Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пас гуфт: «Эй Товус, ин ба чӣ далерӣ кардӣ?» Гуфт: «Чӣ кардам?»
Хашми вай зиёд шуд, гуфт: «Чаҳор тарки адаб кардӣ: яке он ки наълайн бар канори бисоти ман берун кардӣ». Ва ин наздики эшон зишт буд, ки пеши эшон бо мӯза ва наълайн ба ҳам бояд нишаст ва то кунун дар сарои хулафо расм ин буда. «Ва дигар он ки маро «амирулмӯъминин»
нагуфтӣ; ва дигар он ки дар пеши ман бинишастӣ бе дастурӣ ва дасти ман бӯса надодӣ». Товус гуфт: «Аммо он ки наълайн берун кардам пеши ту, ҳар рӯз панҷ бор пеш Рабб-ул-изза, ки Худованди ҳама аст, берун кунам ва бар ман хашм нагирад; ва аммо он ки «амирулмӯъминин» нагуфтам, он бувад, ки ҳамаи мардумон ба амирии ту розӣ наанд, тарсидам, ки дурӯғе гуфта бошам; ва аммо он ки туро ба ном хондам ба кунят нахонадам, Худои таъоло дӯстони Худро ба ном хондааст, гуфт: ё Довуд; ва ё Яҳё; ва ё Исо; ва душмани Худро ба кунят хонад, гуфт: «Таббат йадо Абилаҳаб1; аммо он ки даст бӯса надодам, аз амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу шунидам, ки гуфт: «Раво нест дасти ҳеч касро бӯса додан, магар дасти зани хеш ба шаҳват ва дасти фарзанд ба раҳмат»; аммо он ки пеши ту бинишастам, аз амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу шунидам, гуфт: «Ҳар ки хоҳад, ки мардеро бинад аз аҳли дӯзах, гӯ: дар марде нигар, ки нишаста бошад ва дар пеши вай қавме бар пой истода».
Ҳишомро хуш омад, гуфт: «Маро панде деҳ». Гуфт: «Аз амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу шунидам, ки гуфт: «Дар дӯзах моронанд; ҳар яке чанд кӯҳе; ва каждум аст; ҳар яке чанд шутуре; мунтазири амиреанд, ки бо раияти хеш адл накунад». Ин бигуфт ва бархосту бирафт.
Ва Сулаймон ибни Абдулмалик халифа буд, чун ба Мадина расид, Бӯҳозимро, ки аз бузургони уламо буд, бихонд ва бо вай бигуфт: «Чӣ сабаб аст, ки мо маргро кореҳем?» Гуфт: «Аз он ки дунё ободон кардед ва охират хароб; ва ҳар киро аз ободонӣ ба вайронӣ баранд, ба ранҷ бо-
1 Шикаста бод ду дасти Абулаҳаб.
шад». Бигуфт: «Ҳоли халқ чун хоҳад буд, чун пеши Худои таъоло шаванд?» Гуфт: «Аммо некӯкор, чун касе бувад, ки аз сафар бозояд, ба наздики азизони хеш расад. Аммо бадкор, чун бандаи гурехта бошад, ки ӯро бигиранд ва ба қаҳр пеши худованд баранд». Гуфт: «Кошки бидонистаме, ки ҳоли ман чӣ хоҳад буд?» Гуфт: «Худро бар Қуръон арза кун, то бидонӣ, ки дар Қуръон мегӯяд: инна-л-аброра ла фӣ наъимин ва инна-лфуҷҷора ла фӣҷаҳимин»1. Гуфт: «Пас раҳмати Худой куҷо шавад?». Гуфт:
«Инна раҳматуллоҳи қарибун мина-л-мӯҳсинини» – «наздик бувад ба некӯкорон». Ва сухани уламои дин бо салотин чунин будааст. Ва уламои дунёро сухан бо эшон аз дуо ва сано бувад ва дар талаби он бошад, ки чизе гӯянд, ки эшонро хуш ояд ва ҳилатеву рухсате ҷӯянд, то муроди эшон ҳосил шавад ва он ки панд диҳанд, мақсуди эшон қабул афтад; ва нишон он бувад, ки агар панд дигаре диҳад, эшонро ҳасад ояд.
Ва ба ҳар сифат, ки бошад, нодидани золимон авлотар; бо эшон мухолитат набояд кардан ва бо касоне, ки бо эшон мухолитат кунанд, ҳам набояд кардан. Ва агар касе қодир набошад бар он ки бо эшон мухолитат накунад – то он гаҳ ки зовияе нагирад2 ва аз дигарон набурад – бояд ки зовияе гирад ва мухолитат бо ҳама дар боқӣ кунад. Расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ҳамеша ин уммат дар канафи ҳимояти Борӣ бошанд, то он гаҳ ки уламои эшон бо умаро мухолитат накунанд». Ва дар ҷумла сабаби фасоди раият аз фасоди мулук ва салотин бувад; ва фасоди салотин аз уламо бувад, ки эшонро ислоҳ накунанд ва бар эшон инкор накунанд.
— ФАСЛ —
[Дар шароити ситадани мол аз султон] Агар султоне моле ба наздики олиме фиристад, то тафриқа кунад бар хайрот, агар донад, ки онро молике аст муайян, нашояд ки тафриқа кунад албатта, балки бояд гуфт, то ба худованд диҳад; ва агар молик падидор набошад, гурӯҳе аз уламо имтиноъ кардаанд аз ситадан ва тафриқа кардан. Ва наздики мо авлотар он бувад, ки аз эшон биситонад ва тафриқа кунад бар хайрот, то аз дасти эшон берун шавад ва олати зулми эшон нагардад ва то дарвешонро роҳате бувад, ки ҳукми ин мол он аст, ки ба дарвешон бояд дод, валекин ба се шарт бувад:
Шарти аввал – он ки ба сабаби ситадани вай султон эътиқод накунад,
1 Ба дурустӣ ки некон дар неъмат бошанд ва бадкорон дар дӯзах.
2 Зовия гирифтан – гӯшагирӣ.
ки моли вай худ ҳалол аст ва агар набудӣ вай наситадӣ, ки он гаҳ далер гардад бар касби ҳаром. Ва шарри ин аз хайри тафриқа беш бувад.
Шарти дуввум – он ки ин олим дар маҳалли он набошад, ки дигарон дар фаро ситадани вай ба вай иқтидо (пайравӣ) кунанд ва аз тафриқа кардани вай ғофил монанд, чунон ки гурӯҳе ҳуҷҷат гирифтаанд, ки Шофеӣ моли хулафо фаро ситад ва аз ин ғофил бошанд, ки вай он ҳама тафриқа кардӣ. Ваҳб ибни Мунаббеҳ ва Товус ҳар ду дар наздики бародари Ҳаҷҷоҷ шуданд, бомдоде сард буд ва Товус панд медод вайро; бифармуд, то тайласоне (пӯстин) бар китфи Товус афкананд ва Товус сухан мегуфт ва меҷунбид, то он тайласон аз вай бияфтод. Бародари Ҳаҷҷоҷ бидонист, хашмгин шуд, чун берун омаданд, Ваҳб гуфт: «Ё Товус, агар ин тайласон биситадӣ ва ба дарвеше додӣ, беҳтар аз он буд, ки ӯро ба хашм оварӣ». Гуфт: «Эмин набудам бад-он ки кас ба ман иқтидо кунад ва моли эшон биситонад ва надонад, ки ман ба дарвеше додам».
Шарти сеюм – он ки дӯстии он золим дар дили ту падид ояд; ба сабаби он ки мол ба ту фиристод, то тафриқа кунӣ, ки дӯстии золимон сабаби бисёр маъсиятҳо бувад, ки сабаби мудоҳинат бувад ва сабаби он бошад, ки бар марг ва азли вай андӯҳгин шавӣ; ва ба сабаби зиёдати ҳишмат ва вилояти вай шод шавӣ. Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: «Бор Худоё, ҳеч фоҷирро даст мадеҳ, то бо ман некӯӣ кунад, ки он гоҳ дили ман ба вай майл кунад». Ва ин барои ин гуфт, ки дил ба зарурат майл кунад ба ҳар ки некӯӣ кунад бо ту. Худои таъоло мегӯяд: «Ва ло таркану ила-л-лазина заламу фа тамассакуму-н-нору»1. Ва баъзе аз хулафо даҳҳазор дирам ба наздики Молики Динор фиристод, ҳама тафриқа кард, ки як дирам боз нагирифт; Муҳаммад ибни Восеъ бидид, гуфт, «Рост бигӯй, то дили ту ҳеч майле гирифт ба дӯстии вай бад-ин сабаб?» Гуфт: «Гирифт». Гуфт: «Аз ин метарсидам, охир шумии он мол кори хеш кард бо ту!».
Ва яке аз бузургони Басра моли султон биситадӣ ва тафриқа кардӣ, вайро гуфтанд: «Натарсӣ, ки дӯстии эшон дар дили ту биҷунбад?» Гуфт: «Агар касе дасти ман бигирад ва дар биҳишт барад, он гоҳ ки маъсият кунад, вайро душман дорам ва он касе душман дорам, ки варо мусаххар кард, то дасти ман бигирифт ва дар биҳишт бурд: чун касеро ин қувват бувад, боке набувад, агар моли эшон тафриқа кунад».
АСЛИ ПАНҶУМ
1 Ва майл накунед ба сӯи касоне, ки ситам карданд, то оташи дӯзах ба шумо нарасад.
Дар гузордани ҳаққи сӯҳбат бо халқ ва нигоҳ доштани ҳаққи хешованд ва ҳамсоя ва банда ва ҳаққи дарвешон ва бародарони худоӣ Бидон, ки дунё манзиле аст аз манозили роҳи Худои таъоло ва ҳамгинон дар ин манзил мусофиранд ва қофилаи мусофирон – чун мақсади сафари эшон яке бошад – ҷумла чун яке бошад; бояд ки миёни эшон улфат ва иттиҳоду муованат бошад ва ҳаққи якдигар нигоҳ доранд.
Ва мо шарҳи сӯҳбат бо халқ дар се боб ёд кунем:
Боби аввал – Дар ҳуқуқи дӯстон ва бародарони худоӣ.
Боби дуввум – Дар ҳуқуқи дӯстон.
Боби сеюм – Дар ҳуқуқи мусалмонон ва хешон ва бандагону ғайри он.
Боби аввал
Дар дӯстӣ ва бародарӣ, ки барои Худои таъоло бувад Бидон, ки бо касе бародарӣ ва дӯстӣ доштан аз баҳри Худои таъоло аз ибодатҳои фозил аст ва аз муомилоти бузург дар дин. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки Худои таъоло ба вай хайре хоста бошад, вайро дӯсте шоиста рӯзӣ кунад, то агар Худои таъолоро фаромӯш кунад, ёдаш диҳад ва агар ёд кунад, ёри вай бошад». Ва гуфт алайҳиссалом: «Ҳеч ду мӯъмин ба якдигар нарасанд, ки на якеро аз он фоидае бошад дар дин».
Ва гуфт: «Ҳар ки касеро дар роҳи Худои таъоло ба бародарӣ гирад, вайро дар биҳишт дараҷаи рафеъ бидиҳанд, ки ба ҳеч амали дигар бад-он дараҷа нарасад». Ва Абӯидриси Хулонӣ Муозро гуфт: «Ман туро дӯст дорам барои Худои таъоло». Гуфт: «Башорат туро, ки аз расул алайҳиссалом шунидам, ки рӯзи қиёмат курсиҳо биниҳанд гирдогирди Арш гурӯҳеро, ки рӯйҳои эшон чун моҳи шаби чаҳордаҳ бувад; ҳамаи халқ дар ҳавли қиёмат бошанд ва эшон эмин; ва ҳама дар бим бошанд ва эшон сокин; ва эшон авлиёи Худои таъоло бошанд, ки эшонро на бим бувад ва на андӯҳ. Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, ин қавм киёнанд?» Гуфт: «Алмутаҳоббуна фӣллоҳи» – эшон касонеанд, ки якдигарро барои Худои таъоло дӯст доранд». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳеч ду кас барои Худои таъоло дӯстӣ нагирифтанд, ки на дӯсттарини эшон назди Худои таъоло он бувад, ки он дигарро дӯсттар дошт». Гуфт: «Худой мегӯяд: ҳақ аст дӯстии Ман касонеро, ки зиёрати якдигар кунанд барои Ман ва бо якдигар дӯстӣ кунанд барои Ман ва бо якдигар дар мол мусомиҳат кунанд барои Ман ва якдигарро нусрат кунанд барои Ман». Ва гуфт: «Худои таъоло гӯяд дар рӯзи қиёмат: куҷоанд он касоне, ки барои Ман бо якдигар дӯстӣ гирифтанд, то имрӯз, ки ҳеч сояе нест, ки паноҳи халқ бошад, эшонро дар сояи Хеш бидорам?» Ва гуфт: «Ҳафт тан рӯзи қиёмат, ки ҳеч касро соя набошад, дар зилли Худои таъоло бошанд: яке амири одил; дуввумҷавоне, ки дар ибтидои ҷавонӣ дар ибодат баромада бошад; сеюм марде, ки аз масҷид берун ояд, дили ӯ ба масҷид овехта бувад, то боз ба масҷид бирасад; чаҳорум ду тан, ки барои Худои таъоло бо якдигар дӯстӣ доранд, бар он гирд оянд ва бар он ҷудо шаванд; панҷум касе, ки дар хилват Худои таъолоро ёд кунад, чашми вай пури об шавад; шашум марде, ки зане бо ҳишмат ва ҷамол вайро ба хештан хонад, вай аз тарси Худои таъоло иҷобат накунад; ҳафтум марде, ки садақа бидиҳад ба дасти рост, ки дасти чапи вай аз он огоҳ набошад». Ва гуфт: «Ҳеч кас зиёрати бародаре накунад аз барои Худои таъоло, илло фариштае мунодо мекунад аз паси вай, ки фарруху муборак бод туро биҳишти Худои таъоло». Ва гуфт: «Марде ба зиёрат мешуд ба наздики дӯсте, Худои таъоло фариштаеро бар роҳ фиристод, то гуфт: «Куҷо меравӣ?» Гуфт: «Ба зиёрати фалон бародар». Гуфт: «Ҳоҷате дорӣ ба наздики вай?» Гуфт: «Не». Гуфт: «Пас чаро меравӣ?». Гуфт: «Барои Худои таъоло вайро дӯст дорам». Пас гуфт: «Худои таъоло маро ба наздики ту фиристод, то туро башорат диҳам, ки Худои таъоло туро дӯст медорад ба сабаби дӯстии ту вайро ва биҳишт туро воҷиб кард бар Худ». Расул гуфт алайҳиссалом: «Устувортарин дастовезе (такягоҳ) дар имон дӯстӣ ва душманӣ аст барои Худои таъоло».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё