Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

тасвиф аст». Ва бо вай гӯянд: имрӯз чаро тавба таъхир ҳамекунӣ? Агар аз он ки тарки шаҳват бигуфтан имрӯз душвор аст, фардо ҳамин хоҳад буд, ки Худои таъоло ҳеч рӯз наёфаридааст, ки ба тарки шаҳавот бигуфтан андар вай осонтар бувад ва мисли ту чун касе бувад, ки вайро гӯянд, ки дарахте аз бех бикан, гӯяд, ки ин дарахт қавӣ аст ва ман заифам, сабр кунам, то дигар сол, гӯянд: эй аблаҳ дигар сол қавитар шуда бошад ва ту заифтар! Дарахти шаҳавот ҳар рӯз қавитар шуда бошад, ки ба вай кор ҳамекунӣ ва ту ҳар рӯз аз мухолифат оҷизтар бошӣ, ҳарчанд, ки зудтар гирӣ осонтар ва аммо он ки эътимод бар он ҳамекунад, ки ман мӯъминам ва Ҳақ таъоло аз мӯъминон афв кунад, гӯем: бошад, ки афв накунад ва бошад, ки чун тоат накунӣ, дарахти имон заиф шавад ва ба вақти марг андар авосифи1 сакароти марг канда ояд: ки имон дарахте аст, ки об аз тоат хӯрад, чун об аз вай бозгирифта бошад, андар хатар бувад, балки имон бе тоат ва бо маъосии бисёр чун ҳоли беморе бувад бо иллати бисёр, ки ҳар соат бим бувад, ки ҳалок шавад, агар имон ба саломат бибарад, мумкин аст, ки афв кунад ва мумкин аст, ки уқубат кунад, пас бад-ин нишастан ҳамоқат бувад ва масали вай чун касе бувад, ки ҳар чӣ дорад, зоеъ кунад ва иёлро гурусна бигузорад, гӯяд: бошад, ки эшон андар вайронае шаванд ва ганҷе биёбанд ва ё чун шаҳрро ғорат ҳамекунанд, коло пинҳон накунад ва дар сарое бозгузорад ва гӯяд ин золим бошад, ки ба хонаи ман, ки расид, бимурад ва ё ғофил монад ва ё кӯр гардад ва дари хонаи ман набинад, ин ҳама мумкин аст ва имкони афв низ ҳаст, валекин бад-ин эътимод кардан ва даст бидоштан аз тавба ҳамоқат бувад.
– ФАСЛ –
(Тавба аз баъзе гуноҳон дуруст бувад ё на) Бидон, ки хилофи карда андар он ки касе аз баъзе гуноҳон тавба кунад, дуруст бувад ё на, гурӯҳе гуфтаанд: муҳол бувад, ки касе аз зино тавба кунад ва аз хамр накунад: ки агар барои он намекунад, ки ин маъсият аст, он низ ҳам маъсият аст, пас чунон ки муҳол бувад, ки аз як хуми шароб тавба кунад ва аз дигар накунад, ки ҳар ду баробаранд — он маъсият низ ҳамчунин бошад ва дуруст он аст, ки мумкин бувад, ки ин чунин тавба бошад: бад-он ки зино сағиртар аз хамр донад ва аз саъбтарин тавба кунад ё бад-он ки хамр шумтар аз зино донад, ки ҳам андар зино афканад ва ҳам андар корҳои дигар; ва бошад масалан, ки аз ғайбат тавба кунад ва аз
1 Бодҳои сахт ва тунд.
хамр накунад ва гӯяд ин ба халқ тааллуқ дорад ва хатари ин бештар бувад; балки раво бувад, ки аз бисёр хӯрдани хамр тавба кунад на аз асл: ва гӯяд ҳарчанд беш хӯрӣ, уқубат зиёдат бувад ва ман дар асл бо шаҳвати хеш мебарнаёям, андар зиёдатӣ дар хӯрдан мебароям ва шарт нест, ки чун шайтон маро оҷиз оварад андар коре, андар он низ, ки оҷиз набошам, мувофиқати вай кунам? Ин ҳам мумкин атст, аммо омадааст, ки «Аттоибу ҳабибуллоҳи ва инналлоҳа йуҳибу-т-тавобина ва йуҳиббу-лмутаҳҳарина». Ва зоҳир он аст, ки ин дараҷаи муҳаббат касеро бувад, ки аз ҳама тавба кунад ва пок бувад ва он ки ҳамегӯяд, ки тавба аз баъзе дуруст наёяд, магар ин гӯяд ва илло ҳар сағирае, ки аз он тавба накунад, фароиз каффорати он сағира шавад ва он чун нобуд гардад ва тавба ба якбор аз маъосӣ душвор бувад, ки ба тадриҷ бувад ва бад-он қадр, ки муяссар гардад, савоб ёбад.
АСЛИ ДУВВУМ
Андар шукр ва сабр
Бидон, ки тавба бе сабр рост наёяд, балки гузордани ҳеч фариза ва бигузоштани ҳеч маъсият бе сабр рост наёяд: ва барои ин бувад, ки аз расул алайҳиссалом пурсиданд, ки: имон чист? Гуфт: «Сабр». Ва гуфт андар хабаре дигар, ки: «Сабр нимаи имон аст». Ва ба сабаби бузургӣ ва фазл сабр аст, ки Ҳақ таъоло андар Қуръон зиёдат аз ҳафтод ҷой сабрро ёд кардааст ва ҳар дараҷае, ки некӯтар аст, ҳавола бо сабр кардааст, то имомат андар роҳи дин ҳавола бо сабр кард ва гуфт: «Ва ҷаъално ҳум аъимматан йаҳдуна биамрино ламмо сабару». Ва музди бениҳоят ва бе ҳисоб ҳавола бо сабр кардааст ва гуфт: «Иннамо йуваффи-с-собируна аҷруҳум биғайри ҳисобин». Ва собиронро ваъда дод, ки вай бо эшон аст «Инналлоҳа маъа-с-собирина». Ва салавот ва раҳмат ва ҳидоят ҳеч касро ҷамъ накард, магар собиронро ва гуфт: «Увлаика ъалайҳим салавотун мин Раббиҳим ва раҳматун ва увлаика ҳуму-л-муҳтадуна». Ва бузургии фазл сабр аст, ки Ҳақ таъоло вайро азиз кард ва ба ҳар касе надод, илло андаке ба дӯстони хеш, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Инна ақалла мо увтитумул-йақину ва ъазимату-с-сабри». Гуфт: «Андактарин чизе, ки ба шумо додаанд, яқин асту сабр». Ва ҳар киро ин ҳар ду бидоданд, гӯ бок мадор, агар тамом з-ӯ рӯза бисёр надорад ва агар бар он чи ҳастед, имрӯз бо асҳоб сабр кунед ва бинагардед, дӯсттар дорам аз он ки ҳар яке чандон тоат кунед, ки ҷумлаи шумо карда бошед, валекин тарсам, ки роҳи дунё бар шумо кушода шавад ва пас аз ман бо якдигар мункир шавед ва аҳли осмон шуморо мункир шаванд ва ҳар кӣ сабр кунад, савоби тамом ёбад, сабр кунед, ки дунё бинамонад ва савоби Ҳақ таъоло бимонад: «Мо ъиндакум йанфад ва мо ъиндаллоҳи боқин ва ланаҷзийанна-л-лазина сабару аҷраҳум биаҳсани мо кону йаъламуна»1 ин оят тамом бархонад ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Сабр ганҷе аст аз ганҷҳои биҳишт». Ва гуфт: «Агар сабр мардӣ будӣ, мардии карим будӣ». Ва гуфт: «Худои таъоло собиронро дӯст дорад». Ва ваҳй омад ба Довуд алайҳиссалом, ки:
«Дар ахлоқ бар ман иқтидо кун ва аз ахлоқи ман яке он аст, ки сабурам».
Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Наёбӣ он чи хоҳӣ, то сабр накунӣ, бар он чи хоҳӣ». Ва расул алайҳиссалом қавмеро дид аз ансор, гуфт: «Мӯъминед?»
Гуфтанд: «Оре». Гуфт: «Нишони имон чист?» Гуфтанд: «Андар неъмат шукр кунем ва андар меҳнат сабр кунем ва ба қазои Худои таъоло розӣ бошем»; Гуфт: «Муъминуна ва рабби-л-каъбати»2. Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу гуфт: «Сабр аз имон ҳамчунон аст, ки сар аз тан: ҳар киро сар нест, тан нест ва ҳар киро сабр нест, имон нест».
Ҳақиқати сабр
Бидон, ки сабр хосияти одамӣ аст: ки баҳоимро сабр нест, ки бас ноқисанд ва малоикаро ба сабр ҳоҷат нест, ки бас комиланд ва аз шаҳавот растаанд, пас баҳима мусаххари шаҳавот аст ва андар вай ҳеч мутақозӣ нест, илло шаҳват ва малоика ба ишқи ҳазрати Илоҳият мустағриқанд ва эшонро аз он ҳеч монеъ нест, то андар дафъи он монеъ сабр кунанд; аммо одамиро андар ибтидо ба сифати баҳоим офариданд ва шаҳвати ҷомаву зинат ва лаъб ва лаҳвро бар вай мусаллат кардаанд, он гоҳ ба вақти булуғ нуре аз анвори малоикае андар вай пайдо ояд, ки андар он нур оқибати корҳо бибинад, балки ду фариштаеро бар вай муваккал кардаанд, ки баҳоим аз он маҳрумад; фариштае вайро ҳидоят ҳамекунад ва роҳҳаменамояд бад-он ки аз анвори вай нуре ба вай сироят ҳамекунад, ки андар он оқибати корҳо ҳамешиносад ва маслиҳати корҳо ҳамебинад, то андар он нур худро ва Худойро бишиносад ва бидонад оқибати шаҳватҳо ҳалок аст, агарчи андар вақт хуш аст ва бидонад, ки хушӣ ва роҳати вай зуд бигузарад ва ранҷ дароз бимонад ва ин ҳидоят баҳимаро набошад,
1 Он дар назди шумост, нест мешавад ва он чи дар назди Худост, мемонад ва подош медиҳам собиринро ба некӯтарини он чи кардаанд.
2 Савганд ба Худои Каъба, ки шумо мӯъминонед.
валекин ин ҳидоят ба кифоят нест, ки чун донад, ки зиёнкор аст ва қудрати дафъ надорад, чи фоида бувад чун бемор, ки донад, ки беморӣ вайро зиёнкор аст, валекин ба дафъи он қодир набувад? Пас, Ҳақ таъоло ин дигар фариштаро бар вай муваккал кардааст, то вайро қуввату қудрат диҳад, таъйид ва тасдид кунад, то он чи бидонист, ки зиёнкор аст, аз он даст бидорад, пас чунон ки андар вай боист, он бувад, ки вай шаҳват биронад; боистӣ дигар андар вай падид ояд, ки шаҳватро хилоф кунад, то аз зарар андар мустақбал бираҳад ва ин боист мухолифат аз малоика аст ва он боист шаҳват рондан аз лашкари шайтон аст ва мо ин боисти мухолифати шаҳватро боиси динӣ ном кунем. Ва боиси шаҳватро боиси ҳаво ном кунем: пас миёни ду лашкар ҳамеша ҷанг ва мухолифат аст: он ҳамегӯяд бикун ва ин ҳамегӯяд макун ва вай андар миёни ду мутақозӣ мондааст, агар боиси динӣ пой бар ҷой дорад, андар корзор кардан бо боиси ҳаво ва субот кунад, ин суботи вайро сабр гӯянд ва агар боиси ҳаворо мағлуб кунад ва дафъ кунад, ин ғалаба кардани вайро зафар гӯянд ва агар андар корзор ҳамебошад бо вай, инро ҷиҳоди нафс гӯянд; пас маънии сабр пой доштан боиси дин аст андар муқобилаи боиси ҳаво ва ҳар куҷо, ки ин ду лашкар мухолиф набошад, он ҷо сабр набувад ва аз ин аст, ки малоикаро ба сабр ҳоҷат нест ва баҳима ва кӯдакро қудрати сабр нест ва бидон, ки ин ҳар ду фаришта, ки гуфтем, киромулкотибини эшонанд: ва ҳар киро роҳ ва истидлол кушода карданд, бидонад, ки ҳар чизеро, ки ҳодис бувад, сабабе бувад ва чун ду чизи мухталиф бувад, ду сабаби мухталиф хоҳад ва ҳамебинад, ки кӯдакро андар ибтидо на ҳидоят бувад ва на маърифат, ки оқибати корҳо бидонад ва на ва доъия ва қувват он ки сабр кунад ва ба наздики булуғҳар ду падид ояд, бидонад, ки инро ба ду сабаб ҳоҷат ояд ва ин ду фаришта иборат аз ин ду сабаб аст: ва низ бидонад, ки нахуст ҳидоят аст ва бештар вай аст, он гоҳқудрат ва иродати амал бад-он, пас он фаришта, ки ҳидоят аз вай аст, шарифтар ва фозилтар аст, пас ҷониби рост аз садр бояд, ки вайро мусаллам бувад ва садр туӣ, ки эшон муваккалони туанд, пас вай фариштаи дасти рост ва чун вай барои иршоди туст, агар гӯш ба вай дорӣ, то аз вай ҳидоят ва маърифат ҳосил кунӣ, ин гӯш доштани ту эҳсоне бувад, ки карда бошӣ, ки вайро маътал бинагузошта бошӣ, ин ҳасанате бинависанд бар ту ва агар эъроз кунӣ ва вайро маътал бигузорӣ, то ҳамчун баҳоим ва кӯдакон аз ҳидояти авоқиб маҳрум монӣ, ин саййиоте бошад, ки ба ҷои вай карда бошӣ ва ба ҷои хеш ва бар ту нависанд ва ҳамчунин он қудрат, ки аз дигар фаришта ёфта бошӣ, андар мухолифати шаҳавот ба кор дорӣ ва ҷаҳд кунӣ, он ҳасанате бошад ва агар на саййиате бошад. Ва ин ҳар ду аҳвол бар ту ҳаменависанд бар саҳифае андаруни дили ту, валекин пӯшида аз дили ту ва ин ду фаришта ва саҳоифи эшон аз ин олам шаҳодат наянд ва эшонро бад-ин чашм натавон дид, чун марг андар ояд ва ин чашми зоҳир фароз шавад, он чашми дигар, ки бад-он олами малакут тавон дид боз шавад, ин саҳифаҳо ҳозир бинӣ ва битавонӣ дид ва андар қиёмати кеҳин аз ин хабар ёбӣ, аммо тафсили он қиёмати меҳин бинӣ. Ва қиёмати кеҳин вақти марг бошад, чунон ки расул алайҳиссалом гуфт: «Ман мота фақад қомат қийоматуҳу». Ва ҳар чӣ андар қиёмат ҳаст, намудгори он қиёмати кеҳин ҳаст ва тафсили он андар китоби «Эҳёи улуми дин» бигуфтаем ва ин китоб эҳтимол накунад ва мақсуд он аст, ки бидонӣ, ки сабр ҷое тавон кард, ки ҷанг бувад ва ҷанг ҷое бувад, ки андар синаи одамӣҷамъ омадааст, пас аввалқадам роҳи дин машғул шудан аст, бад-ин ҷанг, чи саҳрои синаро андар кӯдакӣ лашкари шаётин фурӯ гирифтааст ва лашкари малоика наздики булуғ падид ояд, пас то лашкари шаҳватро қаҳр накунад, ба саодат нарасад ва то ҷанг накунад ва андар ҷанг сабр накунад, қаҳр натавон кард ва ҳар кӣ бад-ин ҷанг машғул нест, аз он аст, ки вилоят шайтонро мусаллам доштааст ва ҳар кӣ шаҳват зери дасти вай шуд ва ба тавъ шаръ гашт, вайро ин фатҳ баромад, чунон ки расул алайҳиссалом гуфт: «Локиналлоҳа аъонани ъало шайтони ва аслама»1. Ва бештар он бошад, ки чун дар ҷиҳод бошанд, гоҳ зафар бувад ва гоҳҳазимат ва гоҳ даст шаҳватро бувад ва гоҳ боиси динро ва ҷуз ба сабру субот ин қалъа фатҳ наяфтад.

пешина
аз 176
навбатӣ