Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пайдо кардани он ки сабр як нимаи имон чарост ва рӯза як нимаи сабр чарост?
Бидон, ки имон як чиз нест, балки шохаҳое бисёр дорад ва ақсоми бисёр, чунон ки андар хабар аст, ки: «Имон ҳафтоду анд боист:
бузургтарин калимаи ло илоҳа иллаллоҳ ва камтарин хошок аз роҳ баргирифтан». Ва ҳарчанд, ки ин ақсом бисёр аст, лекин усули вай се ҷинс аст: маориф аст ва аҳвол аст ва аъмол аст ва ҳеч мақом аз мақомоти дин аз ин ҳар се холӣ набувад, масалан ҳақиқати тавба пушаймонӣ аст ва ин ҳолати дил аст ва асли вай маърифат аст, ки гуноҳ заҳри қотил аст ва фаръи вай он аст, ки даст аз гуноҳ бидорад ва ба тоат машғул шавад, пас аз ин ҳолат ва он маърифат ва он амал ҳар се аз ҷумлаи имон аст ва имон иборат бувад аз ин ҳар се, валекин бошад, ки ба арафат тахсис кунанд, чи асли вай аст, ки аз маърифат ҳолат падид ояд ва аз ҳолат амал падид ояд,
1 Худованд маро дар корзор бо шайтонам ёрӣ кард, то таслими ман шуд.
пас маориф чун дарахт аст ва тағйири дил ба сабаби маърифат чун шохи дарахт аст ва кирдорҳо, ки аз он аҳвол падид ояд, чун самара аст? Пас, ҷумлаи имон ду чиз аст: дидор ва кирдор ва кирдор бе сабр мумкин нест, пас сабр як нимаи имон аст ва сабр аз ду ҷинс бояд, яке аз ҷинси шаҳват ва яке аз ҷинси хашм ва рӯза сабр аст аз ҷинси шаҳват, пас вай як нимаи сабр аст. Ва аз ваҷҳе дигар, чун назари ҳама ба кирдор бувад ва имон иборат аз вай кунӣ, кирдори мӯъмин андар меҳнат сабр аст ва андар неъмат шукр, аз ин ваҷҳ сабр як нимаи имон бувад ва шукр як нимаи имон, чунон ки андар хабаре дигар омадааст ва чун назар бад-он кунӣ, ки мушкилтар ва душвортар аст ва вайро асл гирӣ, ҳеч асл душвортар аз сабр нест, бад-ин ваҷҳ сабр ҷумлаи имон аст, чунон ки пурсиданд, ки имон чист? Гуфт: «Сабр», яъне, ки душвортарин ӯст, чунон ки гуфт: «Ҳаҷ арафа аст», яъне, ки хатар ба сабаби вай аст, ки ба фавт он фавт шавад ва ба дигар аркон фавт нашавад.
Пайдо кардан ҳоҷат ба сабр андар ҳама авқот Бидон, ки банда андар ҳама аҳвол аз чизе холӣ набувад, ки мувофиқи ҳавои вай бувад ё мухолифи ҳавои вай ва андар ҳар ду ҳол ба сабр ҳоҷатманд бувад, аммо он ки мувофиқи ҳавои вай бувад, чун молу неъмат ва ҷоҳ ва тандурустӣ ва зану фарзанд ва мурод ва он чи бад-ин монад, сабр андар ҳеч ҳол аз ин муҳимтар нест, ки агар худро фурӯ нагирад ва андар танаъъум фаро равад ва дил бар он ниҳад ва боз он қарор гирад, дар вай батар (шодӣ) ва туғён падидор ояд, чи гуфтаанд, ки:
ҳама кас андар меҳнат сабр кунад, аммо андар офият сабр накунад, магар сиддиқе. Ва чун молу неъмат андар рӯзгори саҳоба бисёр шуд, гуфтанд муддате, ки андар меҳнат будем, сабр беҳтар тавонистем кардан аз ин, ки акнун андар неъмат ва тавоноӣ ва аз ин гуфт Ҳақ таъоло: «Иннамо амволукум ва авлодукум фитнатун». Ва дар ҷумла сабр кардан бо тавоноӣ душвор бувад ва исмати меҳин он бувад, ки тавоноӣ надиҳад. Ва сабр андар неъмат бад-он бувад, ки дил бар он наниҳад ва бад-он шодии бисёр накунад ва бидонад, ки орият аст ва зуд аз вай боз хоҳанд ситад, балки худ он неъмат надонад: ки бошад, ки сабаби нуқсон дараҷоти вай бошад андар қиёмат, пас ба шукри он машғул шавад, то ҳаққи Худои таъоло аз молу аз тан ва аз ҳар неъмат, ки дорад, ҳамедиҳад ва андар ин ҳар яке ба сабр ҳоҷат бувад. Аммо он аҳвол, ки мувофиқи ҳаво набувад, се навъ бошад: яке он ки ба ихтиёри вай бувад, чун тоат ва тарки маъсият, дуввум – он ки ба ихтиёри вай набувад, чун бало ва мусибат, саввум он ки асл бо ихтиёри вай набувад, валекин андар дафъ ва мукофот ихтиёр бувад, чун ранҷонидани мардумон вайро:
Аммо он чи ба ихтиёр бувад, чун тоат, андар вай ба сабр ҳоҷат бувад, чи баъзе аз ибодот душвор бувад аз коҳилӣ, чун намоз ва баъзе аз бухл чун закот ва баъзе аз ҳар ду чун ҳаҷ ва бе сабр мумкин набувад. Ва андар ҳар тоате ба сабр ҳоҷат бувад, андар аввал вай ва андар миёна вай ва андар охир вай: аммо аввал он ки ихлос андар ният дуруст кунад ва риё аз дил дур кунад ва ин душвор бувад ва дигар он ки андар миёна сабр кунад ва шарт ва одоби вай бо ҳеч чиз омехта накунад, ки агар андар намоз бувад, ба ҳеч сӯ нанигарад ва аз ҳеч чиз наяндешад ва аммо пас аз ибодат сабр кунад аз зоҳир кардан ва бигуфтан, ки чи кардам ва сабр кунад аз аҷаб бад-он; Ва аммо маъсиятҳо шак нест, ки даст бидоштани он ҷуз ба сабр рост наёяд ва ҳарчанд, ки шаҳват қавитар ва он маъсият осонтар сабр бар тарки он маъсият душвортар ва аз он аст, ки сабр аз маъсияти забон душвортар аст, ки забон ҷунбонидан осон аст ва чун гуфта ояд, одат шавад ва одат табиат гардад ва яке аз ҷунуби шайтон одат аст ва бад-ин сабаб забон андар ғайбату дурӯғ ва сано бар хештан ва қадаҳ бар дигарон ва амсоли ин равон бувад ва андар як калима, ки фаро сари забон ояд ва мардумонро аз он аҷаб хоҳад омад ва бихоҳанд писандид, сабр аз он ба ранҷи бисёр бувад ва бештар ин бувад, ки худ бо мухолитат мумкин нагардад ва ба узлат аз он саломат ҷӯяд.
Аммо навъи дуввум, ки бе ихтиёри вай бувад, чун ранҷонидани мардумон вайро ба дасту забон, лекин вайро андар мукофот ихтиёре аст, ба сабри тамом ҳоҷат ояд, то мукофот накунад ё бар ҳадди хеш биистад андар мукофот. Ва яке аз саҳоба ҳамегӯяд: «Мо имонро имон нашумурдамоне, то боз он ба ҳам собир набудеме, бар ранҷи мардумон».
Ва барои ин бувад, ки Ҳақ таъоло фармуд расулро алайҳиссалом, ки:
«Даст бидор, то туро ҳамеранҷонанд ва таваккул кун — Даъ азоҳум ва таваккал ъаллаллоҳи». Ва гуфт: «Сабр кун бар он чи гӯянд ва ба муҷомилат1 аз эшон бибар — Исбир ъало мо йақулуна ва аҳҷур ҳум ҳаҷран ҷамилан». Ва гуфт: «Ҳамедонам, ки аз сухани хасмон дилтанг ҳамешавӣ, лекин ба тасбеҳ машғул шав — Ва лақад наъламу иннака йазиқа садрука бимо йақулуна фасаббиҳ биҳамди раббика». Ва як роҳ моле қисмат кард, яке гуфт: «Ин қисмат на барои Худои таъоло аст, ки бе адл аст, хабар бар расул оварданд алайҳиссалом, рӯи вай сурх шуд ва ранҷур шуд, он гоҳ гуфт: худои таъоло бар бародарам Мӯсо алайҳиссалом
1 Хушрӯӣ.
раҳмат кунод, ки вайро беш биранҷониданд ва сабр кард ва Худой азза ва ҷалла ҳамегӯяд: агар шуморо уқубате расад ва мукофоте кунед, ҳам чандон кунед ва агар сабр кунед, некӯтар — ва ин ъоқабтум фа ъоқибу бимисли мо ъавқибтум ва лаъина сабартум лаҳува хайрун лис-собирина».
Ва андар Инҷил дидам набишта, ки Исо алайҳиссалом гуфт: «Қавме пеш аз ман омаданд, гуфтанд, дасте ба дасте баред ва чашм ба чашм ва дандон ба дандон ва ман он ботил намекунам, валекин васият мекунам шуморо, ки шарро ба шар муқобила макунед, балки агар касе бар ҷониби рост занад аз рӯи шумо, ҷониби чап фаро пеш доред ва агар касе дастори шумо биситонад, пироҳан низ ба вай диҳед ва агар касе ба ситам як мили шуморо бо хештан бибарад, ду мил ба ӯ бишавед» ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ шуморо маҳрум кунад, шумо вайро ато диҳед ва агар касе бошад бо шумо зиштӣ кунад, шумо бо вай некӯӣ кунед». Ва инчунин сабр дараҷаи сиддиқон аст.
Аммо навъи саввум, ки аввалу охири он ба ихтиёри ту тааллуқ надорад, мусибат аст, чун марги фарзанд ва ҳалок шудани мол ва табоҳ шудани андомҳо, чун чашму гӯш ва ҷумла балоҳои осмонӣҳеч сабр фозилтар аз ин сабр нест. Ва ибни Аббос разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд, ки: «Сабр андар Қуръон бар се ваҷҳ аст: сабр андар тоат сесад дараҷа андар савоб бияфзояд ва дигар сабр аз он чи ҳаром аст, шашсад дараҷа аст, саввум сабр бар маъсият ва ин сесад дараҷа аст ва бидон, ки сабр бар бало дараҷаи сиддиқон аст». Ва аз ин бувад, ки расул алайҳиссалом гуфт:
«Андар дуо: Бор Худоё, моро чандон яқин арзонӣ дор, ки масоиб бар мо осон шавад». Ва расул алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Худои таъоло гуфт: ҳар бандаро, ки бало фиристодам ва сабр карду гила накард фаро халқ, агар бибарам ба раҳмати хеш бибарам». Ва Довуд алайҳиссалом гуфт: «Бор Худоё, чист ҷазои он ки дар мусибат сабр кунад барои ту?» Гуфт: «Он ки вайро хилъати имон дарпӯшам, ки ҳаргиз бознаситонам». Ва гуфт:
«Худои таъоло ҳамегӯяд: ҳар кӣ вайро мусибате фиристодам андар тани вай ва ё андар моли вай ва ё андар фарзанди вай, ба сабри некӯ пеши он бозомад, шарм дорам, ки бо вай ҳисоб кунам ва вайро ба мизон ва девон фиристам». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Интизори фарҷ ба сабр ибодат аст». Ва гуфт: «Ҳар киро мусибате расад, бигӯ: инналлоҳи ва инно илайҳи роҷеъуна-Аллоҳумма аҷирни мин мусибати ва аъқибни хайран минҳо»1
.
Ҳақ таъоло ин дуо аз вай иҷобат кунад. Ва гуфт: «Худои таъоло гуфт: ё Ҷабраил, донӣ, ки ҷазои касе, ки биноии чашми вай бозситадам, чист?
1 Мо аз они Худоем ва ба ӯ бозмегардем, Худовандо аз ин мусибат маро музд бидеҳ ва ивази некӯтар аз он иноят фармо.
Он ки дидори хеш вайро каромат кунам». Ва яке аз бузургон бар коғазе навишта будӣ: «Ва исбир лиҳукми раббика фа иннака биаъйунино»1 ва ҳар ранҷе, ки ба вай расидӣ ин коғаз аз ҷайб баровардӣ ва бархондӣ. Ва зани Фатҳи Мавсалӣ бияфтод ва нохуни вай бишикаст, бихандид, гуфт:
«Дардат намекунад». Гуфт: «Шодии савоб маро аз дард ғофил бикард». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Аз бузург доштани Худои таъоло яке он аст, ки андар беморӣ гила накунӣ ва мусибат пинҳон дорӣ». Ва яке ҳамегӯяд:
«Солими Бӯҳазифаро дидам, ҷароҳат расида андар масоф ва афтода, гуфтам: об хоҳӣ? Гуфт: пои ман гир ва ба душман наздиктар каш ва об андар сабӯ кун, ки ман рӯза дорам, агар ба шаб расам, бихӯрам». Ва бидон, ки бад-он, ки бигиряд ё ба дил андӯҳгин шавад, фазилати сабр фавт нашавад, балки бад-он фавт шавад, ки бонг кунад ва ҷома бидарад ва шикоят кунад, ки расул алайҳиссалом бигирист, чун фарзанди вай, Иброҳим фармон ёфт, гуфтанд: «На аз ин наҳй кардӣ». Гуфт: «На, ки ин раҳмат аст ва Худой бар он кас, ки раҳим бувад, раҳмат кунад» ва гуфтанд, ки: сабри ҷамил он бувад, ки соҳиби мусибатро аз дигарон бознашиносад, пас ҷома даридан ва бар рӯй задан ва бонг кардан ҳаром аст, балки аҳвол бигардонидан ва изор ба сар фурӯ гирифтан ва дастор камтар кардан нашояд, балки бояд ки бидонад, ки бандае биёфарид бе ту ва боз бибарад бе ту, чунон ки Румайзо умми Салим зани Абӯталҳа гуфт:
«Шавҳари ман аз хона ғоиб буд ва писаре аз ман фармон ёфт, ҷома бар вай пӯшидам, чун бозомад, гуфт бемор чи гуна аст? Гуфтам: ҳеч шаб беҳтар аз ин шаб набудааст, пас таом биёвардам ва сер бихӯрдам ва хештан биёростам беҳтар аз он ки ҳар шабе, то ҳоҷати хеш аз ман гирифт, пас гуфтам: чизе орият ба фулон ҳамсоя додам, чун бозхостам, бисёр фарёд бикард». Гуфт: «Ин аҷаб аст, сахт аблаҳ мардумонанд?» Пас, гуфтам: «Он писараки ту ҳадяи Худои таъоло буд ва ба наздики мо орият бувад, акнун Худои таъоло бозхост ва бибурд». Гуфт: Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун ва бомдод бо расул алайҳиссалом ин ҳикоят бикард, ки дӯш чи рафт, гуфт шаби дӯшин бар шумо муборак бувад, ки бузург шабе будааст. Он гоҳ расул гуфт алайҳиссалом: «Андар биҳишт шудам, Румайзо зани Абӯталҳаро дидам».

пешина
аз 176
навбатӣ