар илми шумо зиёдат кунад ва кирдори эшон шуморо дар охират роғибтар кунад». Ва Худои таъоло ваҳй фиристод ба Довуд: «Ё Довуд, чаро аз мардумон рамидаӣ ва танҳо нишастаӣ?» Гуфт: «Бор Худоё, дӯстии Ту ёди халқ аз дили ман бибурд ва аз ҳама нафур (гурезон) шудам». Гуфт: «Ё Довуд; бедор бош; ва худро бародарон ба даст ор ва ҳар ки ёри ту набошад – дар роҳи дин – аз вай дур бош, ки дилат сиёҳ кунад ва аз Манат дур кунад». Ва расули мо гуфт алайҳиссалом: «Худойро таъоло фариштаест, як нимаи вай аз оташ ва як нимаи вай аз барф, мегӯяд: бор Худоё, чунон ки миёни оташу барф улфат афкандӣ, миёни дили бандагони шоистаи хеш улфат афкан». Ва гуфт: «Касоне, ки дӯстӣдоранд барои Худои таъоло, барои эшон амуде бизананд аз ёқути сурх, бар сари он ҳафтод ҳазор кӯшк, аз он ҷо ба аҳли биҳишт фурӯ нигаранд; нури рӯи эшон ба аҳли биҳишт афтад, чунон ки нури офтоб дар дунё, аҳли биҳишт гӯянд: «Биёед, то ба назораи эшон равем». Эшонро бинанд ҷомаҳои сундуси (дебо, порчаи абрешими нозук) сабз пӯшида ва бар пешонии эшон навишта: ал-мутаҳоббуна фӣллоҳи – ин дӯстони Худои таъолоанд азза ва ҷалла». Ва Ибни ас-Саммок дар вақти марг мегуфт:
«Бор Худоё! Донӣ, ки дар он вақт, ки маъсият мекардам, аҳли тоати Туро дӯст медоштам? Инро каффорати он кун». Ва Муҷоҳид гӯяд, ки:
«Дӯстони Худои таъоло чун дар рӯи якдигар ханданд, ҳамчунон ки барг аз дарахт фурӯ резад, гуноҳи эшон фурӯ резад».
Пайдо кардани ҳақиқати дӯстии Худои таъоло, ки кадом бошад Бидон, ки дӯстӣ, ки иттифоқ афтад бо касе, ки бо вай дар дабиристон (дабистон, мактабхона) ё дар сафар ё дар мадраса ё дар маҳаллат буда бошад ва бад-он сабаб улфате афтода бошад, аз ин ҷумла набувад. Ва ҳар киро барои он дӯст дорӣ, ки сурате некӯ дорад, ё дар сухан гуфтан ширин бувад ва бар дил сабук бувад, ҳам аз ин набувад. Ва ҳар киро барои он дӯст дорӣ, ки туро аз ӯҷоҳе ва ҳишмате бувад, ё моле ё ғарази дунёвӣ, аз ин ҷумла набувад, ки ин ҳама сурат бандад аз касе, ки ба Худои таъоло ва ба охират имон надорад. Ва дӯстии Худой он бувад, ки бе имон сурат набандад ва ин бар ду дараҷат аст:
Дараҷаи аввал
Он бувад, ки касеро дӯст дорӣ барои ғаразе, ки дар вай баста бувад, валекин он ғарази динӣ бувад ва барои Худои таъоло бувад: чунон ки устодро дӯст дорӣ, ки туро илм омӯзад, ин дӯсти Худой бувад, чун мақсуди ту аз илм охират бувад, на ҷоҳу мол, агар мақсуд дунё бувад, ин дӯстӣ аз он ҷумла набувад. Ва агар шогирдро дӯст дорӣ, то аз ту илм омӯзад ва туро хушнудии Худои таъоло ба тааллум ҳосил ояд, ин барои Худои таъоло бувад ва агар барои ҳишмат дӯст дорӣ аз ин ҷумла набувад. Ва агар касе садақа диҳад ва касеро дӯст дорад, ки он ба шарт ба дарвешон бирасонад, ё дарвешонро меҳмон кунад ва касеро дӯст дорад, ки табхҳои некӯ пазад, ин дӯстии Худой бувад; балки агар касеро дӯст дорад, ки вайро нону ҷома диҳад ва фориғ медорад, то вай ба ибодат пардозад, ин дӯстии Худой бувад, чун мақсуди вай фароғи ибодат аст; ва бисёре уламо ва ибод бо тавонгарон дӯстӣ доштаанд барои ин ғараз ва ҳар ду аз дӯстони Худои таъоло будаанд; балки агар касе зани хешро дӯст дорад барои он ки вайро аз фасод нигоҳ дорад ва ба сабаби омадани фарзанде, ки варо дуо некӯ кунад, ин дӯстӣ барои Худои таъоло бувад ва ҳар нафақа, ки бар вай кунад, чун садақа бувад; балки агар шогирдро дӯст дорад ба ду сабаб: яке ин ки хидмати ӯ мекунад ва дигар он ки вайро фориғ медорад, то ба ибодат пардозад; ин қадар, ки барои ибодат аст, аз ҷумлаи дӯстии Худои таъоло бувад ва бар ин савоб бувад.
Дараҷаи дуввум
Ва ин бузургтар аст; он бувад, ки касеро дӯст дорад, лиллоҳро, бе он ки варо ҳеч ғараз аз вай ҳосил ояд; на аз вай таълим кунад ва на тааллум ва на фоидае; фароғати динӣ аз вай ҳосил ояд; валекин бад-он сабаб, ки вай мутеи Худой аст ва муҳибби Худой аст азза ва ҷалла, варо дӯст дорад, балки ба сабаби он ки бандаи Худой аст ва офаридаи Худой аст азза ва ҷалла, ин дӯстӣ худоӣ бувад. Ва ин азимтар бувад, ки ин аз муҳаббати Худои таъоло хезад, ки ба ифрот бувад, чунон ки ба ҳадди ишқ расад; чунон ки агар касе бар касе ошиқ шавад, кӯй ва маҳаллати вай дӯст дорад ва девору сарои вайро дӯст дорад, балки саге, ки дар кӯи вай бувад, онро аз сагони дигар дӯсттар дорад, ночора худ муҳибби маъшуқи хеш ва маҳбуби маъшуқи хешро ва касеро, ки фармонбардори маъшуқ бувад, ё чокару бандаи вай бувад, ё хешованди вай бувад, ин ҳамаро ба зарурат дӯст дорад, ки ҳар чи бо вай нисбате гирифт, дӯстӣ бад-он сироят кунад; ва ҳарчанд ишқ азимтар бувад, сирояти он ба дигарон, ки табаъи маъшуқ бувад ва ба вай тааллуқ дорад, бештар бувад.
Пас, ҳар ки дӯстии Худои таъоло бар вай ғолиб шавад, то ба ҳадди ишқ расад, ҳама бандагони вайро дӯст дорад, хосса дӯстони вайро; ва ҳама офаридаҳоро дӯст дорад, ки ҳар чи дар вуҷуд аст, ҳама асари қудрат ва сунъи маҳбуби вай аст ва ошиқ хатти маъшуқро ва васфи вайро дӯст дорад. Ва расул алайҳиссалом чун навбовае ба вай бурдандӣ, вайро гиромӣ доштӣ ва ба чашм фурӯ молидӣ ва гуфтӣ: «Қарибаҳд аст ба Худованди таъоло».
Ва дӯстии Худованди таъоло низ ду қисм аст: баъзе барои неъмати дунёву охират бувад; ва баъзе барои Худои таъоло буваду бас, ки ҳеч чиз дар миён набувад. Ин тамомтар бувад. Ва шарҳи ин дар асли муҳаббат бигӯем, дар рукни чаҳорум аз китоб.
Ва дар ҷумла қуввати муҳаббати Худои таъоло бар қадри қуввати имон бувад; ва ҳарчанд имон қавитар бувад, муҳаббат қавитар бувад ва он гоҳ ба дӯстони Худой ва писандидагони Вай сироят кунад. Ва агар дӯстӣҷуз ба фоидаи холӣ набудӣ, дӯстии мурдагон аз анбиёву авлиё ва уламо сурат набастӣ; ва дӯстии ҳама дар дили мӯъмин ҳосил аст. Пас, ҳар ки донишмандонро ва сӯфиёнро ва порсоёнро ва хидматгоронро ва дӯстони эшонро дӯст дорад, барои Худои таъоло дошта бошад. Валекин миқдори дӯстӣ ба фидо кардани ҷоҳу мол падид ояд. Кас бувад, ки имон ва дӯстии вай чунон қавӣ бувад, ки ҳама мол ба як бор бидиҳад, чун Абӯбакри Сиддиқ разийаллоҳу анҳу; ва кас бувад, ки чунон бувад, ки як нима бидиҳад, чун Умар разийаллоҳу анҳу; ва кас бувад, ки андаке беш натавонад дод. Ва дили ҳеч мӯъмин аз асли ин дӯстӣ холӣ набошад, агарчи заиф бувад.
Пайдо кардани душманӣ барои Худои таъоло, ки кадом бувад Бидон, ки ҳар ки мутеонро дӯст дорад барои Худои таъоло, ба зарурат кофиронро ва фосиқонрову золимонро душман дорад, ки ҳар ки касеро дӯст дорад, дӯсти вайро дӯст дорад ва душмани вайро душман дорад; ва Худои таъоло ин қавмро душман дорад. Пас агар мусалмоне бошад фосиқ, бояд ки барои мусалмонӣ вайро дӯст дорад ва барои фисқ вайро душман дорад ва миёни дӯстиву душманӣҷамъ кунад, чунон ки агар касе як фарзанди вайро хилъате диҳад ва як фарзандро ҷафо кунад ва бизанад, аз ваҷҳе вайро дӯст дорад ва аз ваҷҳе душман дорад, ин муҳол набувад, чи агар касе се фарзанд дорад, яке зирак ва фармонбардор ва яке аблаҳ ва нофармонбардор ва яке аблаҳи фармонбардор; якеро дӯст дорад ва якеро душман ва ин саввумро аз ваҷҳе дӯст дорад ва аз ваҷҳе душман. Ва асари он ба муомилат падид ояд: то якеро икром мекунад ва якеро иҳонат ва он дигарро миёни икром ва иҳонат медорад.
Ва дар ҷумла, ҳар ки бо Худои таъоло хилоф кунад ба маъсият, бояд ки ҳамчунон бувад, ки бо ту кунад: ба миқдори мухолифат вайро душман дорӣ ва ба миқдори мувофиқат дӯст медорӣ, бояд ки асари он дар сухан ва мухолатат ва муомилат пайдо ояд: то бо осӣ гирифтарӯй бошӣ ва сухани дурушт гӯӣ; ва бо касе, ки фисқаш беш бувад, гирифтатар бошӣ ва чун аз ҳад берун шавад, забон бозгирӣ ва эъроз (дурӣ) кунӣ; ва дар ҳаққи золим муболиғат бештар кунӣ аз он ки дар ҳаққи фосиқ, магар касе, ки зулм бар хосси ту кунад, он гоҳ афв кардан ва эҳтимол кардан некӯтар бувад. Ва сирати салаф дар ин мухталиф будааст: гурӯҳе муболиғат кардаанд дар дуруштӣ: барои салобату сиёсати шаръро. Ва Аҳмад ибни Ҳанбал аз ин буд, ки бо Ҳориси Муҳосибӣ хашм гирифт, ки тасниф кард дар калом ва бар мӯътазила1 рад кард ва гуфт: «Дар китоб бештар шубҳати эшонро баён кунӣ, он гоҳҷавоб диҳӣ, бошад ки касе он шубҳат бархонад ва дар дили вай афтад». Ва Яҳё ибни Муъин гуфт: «Ман аз касе чизе нахоҳам, аммо агар султон чизе ба ман диҳад биситонам».
Бо вай хашм гирифт ва забон бозгирифт, то аз вай узр хост ва гуфт: «Тибат ва мазоҳ мекардам». Гуфт: «Хӯрдани он аз дин аст ва бо дин бозӣ накунанд». Ва гурӯҳе будаанд, ки ҳамаро ба чашми марҳамат нигаридаанд.
Ва ин ба ният ва андеша бигардад, ки касе, ки назари вай аз тавҳид бувад, ҳамаро дар қабзаи қаҳри Рубубият музтар бинад, ба чашми раҳмат нигарад; ва ин низ бузург аст, валекин ҷои ғарра шудани аҳмақон аст, ки касе бошад, ки мудоҳинат бошад дар ботини вай ва пиндорад, ки тавҳид аст. Ва нишони тавҳид он бувад, ки агар вайро бизанад ва моли вай бибарад ва истихфоф кунад ва забон ба вай дароз кунад, хашм нагирад ва ҳам ба чашми шафқат нигарад; чун аз тавҳид ва зарурати халқ менигарад, чунон ки расулро алайҳиссалом дандон бишикастанд ва хун бар рӯи вай фурӯ медавид ва вай мегуфт: «Аллоҳума-ҳди қавмӣ фа иннаҳум ло йаъламун»2. Чун дар ҳаққи хеш хомӯш нагардад ва дар ҳаққи Худои таъоло хомӯш гардад, ин мудоҳинат ва нифоқу ҳамоқат бошад, на тавҳид. Пас ҳар ки тавҳид чунин бар вай ғолиб набошад ва фисқи фосиқ вайро дар дили вай душман нагардонад, далели заъфи имон ва дӯстии вай бошад, чунон ки агар касе дӯсти туро бад гӯяд, ту хашм нагирӣ, далели он бувад, ки асле надорад.
— ФАСЛ —
[Дараҷоти хашм бо мухолифони Худои таъоло] Бидон, ки дараҷаи мухолифони Худои таъоло мутафовит аст, хашму
1 Гурӯҳе, ки дар илми калом дорои ақидаи хоссе будаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё