Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пас, тариқи Бӯзар ба саломат наздиктар аст, аммо ин тариқат латифтар аст ва фақеҳтар аст, ки ин лутф роҳе бувад ба тавбаи вай ва дар рӯзи дармондагӣ ба бародарон дин ҳоҷат бувад, чӣ гуна фурӯ гузоранд? Аммо ваҷҳи фиқҳ он аст, ки ақди дӯстӣ чун баста шуд, ҳамчун қаробат аст ва нашояд қатъи раҳим кардан ба сабаби маъсият. Ва барои ин гуфт Худои таъоло: «Фа ин ъасавна фа қул: иннӣ бариун миммо таъмалун» – «Агар ашират (тоифа, қабила) ва хешони ту осӣ шаванд дар ту, бигӯй: безорам аз амали шумо». На: аз шумо безорам. Ва Абӯддардоро разийаллоҳу анҳу гуфтанд: «Бародарат маъсият кард, варо душман надорӣ?» Гуфт:
«Маъсияти варо душман дорам, аммо вай бародари ман аст». Аммо дар ибтидо бо чунин касе бародарӣ набояд кардан, ки бародарӣ нокардан ҷинояте нест, аммо қатъ кардан ҷинояте аст ва фурӯ гузоштан ҳаққе аст, ки собит шудааст. Аммо хилоф нест, ки агар тақсир дар ҳаққи ту кунад, афв авлотар; ва чун узр хоҳад, агарчи донӣ, ки дурӯғ гӯяд, бибояд пазируфт, чи расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ҳар ки бародари вай аз вай узр хоҳад ва напазирад, базаҳи вай ҳамчун базаҳе бошад, ки дар роҳ аз мусалмонон боҷ ситонад». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Мӯъмин зуд хашмгин шавад ва зуд хушнуд шавад». Ва Абӯсулаймони Доронӣ гӯяд муриди хешро ки: «Чун аз дӯст ҷафо бинӣ, итоб макун, ки бошад ки дар итоб сухане шунавӣ, ки аз он ҷафо азимтар бувад». Ва гуфт: «Чун биёзмудам, ҳамчунин дидам».
Ҳаққи ҳафтум
Он ки дӯсти хешро ба дуо ёд дорӣ, дар зиндагонӣ ва ҳам пас аз марг; ва ҳамчунин аҳлу фарзандони вайро; ва чунон ки худро дуо кунӣ, ҳамчунон вайро дуо кунӣ, ки ба ҳақиқати он худро карда бошӣ, ки расул алайҳиссалом мегӯяд, ки: «Ҳар ки бародари хешро дуо кунад дар ғайбат, фариштае гӯяд: «Туро низ ҳамчунин». Ва дар як ривоят – Худои таъоло мегӯяд: «Ибтидо кунам ба ту». Ва гуфт: «Дуои дӯстон дар ғайбат рад накунанд».
Абӯддардо мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Ҳафтод дӯстро ном барам дар суҷуд ва ҳамаро дуо кунам як-як». Ва гуфтаанд, ки: «Бародар он бувад, ки пас аз марги ту ҳамгинон ба мероси ту машғул шаванд ва вай ба дуову ҳоли ту машғул бошад ва дил дар он баста, ки Ҳақ таъоло бо ту чӣ мекунад!». Ва расул алайҳиссалом мегӯяд, ки: «Масали мурда чун касе бошад, ки ғарқ шуда бошад ва даст ба ҳар ҷое мезанад, вай низ мунтазири дуое бошад аз аҳлу фарзандон ва дӯстон. Ва он дуои зиндагон чун кӯҳҳои нур ба гӯри мурдагон расад». Ва дар хабар аст, ки «Ҳадяи дуо бар мурдагон арз мекунанд бар табақҳое ва мегӯянд: ин ҳадяи фалон аст; ҳамчунон шод мешаванд, ки зинда ба ҳадя».
Ҳаққи ҳаштум
Вафои дӯстӣ нигоҳ доштан; ва маънии вафодорӣ яке он бувад, ки пас аз марг аз аҳлу фарзандон ва дӯстони вай ғофил набошӣ. Пирзане ба наздики расул омад алайҳиссалом. Расул алайҳиссалом вайро икром кард, аҷаб доштанд; гуфт: «Вай дар рӯзгори Хадиҷа ба наздики мо омадӣ. Ва карами аҳд аз имон аст». Ва дигар вафо он бувад, ки ҳар ки ба дӯсти вай тааллуқ дорад, аз фарзанду банда ва шогирд, бар ҳама ба шафқат бувад ва асари он дар дил беш бувад. Ва дигар он ки агар ҷоҳе ва ҳишмате ва вилояте бошад, ҳамон тавозӯъ, ки мекард, нигоҳ дорад; ва бар дӯстон такаббур накунад. Ва дигар вафо он ки дӯстӣ бардавом нигоҳ дорад ва ба ҳеч чиз набуррад, ки шайтонро ҳеч кори муҳимтар аз он нест, ки миёни бародарон ваҳшат афканад, чунон ки Худои таъоло мегӯяд: «Инна-шшайтона йанзағу байнаҳум»1. Ва Юсуф гуфт алайҳиссалом: «Мин баъди ан назаға-ш-шайтону байнӣ ва байна ихватӣ»2. Ва дигар вафо он бувад, ки бо душмани вай дӯстӣ накунад, балки душмани вайро худ душмани хеш донад, ки ҳар ки бо касе дӯст бувад ва бо душмани вай низ дӯст бувад, он дӯстӣ заиф бувад. Ва дигар вафо он бувад, ки тахлити ҳеч кас дар ҳаққи ӯ нашнавад ва наммомро (суханчин) дурӯғзан дорад.
Ҳаққи нӯҳум
Он ки такаллуф аз миён баргирад ва бо дӯст ҳамчунон бошад, ки танҳо: агар аз якдигар ҳеч ҳишмат доранд3, он дӯстӣ ноқис бувад. Ва Алӣ мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Бадтарини дӯстон он бувад, ки туро ҳоҷат бувад ба узр хостан аз вай ва такаллуф кардан барои вай». Ва Ҷунайд мегӯяд раҳимаҳуллоҳу: «Бисёр дидам бародарон, ҳеч ду бародар надидам, ки дар миён ҳишмате бувад, ки на аз он бувад, ки дар яке аз эшон иллате бувад». Ва гуфтаанд: «Зиндагонӣ бо аҳли дунё бо адаб кун ва бо аҳли охират бо илм ва бо аҳли маърифат – чунон ки хоҳӣ». Ва гурӯҳе аз сӯфиён бо якдигар сӯҳбат доштаанд бар он шарт ки агар яке бар давом рӯза дорад ё нон нахӯрад ё ҳама шаб намоз кунад ё нахусбад; он дигар нагӯяд, ки чаро бувад.
1 Ба дурустӣ ки шайтон миёни онҳоро ба ҳам мезанад.
2 Аз паси он ки шайтон миёни ман ва бародаронам фасод кард.
3 Ҳишмат доштан: хаҷлат кашидан, мулоҳиза ва рӯ дар боистӣ доштан.
Ва дар ҷумла маънии дӯстии Худоӣ ягонагӣ аст ва дар ягонагӣ такаллуф набошад.
Ҳаққи даҳум
Он ки худро аз ҳама дӯстон камтар шиносад; ва аз эшон ҳеч чиз чашм надорад; ва ҳеч муроот напӯшад; ва ба ҳамаи ҳақҳо қиём кунад. Яке пеши Ҷунайд мегуфт, ки: «Бародарон дар ин рӯзгор азиз шудаанд ва ноёфт». Чанд бор бигуфт, Ҷунайд гуфт: «Агар касе мехоҳӣ ки муънат ва ранҷи ту мекашад, азиз аст! Ва агар касе мехоҳӣ, ки ту ранҷу муънати вай кашӣ, инчунин бисёранд наздики ман». Ва бузургон чунин гуфтаанд, ки:
«Ҳар ки хештанро фавқи дӯстон дорад базаҳкор шавад; ва эшон низ базаҳкор шаванд дар ҳаққи вай; ва агар худ мисли эшон донад, ҳам ӯ ранҷур шавад ва ҳам эшон; ва агар дуни эшон донад, бароҳат ва саломат бошад, ҳам вай ва ҳам эшон». Абӯмуовия ал-Асвад гуфт: «Дӯстони ман ҳама аз ман беҳтаранд, ки ин маро муқаддам доранд бар хештан ва фазли маро медонанд».
Боби сеюм
Дар ҳуқуқи мусалмонон ва хешовандон ва ҳамсоягону бандагон Бидон, ки ҳаққи ҳар касе бар қадри наздикии вай бувад. Ва наздикиро дараҷот аст ва ҳуқуқ бар миқдори он бувад. Ва робитаи қавитарини бародарӣ худоӣ аст; ва ҳуқуқи ин гуфта омадааст. Ва бо касе, ки дӯстӣ набувад, валекин қаробати ислом бувад, инро низ ҳуқуқ аст:
Ҳаққи аввал
Он ки ҳар чи ба хештан написандад, ба ҳеч мусалмон написандад. Расул мегӯяд алайҳиссалом: «Масали мӯъминон ҳамчун як тан аст, чун як андомро ранҷе расад, ҳама андомҳо огоҳӣ ёбад ва ранҷур шавад». Ва гуфт: «Ҳар ки хоҳад, ки аз дӯзах халос ёбад, бояд ки чун марг ӯро дарёбад, бар калимаи шаҳодат дарёбад; ва ҳар чи написандад, ки бо вай кунанд, бо ҳеч мусалмон накунад». Ва Мӯсо гуфт алайҳиссалом: «Ё Раб, аз бандагони Ту кадом одилтар?» Гуфт: «Он ки инсоф аз хештан бидиҳад».
Ҳаққи дуввум
Он ки ҳеч мусалмон аз дасту забони вай наранҷад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Донед, ки мусалмон кӣ бувад?» Гуфтанд: «Худой ва расули вай беҳтар донад». Гуфт: «Он, ки мусалмонон аз дасту забони вай саломат ёбанд». Гуфтанд: «Пас мӯъмин кӣ бувад?» Гуфт: «Он, ки мусалмононро бар вай эминӣ бувад дар тан ва моли хеш». Гуфтанд: «Пас муҳоҷир кӣ бувад?» Гуфт: «Он, ки аз кори бад бурранда бувад». Ва гуфт:
«Ҳалол нест ҳеч касро, ки ба як назар ишорат кунад, ки мусалмоне аз он биранҷад ва ҳалол нест, ки чизе кунад, ки мусалмоне битарсад».
Муҷоҳид гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Худои таъоло хориш ва гар (нохушӣ ва захми пӯсти бадан) бар аҳли дӯзах мусаллат кунад, то хештан мехоранд, чунон ки устухон падид ояд, пас мунодо кунад, ки ин ранҷҳо чӣ гуна аст? Гӯянд: «Саъб аст!» Гӯяд: «Ин бад-он аст, ки мусалмононро меранҷонидед дар дунё». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Якеро дидам дар биҳишт мегашт – чунон ки мехост, ки дарахте аз роҳи мусалмонон бибурида буд, то касеро ранҷе нарасад».
Ҳаққи сеюм
Он ки бар ҳеч кас такаббур накунад, ки Худои таъоло мутакаббирро душман дорад. Ва расул гуфт алайҳиссалом ки: «Ваҳй омад ба ман, ки тавозӯъ кун, то ҳеч кас бар ҳеч кас фахр накунад». Ва аз ин буд, ки расул алайҳиссалом бо зани бева ва бо мискин мерафтӣ, то он гоҳ ки ҳоҷати эшон раво кардӣ. Ва набояд ки ба ҳеч кас ба чашми ҳақорат нигарад, ки бошад ки он кас валии Худой бувад ва вай надонад, ки Худои таъоло авлиёи хешро пӯшида кардааст, то кас роҳ ба эшон набарад.
Ҳаққи чаҳорум
Он ки сухани наммом бар ҳеч мусалмон нашунавад, ки сухан аз адл бояд шунид ва наммом фосиқ аст. Ва дар хабар аст, ки: «Ҳеч наммом дар биҳишт нашавад». Ва бибояд донист, ки ҳар ки касеро пеши ту бад гӯяд, туро низ пеши дигаре бад гӯяд – аз вай дур бояд буд ва вайро дурӯғзан бояд дошт.
Ҳаққи панҷум
Он ки забон аз ҳеч ошно бознагирад беш аз се рӯз, ки расул алайҳиссалом мегӯяд: «Ҳалол нест аз бародари мусалмон буридан беш аз се рӯз». Ва беҳтарини эшон он бувад, ки ба салом ибтидо кунад. Ва Икрима гӯяд: «Худои таъоло Юсуфро гуфт: «Дараҷаи ту ва номи ту аз он бузург гардонидем, ки аз бародарон афв кардӣ». Ва дар хабар аст, ки:
«Он ки аз бародар афв кунад, вайро ҷуз иззу бузургӣ наяфзояд».
Ҳаққи шашум
Он ки бо ҳар ки бошад, некӯӣ кунад бад-он чи тавонад ва фарқ накунад миёни неку бад, ки дар хабар аст, ки: «Некӯӣ кун бо ҳар ки тавонӣ, агар он кас аҳли он набошад, ту аҳли онӣ». Ва дар хабар аст, ки: «Асли ақл пас аз имон, дӯстӣ намудан аст бо халқ ва некӯӣ кардан аст бо порсо ва нопорсо». Ва Абӯҳурайра разийаллоҳу анҳу гӯяд: «Ҳар ки дасти расул алайҳиссалом бигирифтӣ, то бо вай сухан гӯяд, ҳаргиз даст аз вай ҷудо накардӣ, то он вақт ки он кас даст бидоштӣ ва ҳар ки бо вай сухан гуфтӣ, ҷумла рӯй ба вай овардӣ ва сабр кардӣ, то тамом бигуфтӣ».
Ҳаққи ҳафтум
Он ки пиронро ҳурмат дорад ва бар кӯдакон раҳмат кунад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки пиронро ҳурмат надорад ва бар кӯдак раҳмат накунад, аз мо нест». Ва гуфт: «Иҷлоли (бузургдошти, эҳтироми) мӯи сапед иҷлоли Худои таъолост». Ва гуфт: «Ҳеч ҷавоне пиреро ҳурмат надошт, ки на Худои таъоло ҷавонеро барангехт – дар вақти пирии вай – то ҳурмати вай нигоҳ дорад». Ва ин башорат аст ба умри дароз, ки ҳар ки тавфиқи тавқири машоих ёбад, далел он бувад, ки ба пирӣ хоҳад расид, то мукофоти он бибинад. Ва расул алайҳиссалом чун аз сафар боз омадӣ, кӯдаконро пеши ӯ бозбурдандӣ ва эшонро пеши хеш ба сутур нишондӣ; ва баъзеро аз паси хеш; ва эшон бо якдигар фахр кардандӣ, ки расул алайҳиссалом маро дар пеш нишонд ва варо бозпас; ва кӯдаки хурд пеши вай бурдандӣ, то ном ниҳад ва дуо кунад; ба канор гирифтӣ ва будӣ, ки он кӯдак бавл кардӣ; ва эшон бонг барзадандӣ ва қасди он кардандӣ, ки аз вай биситонанд; пайғамбар алайҳиссалом гуфтӣ: «Бигузоред, то бавл тамом кунад, бар вай бурида макунед». Ва он гоҳ дар пеши он кас нишастӣ, то ранҷа нашавад. Ва чун берун шудандӣ, онро бишустӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё