Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Сипос Худойро дар ҳар ҳол.
3 Муназзаҳ аст Парвардигори бузурги баландмартаба бисёр бахшандаи ман.
4 Талаби об: намози талаби борон.
тоби «Эҳё» ва дуое чанд некӯтар дар китоби «Бидоят-ул-ҳидоя» овардаем; агар касе хоҳад, аз он ҷо ёд гирад, ки набиштани он дар ин китоб дароз шавад ва тафсири он маъруф бошад ва ҳар касе аз он чизе ёд гирифта бошад.
Ва мо дуое чанд, ки дар миёни ҳаводис, ки афтад ва корҳое, ки карда ояд, суннат аст ва он камтар ёд доранд – биёрем, то ёд гиранд ва маънии он бишиносанд ва ҳар яке ба вақти хеш мегӯянд, ки дар ҳеч вақт набояд, ки банда аз Ҳақ таъоло ғофил бошад ва аз тазаррӯъ ва дуо холӣ бувад.
Чун аз хона берун ояд, бигӯяд: «Бисмиллоҳи, Раббӣ аъузу бика ан азиллу ав узалла ав азлима ав узлама ав аҷҳала ав йуҷҳала ъалаййа. Бисмиллоҳир- Раҳмонир-Раҳим. Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи, ат-тиклону ъалаллоҳи»1. Чун дар масҷид шавад, бигӯяд: «Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва олиҳи ва саллам. Аллоҳумма-ғфир лӣ зунубӣ ва-фтаҳ лӣ абвоба раҳматика»2. Ва пои рост пеш дорад. Ва чун дар маҷлисе нишинад, ки суханҳои пароканда равад, каффорати он он бувад, ки бигӯяд:
«Субҳонакаллоҳумма ва би ҳамдика. Ашҳаду ан ло илоҳа илло Анта, астағфирука ва атубу илайка ъамилту суан ва заламту нафсӣ, фа-ғфир лӣ; иннаҳу ло йағфиру-з-зунуба илло Анта»3. Чун дар бозор шавад, бигӯяд:
«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-лҳамду, йуҳйӣ ва йумиту ва Ҳува ҳаййун ло йамуту, би йади-л-хайру ва Ҳува ъала кулли шайъин қадирун»4. Ва чун ҷомаи нав дарпӯшад, гӯяд:
«Аллоҳумма касавтанӣҳоза-с-савба, фа лака-л-ҳамду. Асъалака мин хайриҳи ва хайри мо суниъа лаҳу ва аъузу бика мин шарриҳи ва шарри мо суниъа лаҳу»5. Ва чун моҳи нав бинад, бигӯяд: «Аллоҳумма аҳиллаҳу ъалайно би-л-амни ва-л-имони ва-с-саломати ва-л-исломи. Раббӣ ва Раббукаллоҳу»6. Ва чун бод ҷаҳад, бигӯяд: «Аллоҳумма иннӣ асъалука хайра ҳозиҳи-р-риҳа ва хайра мо фиҳо ва хайра мо урсилат биҳи; ва
1 Ба номи Худо, Парвардигоро паноҳ мебарам ба Ту аз гумроҳӣ ва гумроҳ кардан ва аз ситам кардану ситам дидан ва аз нодониву мансуб шудан ба нодонӣ. Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.
Товоноӣ ва нерӯе нест ҷуз ба Худо, таваккал кардам бар Худо.
2 Худоё, дуруду салом фирист бар Муҳаммад ва олаш; Худоё гуноҳонам биёмурз ва дарҳои бахшоишатро ба рӯям бикушо.
3 Худоё, Ту покӣ ва Туро сипосгузорам – гувоҳӣ медиҳам, ки Худое ҷуз Ту нест; аз Ту омурзиш мехоҳам ва ба Ту бозмегардам. Бад кардам ва ба нафси худ ситам раво доштам, аз ман даргузар, чи бахшояндае ҷуз Ту нест.
4 Нест Худое, ҷуз Худои воҳиде, ки шарик надорад, салтанату ситоиш Ӯрост, зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯ зиндаест, ки намемирад, некӯӣ ба дасти Ӯст ва бар ҳар коре тавоност.
5 Худоё, ин ҷомаро ба ман пӯшондӣ, пас сипосат мегузорам. Аз Ту некии онро мехоҳам ва мехоҳам дар кори некӯе ба кор равад; аз шарри он ба Ту паноҳ мебарам ва аз ин, ки ба кори баде ба кор равад, боз ба Ту паноҳ мебарам
6 Худоё, ин моҳро бо осоишу имон ва саломату ислом бар мо ворид кун, Парвардигори ману ту Худост.
наъузу бика мин шарриҳо ва шарри мо фиҳо ва шарри мо урсилат биҳи»1. Ва чун хабари марги касе шунавад гӯяд: «Субҳоналлоҳи-л-лазӣ ло йамуту; инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун»2. Ва чун садақа диҳад, гӯяд: «Раббано тақаббал минно, иннака Анта-с-самиъул-ъалиму»3
.
Ва чун зиёне афтад, бигӯяд: «Ъасо Раббуно ан йубдилано хайран минҳо; инно ило Раббано роғибун»4. Чун ибтидои коре хоҳад кардан, бигӯяд:
«Раббано отино мин ладунка раҳматан ва ҳаййиъ лано мин амрино рашадан»5. Ва чун дар осмон нигарад, гӯяд: «Раббано мо халақта ҳозо ботилан, субҳонака фа қино азоба-н-нори. Таборака-л-лазӣҷаъала фи-ссамои буруҷан ва ҷаъала фиҳо сироҷан ва қамаран муниран»6. Ва чун овози раъд шунавад, гӯяд: «Субҳона ман йусаббиҳу-р-раъду би ҳамдиҳи ва-л–малоикату мин хифатиҳи»7. Ва ба вақти соиқа гӯяд: «Аллоҳумма ло тақтулно би ғазабика ва ло туҳликно би ъазобика ва ъофино қабла золика»8. Ва ба вақти борон гӯяд: «Аллоҳумма-ҷъалҳу сақйан ҳаниан ва саббан нафиъан ва-ҷъалҳу сабаба раҳматин ва ло таҷъалҳу сабаба ъазобин9
.
Дар вақти хашм гӯяд: «Аллоҳумма-ғфир лӣ занбӣ ва азҳиб ғайза қалбӣ ва аҷирнӣ мина-ш-шайтони-р-раҷими»10. Дар вақти тарсу бим гӯяд:
«Аллоҳумма инно наҷъалука фӣ нуҳуриҳим ва наъузу бика мин шуруриҳим»11. Чун ҷое дард кунад, даст бар вай ниҳад, се бор бигӯяд:
«Бисмиллоҳ» ва ҳафт бор бигӯяд: «Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду уҳозиру»12. Ва чун андӯҳе расад, бигӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳу-л-ъалийу-л-ҳаким. Ло илоҳа иллаллоҳу, Раббу-л-ъарши-лъазим. Ло илоҳа иллаллоҳу Раббу-с-самовоти ва-л-арзи ва Раббу-лъарши-л-карим»13. Чун ба коре дармонад, бигӯяд: «Аллоҳума, иннӣ ъаб-
1 Худоё, хубиҳои ин бод ва хубиҳои он чи дар ӯст ва хубиҳои он чиро бо он фиристодаӣ, аз Ту мехоҳам ва аз шарри он ва шарри он чи дар вай аст ва шарри он чи бо вай фиристодаӣ, ба Ту паноҳ мебарам.
2 Пок аст он зиндае, ки ҳаргиз намирад. Мо барои Худоем ва бад-Ӯ боз хоҳем гашт.
3 Худоё, аз мо дарпазир ба дурустӣ ки Ту шунаво ва доно ҳастӣ.
4 Шояд Парвардигори мо онро ба беҳтаре бадал фармояд, мо ба Парвардигори худ гароидаем.
5 Парвардигоро, аз ҷониби Худ бар мо раҳмат фирист ва аз кори мо василаи роҳнамоӣ барои мо фароҳам фармо.
6 Парвардигори мо, инро ба беҳуда наёфаридӣ, Ту покӣ, пас моро аз ранҷи оташ нигоҳ дор, муборак аст Он, ки дар осмон бурҷҳо ниҳод ва дар он чароғу моҳи равшанибахше қарор дод.
7 Пок аст Он, ки раъд ба ситоиши Ӯ тасбеҳ мекунад ва фариштагон аз тарси Ӯ.
8 Худоё, моро ба хашмат макуш ва бо азобат нобуд масоз ва беш аз ин аз мо дар гузар.
9 Худоё, онро сабаби серобии гуворо ва фурӯ рехтани судманде фармо ва онро василаи раҳмат соз, на асбоби ранҷу азоб.
10 Худоё, гуноҳамро бибахш ва хашми дилам фурӯ нишон ва маро аз шайтони рондашуда дар паноҳ гир.
11 Худоё, Туро бар гулӯгоҳҳои эшон қарор медиҳем ва аз озорҳои эшон ба Ту паноҳ мебарем.
12 Паноҳ мебарам ба Худо ва тавоноияш аз шарри он чи меёбам ва он чи аз он бимнокам.
13 Нест Худое, ҷуз Худованди баландмартабаи доно, нест Худое, ҷуз Худованди соҳиби Арши бузург.
дука ва-бну ъабдика ва-бну аматика, носийатӣ би йадика, мозин фӣҳукмика, ъадлун фӣқазоика, асъалука би кулли-смин, саммайта биҳи нафсака ав анзалтаҳу фӣ китобика, ав аътайтаҳу аҳадан мин халқика, ави-стаъсарта биҳи фӣ ъилми-л-ғайби ъиндака: ан таҷъала-л-Қуръона рабиъа қалбӣ ва нура садрӣ ва ҷалоа ғаммӣ ва зиҳоба ҳузнӣ ва ҳаммӣ»1
.
Ва чун дар оина нигарад, бигӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣ халақанӣ фа аҳсана халқӣ ва савваранӣ фа аҳсана суратӣ»2. Ва чун бандае харад, мӯи пешонии вай бигирад ва бигӯяд: «Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳу ва хайра мо ҷибиллин ъалайҳи ва аъузу бика мин шарриҳи ва шарри мо ҷибиллин ъалайҳи»3. Ва чун бихусбад, бигӯяд: «Раббӣ! Бисмика вазаъту ҷанбӣ ва бисмика арфаъуҳу; ҳозиҳи нафсӣ, Анта татаваффоҳо, лака мамотуҳо ва маҳйоҳо, ин амсактаҳо, фа-ғфир лаҳо ва ин арсалтаҳо фаҳфазҳо бимо таҳфазу биҳи ъибодака-с-солиҳина»4. Ва чун бедор шавад, бигӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣ аҳйоно баъда мо амотано ва илайҳин-нушуру; асбаҳно ва асбаҳа-л-мулку ва-л-ъазамату ва-с-султону лиллоҳи ва-л-ъиззату ва-л-қудрату лиллоҳи, асбаҳно ъало фитрати-л-исломи ва калимати-л-ихлоси ва ъала дини набиййино Муҳаммадин ъалайҳи-ссалому ва ъала миллати абино Иброҳима ҳанифан ва мо кона мина-лмушрикина»5
.
АСЛИ ДАҲУМ
Тартиби вирдҳост
Аз он чи дар унвони мусалмонӣ гуфтем, маълум шуд, ки одамиро бад- Нест Худое, ҷуз Худованди бахшанда-Парвардигори осмонҳо ва замину Арш.
1 Худоё, ман банда ва писари банда ва писари канизаки Туам, ихтиёри ман ба дасти Туст. Фармони Ту дар ман гузарон аст, қазои Ту дар ман айни дод аст, ба ҳаққи ҳар исме, ки Худро бад-он номидӣ ё дар Китобат фурӯ фиристодӣ, ё ба яке аз бандагонат бахшидӣ, ё дар илми ғайб Худат онро махсус гардондӣ, аз Ту мехоҳам, ки Қуръонро баҳори дил ва равшании сина ва василаи рафтани ғусса ва андӯҳу парешонии ман фармоӣ.
2 Ситоиш Худойро, ки чун маро офарида, ба некӯтар сурат офарид ва чун бар ман сурат баст, беҳтарин сурат баст.
3 Худоё, аз Ту хайри ӯ ва хайри сиришти ӯро мехоҳам ва аз бади ӯ ва бадиҳои сиришти ӯ ба Ту паноҳ мебарам.
4 Парвардигоро! Ба номи Ту паҳлӯ ниҳодам ва ба номи Ту бар хоҳам овард, ин ҷони ман аст ва Ту тамомкунанда ва гирандаи он ҳастӣ, маргу зиндагонии он Турост: агар гирифтӣ, онро биёмурз ва агар раҳо сохтӣ, бад-он сон, ки бандагони некӯкоратро нигоҳ дорӣ, онро низ нигоҳ дор.
5 Сипос Худойро, ки пас аз он, ки моро миронд, дубора зинда сохт ва бозгашт ба сӯи Ӯст; субҳ кардем мо дар ҳоле, ки мамлакат ва бузургиву тасаллут Худойрост ва иззату тавоноӣ Худойрост, субҳ кардем бар кеши ислом ва калимаи ихлос ва бар дини паёмбарамон Муҳаммад алайҳиссалом ва миллати падарамон Иброҳим, ки муслими собитқадам буд ва аз мушрикин набуд.
ин олами ғариб, ки олами хоку об аст, ба тиҷорат фиристодаанд, агар на ҳақиқати рӯҳи улвӣ аст ва аз он ҷо омадааст ва боз он ҷо хоҳад шуд.
Сармояи вай дар ин тиҷорат умри вай аст. Ва ин сармояе аст, ки бардавом бар нуқсон аст, агар фоидаву суд ҳар нафасе аз вай наситонад, сармоя ба зиён ояд ва ҳалок шавад. Ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Ва-лъасри инна-л-инсона ла фӣ хусрин, илло-л-лазина оману»... Ал-ойату1
.
Ва мисоли вай чун он мардест, ки сармояи вай ях бувад, дар миёни тобистон мефурӯхт ва мунодо мекард ва мегуфт: «Эй мусалмонон, раҳмат кунед бар касе, ки сармояи вай мегудозад (об мешавад)», ҳамчунин сармояи умри одамӣ бардавом мегудозад, ки ҷумлаи вай анфосе маъдуд аст дар илми Худои таъоло. Пас касоне, ки хатари ин кор бидиданд, анфоси худро муроқиб буданд, ки донистанд, ки ҳар як нафас гавҳаре аст, ки ба вай саодати абад сайд тавон кард, бар вай мушфиқтар аз он буданд, ки касе бар сармояи зару сим бошад. Ва ин шафқат бад-он бувад, ки авқоти шабу рӯзро тавзеъ (тақсим) карданд бар хайрот ва ҳар чизеро вақте таъйин карданд ва вирдҳои мухталиф биниҳоданд.
Аммо асли вирд аз он ниҳоданд, то ҳеч вақти эшон зоеъ нашавад, ки донистанд, ки ба саодати охират касе расад, ки аз ин олам бишавад ва унсу муҳаббати Ҳақ таъоло бар вай ғолиб бувад. Ва унс ҷуз ба давоми зикр набувад ва муҳаббат ҷуз ба маърифат набувад. Ва маърифат ҷуз ба тафаккур ҳосил нашавад. Пас мудовимати зикру фикр тухми саодат аст ва тарки дунёву тарки шаҳавоту маосӣ барои он мебояд, то фароғати зикру фикр ёбад. Ва давоми зикрро ду тариқ аст. Яке он ки «Аллоҳ, Аллоҳ» бардавом мегӯяд – ба дил, на ба забон, балки ба дил низ нагӯяд, ки гуфтани дил ҳам ҳадиси нафс бувад, балки ҳамеша дар мушоҳида бувад, чунон ки ҳеч ғофил набошад. Валекин ин сахт мутааззир ва душхор бувад ва ҳар касе тоқати ин надорад, ки дили хеш яксифат ва якҳолат дорад, ки аз ин бештари халқро малол гирад. Пас, бад-ин сабаб авроди мухталиф ниҳодаанд, баъзе ба колбад: чун намоз; ва баъзе ба забон: чун Қуръон хондан ва тасбеҳ; ва баъзе ба дил: чун тафаккур; то малол ҳосил наёяд, чи дар ҳар вақте шуғле дигар бошад. Ва дар интиқол аз ҳолате ба ҳолати дигар сукунате бувад ва дигар низ бо авқоте, ки ба зарурат ба ҳоҷоти дунё сарф бояд кард, мутамаййиз шавад. Ва асл он аст, ки агар ҳама авқот ба кори охират сарф накунад, боре бештари авқот сарф кунад, то каффаи ҳасанот роҷеҳ шавад, ки агар як нимаи авқот ба дунё ва таматтӯъ дар мубоҳот сарф кунад ва як нима дар кори дин, бим бувад, ки он дигар каффа роҷеҳ шавад, ки табъ ёр бошад дар ҳар чи муқтазои
1 Қасам ба аср, ки инсон дар зиёнкорӣ аст, ҷуз ононе, ки имон оварданд...

пешина
аз 176
навбатӣ