Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва бидон, ки маъсият, агарчи ба табъ муштаҳӣ бувад; валекин андар ҳаққи тоиб ҳамчун ангубин бошад, ки пурзаҳр бувад, касе, ки як бор аз он бичашид ва ранҷи бисёр дид, чун дигар бор андешаи он кунад, мӯйҳои вай ба теғ хезад аз кароҳият ва шӯҳрати ҳаловати он ба хавфи забони он пӯшида шавад, бояд ки ин талхӣ дар ҳама маъосӣ ёбад: ки он маъсият, ки вай кард. Заҳр аз он бувад, ки андар вай сахати Ҳақ таъоло бошад ва ҳама маъосӣҳамчунин бувад.
Аммо иродате, ки аз ин пушаймонӣ хезад, ба се чиз тааллуқ дорад.
Андар ҳолу мозӣ ва мустақбал:
Аммо ҳол он, ки ба тарки ҳама маъсиятҳо бигӯяд ва ҳар чӣ бар вай фарз аст, бад-он машғул шавад, аммо мустақбал он, ки азм кунад, ки то охири умр бар ин сабр кунад ва ё Ҳақ таъоло ба зоҳир ва ботин аҳде маҳкам бикунад, ки ҳаргиз ба сари маъсият нашавад ва андар фароиз тақсир накунад, чун бемор, ки бидонад, ки мева вайро зиён медорад, азм кунад, ки нахӯрад, андар азм сустӣ ва тараддуд набувад; агарчи мумкин аст, ки шаҳват ғалаба кунад. Ва мумкин набувад, ки тавба ба сар тавонад бурд. Ба узлат ва хомӯшӣ ва луқмаи ҳалол, ки ба даст оварда бошад ё бар касби он қодир бувад ва то аз шубуҳот даст бинадорад, тавба тамом
1 Пӯшонидан, куффора шудан.
набувад ва то шаҳватро шикаста накунад, шубуҳотро даст банатавонад дошт. Ва ҳамчунин гуфтаанд, ки: ҳар кӣ шаҳвате бар вай муставлӣ шавад, ҳафт бор ба ҷаҳд даст бидорад, бар вай осон гардад баъд аз он. Ва аммо иродат ба мозии халқ аз он тааллуқ дорад, ки гузаштаро тадорук кунад, бад-он ки назар кунад, то чист бар вай аз ҳуқуқи Худой азза ва ҷалла ва аз ҳуқуқи бандагон, ки андар ин тақсир кардааст. Аммо ҳуқуқи Ҳақ таъоло ду қисм аст: фароиз ва тарки маъосӣ. Аммо фароиз, бояд ки бозандешад аз он рӯз, ки болиғ шудааст як як рӯз, агар намоз фавт кардааст ё ҷома пок надоштааст ё нияти вай дуруст набудааст, ки надониста бошад, ё андар асли эътиқоди вай халале ва шакке будааст, ки надониста бошад ҳама қазо кунад ва закот аз он рӯз боз, ки мол доштааст, агарчи кӯдак будааст, ҳисоб кунад ва ҳар чӣ бинадода ё ба мустаҳаққон нарасонидааст ва авоне заррин ва симин, ки доштааст ва закоти он бинадода, ҳамаро ҳисоб маълум кунад ва бидиҳад ва агар рӯза моҳи рамазон тақсир кардааст, он чи ба яқин донад, қазо кунад ва ҳар чӣ андар шак бувад ва ғолиби занн фаро гирад ва иҷтиҳод кунад он чи ба яқин донад, худро маҳсуб дорад ва боқӣқазо кунад, ин тамомтар бувад ва агар он чи ғолиби занн бувад, низ маҳсуб дорад ва боқӣқазо кунад, ин тамомтар бувад ва агар он чи ғолиби занн бувад, низ маҳсуб дорад, раво бошад. Аммо маъсиятҳо аз аввали булуғ бозҷӯяд аз чашму гӯш ва дасту забон ва меъда ва ҷумлаи аъзо, то чи маъсият кардааст, агар кабира кардааст, чун зино ва лавотат ва дуздӣ ва шурби хамр ва он чи ҳадди Худои таъоло воҷиб ояд, тавба кунад ва бар вай воҷиб нест, ки иқрор диҳад пеши султон то ҳадди вай биронанд, балки пинҳон дорад ва тадоруки он ба тоати бисёре ҳамекунад ва ҳар чӣ сағоир бувад, ҳамчунин: масалан агар ба номаҳрам нигариста бошад ё дасти бе таҳорат ба мусҳаф карда бошад ва ё ҷунуб андар масҷид нишаста бошад ё самоъи рӯдҳо карда бошад, ҳар якеро каффорат кунад бад-он чи зидди вай бошад, то онро маҳв кунад, ки Худои таъоло ҳамегӯяд: «Инна-л-ҳасаноти йузҳибна-с-саййиъоти», лекин ҳар чӣ зидд бувад, асари он беш бувад: каффорати самоъи рӯдҳо ба самоъи Қуръон ва маҷлиси илм кунад ва каффорати нишастан ба самоъи рӯдҳо ба нишастан кунад андар масҷидҳо ба ибодат ва эътикоф ва каффорати даст ба мусҳаф задан бе таҳорат ба икроми мусҳаф кунад ва бисёр хондани Қуръон ва каффорати шароб хӯрдан бад-он кунад, ки шаробе ҳалол, ки дӯст дорад, он нахӯрад ва ба садақа диҳад, то ба ҳар зулмате, ки аз он ҳосил омадааст, нуре аз ин ҳосил ояд, ки онро маҳв кунад, балки каффорати ҳар шодӣ ва батаре, ки ба дунё кардааст, андӯҳе ва ранҷе бошад, ки аз дунё бикунад, чи ба сабаби шодӣ ва роҳати дунё дил ба дунё овехта шавад ва дар вай баста ояд ва ба ҳар ранҷе, ки бикушад, аз вай гусаста шавад ва нуфур гардад ва барои ин аст, ки андар хабар аст, ки: ҳар ранҷе, ки мӯъминро расад, агар ҳама хоре бувад, ки андар пои ӯ шавад, каффорати гуноҳони аввали ӯ шавад: ва расул алайҳиссалом гуфт: «Баъзе гуноҳ аст, ки онро ҷуз андӯҳи каффорат набувад ва андар як хайр андӯҳи иёл ва маишати онро каффорат кунад». Ва Оиша разийаллоҳу анҳо ҳамегӯяд: «Бандаро, ки гуноҳ бисёр бувад ва тоат надорад, ки каффорати он кунад, Худои таъоло андӯҳ бар дили вай афканад, то каффорат он бувад ва гумон мабар, ки ин андӯҳ ба ихтиёри вай нест ва бошад, ки аз кори дунё андӯҳгин бошад ва ту гӯӣ ин худ хатияте аст, каффорат чун бувад?» Бидон, ки ин на чунин бувад, балки ҳар чи дили туро аз дунё нуфур кунад, хайри туст, агарчи на ба ихтиёри туст, ки агар ба дил он шодӣ рондан мурод будӣ, дунё биҳишти ту будӣ ва Юсуф алайҳиссалом аз Ҷабраил алайҳиссалом пурсид, ки: «Чун гузоштӣ он пири андӯҳгинро?» Гуфт: «Ба андӯҳи сад модари фарзандкушта». Гуфт: «Вайро иваз андар ин чист?» Гуфт: «Савоби сад шаҳид». Аммо дар мазолими бандагон бояд, ки ҳисоби муомилаи хеш бо ҳама халқ бикунад, балки ҳисоби маҷолисат ва сухан гуфтан, то ҳар киро бар вай ҳаққе аст, моле ё он ки вайро ранҷонидааст ва ғайбат карда ва аз ӯҳдаи ин берун ояд ва ҳар чӣ боздоданӣ аст, боздиҳад: ва аз ҳар кӣ биҳилле бибояд хост, бихоҳад ва агар касеро куштааст, хеш ба ворис таслим кунад, то қасос кунанд ё афв кунанд ва ҳар чӣ бар вай ҳосил ояд аз дираме ё донге ё ҳаббае, Худованд онро дар олам талаб кунад ва боздиҳад ва агар наёбад, ба ворис диҳад ва ин сахт душвор бувад бар уммол ва бозориён, ки муомилаи эшон бисёр бувад ва бар ҳама кас душвор бувад андар ҳадиси ғайбат ҳамаро талаб кардан ва чун мутаъаззир шуд, ҳеч тариқи дигар намонад, магар он ки дар тоат ҳамеафзояд, то чандон тоат ҷамъ шавад, ки чун ин ҳуқуқ аз тоати вай бигузоранд, андар қиёмат кифояти гуноҳ бувад.
– ФАСЛ –
(Ҳашт кор пас аз гуноҳ каффорати гуноҳ бувад) Ҳар кӣ андар давоми тавбаи вай бар гуноҳе бувад, бояд ки ба зудӣ ба каффорат ва ба тадоруки он машғул шавад ва осори далел кунад бар он, ки ҳашт кор аст, ки чун пас аз гуноҳ биравад, каффорати гуноҳ бувад; чаҳор андар дил аст: яке тавба ё азм андар тавба ва дӯстии он ки дигар бор он накунад ва бими он ки бар он муоқиб бошад ва умеди авф. Ва чаҳор ба тан аст: яке он ки ду ракъат намоз ва пас аз он ҳафтод бор истиғфор кунад ва сад бор бигӯяд субҳонал-лоҳилъазим ва биҳамдиҳи ва садақа бидиҳад он миқдор, ки тавонад ва як рӯз рӯза дорад ва андар баъзе осор аст, ки таҳорате некӯ бикунад ва андар масҷид шавад ва ду ракъат намоз бикунад; ва андар хабар аст, ки чун гуноҳе кардӣ, андар сар тоате бикун, то каффорате бувад ва чун ошкоро кардӣ, тоате ошкоро бикун; ва бидон, ки истиғфор ба забон, ки дил андар миён набошад, бас фоида надиҳад ва ширкати дил бад-он бувад, ки андар вай ҳаросе ва тазаррӯъе бошад андар талаби мағфират ва аз ташвир ва хиҷлат холӣ набувад ва чун ин бувад, агарчи азми мусаммам накардааст, умедвор бувад ва бар ҷумла истиғфор ба забон ва ғафлати дил ҳам аз фоидае холӣ набошад: ки забонро аз беҳуда манъ кунад ва аз хомӯшӣ низ беҳтар бувад, ки забон чун ба хайр одат кард, майл ба калимаи истиғфор беш кунад аз он ки ба лаъбу ҳазён ва ғайри он. Муриде Бӯусмони Мағрибиро гуфт: «Вақт бошад, ки забони ман ба зикре ҳамеравад бе дил». Гуфт: «Шукр кун, ки як узви туро ба хидмат бигузоштаанд». Ва андар ин шайтонро талбис аст, ки туро гӯяд: забон аз зикр хомӯш кун, ки чун дил ҳозир набошад, беҳурматӣ бошад ва халқ андар ҷавоби шайтон ба се қисм шудаанд: яке собиқ, ки гуфт, рост гӯӣ, лоҷарам кӯрии туро дил низ ҳозир кунам, ин намак бар ҷароҳати шайтон пароканд ва яке золим, ки гуфт, рост гӯӣ, андар ҳаракати забон фоидае набошад, хомӯш биистад ва пиндорад, ки зиракӣ бикард ва ба ҳақиқат ба дӯстии шайтон бархост ва се дигар муқтасид, ки гуфт, агар дил ҳозир натавонам кард, охир зикр бар забон беҳтар аз хомӯшӣ, агарчи зикр ба дил беҳтар аз он, чунон ки подшоҳӣ беҳтар аз саррофӣ ва саррофӣ беҳтар аз канносӣ ва шарт нест, ки ҳар кӣ аз подшоҳӣ оҷиз шавад, аз саррофӣ низ даст бидорад ва ба канносӣ шавад!
Пайдо кардани илоҷи касоне, ки тавба накунанд Он аст, ки бидонӣ, ки ба чӣ сабаб исрор ҳамекунанд бар маъсият ва тавба чаро ҳаменакунанд ва он асбоб панҷ аст ва ҳар якеро илоҷе дигар аст:
Сабаби аввал — он аст, ки ба охират имон надорад ё андар он ба шак бувад ва илоҷи ин андар китоби «Ғурур» андар охири муҳликот бигуфтем.
Сабаби дуввум — он бувад, ки шаҳват чунон ғолиб шуда бувад, ки тоқат надорад, ки ба тарки он бигӯяд ва лаззат чунон бар вай муставлӣ шуда бошад, ки вайро ғофил медорад аз хатари кори охират ва ҳиҷоби бештари халқ аз шаҳавот аст. Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Чун Ҳақ таъоло дӯзахро биёфарид, Ҷабраилро алайҳиссалом гуфт: бинигар.
Чун бинигарист, гуфт: ба иззати ту, ки ҳеч кас сифати вай нашунид, ки андар он ҷо шавад. Пас шаҳавотро Ҳақ таъоло гирд бар гирди дӯзах биёфарид ва гуфт бинигар, гуфт: бинигаристам, ҳаметарсам, ки ҳеч кас намонад, ки андар дӯзах афтад; ва биҳиштро биёфарид. Ва гуфт: бинигар
— бинигаристам, ҳеч кас набувад, ки сифати ин бишунавад, ки на ба вай шитобад, пас маккораро корҳои талхро, ки дар роҳи биҳишт аст гирд бар гирди биҳишт биёфарид. Ва гуфт: бинигар, чун бинигарист, гуфт: ба иззати ту, ки ҳаметарсам, ки ҳеч кас андар биҳишт наравад аз бас ранҷ, ки дар роҳи вай аст».
Сабаби саввум — он ки охират ваъда аст ва дунё нақд ва табъи одамӣ ба нақд моил аст ва ҳар чӣ нася аст, ки аз чашми вай дур аст, аз дили вай низ дур аст.
Сабаби чаҳорум — он ки ҳар кӣ мӯъмин аст, бар азми тавба аст ҳама рӯз, валекин таъхир мекунад, то фардо ва ҳар шаҳват, ки пеш ояд, гӯяд ин бикунам ва низ накунам.
Сабаби панҷум — он ки гуноҳ воҷиб нест, ки ба дӯзах барад, балки афв мумкин аст ва одамӣ андар насиби худ некӯгумон бошад, чун шаҳват бар вай ғолиб шуд, ҳамегӯяд, ки Ҳақ таъоло афв кунад ва умед ҳамедорад ба раҳмат.
Аммо илоҷи сабаби аввал, ки ба охират имон надорад, гуфтаем. Аммо илоҷи он ки охират нася пиндорад ва тарки нақд ҳаменагӯяд ва охират, ки аз чашм дур аст, аз дил дур ҳамедорад он аст, ки бидонад, ки ҳар чӣ лобуд бихоҳад омад, омада гир ва чандон аст, ки чашм фароз кард ва бимурд, нақд шуд ва бошад, ки ҳам имрӯз ва ҳам ин соат бувад, ки он нася нақд гардад ва ин нақд гузашта шавад ва чун хобе гардад. Аммо агар ба тарки лаззот ҳамебинатавонад гуфт, бояд ки бидонад, ки чун як соат тоқати сабр кардан аз шаҳавот намедорад, андар дӯзах тоқати оташ чун дорад ва тоқат аз лаззоти биҳишт чун хоҳад дошт? Ва агар бемор шавад ва ҳеч чиз ба наздики вай аз оби сард набувад, агар табибе ҷуҳуд вайро гӯяд, ки ин оби сард туро зиён дорад, чӣ гуна шаҳвати хешро хилоф кунад бар умеди шифо, пас умеди подшоҳии абад ба қавли Ҳақ таъоло ва расул алайҳиссалом авлотар, ки сабаби тарки шаҳавот бувад. Аммо он ки андар тавба тасвиф1ҳамекунад, вайро гӯянд таъхир ҳамекунӣ, то фардо ва омадани фардо ба дасти ту нест, бошад, ки наёяд ва ту ҳалок шавӣ ва бадин сабаб аст, ки андар хабар аст, ки: «Бештари фарёди аҳли дӯзах аз
1 Имрӯз ва фардо кардан.

пешина
аз 176
навбатӣ