Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфтанд: ҳоли Абдуллоҳ ибни Муборак чист? Гуфт: «Вайро ҳар рӯз ду бор роҳ диҳанд, то Худои таъолоро бинад». Ва Молик ибни Анасро ба хоб диданд, гуфтанд: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Раҳмат кард ба калимате, ки аз Усмони Аффон шунида будам, ки бигуфтӣ, чун ҷанозае бидидӣ: субҳона-л-ҳаййи-л-лази ло йамут». Ва дар он шаб, ки Ҳасани Басрӣ фармон ёфт, ба хоб диданд, ки дарҳои осмон кушода буданд ва нидо мекарданд, ки Ҳасан Худо туро бидид ва аз вай хушнуд буд. Ва Ҷунайд иблисро ба хоб дид, бараҳна, гуфт: «Шарм надорӣ аз мардумон?
Гуфт: «Ин мардум наянд, мардум ононанд, ки дар масҷиди Шунизияанд, ки маро зору низор карданд, гуфт: «Бомдод ба масҷиди Шунизия рафтам, чун аз дар даршудам, эшонро дидам дар тафаккур сар ба зону ниҳода овоз доданд, ки: ғарра машав ба сухани он палиди малъун».
Утбатулғулом якеро аз ҳури биҳишт ба хоб дид, бар сурате некӯ, гуфт:
«Ё Утба, бар ту ошиқам, зинҳор, то коре накунӣ, ки ба ту нарасам ва маро аз ту боздоранд!» Гуфт: «Дунёро се талоқ додам ва гирди вай нагардам, то ба ту расам». Абӯайюби Сиҷистонӣҷанозаи марде муфсид дид, бар болое шуд, то бар вай намоз накунад, он мурдаро ба хоб диданд, гуфтанд: Худои таъоло бо ту чи кард? Гуфт: «Раҳмат кард ва гуфт Абӯайюбро бигӯй лав антум тамликуна хазоина раҳмати рабби изан ло маскутун хашйата-линфоқи, яъне агар хаз ин раҳмати Худой ба дасти шумо будӣ, аз бахилӣҳеч нафақа накардӣ». Ва он шаб, ки Довуди Тоӣ фармон ёфт, яке ба хоб дид, ки малоикаи осмон меомаданду мерафтанд, гуфт: «Ин чӣ шаб аст?» Гуфтанд: имшаб Довуди Тоӣ фармон ёфтааст ва биҳиштҳо барои вай биёроста. Ва Абӯсаиди Шаҳҳом гӯяд: «Саҳли Саълукиро ба хоб дидам, гуфтам: ё хоҷаимом», гуфт: «Хоҷагӣ даст бидор, ки он ҳама рафт», гуфтам: он ҳама корҳои ту ва кирдорҳои ту ба куҷо расид? Гуфт: «Ҳеч суд надошт, магар ҷавоби он масоил, ки пиразанон мепурсидандӣ». Рабеъ ибни Сулаймон гӯяд: «Шофеъиро ба хоб дидам, гуфтам: Худои таъоло бо ту чӣ кард?» Гуфт: «Маро бар курсие нашонд аз зар ва марвориди тар бар ман ҳамеафшонд». Ва Шофеъӣ гӯяд: «Маро коре пеш сахт омад, дар он дармондам, ба хоб дидам, ки яке биёмаду гуфт: ё Муҳаммад ибни Идрис, бигӯй аллоҳумма ло амлику ли нафси нафъан ва ло зарран ва ло мавтан ва ло ҳайотан ва ло нушуран ва ло астатиъу ан охуза илло мо аътайтани ва ло ан аттақийа илло мо вақайтани Аллоҳумма ваффиқни лимо туҳиббу ва тарзо мина-л-қавли ва-л-ъамали фи ъофийатин1, чун бархостам, ин дуо бикардам, вақти чоштгоҳ он кор бар ман саҳл шуд», бояд ки ин дуо фаромӯш накунӣ ва яке гӯяд: Утбаталғуломро ба хоб дидам, гуфтам, ки: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Маро биёмурзид бад-он дуо, ки бар девори хонаи ту набиштааст, чун бедор шудам, нигоҳ кардам ба хати Утбаталғулом дидам бар девор набишта: йо ҳодийа-лмузиллина ва йо роҳима-л-музнибина ва йо муқила ъасароти-лъосирина, ирҳам ъабдака зо-л-хатари-л-ъазими ва-л-муслимина куллаҳум аҷмаъина ва аҷъално маъа-л-аҳйоъи-л-марзуқина, аллазина анъамта ъалайҳим мина-н-набиййинна ва-с-сиддиқина ва-ш-шуҳадои ва-ссолеҳина, омина йо рабба-л-оламина».


Китоби «Кимиёи саодат» хатм карда омад ва умед чунон аст, ки ҳар кӣ дар ин китоб мутолиат кунад, мусаннифро фаромӯш накунад, вайро омурзиш хоҳад то, агар саҳве ва зилале ба гуфтор роҳ ёфта бошад; ё такаллуфе ва риёе ба андеша омехта шуда бошад, Ҳақ таъоло даргузорад ва аз савоби ин китоб бенасиб накунад: ки ҳеч айбе беш аз ин набувад, ки касе халқро ба Худо даъват кунад, он гоҳ ба сабаби назар ба халқ аз Ҳақ маҳҷуб шавад; наъузу биллоҳи мина-з-золика.
Фа нақулу фи хотимати-л-китоби
Аллоҳумма инно наъузу биъафвика ъан ъиқобика ва наъузу биризока ъан сахатика ва наъузу бика минка ло тухсо саноъун алайка, анта камо аснайта ъало нафсика, ва-л-ҳамду лиллоҳи ваҳдаҳу.
1 Худовандро суду зиёни мурдан ва зистан ва дубора бархостани ман ба дасти ман нест: чизеро натавонам гирифт, магар ту ба ман арзонӣ дорӣ ва аз чизе худро нигоҳ натавонам дошт, ҷуз он чи ту аз он нигоҳам дорӣ, худоё маро бар он чи дӯст дорӣ ва меписандӣ, аз гуфтор ва кирдори нек муваффақ ва комёб созад.

пешина
аз 176