Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

табъ аст. Ва сарфи дил ба кори дин бар хилофи табъ аст. Ва ихлос дар он душвор аст ва беихлос ҳарчи равад, бефоида бувад. Ва бисёр аъмол бояд ки то яке баихлос аз миён берун ояд. Пас бештари авқот бояд ки бар кори дин бошад ва кори дунё табаъ бояд, ки бувад. Ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло расулро алайҳиссалом «Ва мин онои-л-лайли фа саббиҳ ва атрофа-н-наҳори лаъаллака тарзо»1. Ва гуфт: «Ва-зкири-сма Раббика букратан ва асилан. Ва мина-л-лайли фа-сҷуд лаҳу ва саббиҳҳу лайлан тавилан»2. Ва гуфт: «Кону қалилан мина-л-лайли мо яҳҷаъуна»3. Ва дар ҳама ишорат бад-он аст, ки бештари авқот мебояд, ки ба Ҳақ таъоло машғул бувад.
Пас, ин ҷуз ба қисмати (тақсим кардани) авқоти рӯзу шаб рост наёяд. Пас, баёни ин лобуд аст.
Пайдо кардани вирдҳои рӯз
Бидон, ки дар рӯзе панҷ вирд аст:
Вирди аввал – Аз субҳ аст то баромадани офтоб. Ва ин вақте шариф аст, ки Ҳақ таъоло бад-ин савганд ёд кардааст, ки: «Ва-с-субҳи изо танаффаса»4. Ва гуфт: «Қул аъузу би Рабби-л-фалақи»5. Ва гуфт: «Фолиқул-исбоҳи»6. Ҳама дар ин омадааст. Бояд ки дар ин вақт ҳама анфоси худро муроқиб бувад: чун аз хоб бедор шавад, бояд ки бигӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣ аҳёно баъда мо амотано ва илайҳи-н-нушуру»; ва ҷома дарпӯшад ва ба зикру дуо машғул бувад; ва дар пӯшидани ҷома нияти сатри аврат ва имтисоли фармон кунад ва аз қасди риёву руунат ҳазар кунад. Пас ба таҳоратҷой шавад ва пои чап пеш ниҳад. Пас вузӯ кунад ва сивок – чунон ки гуфтаем – бо ҷумла азкору даавоти вай ба ҷой орад. Пас суннати субҳ дар хона бикунад, он гоҳ ба масҷид равад. Ва расул алайҳиссалом чунин кардӣ. Ва дуое, ки Ибни Аббос разийаллоҳу анҳу ривоят кардааст, пас аз суннат, чунон ки дар китоби «Бидоят-ул-ҳидоя»
ва «Эҳё» овардем, ёд гирад ва бигӯяд. Пас ба масҷид равад оҳиста ва пои рост дарниҳад ва дуои духули масҷид бигӯяд ва қасди саффи аввал кунад ва суннати субҳ бигузорад ва агар дар хона гузордааст таҳияти масҷид кунад ва мунтазири ҷамоат нишинад ва ба тасбеҳу истиғфор машғул
1 Ва аз соатҳои шаб пас тасбеҳ кун ва дар каронаҳои рӯз ҳамчунин, шояд хушнуд карда шавӣ.
2 Ва ёд кун номи Парвардигоратро дар бомдоду шом; ва ҳангоми шаб Ӯро саҷда кун ва тасбеҳи Ӯ кун дар шаби дароз.
3 Буданд (касоне аз мӯъминон), ки каме аз шабро ба хоб мерафтанд.
4 Савганд ба субҳ вақте, ки бидамад.
5 Бигӯ: паноҳ мебарам ба Парвардигори шикофтани субҳ (сапеда).
6 Шикофандаи субҳҳо.
шавад; ва чун фариза бигузорад, бинишинад, то офтоб барояд, ки расул алайҳиссалом мегӯяд: «Нишастан дар масҷид то офтоб барояд, дӯсттар дорам аз он, ки чаҳор банда озод кунам». Ва то офтоб барояд, бояд ки ба чаҳор навъи зикр машғул бошад: дуову тасбеҳ ва Қуръон хондану тафаккур. Чун саломи намоз бидиҳад, ибтидо ба дуо кунад ва гӯяд:
«Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва оли Муҳаммадин. Аллоҳумма Анта-с-салому ва минка-с-салому ва илайка яъуду-с-салому, ҷино Раббано би-с-саломи ва адхилно дора-с-саломи, таборакта Раббано йо зо-лҷалолӣ ва-л-икроми». Он гоҳ дуоҳои маъсур дар ин вақт хондан гирад ва аз китоб даавот ёд гирад.
Чун аз дуо фориғ шавад, ба тасбеҳ ва таҳлил машғул шавад. Ва ҳар як сад бор ё ҳафтод бор ё даҳ бор бигӯяд. Ва чун даҳ зикр, ҳар якеро даҳ бор бигӯяд, ҷумла сад бор бошад ва камтар аз ин набояд. Ва ин даҳ зикр, ки дар фазли вай ахбори бисёр омадааст ва нақл накардем, то дароз нашавад, яке «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд йуҳйӣ ва йумиту ва Ҳува ҳаййун ло йамуту би йадиҳи-лхайру ва Ҳува ъала кулли шайъин қадирун», дуввум: «Ло илоҳа иллаллоҳу-л-малику-л-ҳаққу-л-мубину»1 , саввум: «Субҳоналлоҳи ва-лҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбару, ло ҳавла ва ло қуввата илло би-л-Лоҳи-л-ъалиййи-л-ъазим»; чаҳорум: «Субҳоналлоҳи ва би ҳамдиҳи, субҳоналлоҳи-л-ъазими ва би ҳамдиҳи, астағфируллоҳа»; панҷум: «Суббуҳун қуддусун, Раббу-л-малоикати ва-р-рӯҳи...»; шашум:
«Астағфируллоҳа-л-лазӣ ло илоҳа илло Ҳува-л-ҳаййу-л-қаййуму; ва асъалуҳу-т-тавбата»; ҳафтум: «Йо ҳаййу йо қаййуму би раҳматика астағису ло такилнӣ ило нафсӣ тарфата ъайнин ва аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу»2; ҳаштум: «Аллоҳумма ло монеъа лимо аътайта ва ло муътийа лимо манаъта ва ло йанфаъу зо-л-ҷадда минка-л-ҷадду»3; нӯҳум:
«Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин»; даҳум:
«Бисмиллоҳи-л-лазӣ ло йазурру маъа-смиҳи шайъун фӣ-л-арзи ва ло фӣ-с-самои ва Ҳува-с-самиъу-л-ъалиму»4. Ин даҳ калима, ҳар як даҳ бор ё чандон ки тавонад, бигӯяд, ки ҳар якеро фазле дигар аст ва дар ҳар яке лаззате ва унсе дигар аст.
1 Нест парвардигоре, ҷуз Худои подшоҳ барҳаққи ошкоркунанда.
2 Эй Зинда ва эй ҳамеша поянда, ба раҳмати Ту паноҳ мебарам, ба андозаи як чашм ба ҳам задан, маро ба худам вомагузор ва тамоми ҳоли маро нек гардон.
3 Худоё, барои бахшиши Ту боздорандае нест ва чун Ту бозгирӣ, бахшандае нест ва касеро, ки Ту хушбахт гардондаӣ, кӯшиш суде надиҳад.
4 Ба номи Худованде, ки бо номи Ӯ ҳеч чиз дар замин ва дар осмон зиён намекунанд. Ва Ӯ шунаво ва доност.
Ва пас аз ин ба Қуръон хондан машғул шавад ва агар аз бар ёд надорад: қавореъи1Қуръон бархонад, чун «Ояту-л-курсӣ» ва «Омана-ррасулу» ва «Шаҳидаллоҳу» ва «Қулиллоҳумма молика-л-мулки» ва аввали «сурату-л-Ҳадид» ва охир «ал-Ҳашр» ва агар чизе ҷомеъ хоҳад, мусаббаъоти ъашр хонад, ки Қуръон ва зикру дуост, ки Хизр алайҳиссалом Иброҳими Таймиро биёмӯхтааст дар мукошифоте, ки ӯро будааст: онро мехонд, ки дар вай фазли бисёр аст ва он даҳ чиз аст ҳар якеро ҳафт бор:
«Ал-ҳамду лиллоҳи» ва «Муъаввизатайн» ва «Ихлос» ва «Қул ё аййуҳа-лкофируна» ва «Ояту-л-курсӣ» – ин шаш аз Қуръон аст; ва чаҳор зикр аст:
«Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар»; ва дигар: «Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва оли Муҳаммадин»; дигар: «Аллоҳумма-ғфир ли-л-муъминина ва-л-муъминоти»2; ва дигар «Аллоҳумма-ғфир лӣ ва ли волидаййа ва-рҳамҳумо ва-фъал бийа ва биҳим ъоҷилан ва оҷилан мо Анта лаҳу аҳлун ва ло тафъал бино мо наҳну лаҳу аҳлун, иннака ғафурун раҳимун»3. Ва андар фазли ин ҳикоят дароз аст ва дар китоби «Эҳё» овардаем.
Ва чун аз ин фориғ шавад, ба тафаккур машғул шавад ва маҷоли тафаккур бисёр аст ва дар охири китоб гуфта ояд.
Аммо он чи муҳим аст – дар ҳар рӯз – он аст, ки дар марг ва наздикии аҷал тафаккур кунад ва бо худ гӯяд, ки: «Мумкин аст, ки аз аҷал як рӯз беш намондааст», ки фоидаи ин фикрат азим аст, ки ин халқ, ки рӯй ба дунё овардаанд, аз дарозии амал (умед, орзӯ) аст. Ва агар ба яқин донандӣ, ки то як моҳ ё як сол бихоҳанд мурд, аз ҳар чи бад-он машғуланд, дур бошандӣ. Ва бошад ки то як рӯз бихоҳанд мурд ва эшон ба тадбири коре машғуланд, ки то даҳ сол ба кор хоҳад омад. Ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло «Ава лам йанзуру фӣ малакути-с-самовоти ва-л-арзи ва мо халақаллоҳу мин шайъин ва ан ъасо ан йакуна қади-қтараба аҷалуҳум»... Ал-ойату4. Ва чун дил софӣ кунад ва ин тааммул кунад, рағбати сохтани зоди охират дар дил ҳаракат кунад. Ва бояд ки тафаккур кунад, то дар ин рӯз чанд хайр муяссар тавонад буд вайро ва аз ҳар чи маъсият аст, ҳазар мебояд кард ва дар гузашта чӣ тақсир кардааст, ки тадоруки он мебояд кард. Ва ин ҳамаро ба тадаббур ва тафаккур ҳоҷат
1 Оётеро гӯянд, ки барои ҳифз аз шаётину инсу ҷин хонда мешавад ва чунон аст, ки шаётинро саркӯбӣ мекунад.
2 Худо мардону занони боимонро биёмурзад.
3 Худоё, маро ва падару модарамро биёмурз ва раҳмат кун ва бо ману онон дар дунё ва охират он кун, ки Худ аҳли онӣ ва он чиро мо шоиста нестем макун, Ту бахшандаи меҳрубонӣ
4 Оё назар накардаанд дар салтанати осмон ва замину он чи Худо офаридааст аз чизҳо ва дар ин ки шояд аҷали онон наздик шуда бошад.
бувад. Пас агар касеро роҳ кушода бувад, то дар малакути осмону замин нигарад ва дар аҷоиби сунъ нигарад, балки дар ҷамолу ҷалоли ҳазрати Илоҳият нигарад, ин тафаккур аз ҳама ибодот ва аз ҳама тафаккурҳо фозилтар, ки таъзими Ҳақ таъоло бад-ин бар дил ғолиб шавад. Ва то таъзим ғолиб нашавад, муҳаббат ғолиб нашавад ва камоли саодат дар камоли муҳаббат аст. Лекин ин бар ҳар касе муяссар набошад. Лекин дар бадали ин бояд ки дар неъматҳои Ҳақ таъоло, ки бар вай аст, тафаккур кунад ва дар меҳнатҳо, ки дар олам аст, аз беморӣ ва дарвешӣ ва анвоъи уқубот, ки варо аз он халос додаанд, то бидонад, ки шукр бар вай воҷиб аст. Ва шукр бад-он бувад, ки фармонҳо ба ҷой орад ва аз маъсиятҳо дур бошад. Ва дар ҷумла соате дар онҳо тафаккур кунад, ки пас аз баромадани субҳҷуз фариза ва суннати намоз ҳеч намози дигар нашояд, то офтоб барояд, бадали он зикру тафаккур аст.
Аммо вирди дуввум – аз офтоб баромадан то чоштгоҳ. Бояд ки агар тавонад, дар масҷид сабр кунад, то офтоб як найза боло барояд. Ва ба тасбеҳ машғул бошад, то вақти кароҳияти намоз бигузарад ва он гоҳ ду ракъат намоз кунад. Ва чун чоштгоҳ фарох шавад, ки чаҳоряке аз рӯз бигузарад, намози чошт он гоҳ фозилтар, чаҳор ракъат намоз кунад ё шаш ё ҳашт, ки ин ҳама нақл кардаанд. Чун офтоб иртифоъ гирифт ва он ду ракъат намоз гузорд, ба хайроте, ки тааллуқ ба халқ дорад, машғул шавад, чун: иёдату ташйеъи ҷаноза ва қазои ҳоҷати мусалмонон ё ҳузур дар маҷлиси илм.
Аммо вирди саввум – аз чоштгоҳ то намози пешин. Ин вирдҳо мухталиф бувад дар ҳаққи мардумон ва аз чаҳор ҳол холӣ набошад.
Ҳолати аввал – он ки қодир бошад бар таҳсили илм. Ва ҳеч ибодат аз ин фозилтар набошад, балки касе, ки бар ин қодир бошад, чун аз фаризаи бомдод пардохт, авлотар он бувад, ки ба тааллум машғул шавад. Лекин илме хонад, ки нофеъ бошад дар охират. Ва он илме бувад, ки рағбати дунёро заиф гардонад ва рағбати охират зиёд кунад ва уюбу офоти аъмолро кашф кунад ва ба ихлос даъват кунад. Аммо илми ҷадал ва хилофу қисас ва тазкир, ки ба санъату саҷъ бозниҳода бошад, ин ҳама ҳирси дунёро зиёдат кунад ва дар дил тухми ҳасаду мубоҳот пайдо кунад. Ва ин илми нофеъ дар китоби «Эҳё» ва дар китоби «Ҷавоҳир-ул- Қуръон» ва дар ин китоби маҷмӯъ аст. Ин ҳосил бояд кардан пеш аз илмҳои дигар.
Ҳолати дуввум – он ки қудрати ин надорад, валекин ба зикр ва тасбеҳу ибодат машғул тавонад буд, ки ин дараҷаи обидон аст ва мақоми бузург аст, хосса ки ба зикре машғул тавонад буд, ки ғолиб бошад бар дил ва мутамаккин ва мулозим бувад дилро.
Ҳолати сеюм – он ки ба чизе машғул шавад, ки дар он роҳати халқ бувад, чун хидмати сӯфиёну фуқаҳо ва дарвешон. Ва ин аз навофили ибодот фозилтар, ки ин ҳам ибодат аст ва ҳам роҳати мусалмонон ва ҳам муовинати эшон бувад бар ибодат ва баракоту дуои эшон асаре азим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё