Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Шӯрондан: зеру забар кардан.
3 Кулуфтӣ, захомат.
вай, саъбтар ва душхортар».
Ва бидон, ки он чи пас аз ин аст: аввал ҳавли нафхаи сур аст, он гоҳҳавли рӯзи қиёмат ва дарозии он ва гармо ва арақи он, он гоҳҳавли арз додан ва аз гуноҳон пурсидан. Он гоҳҳавли номаҳо ба дасти рост ва дасти чап додан, он гоҳҳавли фазиҳат ва расвоӣ, ки аз он бинад, он гоҳҳавли тарозу ва то каффаи ҳасанот гаронтар ояд ё каффаи саййиъот, он гоҳҳавли музлими хасмон ва ҷавоби эшон, он гоҳҳавли сирот, он гоҳҳавли дӯзах ва забония ва иғлол ва инкол1 ва заққум ва мору каждум. Ва азобҳо ду навъ аст: ҷисмонист ва рӯҳонӣ, аммо он чи ҷисмонист, дар охири китоби «Эҳё» шарҳ кардаем ба тафсил ва ҳар хабар, ки дар он биёмадааст, биёвардаем ва он чи рӯҳонист. дар унвони ин китоб овардаем ва ҳамчунин ҳақиқати марг, ки чи бувад ва ҳақиқати рӯҳ ва аҳволи вай паси марг, ҳама дар унвон шарҳ кардаем, ҳар кӣ хоҳад, ки тафсили азоби ҷисмонӣ бидонад, аз «Эҳё» талаб бояд кард ва ҳар кӣ хоҳад, ки рӯҳонӣ бидонад, аз унвон дар ин китоб бидонад. Ва аммо бад-ин қадр, ки гуфта омад, иқтисор хоҳем кард, то дароз нашавад ва хатм кунем китобро ба хобҳое, ки ҳикоят кардаанд бузургон дар аҳволи мурдагон, ки роҳ нест ин илмро ба маърифати аҳволи мурдагон, илло аз роҳи мукошифаи ботин, аммо дар хоб ва дар яқза2, аммо аз роҳи ҳавос роҳ ба эшон нест: ки эшон ба оламе шуданд, ки ҷумлаи ин ҳавос аз дарёфтани он ҳамчунон маъзул бувад, ки гӯш маъзул аст аз идроки рангҳо ва чашм маъзул аст аз идроки овозҳо; балки дар одамӣ як хосият аст, ки бад-он аҳли он оламро битавонад ёфт, лекин он хосият пӯшида аст, ба заҳмати ҳавос ва машғалаи дунё, чун аз он машғала дар хоб халосӣ ёбад, ҳолати вай ба эшон наздик гардад ва аҳволи эшон кашф афтад ва бад-он хосият аст, ки эшонро аз мо хабар бувад, то ба аъмоли некӯи мо шод бошанд ва ба маъосии мо андӯҳгин, чунон ки андар ахбор омадааст. Ва ҳақиқат он аст, ки хабари мо аз эшон ва хабари эшон аз мо бевоситаи лавҳи маҳфуз нест, ки аҳволи мо ва эшон дар лавҳи маҳфуз навиштааст, чун ботини одамиро муносибате афтад дар хоб, аҳволи эшонро аз он ҷо бидонад ва чун эшонро муносибате афтад, аҳволи мо бидонанд ва масали лавҳи маҳфуз чун оина аст, ки сурати ҳама чизҳо дар вай аст ва рӯҳи одамӣҳамчун оина аст ва рӯҳи мурда ҳамчунин, пас ҳамчунон, ки дар оина чизе аз оинаи дигар падид ояд, аз лавҳи маҳфуз дар мо ва дар эшон падид ояд ва гумон мабар, ки лавҳи маҳфуз ҷисме бошад мураббаъ аз чӯб ё аз най ё чизи дигар, чунон ки ба чашми зоҳир вайро битавон дид ва набиштаҳо, ки бар
1 Занҷирҳо.
2 Бедорӣ.
вай аст, бартавон хонд, лекин агар хоҳӣ, ҳам аз хештан талаб кун, ки дар ту намудгори ҳар чӣ дар офариниш аст, ҳаст, то бад-он сабаб туро раҳ бувад ба маърифати ҳама, лекин аз худ ғофилӣ, дигаре чун шиносӣ?! Ва намудгори он димоғ ва муқрӣ1 аст, ки ҳама Қуръон ёд дорад ва гӯӣ дар вай набиштааст ва мебинад онро ва ҳуруфи онро ва агар касе димоғи вай зарра-зарра бикунад ва бад-ин чашми зоҳир нигоҳ кунад, ҳеч ҷой Қуръон набинад, пас нақш шудани корҳо дар лавҳи маҳфуз бояд ки аз ин ҷинс донӣ: ки корҳое бениҳоят дар вай нақш аст ва чашми ту ҷуз мутаноҳӣ набошад ва номутаноҳӣ дар мутаноҳӣ дар нақши маҳсус мумкин нагардад, ки сурат тавон кард. Пас, лавҳи вай ва қалами вай ва дасти вай ҳеч чиз боз они ту намонад, чунон ки вай низ бо ту намонад, ки чунон аст, ки шоир гуфт: «Аз хона ба кадхудой монад ҳама чиз».
Ва мақсуд он аст, ки муҳол надорӣ, ки эшонро аз мо хабар бувад ва моро аз эшон, чунон ки дар хоб мебинӣ. Ва ба хоб дидани мурдагон бар аҳволи зишт ва аҳволи дигар, бурҳоне азим аст, бад-он ки эшон зиндаанд:
аммо дар неъмат ва аммо дар азоб наъузубиллоҳ ва нест набинад ва мурда набинад, чунон ки гуфт: «Ва ло таҳсабанна-л-лазина қутилу фи сабилиллоҳи амвотан бал аҳйоъун ъинда раббиҳим йурзақуна».
(Пайдо кардани аҳволи мурдагон, ки макшуф шудааст ба тариқи хоб) Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар кӣ маро ба хоб бинад, маро бинад, ки шайтон бар сурати ман натавонад омадан». Ва Умар расулро салавотуллоҳу алайҳи ба хоб дид, сар бар вай гарон, Умар гуфт, чӣ будаст? Гуфт: «Натавонӣ, ки дар рӯза аҳли хештанро бӯса диҳӣ», ҳаргиз низ Умар он накард, ҳарчанд, ки ин ҳаром нест, валекин нокардан авлотар ва бо сиддиқон чунин дақоиқ мусомеҳат накунанд, агарчи бо дигарон кунанд. Аббос мегӯяд: «Маро бо Умар дӯстӣ буд, хостам, ки паси марг вайро ба хоб бинам, пас аз як сол вайро дидам, чашм месутурд2, гуфт:
акнун фориғ шудам ва кор дар хатар бувад, агар на он будӣ, ки Худой карим бувад». Ва Аббос мегӯяд: «Абӯлаҳабро ба хоб дидам, дар оташ месӯхт, гуфтам: чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Ҳамеша дар азобам, магар шаби душанбе, ки расулро салавотуллоҳу алайҳи шаби душанбе бизоданд, маро башорат доданд, аз шодӣ бандае озод кардам ба савоби он шаби душанбе азоб аз ман баргирифтанд». Ва Умар ибни Абдулазиз гӯяд:
1 Қуръонхон.
2 Пок мекард.
«расулро салавотуллоҳу алайҳи ба хоб дидам, бо Абӯбакр ва Умар нишаста, чун бо эшон бинишастам, ногаҳон Алӣ алайҳиссалом даромад ва Муовияро биёварданд ва дар хона фиристоданд ва дар бибастанд, дарвақт Алӣ берун омад ва гуфт: қузийа ли ва рабби-л-каъбати, яъне ки ҳақ маро ниҳоданд», пас ба зудӣ Муовия берун омаду гуфт: «Ғуфира ли ва рабби-л-каъбати, маро низ афв карданд ва биёмурзиданд». Ибни Аббос як роҳ аз хоб даромад пеш аз он ки Ҳусайнро бикуштанд ва гуфт: «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъуна», гуфтанд: чи афтод? Гуфт: «Ҳусайнро куштанд», гуфтанд: чаро? Гуфт: «Расулро салавотуллоҳу алайҳи дидам ва бо вай кӯзаи обгина пур аз хун», гуфт: «Бинӣ, ки уммати ман пас аз ман чи карданд, фарзандам Ҳусайнро бикуштанд ва ин хуни вай ва асҳоби вай аст», ба тазаллум пеши Худой бурдам, пас аз бисту чаҳор рӯз хабар омад, ки Ҳусайнро бикуштанд. Ва Сиддиқро ба хоб диданд, вайро гуфтанд: ту ҳамеша ишорат ба забон ҳамекардӣ ва мегуфтӣ, ки: ин корҳо дар пеши ман ниҳодааст. Гуфт: «Оре, ло илоҳа иллаллоҳ, ки бигуфтам: биҳишт дар пеши ман ниҳоданд».
Ва Юсуф ибну-л-Ҳусайнро ба хоб диданд, гуфтанд: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Раҳмат кард», гуфтанд: ба чи? Гуфт: «Бад-он ки ҳаргиз ҷид ва ҳазл омехта накардам». Ва Мансур ибни Исмоил гӯяд: «Абдулазизро ба хоб дидам, гуфтам: худои туъоло бо ту чӣ кард?» Гуфт: «Ҳар гуноҳ, ки бадон иқрор додам, биёмурзиданд, магар як гуноҳ шарм доштам, ки иқрор диҳам, маро дар арақ бар пой бидоштанд, то гӯшти рӯи ман ҳама бияфтод», гуфтанд: он чӣ буда? Гуфт: «Як роҳ дар ғуломе нигаридам, некӯ омад маро шарм доштам, ки иқрор диҳам». Абӯҷаъфари Сайдалонӣ мегӯяд, ки: расулро ба хоб дидам ва гурӯҳе дарвешон, яъне суфиён бо вай нишаста, ду фаришта аз осмон фурӯ омаданд, яке таште ва яке ибриқе дошт, расул алайҳиссалом даст бишуст ва дарвешон бишустанд, пеши ман ниҳоданд, то бишӯям, яке гуфт, ки: вайро об марез, ки вай аз эшон нест, гуфтам: ё расулуллоҳ, аз ту раво нест, ки гуфтӣ: ҳар кӣқавмеро дӯст дорад бо эшон бошад ва ман ин қавро дӯст дорам, расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Об бирез, ки вай аз эшон аст». Маҷмаъро ба хоб диданд ва гуфтанд: кор чун дидӣ? Гуфт: «Хайри охират ва хайри дунё зоҳидон бибурданд». Зарора ибни Абиавфиро ба хоб диданд, гуфтанд: аз аъмол чӣ фозилтар? Гуфт: «Ризо ба ҳукми Худои таъоло ва амали кӯтоҳ». Ва Язид ибни Мазъур гӯяд, ки: Авзоиро ба хоб дидам, гуфтам: маро ахбор деҳ аз амале, ки беҳтар аст, то бад-он тақарруб кунам, гуфт: «Ҳеч дараҷа беҳтар аз дараҷаи уламо надидам ва аз он гузашта дараҷаи андӯҳгинон», ин Язид марде пир буд, пас аз он ҳамеша мегиристӣ, то фармон ёфт, чашм торик шуда. Ибни Аййина мегӯяд: «Бародарро ба хоб дидам, гуфтам: Худой бо ту чӣ кард?» Гуфт: «Ҳар гуноҳ, ки аз он истиғфор карда будам, биёмурзид ва ҳар чӣ истиғфор накарда будам, наёмурзид».
Зубайдаро ба хоб диданд, гуфтанд, ки: Худой бо ту чи кард? Гуфт:
«Биёмурзид ва раҳмат кард», гуфтанд: бад-он молҳо, ки дар роҳи Макка нафақа кардӣ? Гуфт: «Музди он бо худовандон шуд маро ба нияти ман биёмурзиданд».
Суфёни Савриро ба хоб диданд, гуфтанд, ки: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Як қадам бар сирот ниҳодам ва дигар дар биҳишт». Аҳмад ибни Абилҳаворӣ мегӯяд: «Занеро ба хоб дидам, ки ба ҷамоли вай ҳаргиз надида будам ва рӯи вай ҳамчун нур ҳаметофт, гуфтам: ин равшании рӯи ту аз чист?» Гуфт: «Ёд дорӣ фулон шаб Худойро ёд кардӣ ва бигирстӣ?»
Гуфтам: дорам, гуфт: «Оби чашми ту дар рӯи хеш молидам, ин ҳама нур аз он аст». Катонӣ мегӯяд: «Ҷунайдро ба хоб дидам, гуфтам: Худой бо ту чи кард?» Гуфт: «Бар ман раҳмат кард ва он ҳама иборот ва ишорот бод бибурд ва ҳеч ҳосил наёмад, магар он ду ракъат намоз, ки ба шаб мекардам». Зубайдаро ба хоб диданд, гуфтанд: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Бар ман раҳмат кард, бад-ин чаҳор калима, ки ҳамегуфтам, ло илоҳа иллаллоҳу уфни биҳо ъумри, ло илоҳа иллаллоҳу адхулу биҳо қабри, ло илоҳа иллаллоҳу ахлу биҳо ваҳди, ло илоҳа иллаллоҳу улқи биҳо рабби»1. Бушрро ба хоб диданд, гуфтанд, ки: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Раҳмат кард». Ва гуфт: «Шарм надоштӣ аз ман бо он сахӣ аз ман тарсидӣ?» Ва Абӯсулаймонро ба хоб диданд, гуфтанд: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Раҳмат кард ва маро ҳеч он зиёдат надошт2, ки ишорати ин қавм ба ман буд, яъне ангуштнамой будам дар миёни аҳли дин». Ва Абӯсаиди Харроз гӯяд: «Иблисро ба хоб дидам, асо баргирифтам, то вайро бизанам, ҳотифе овоз дод, ки вай аз асо натарсад, вай аз нуре тарсад, ки дар дил бошад», Масуҳӣ гӯяд: «Иблисро ба хоб дидам, бараҳна, гуфтам: шарм надорӣ аз мардумон? Гуфт: инон мардум наянд, агар мардум будандӣ, чунон ки кӯдак бо гавз бозӣ кунад, ман бо эшон бозӣ накунаме, мардумон гурӯҳе дигаранд, ки маро зору низор бикарданд ва ишорат ба сӯфиён кард».
Ва Абӯсаиди Харроз гӯяд: «Ба Димишқ будам, расулро — салавотуллоҳу алайҳи — ба хоб дидам, ки омад ва такя бар Абӯбакру Умар зада ва ман байте мегуфтаме ва ангушт бар сина мезадаме, гуфт:
1 Бо ло иллоҳ иллоллоҳ умри худро тамом кунам ва бо он дохили гӯр шавам ва бо он хилват кунам ва бо он парвардигори худро мулоқот кунам.
2 Мақсуд он аст, ки ин ангуштнамои ба зиёони ман тамом шуд.
шарри ин аз хайр беш аст». Шиблиро ба хоб диданд, гуфтанд, ки: Худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Ҳисоб танг бар ман фаро гирифт, то навмед шудам, чун навмедӣ бидид, бар ман раҳмат кард». Суфёни Савриро ба хоб диданд, гуфтанд, ки: худои таъоло бо ту чӣ кард? Гуфт: «Раҳмат кард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё