Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Дар ҷумла, ҳеч чиз ба ту аз ту наздиктар нест, чун худро нашиносӣ дигареро чун шиносӣ? Ва ҳамоно ки гӯйӣ: «ман хештанро ҳамешиносам» ва ғалат мекунӣ! Ки чунин шинохтан калиди маърифати Ҳақро нашояд, ки сутур аз хештан ҳамин шиносад, ки ту аз хештан сару рӯй ва дасту пой ва гӯшту пӯсти зоҳир беш нашиносӣ ва аз ботини худ ин қадар шиносӣ, ки чун гурусна шавӣ, нон хӯрӣ ва чун хашмат ояд, дар касе афтӣ ва чун шаҳват ғалаба кунад, қасди никоҳ кунӣ ва ҳама сутурон бо ту дар ин баробаранд. Пас туро ҳақиқати худ талаб бояд кард: то худ чӣ чизӣ ва аз куҷо омадаӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ кор омадаӣ ва туро барои чӣ офаридаанд ва саодати ту чист ва дар чист ва шақовати ту чист ва дар чист?
Ва ин сифот, ки дар ботини ту ҷамъ кардаанд, баъзе сифоти сутурон ва баъзе сифоти дадгон2 ва баъзе сифоти девон ва баъзе сифоти фариштагон аст; ту аз ин ҷумла кадомӣ? Ва кадом аст, ки он ҳақиқати гавҳари туст ва дигарон ғариби ориятанд, ки чун ин надонӣ, саодати худ талаб натавонӣ кард; чӣҳар якеро аз ин ғизое дигар аст ва саодате дигар аст: ғизои сутур ва саодати вай хӯрдану хуфтан ва гушнӣ кардан аст3, агар ту сутурӣ шабу рӯз ҷаҳди он кун, то кори шикам ва фарҷ рост дорӣ. Аммо ғизои дадон ва саодати эшон даридан ва куштану хашм рондан аст. Ва ғизои девон шар ангехтан ва макру ҳилат кардан аст, агар ту аз эшонӣ, ба кори эшон машғул шав, то ба роҳат ва некбахтии хеш расӣ. Ва ғизои фариштагон ва саодати эшон мушоҳидаи ҷамоли ҳазрати Илоҳият аст ва озу хашм ва сифоти баҳоиму сибоъро бо эшон роҳ нест, агар ту фариштагавҳарӣ дар асли хеш, ҷаҳди он кун, то ҳазрати Илоҳиятро бишиносӣ ва худро ба мушоҳидаи он ҷамол роҳ диҳӣ; ва хештанро аз дасти шаҳват ва ғазаб ха-
1 Ҳар ки худро шинохт Парвардигори хешро мешиносад.
2 Ҷамъи дад: ҷонварони даранда.
3 Ҷуфт шудани нару мода.
лос диҳӣ; ва талаби он кун, то бидонӣ, ки ин сифоти баҳоиму сибоъро дар ту аз барои чӣ офаридаанд? Эшонро барои он офаридаанд, то туро асир кунанд ва ба хидмати хеш баранд ва шабу рӯз сухра1 гиранд? Ё барои он, ки то ту эшонро асир кунӣ ва дар сафаре, ки туро фаропеш ниҳодаанд, эшонро сухра гирӣ ва аз яке маркаби хеш созӣ ва аз дигаре силоҳи хеш созӣ ва ин рӯзе чанд, ки дар ин манзилгоҳ бошӣ эшонро ба кор дорӣ, то тухми саодати хеш ба муовинати эшон сайд кунӣ. Ва чун тухми саодат ба даст овардӣ, эшонро дар зери пой оварӣ ва рӯй ба қароргоҳи саодати хеш оварӣ, он қароргоҳе, ки иборати хавос2 аз он ҳазрати Илоҳият аст ва иборати авом аз он биҳишт аст.
Пас, ҷумлаи ин маонӣ туро донистанӣ аст, то аз худ чизе андак шинохта бошӣ; ва ҳар ки ин нашиносад, насиби вай аз роҳи дин қушур3 бувад бувад ва аз ҳақиқату лубби4 (мағзи) дин маҳҷуб бувад.
ФАСЛИ (АВВАЛ)
[Одамиро аз чанд чиз офаридаанд] Агар хоҳӣ, ки худро бишиносӣ, бидон, ки туро ки офаридаанд, аз ду чиз офаридаанд: яке ин колбади зоҳир, ки онро тан гӯянд ва вайро ба чашми зоҳир метавон дид; ва дигаре маънии ботин, ки онро нафс гӯянд ва ҷон гӯянду дил гӯянд ва онро ба басирати ботин тавон шинохт ва ба чашми зоҳир натавон дид.
Ва ҳақиқати ту он маънии ботин аст ва ҳар чи ҷуз он аст, ҳама табаъи5 вай аст ва лашкару хидматгори вай аст ва мо онро ном дил хоҳем ниҳод. Ва чун ҳадиси дил кунем, бидон, ки он ҳақиқати одамиро мехоҳем, ки гоҳ онро рӯҳ гӯянд ва гоҳ нафс; ва бад-ин дил на он гӯштпора мехоҳем, ки дар сина ниҳода аст аз ҷониби чап, ки онро қадре набошад ва он сутуронро низ бошад ва мурдаро бошад ва онро ба чашми зоҳир битавон дид ва ҳар чи онро бад-ин чашм битавон дид, аз ин олам бошад, ки онро олами шаҳодат гӯянд.
Ва ҳақиқати дил аз ин олам нест ва бад-ин олам ғариб омадааст ва ба роҳгузар омадааст, он гӯштпораи зоҳир маркаб ва олати вай аст ва ҳама аъзои тан лашкари вайанд ва подшоҳи ҷумла тан вай аст ва маърифати
1 Хидматгузори бемузд, бегор.
2 Иборат ба ҷои таъбир истеъмол шудааст.
3 Ҷамъи қишр, ба маънии пӯст.
4 Мағз.
5 Тобеъ ва пайрав.
Худои таъоло ва мушоҳидати ҷамоли ҳазрати Вай сифати вай аст ва таклиф бар вай аст, хитоб бо вай аст ва итобу иқоб бар вай аст ва саодату шақоват асле вайрост ва тан андар ин ҳама табаъи вай аст. Ва маърифати ҳақиқати вай ва маърифати сифоти вай калиди маърифати Худои таъолост, ҷаҳди он кун, то вайро бишиносӣ, ки он гавҳари азиз аст ва аз гавҳари фариштагон аст ва маъдани аслии вай ҳазрати Илоҳият аст: аз он ҷо омадааст ва ба он ҷо боз хоҳад рафт. Ва ин ҷо ба ғурбат омадааст ва ба тиҷорату ҳиросат омадааст. Ва пас аз ин маънии тиҷорату ҳиросатро1 бишиносӣ, иншоаллоҳу таъоло.
ФАСЛИ (ДУВВУМ)
[Шинохтани ҳақиқати дил] Бидон, ки маърифати ҳақиқати дил ҳосил наёяд, то он гоҳ ки ҳастии вай бишиносӣ, пас ҳақиқати вай бишиносӣ, ки чӣ чиз аст, пас лашкари вайро бишиносӣ, пас алоқати вай бо ин лашкар бишиносӣ, пас сифати вай бишиносӣ ки маърифати Ҳақ таъоло вайро чун ҳосил шавад ва ба саодати хеш чун расид. Ва бад-ин ҳар як ишорате карда ояд.
Аммо ҳастии вай зоҳир аст, ки одамиро дар ҳастии хеш ҳеч шак нест ва ҳастии вай на бад-ин колбад зоҳир аст, ки мурдаро ҳамин бошад ва ҷон набошад!
Ва мо бад-ин дил ҳақиқати рӯҳҳамехоҳем. Ва чун ин рӯҳ набошад тан мурдоре бошад. Ва агар касе чашм фаропеш кунад ва колбади хешро фаромӯш кунад ва осмону замин ва ҳар чи онро ба чашм битавон дид, фаромӯш кунад, ҳастии хеш ба зарурат мешиносад ва аз хештан бохабар бувад, агарчи аз колбад ва аз замину осмон ва ҳар чи дар вай аст бехабар бувад. Ва чун касе андар ин нек тааммул кунад, чизе аз ҳақиқати охират бишиносад ва бидонад, ки раво бувад, ки колбад аз вай бозситонанд ва вай бар ҷой бошад ва нест нашуда бошад.
ФАСЛИ (САВВУМ)
[Ҳақиқати дил] Аммо ҳақиқати рӯҳ, ки вай чӣ чиз аст ва сифати хоси вай чист, шариат рухсат надодааст. Ва барои ин бувад, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва сал-
1 Зироат.
лам шарҳ накард, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва йасълунака ъани-р-Руҳи, қули-р-Руҳу мин амри Раббӣ» беш аз ин дастурӣ наёфт, ки гӯяд: «Рӯҳ аз ҷумла корҳои илоҳист ва аз «Олами амр аст» ва аз он олам омадааст:
«Ало лаҳу-л-халқу ва-л-амру»1. Ва олами халқҷудост ва олами амр ҷудо, ҳар чи масоҳат ва миқдору каммиятро ба вай роҳ бувад, онро олами халқ гӯянд. Ва «халқ» дар асли луғат ба маънии тақдир2 бувад. Ва дили одамиро миқдору каммият набошад ва барои ин аст, ки қисматпазир нест. Ва агар қисматпазир будӣ, раво будӣ, ки дар як ҷониби вай ҷаҳл будӣ ба чизе ва дар дигар ҷониб илм ҳам бад-он чиз ва дар як ҳол ҳам олим будӣ ва ҳам ҷоҳил ва ин муҳол бошад! Ин рӯҳ бо он ки қисматпазир нест ва миқдорро ба вай роҳ нест, офарида аст ва «халқ» офариданро низ гӯянд, чунон ки тақдирро гӯянд. Пас, бад-ин маънӣ аз ҷумлаи халқ аст. Ва бад-он дигар маънӣ аз олами амр аст, на аз олами халқ, ки олами амр иборат аз чизҳоест, ки масоҳату миқдорро ба вай роҳ набошад.
Пас касоне, ки пиндоштаанд, ки рӯҳқадимист, ғалат карданд. Ва касоне, ки гуфтанд, ки араз аст, ҳам ғалат карданд, ки аразро ба худ қиём набувад ва табаъ бувад. Ва ҷон асли одамист ва ҳама қолаб табаъи вай аст, араз чӣ гуна буда бошад? Ва касоне, ки гуфтанд: «ҷисм аст», ҳам ғалат карданд, ки ҷисм қисматпазир бувад ва ҷон қисматпазир нест. Аммо чизе дигар ҳаст, ки онро рӯҳ гӯянд ва қисматпазир аст, валекин он рӯҳ сутуронро низ бошад. Аммо рӯҳ, ки мо онро дил мегӯем, маҳалли маърифати Худои таъолост ва баҳоимро ин набошад; ва ин на ҷисм аст ва на араз, балки гавҳарест аз ҷинси гавҳари фариштагон. Ва ҳақиқати вай шинохтан душвор бувад ва дар шарҳ кардани он рухсат нест. Ва дар ибтидои рафтани роҳи дин бад-он маърифат ҳоҷат нест, балки аввали роҳи дин муҷоҳидат аст. Ва чун касе муҷоҳидат ба шарт бикунад, худ ин маърифат вайро ҳосил шавад, бе он ки аз касе бишунавад. Ва ин маърифат аз ҷумлаи он ҳидояте аст, ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва-л-лазина ҷоҳаду фӣно, ла наҳдийаннаҳум субулано»3 ва касе, ки муҷоҳидат ҳанӯз тамом накарда бошад, бо вай ҳақиқати рӯҳ гуфтан раво набошад. Аммо пеш аз муҷоҳидат лашкари дилро бибояд донист, ки касе, ки лашкари дилро надонад, ҷиҳод натавонад кард.
(ФАСЛИ ЧАҲОРУМ)
1 Огоҳ бош, ки халқу амр Худойрост.
2 Андоза гирифтан.
3 Касоне, ки дар Мо бикӯшанд, ба роҳҳои Худ ононро раҳбарӣ мекунем.
[Дар баёни сабаби эҳтиёҷи одамӣ ба колбад] Бидон, ки тан мамлакати дил аст ва андар ин мамлакат дилро лашкарҳои мухталиф аст: «Ва мо йаъламу ҷунуда Раббика илло Ҳува»1.
Ва дилро, ки офаридаанд, барои охират офаридаанд ва кори вай талаби саодат аст. Ва саодати вай дар маърифати Худои таъоло аст. Ва маърифати Худои таъоло вайро ба маърифати сунъи Худои таъоло ҳосил ояд – ва ин ҷумлаи олам аст. Ва маърифати аҷоиби олам вайро аз роҳи ҳавос ҳосил ояд. Ва ин ҳавосро қавом ба колбад аст. Пас маърифат сайди вай аст ва ҳавос доми вай аст ва колбад маркаби вай аст ва ҳаммоли доми вай аст. Пас вайро ба колбад бад-ин сабаб ҳоҷат афтод. Ва колбади вай мураккаб аст аз обу хок ва ҳарорату рутубат ва бад-ин сабаб заиф аст ва дар хатари ҳалок аст, аз дарун ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва аз берун ба сабаби оташу об ва ба сабаби қасди душманону дадгон ва ғайри он. Пас вайро ба сабаби гуруснагиву ташнагӣ ба таом ва шароб ҳоҷат афтод. Ва бад-ин сабаб ба ду лашкар ҳоҷат бувад: яке зоҳир, чун дасту по ва даҳону дандон ва меъда ва яке ботин, чун шаҳвати таом ва шароб. Ва вайро ба сабаби дафъи душманони берунӣ ба ду лашкар ҳоҷат афтод:
яке зоҳир, чун дасту пову силоҳ ва яке ботин, чун хашму ғазаб. Ва чун мумкин набошад ғизоеро, ки набинад талаб кардан ва душмане, ки набинад дафъ кардан, вайро ба идрокот ҳоҷат афтод: баъзе зоҳир ва он панҷҳавос аст: чун чашму бинӣ ва гӯшу завқ ва ламс ва баъзе ботин ва он низ панҷ аст ва манзилгоҳи он димоғ аст: чун қуввати хаёл ва қуввати тафаккур ва қуввати ҳифз ва қуввати тазаккур ва қуввати таваҳҳум. Ҳар якеро аз ин қувватҳо корест хос ва агар яке ба халал шавад, кори одамӣ ба халал шавад, дар дину дунё.
Ва ҷумлаи ин лашкарҳои зоҳиру ботин ба фармони диланд. Ва вай амиру подшоҳи ҳама аст: чун забонро фармон диҳад, дар ҳол сухан гӯяд; ва чун дастро фармон диҳад, бигирад ва чун пойро фармон диҳад, биравад; ва чун чашмро фармон диҳад, бинигарад; ва чун қуввати тафаккурро фармон диҳад, бияндешад. Ва ҳамаро ба тавъу табъ мутеъу фармонбардори ӯ кардаанд, то танро нигоҳ дорад, чандоне, ки зоди хеш баргирад ва сайди хеш ҳосил кунад ва тиҷорати охират тамом кунад ва тухми саодати хеш бипароканад. Тоат доштани ин лашкар дилро, ба тоат доштани фариштагон монад Ҳақ таъолоро, ки хилоф натавонанд кардан дар ҳеч фармон, балки ба табъу тавъ фармонбардор бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё