Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва дуруд бар Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки саййиди пайғамбарон аст ва роҳнамо ва роҳбари мӯъминон аст ва амини асрори Рубубият аст ва баргузида ва бардоштаи ҳазрати Илоҳият аст; ва бар ҷумла ёрон ва аҳли байти вай, ки ҳар яке аз эшон қудваи уммат аст ва пайдокунандаи шариат аст.
Аммо баъд. Бидон, ки одамиро ба бозӣ ва ҳарза наёфаридаанд, балки кори вай азим аст ва хатари вай бузург: чи агар вай азалӣ нест, абадист ва агарчи колбади вай хокӣ ва суфлӣ аст, ҳақиқати рӯҳи вай улвӣ ва Раббонӣ аст. Ва гавҳари вай агарчи дар ибтидо омехта ва овехта ба сифоти баҳимӣ ва сабъиву шайтонӣ аст, чун дар бӯтаи муҷоҳидати наҳй аз ин омезиш ва олоиш пок гардад ва шоистаи ҳазрати Рубубият шавад; ва аз асфалуссофилин то ба аъло иллиййин ҳама шебу боло кори ӯст: ва асфалуссофилини вай он аст, ки дар мақоми баҳоим ва сибоъу шаётин фуруд ояд, ки асири шаҳват ва ғазаб шавад; ва аъло иллиййини вай он аст, ки ба дараҷаи малоика расад, чунон ки аз дасти шаҳват ва ғазаб халос ёбад ва ҳар ду асири вай гарданд ва вай подшоҳи эшон гардад. Ва чун бад-ин подшоҳӣ расад, шоистаи бандагии ҳазрати Илоҳият гардад ва ин шоистагӣ сифати малоика аст ва камоли дараҷаи одамӣ аст. Ва чун вайро лаззати унс ба ҷамоли ҳазрати Илоҳият ҳосил шуд, аз мутолиаи он ҷамол як соат сабр натавонад кард. Ва назора кардан дар он ҷамол биҳишти вай шавад ва он биҳиште, ки насиби шаҳвати чашму фарҷу шикам аст, наздики вай мухтасар шавад.
Ва чун гавҳари одамӣ дар аввали офариниш ноқис ва хасис аст, мумкин нагардад вайро аз ин нуқсон ба дараҷаи камол расонидан, илло ба муҷоҳидат ва муолиҷат.
Ва чунон ки он кимиё, ки мису биринҷро ба сафову покии зари холис расонад, душвор бувад ва ҳар касе нашиносад, ҳамчунон он кимиё, ки гавҳари одамиро аз хасисияти1 баҳимият ба сафову нафосати малакият расонад, то бад-он саодати абадӣ ёбад, ҳам душвор бувад ва ҳар касе надонад. Ва мақсуд аз ин китоб шарҳи ахлоти ин кимиёст, ки ба ҳақиқат кимиёи саодати абадист. Ва ин китобро бад-ин маънӣ «КИМИЁИ САО- ДАТ» ном кардем. Ва номи «Кимиё» бар вай авлотар, чи тафовут миёни мису зар беш аз суфрат2 нест ва самараи он кимиё беш аз танаъъуми ду-
1 Пастӣ ва фурӯмоягӣ.
2 Зардӣ.
нё нест: муддати дунё худ чист?! Ва тафовут миёни сифоти баҳоим ва сифоти малоика чанд аст1, ки аз асфалуссофилин то ба аъло иллиййин ва самараи ин кимиё саодати абадист, ки муддати вайро охир нест ва анвоъи наими вайро ниҳоят нест ва ҳеч кудуратро ба наими ӯ роҳ нест.
Бидон, ки чунон ки кимиёро дар ганҷинаи ҳеч пирзан наёбанд, балки дар хизонаи мулук ёбанд, кимиёи саодати абадӣ низ ҳар ҷое набошад, дар хизонаи Рубубият бошад; ва хизонаи Худой дар осмон ҷавоҳири фариштагон аст ва дар замин дилҳои пайғомбарон. Пас, ҳар ки ин кимиё ҷуз аз ҳазрати нубувват ҷӯяд, роҳғалат карда бошад ва охири кори вай қаллобӣ2 бошад ва ҳосили ҳоли вай пиндоре ва гумоне бошад ва дар мавсими қиёмат ифлоси вай пайдо шавад ва қаллобии вай ошкор шавад ва пиндорҳои вай расво шавад ва бо вай гӯянд: «Фа кашафно ъанка ғитоака, фа басарука-л-йавма ҳадидун»3.
Ва аз раҳматҳои бузурги Худованди таъоло яке он аст, ки саду бисту чаҳор ҳазор пайғомбарро ба халқ фиристод барои ин кор, то нусхати ин кимиё дар халқ омӯзанд ва бо эшон бигӯянд, ки гавҳари дилро дар бӯтаи муҷоҳидат чун бояд ниҳод ва ахлоқи замимаро, ки хубсу кудурати дил аз ӯст, аз вай чун бояд зудуд ва авсофи ҳамидаро ба вай чун бояд кашид. Ва барои ин буд, ки чунон ки Ҳақ таъоло ба подшоҳӣ ва покии Худ тамаддуҳ кард, ба фиристодани анбиё салавотуллоҳи алайҳим аҷмаъин низ тамаддуҳ кард ва миннат ниҳоду гуфт: «Йусаббиҳу лиллоҳи мо фӣ-ссамовоти ва мо фӣ-л-арзи-л-Малики-л-Қуддуси-л-ъазизи-л-Ҳаким. Ҳувал-Лазӣ баъаса фӣ-л-уммиййина расулан минҳум, йатлу ъалайҳим ойотиҳи ва йузаккийҳим ва йуъаллимуҳуму-л-Китоба ва-л-ҳикмата ва ин кону мин қаблу ла фӣ залолин мубин»4 ва «йузаккийҳим» он бувад, ки ахлоқи нописандида, ки сифоти баҳоим аст, аз эшон пок кунад ва «йуъаллимуҳуму-л-Китоба ва-л-ҳикмата» он аст, ки сифоти малоикаро либосу хилъати эшон гардонад.
Ва мақсуд аз кимиё он аст, ки аз ҳар чи менабояд ва он сифоти нуқс аст, пок ва бараҳна шавад ва ба ҳар чӣ мебибояд ва он сифоти камол аст, ороста шавад. Ва сарҷумлаи ин кимиё он аст, ки рӯй аз дунё бигардонад ва ба Худои таъоло орад, чунон ки расулро алайҳиссалом таълим карду
1 Он андоза аст.
2 Касе, ки зари носара ва қалб дорад.
3 Пас пардаро аз баробари ту бардоштем! Пас чашми ту имрӯз тезбин аст.
4 Ба покӣ меситояд Худой – Подшоҳи Поки Ғолиби Доноро он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар замин аст. Ӯст, ки барангехт дар бесаводон пайғамбаре аз эшон, ки оёти Вайро барояшон мехонад ва ононро пок мекунад ва Китобу дониш меомӯзад, агарчи буданд бештар дар гумроҳии ошкоро.
гуфт: «Ва-зкури-сма Раббика ва табаттал илайҳи табтило»1. Ва маънии «табтил» он бувад, ки аз ҳама чизҳо гусаста гардад ва ҳамагӣ худро ба Вай диҳад. Фазолика2, ин кимиё ин аст ва тафсили вай дароз аст.
Аммо унвони вай маърифати чаҳор чиз аст ва аркони вай чаҳор муомилат аст ва ҳар рукнеро аз вай даҳ асл аст, чунон ки дар феҳраст низ пайдо карда шавад: чаҳор унвон ва чаҳор рукну чиҳил асл. Тамоми ин китоб ва феҳрасти вай ин аст, ки ёд карда шавад, иншоаллоҳу таъоло.
Феҳраст
Унвони аввал он аст, ки ҳақиқати худро бишиносад.
Унвони дуввум он аст, ки Худойро бишиносад.
Унвони саввум он аст, ки ҳақиқати дунёро бишиносад.
Унвоничаҳорум он аст, ки ҳақиқати охиратро бишиносад.
Ва ин чаҳор маърифат ба ҳақиқат унвони мусалмонӣ аст.
Аммо аркони муомилаи мусалмонӣ низ чаҳор аст: ду ба зоҳир тааллуқ дорад ва ду ба ботин. Он ду, ки ба зоҳир тааллуқ дорад, рукни аввал гузордани фармони Ҳақ аст, ки онро ибодат гӯянд ва рукни дуввум нигоҳ доштани адаб аст дар ҳаракоту саканот ва маишат, ки онро муомилот гӯянд. Ва аммо он ду, ки ба ботин тааллуқ дорад, рукни аввал пок кардани дил аст аз ахлоқи нописандида, чун хашму бухл ва ҳасаду кибр ва уҷб, ки ин ахлоқро «мӯҳликот» гӯянд ва «ақаботӣ3 роҳи дин»
гӯянд ва дигар рукн оростани дил аст ба ахлоқи писандида, чун сабру шукр ва муҳаббату раҷо ва таваккул, онро «мунҷиёт» гӯянд.
Рукни аввал дар ибодот аст ва он даҳ асл аст:
Асли аввал дуруст кардани эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат; асли дуввум ба талаби илм машғул шудан; асли саввум дар таҳорат; асличаҳорум дар намоз хондан; асли панҷум дар закот; аслишашум дар рӯза; асли ҳафтум дар ҳаҷ кардан аст; асли ҳаштум дар Қуръон хондан; асли нӯҳум дар зикру тасбеҳ; асли даҳум дар вирдҳо ва вақти ибодот рост доштан.
Рукни дуввум дар одоби муомилот ва он низ даҳ асл аст:
Асли аввал одоби нон хӯрдан; асли дуввум одоби никоҳ кардан; асли
1 Ва ёд кун номи Парвардигоратро ва бигусил ба сӯи Ӯ гусастане.
2 Хулоса.
3 Ҷамъи ақаба ба маънии гардана (ағба) аст.
саввум одоби касбу тиҷорат; асличаҳорум дар талаби ҳалол; аслипанҷум одоби сӯҳбати халқ; аслишашум одоби узлат; аслиҳафтум одоби сафар; асли ҳаштум одоби самоъ ва ваҷд; асли нӯҳум одоби амри маъруф ва наҳй аз мункар; асли даҳум одоби вилоят доштан.
Рукни саввум дар буридани ақаботи роҳи дин, ки онро «мӯҳликот» гӯянд; ва он низ даҳ асл аст:
Асли аввал дар пайдо кардани риёзати нафс ва илоҷи хӯи бад ва ба даст овардани хӯи нек; асли дуввум андар шаҳвати шикам ва фарҷ; асли саввум дар илоҷи шараҳи сухан ва офоти забон; асличаҳорум дар илоҷи бемории хашм ва ҳиқду ҳасад; аслипанҷум дар дӯстии дунё ва бемории тамаъ; аслишашум андар илоҷи бухл ва ҳирси ҷамъ кардани мол; аслиҳафтум андар илоҷи дӯстии ҷоҳ ва ҳашмат ва офати он; асли ҳаштум андар илоҷи риё ва нифоқ дар ибодот; асли нӯҳум андар илоҷи кибру уҷб, асли даҳум андар илоҷи ғафлат ва залолату ғурур.
Рукни чаҳорум дар мунҷиёт ва ин низ даҳ асл аст:
Асли аввал дар тавба ва берун омадан аз мазолим; асли дуввум дар сабру шукр; асли саввум дар хавфу раҷо; асличаҳорум дар дарвешӣ ва зӯҳд; аслипанҷум дар сидқу ихлос; аслишашум дар муҳосиба ва муроқиба; аслиҳафтум дар тафаккур; асли ҳаштум дар тавҳид ва таваккул; асли нӯҳум дар муҳаббат ва шавқ; асли даҳум дар зикри марг.
Ва мо андар ин китоб ҷумлаи ин чаҳор унвон ва чаҳор рукн ва чаҳор аслро шарҳ кунем барои форсигӯён. Ва қалам нигоҳ дорем аз ибороти баланду муғлақ ва маънии борику душвор, то фаҳми авом онро дарёбад, чӣ агар касеро рағбат ба таҳқиқеву тадқиқе бошад варои ин, бояд ки аз кутуби тозӣ талаб кунад: чун китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ва китоби «Ҷавоҳиру-л-Қуръон» ва тасонифи дигар ки дар ин маънӣ ба тозӣ тасниф кардаем, ки мақсуди китоб авоми халқанд, ки ин маъниро ба порсӣ илтимос карданд ва суханро аз ҳадди фаҳми эшон натавон даргузошт.
Эзад субҳонаҳу ва таъоло нияти эшон дар илтимос ва нияти мо дар иҷобат пок гардонод; ва тавфиқ арзонӣ дород, то аз шавоиби риё ва кудурати такаллуф холис гардад, то он чи ба забон гуфтаед, ба муомилот вафо карда шавад, ки гуфтори бекирдор зоеъ бувад ва фармудани бе варзидан сабаби ваболи охират бувад; иннаҳу валийу-л-иҷобат.
ОҒОЗИ КИТОБ
ДАР ПАЙДО КАРДАНИ УНВОНИ МУСАЛМОНӣ Ва он чаҳор унвон аст
Унвони аввал: Дар шинохтани нафси хеш.
Унвони дуввум: Дар шинохтани Ҳаққ субҳонаҳу ва таъоло.
Унвони саввум: Дар маърифати дунё.
Унвоничаҳорум: Дар маърифати охират.
УНВОНИ АВВАЛ
Дар шинохтани нафси хеш [Ва дар он ҳаҷдаҳ фасл аст] Фаслиаввал – Одамиро аз чанд чиз офаридаанд?
Фаслидуввум – Шинохтани ҳақиқати дил.
Фаслисаввум – Ҳақиқати дил.
Фасличаҳорум – Дар баёни сабаби эҳтиёҷи одамӣ ба колбад.
Фаслипанҷум – Баёни шинохтани мақсуд аз лашкари дил ба мисоле.
Фаслишашум – Роҳи дурусти ба кор бурдани шаҳвату ғазаб ва тану ҳавос ва ақлу дил.
Фаслиҳафтум – Чигунагии пайдо шудани сифатҳои хубу бад дар одамӣ.
Фаслиҳаштум – Муроқибати ҳаракот ва саканоти худ.
Фаслинӯҳум – Чӣ гуна асли одамӣ гавҳари фариштагон аст.
Фаслидаҳум – Аҷоиби олами дил.
Фаслиёздаҳум – Равзани дил дар бедорӣ низ ба олами малакут кушода гардад.
Фаслидувоздаҳум – Ҳар одамӣ бар фитрат зоида мешавад.
Фаслисездаҳум – Шарафи дил аз рӯи қудрат.
Фасличаҳордаҳум – Ҳақиқати нубувват ва вилоят.
Фаслипонздаҳум – Илм чӣ гуна ҳиҷоби роҳ аст.
Фаслишонздаҳум – Саодати одамӣ дар маърифати Худои таъоло аст.
Фаслиҳафдаҳум – Аҷоиби сунъи Худои таъоло дар тани одамӣ.
Фаслиҳаҷдаҳум – Одамӣ дар ин олам дар ғояти аҷзу нуқсон аст.
УНВОНИ (АВВАЛ)
(Дар шинохтани нафси хеш)
Бидон, ки калиди маърифати Худои азза ва ҷалла маърифати нафси хеш аст ва барои ин гуфтаанд: «Ман ъарафа нафсаҳу фақад ъарафа Раббаҳу1» ва низ барои ин аст, ки гуфт Эзад субҳонаҳу ва таъоло:
«Санурийҳим ойотино фӣ-л-офоқи ва фӣ анфусиҳим, ҳатто йатабаййана лаҳум аннаҳу-л-ҳаққу» Гуфт: «Нишонҳои Худ дар олам ва дар нуфуси эшон бо эшон намоем, то ҳақиқати ҳақ эшонро пайдо шавад.»

пешина
аз 176
навбатӣ