Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Камёб.
3 Замондор, тӯлонӣ, саъбулилоҷ.
бошад, ки сареҳ бигӯянд, ки ин ҳадиси дӯзах чунон бувад, ки кӯдакеро гӯянд, агар ба дабиристон наравӣ, туро дар хонаи мушон кунанд ва ин мудаббир, агар андар ин мисол нигоҳ кунад, донад, ки он идбор, ки кӯдакро афтад аз ношудан ба дабиристон аз хонаи мушон батар аст, чунон ки аҳли басират бидонистаанд, ки идбори ҳиҷоб аз Ҳақ таъоло аз дӯзах батар аст ва сабаби он мутобеъати ҳавост, валекин инкори ин мувофиқи табъ аст ва ин ғолиб шудааст бар ботини бисёре аз халқ андар охируззамон, агарчи бар забон нагӯянд ва бошад, ки бар хештан низ пӯшида доранд, валекин муомилати эшон бар он далел кунад; чи ақли эшон чунон аст, ки аз бими ранҷи мустақбал андар дунё бисёр ранҷ бикашанд, агар хатаре дар охират эътиқод дорандӣ, осон нагирандӣ. Ва илоҷи ин он бувад, ки ҳақиқати охират вайро маълум шавад ва онро се тариқ аст:
Тариқи аввал — он, ки ба мушоҳидати биҳишту дӯзах ҳоли мутеъ ва осӣ бибинанд ва ин ба пайғамбарон ва авлиё махсус бошад, ки эшон, агарчи андар ин ҷаҳон бошанд андар он ҳолате, ки бад-эшон дарояд, ки онро фано гӯянд — аҳволи он ҷаҳон ба мушоҳидат бибинанд, ки ҳиҷоб аз он мушоҳидат шуғли ҳавос аст ва машғалаи шаҳавот ва ба маънии ин ишорате карда омадааст андар унвони китоб ва ин бағоят азиз бувад ва он, ки ба охират имон надорад, ба дин куҷо имон дорад ва куҷо талаб кунад, ки расад?!
Тариқи дуввум — он аст, ки ба бурҳон бишиносад, ки ҳақиқати одамӣ чист ва рӯҳи вай чист, то маълум шавад, ки вай ҷавҳаре аст қоим ба нафси худ ва аз ин қолиб мустағнӣ аст ва ин қолиб мураккаб ва олати вай аст, на қивоми вай ва ба нестии вай нест нашавад ва ин тариқе ҳаст, валекин сахт душвор аст ва роҳи уламои росих1 аст андар илм ва бад-ин низ ишорате карда омадааст андар унвони китоб.
Тариқи саввум — ва он тариқи умуми халқ аст, он аст, ки нури ин маърифат сироят кунад аз анбиё ва авлиё ва росихон андар илм ба касоне, ки эшонро бибинад ва бо эшон сӯҳбат кунанд ва инро имон гӯянд ва ҳар киро сӯҳбати пири пухта ва ё олиме мутаварреъ мусоидат кард, андар шақоват намонад ва ҳарчанд, ки пир ва олим бузургтар, имон, ки аз сирояти нури вай бошад азимтар ва аз ин бувад, ки некбахттарин мардум саҳоба буданд ба сабаби саодати мушоҳидаи аҳволи мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва он гоҳ тобеъин ба сабаби саодати мушоҳидаи саҳоба ва аз ин гуфт расул алайҳиссалом: «Хайру-носи қарни сумма-л-лазина
1 Донишмандоне, ки дар илм ба мартабаи камол ва пухтагӣ расидаанд.
йалунаҳум»1 ва мисоли ин қавм чунон бувад, ки кӯдаке падари хешро бинад, ки ҳар куҷо ки море бинад, аз вай бигурезад ва хона ба вай бигузорад ва ин борҳо дида бошад вайро ба зарурат имоне ҳосил ояд бадон, ки мор бад аст ва аз вай бибояд гурехт ва чунон шавад, ки ба табъ ҳар куҷо, ки мор бинад, бигурезад бе он ки ҳақиқати зарари он бидонад; ва бошад, ки бишунавад, ки андар вай заҳр аст ва аз ин заҳр ном донад ва ҳақиқат надонад, валекин хавфе тамом ҳосил ояд ва масали мушоҳидаи анбиё чунон бувад, ки бинад, ки касеро бигазид ва бимурд ва дигареро бигазид ва низ бимурд, заруре ба мушоҳидат маълум шавад ва ин мунтаҳои яқин бувад; ва мисли уламои росих бувад, ки ин надида бошад, валекин ба навъе аз қиёси мизоҷи одамӣ бидониста бошад ва мизоҷи мор бидониста ва музодат миёни эшон бидониста ва бад-ин низ яқин ҳосил ояд, валекин на чун мушоҳидат бувад ва имони ҳама халқ, илло уламои бузург ҳама аз сирояти сӯҳбати уламо ва бузургон хезад ва илоҷи қарибтарин ин аст.
Мисоли дуввум — залоли он аст, ки гурӯҳе охиратро мункир набошанд ва нобудани вай ба қатъ имон накардаанд, валекин андар он муттаҳайир бошанд ва гӯянд, ба ҳақиқат наметавон шинохт, пас шайтон далел фаро пеши эшон ниҳад, то гӯянд: дунё яқин аст ва охират шак ва яқин ба шак натавон дод ва ин ботил аст, чи охират яқин аст ба наздики аҳли яқин. Валекин илоҷи ин мутаҳаййир он аст, ки гӯянд, ки талхии дору яқин аст ва шифо шак ва хатари нишастан андар дарё яқин аст ва суди тиҷорат шак; ва агар касе туро гӯяд дар ҳоли ташнагӣ, ки ин об махӯр, ки море даҳон андар вай кардааст, лаззати об яқин аст ва заҳр шак, чаро даст бидорӣ? Валекин гӯӣ, агар ин яқин фаро гузорам, зиёни ин саҳл бувад ва салимтар, ки агар ҳадиси заҳр рост гӯяд, ҳалок бошад ва бад-он сабр натавон кард; ҳамчунин лаззати дунё беш аз сад сол нест ва чун гузашт, хобе гардад ва охират ҷовид аст ва бо ранҷ бозӣ натавон кард, агар дурӯғ аст, ҳамон инкор, ки рӯзе чанд андар дунё набудӣ, чунон ки андар азал набудӣ ва андар абад набошӣ ва агар рост аст аз азоби Худованд бирастӣ. Ва бад-ин бувад, ки Алӣ разийаллоҳу анҳу он мулҳидро гуфт:
«Агар чунин аст, ки ту ҳамегӯӣ, ҳама растем ва агар не мо растем ва ту дар дӯзах афтодӣ».
Мисоли саввум — он, ки гурӯҳе ба охират имон доранд, валекин гӯянд он нася аст ва дунё нақд ва нақд аз нася беҳтар ва ин миқдор надонанд, ки нақд аз нася беҳтар бувад, ки ҳам чандон бувад, аммо агар нася ҳазор
1 Беҳтарин мардум он касонанд, ки дар рӯзгори ман ҳастанд ва Пас аз эшон касоне, ки пушти сари онҳо биёянд.
бувад ва нақд яке, нася беҳтар бувад, чунон ки ҳамаи халқро муомилат бино бад-ин аст ва ин низ аз ҷумлаи залол бошад, ки ин миқдор нашиносад; Мисоли чаҳорум — он, ки ба охират имон дорад, валекин чун ин ҷаҳон ба муроди вай бошад ва неъмати дунё бинад, гӯяд чунон ки ин ҷо дар неъматам, он ҷо низ дар неъмат бошам, ки Худои таъоло ин неъмат маро аз он дод, ки маро ҳаме дӯст дорад, фардо ҳам чунин кунад, чунон ки он ду бародар, ки қиссаи эшон андар сураи Ал-каҳф аст, ки он яке гуфт: «Ва лаъин рудидту ило рабби ло ҷиданна хайран минҳо мунқалабан»1. Ва он дигар гуфт: «Инни ли ъиндаҳу ли-л-ҳусни»2 ва илоҷи ин он аст, ки бидонад, ки касеро фарзанде азиз бошад ва ғуломе залил, фарзандро ҳама рӯз андар банди дабиристон ва чӯби муаллим дорад ва ғулом фурӯ гузошта бошад, то чунон ки мехоҳад, ҳамезияд: ки бо идбори вай бок надорад, агар ин ғулом пиндорад, ки ин ба дӯстии вай ҳамекунад, ки вайро аз фарзанд азизтар ҳамедорад, ин аз ҳамоқат бошад ва суннати Ҳақ таъоло он аст, ки дунёро аз авлиёи худ дареғ дорад ва бар душманони худ резад ва масали осоиш ва роҳати вай чун касе бувад, ки накорад ва коҳилӣ кунад, лоҷарам надаравад.
Мисоли панҷум — он аст, ки гӯяд Худо кариму раҳим аст, биҳишт аз ҳеч кас дареғ надорад ва он аблаҳ надонад, ки чи карам ва раҳмат бувад беш аз он, ки туро асбоби он фаро диҳад, ки дона андар замин афканӣ, то ҳафтсад бидаравӣ ва муддате андак варо ибодат кунӣ, то ба подшоҳии бениҳоят расӣ абадулабад ва агар маънии карам ва раҳмат он аст, ки бе он ки бикорӣ, бидаравӣ, ҳиросат ва тиҷорат ва талаби зарқ чаро ҳамекунӣ? Бекор ҳамебош, ки Худой карим ва раҳим аст ва қодир аст, ки бе тухму парвариш набот бирӯёнад, чун бад-ин карам имон надорӣ, бо он ки ҳамегӯяд «Ва мо мин доббатин фи-л-арзи илло ъалаллоҳи ризқуҳо»3
.
Ва он гоҳ андар охират ин эътиқод кунӣ бо он ки ҳамегӯяд: «Ва ин лайса ли-л-инсони илло мо саъо»4? Ин аз ниҳояти гумроҳӣ бошад, чунон ки расул гуфт: «Ал-аҳмақу мина-т-табаъа нафсаҳу ҳавоҳо ва таманно ъалаллоҳи ъазза ва ҷалла»5 ва чунон ки касе умеди фарзанд дорад, бе он ки никоҳ кунад ё сӯҳбат кунад ва тухм нигоҳ дорад, аблаҳ бошад — бо он ки Худой карим аст ва бар офаридани фарзанд бе тухм қодир аст — ва он, ки сӯҳбат кунад ва тухм биниҳад ва бар умед бинишинад, то бувад, ки Ҳақ
1 Ва чун ба Худои худ бозгардам, беш аз ин ба ман хайру некӣ хоҳад расид.
2 Барои ман назди парвардигорам некиҳое аст.
3 Ҳеч ҷунбандае дар замин нест, ки Худой рӯзии вайро нарасонад.
4 Нест барои инсоне ҷуз он андоза, ки саъйу кӯшиш кардааст.
5 Аҳмақ касе аст, ки хоҳиши нафсро пайравӣ кунад ва ба Худой чашм дорад.
таъоло офат боздорад, то фарзанд падид ояд, оқил аст, ҳамчунин он, ки имон наёрад ё имон орад ва амали солеҳ накунад ва умеди наҷот дорад, аблаҳ аст ва он, ки ин ҳар ду бикунад ва умед ҳамедорад ба фазли Ҳақтаъоло, то аз савоъиқ боздорад андар вақти марг, то имон ба саломат бибарад, ин оқил аст ва он дигар мағрур ва он қавм, ки ҳамегӯянд, ки:
Худой моро андар ин ҷаҳон некӯ дошт, андар он ҷаҳон низ некӯ дорад, ки худ карим ва раҳим аст, ба Ҳақ таъоло ғарра шудаанд ва он қавм, ки ҳамегӯянд, ки: дунё нақд ва яқин аст ва охират нася ва шак, ба дунё ғарра шудаанд ва Ҳақ таъоло аз ҳар ду ҳазар фармудааст ва гуфта: «Йо аййуҳан-носу инна ваъдаллоҳи ҳаққун фалотағурра такуму-л-ҳайота-д-дунйо ва ло йағурратакум биллоҳи-л-ғуруру — бо мардумон, он чи ваъда додаам, ҳақ аст: ки ҳар кӣ нек кунад, нек бинад ва ҳар кӣ бад кунад, бад бинад; ин ваъда ҳақ аст, то ба дунё ғарра нашавӣ ва ба Ҳақ таъоло ғарра нашавӣ».
Пайдо кардани пиндор ва илоҷи он
Бидон, ки аҳли пиндор мағруранд ва ин қавм касонеанд, ки ба хештан ва амали хештан гумони некӯ баранд ва аз офати он ғофил бошанд ва набаҳра аз холис бознашиносанд, бад-он ки саррофӣ тамом наёмӯхтаанд ва ба рангу сурат ғарра шудаанд ва он касоне, ки ба илму ибодат машғуланд ва аз ҳиҷоби ғафлат ва залолат берунанд, аз сад наваду нӯҳ мағруранд! Ва бад-ин бувад, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Рӯзи қиёмат Одамро гӯянд: насиби дӯзах аз фарзандони хеш берун кун, гӯяд: аз чанд чанд? Гӯянд: аз ҳазор нӯҳсаду наваду нӯҳ». Ва ин на он бошанд, ки ҳамеша андар дӯзах буванд, валекин эшонро аз гузар бар дӯзах чора набувад:
гурӯҳе аҳли ғафлат бошанд ва гурӯҳе аҳли залолат ва гурӯҳе аҳли ғурур ва гурӯҳе аҳли аҷз, ки асири шаҳавоти хешанд, агарчи ҳамедонистанд, ки муқассиранд ва аҳли пиндор бисёранд ва аснофи эшон андар шумор наёяд, валекин аз чаҳор табақа берун наянд: уламо ва обидон ва сӯфиён ва арбоби амвол:
Табақаи аввал — аз аҳли пиндор уламоянд, ки гурӯҳе аз эшон рӯзгори худ ҳама дар илм кунанд, то улум ҳосил кунанд ва андар муомила тақсир кунанд ва дасту забон ва чашм ва фарҷ аз маъосӣ нигоҳ надоранд ва пиндоранд, ки эшон андар илми худ ба дараҷае расидаанд, ки эшонро азоб набувад ва ба муомила маъхуз набошанд, балки ба шафоати эшон ҳама наҷот ёбанд ва масали эшон чун беморе аст, ки илми иллати хеш бархонад ва ҳама шаб такрор ҳамекунад ва ба сухане некӯ бинависад ва шурути доруи иллат нек бидонад ва ҳаргиз шарбат бинахӯрад ва бар талхии вай сабр накунад, такрори сифати шарбат вайро куҷо суд дорад?
Ва Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Қад афлаҳ мин тазаккӣ». Ва дигар ҳамегӯяд: «Ва наҳайа-н-нафса ъани-л-ҳаво». Ҳамегӯяд: «Илоҷ касеро бувад, ки пок гардад — на бад-он ки илми покӣ биёмӯзад». Ва ба биҳишт касе расад, ки ҳавои худро хилоф кунад — на он, ки бидонад ҳаворо хилоф набояд кард.

пешина
аз 176
навбатӣ