Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва ин салим дилро агар ин пиндор аз он ахбор хоста бошад, ки андар фазли илм омадааст, чаро он ахбор, ки андар ҳаққи уламои бад омадааст, барнахӯрад? Ки андар Қуръон ӯро ба хар монанд кардааст, ки китоб андар пушт дорад ва ба саг монанд кардааст. Ва мегӯяд: «Олими бадро дар дӯзах андозанд, чунон ки пушту гардани вай бишиканад ва оташ вайро бигардонад, чунон ки хари осиро гардонад ва ҳама аҳли дӯзах бар вай гирд оянд, ки ту кистӣ ва ин чи накол аст?» Гӯяд: «Ман онам, ки фармудам ва накардам!». Ва расул алайҳиссалом ҳамегӯяд, ки: «Азоби ҳеч кас дар қиёмат азимтар аз азоби олиме нест, ки вай ба илми хеш кор накард». Ва Бӯдардо ҳамегӯяд: «Вой бар он, ки надонад як бор ва вой бар он, ки бидонад ва бад-он кор накунад ҳафт бор яъне, ки илм бар вай ҳуҷҷат шавад». Ва гурӯҳе андар илму амал ҳар ду тақсир накарданд, валекин ҳама аъмоли зоҳир ба ҷой оварданд ва аз таҳорати дил ғофил монданд ва ахлоқи бад аз ботин берун накарданд, чун кибру риё ва ҳасаду талаб риёст ва бад хостан ақрони хешро ва шод шудан ба ранҷи эшон ва андӯҳгин будан ба роҳати эшон ва аз ин ахбор ғофил шуданд, ки ҳамегӯяд: «Андак риё ширк аст — ва андар биҳишт касе, ки андар дили вай як зарра кибр аст ва ҳасад имонро чунон табоҳ кунад, ки оташ ҳезумро». Ва он, ки ҳамегӯяд: «Ҳақ таъоло ба сурати шумо нанигарад, ба дилҳои шумо нигарад».
Пас, масали ин қавм чун касе аст, ки чизе бикорад ва вайро хору гиёҳ аз асл мебибояд канд, то кишти вай қувват гирад, пас ин хошок сар аз замин ҳамебарорад, сари он ҳамедаравад ва бехи он андар замин ҳамегузорад, ҳарчанд, ки буррад, зиёдат болад1 ва бехи аъмоли бад ахлоқи бад аст ва асл он бувад, ки он канда шавад; балки мисоли ин чунон аст, ки касе ботини палид дорад ва зоҳири вай ороста: чун таҳоратҷой бошад, ки берун гач карда бошад ва андарун парокандагӣ ва наҷосат, ё чун гӯри ороста, ки берун ба нигор бувад, андарун мурдор ва чун хонаи торик, ки шамъ бар боми вай ниҳода бошад. Ва Исо алайҳиссалом олими бадро ташбеҳ кардааст ва гуфта:
«Чун мошуе2 мебошад, ки орд аз вай ҳамефурӯ резад ва сабӯс андар вай ҳамемонад», эшон низ сухани ҳикмат мегӯянд ва он чи бад бувад, дар эшон
1 Болидан: нумӯ кардан — баромадан.
2 Ғирбол.
ҳамемонад.
Ва гурӯҳе дигар дониста бошанд, ки ин ахлоқи бад аст ва аз ин ҳазар бояд кард ва дил аз ин пок бояд дошт, валекин пиндоранд, ки дили эшон аз ин пок аст ва эшон бузургтар аз он бошанд, ки ба чунин чизе мубтало шаванд, ки эшон илми ин аз ҳама беҳтар донанд; ва чун андар эшон асари кибр пайдо ояд, шайтон эшонро гӯяд: ин на кибр аст, ки талаби эзад ин аст, агар ту азиз набошӣ, ислом азиз набувад. Ва агар ҷомаи некӯ андар пӯшанд ва асбу сохт ва таҷаммул созанд, гӯянд ин на руунат аст, ки ин кӯри душманони иҳли дин аст, ки мубтадиъон бад-ин кӯр шаванд, ки уламо ба таҷаммул бошанд; ва сирати расул алайҳиссалом ва Абӯбакр ва Умар ва Усмон ва Алӣ разийаллоҳу анҳум — ва ҷомаи халақи эшон фаромӯш кунанд ва пиндоранд, ки он чи эшон ҳамекарданд, хор доштанд, ислом бувад ва акнун ислом ба таҷаммули вай азиз хоҳад шуд?
Ва агар ҳасад андар эшон падид ояд, гӯяд: ин салобати ҳақ аст; ва агар риё падид ояд, гӯяд: ин маслиҳати халқ аст, то тоат бишиносанд ва иқтидо кунанд ва чун ба хидмати салотин шаванд, гӯянд: ин на тавозӯъ аст золимро, ки он ҳаром аст, балки барои шафоати мусулмонон аст ва маслиҳати эшон ва агар моли ҳароми эшон биситонанд, гӯянд: ин ҳаром нест, ки инро молик нест ва андар масолеҳ бояд кард ва маслиҳати ислом андар ман бастааст ва агар инсоф диҳад ва ҳисоб баргирад, донад, ки маслиҳати дин беш аз он нест, ки халқ аз дунё эъроз кунанд ва касоне, ки ба сабаби вай андар дунё рағбат карда бошанд, беш аз он бувад, ки аз дунё эъроз карда бошанд, пас иззи ислом андар нобудани вай баста бошад ва маслиҳат он аст исломро, ки вай ва амсоли вай набошанд. Ин ва амсоли ин пиндорҳо ва ғурурҳои ботил аст ва илоҷ ва ҳақиқати ин андар ин усул, ки аз пеш рафтааст, бигуфтаем ва бозгуфтани он дароз бувад.
Ва гурӯҳе худ андар нафси илм ғалат карда бошанд ва он чи аз илм муҳимтар бувад, чун тафсир ва ахбор ва илм муомилаи дил ва илм ва ахлоқ ва тариқи риёзат ва он чи андар ин китоб биёвардаем ва унвон ва офоти муомилаи роҳи дин ва тариқи муроқибати дил, ки ин ҳама фарзи айн аст, худ ҳосил накарда бошанд ва надонанд, ки ин аз ҷумла улум аст ва ҳама рӯзгор ё андар ҷадал ва мунозира ва ё андар таассуби калом ё андар фатовии хусумоти халқ андар дунё ва ҷимои илмҳо, ки вайро аз дунё ба охират нахонад ва аз ҳирс ба қаноат нахонад ва аз риё ба халос нахонад ва аз ғафлат ва эминӣ ба хавф ва тақво нахонад, ҳама рӯзгор бадон мустағриқ доранд ва пиндоранд, ки худ илм ҳама он аст ва ҳар кӣ рӯй ба дини дигар овард, аз илм эъроз кард ва илмро маҳҷур гардонд ва тафсили ин пиндорҳо дароз аст ва андар китоби ғурур андар «Эҳё»
овардаем, ки ин китоб тафсили эҳтимол накунад.
Ва гурӯҳе ба илми ваъз машғул бошанд ва сухани эшон ҳама саҷъу шеър ва нуктаву томот бувад ва иборати он ба даст ҳамеоранд ва мақсуди эшон он бувад, то халқ наъра зананд ва бар эшон сано гӯянд ва ин миқдор надонанд, ки асли тазкир он аст, ки оташи мусибате андар дил пайдо ояд, ки хатари кори охират бинад, пас ба навҳагарии ин мусибат машғул шавад ва тазкири воиз навҳаи ин мусибат бошад, аммо навҳагарӣ, ки мотамолуд набошад ва сухани ориятӣҳамегӯяд, андар дил ҳеч асар накунад ва мағрури ин қавм низ бисёранд ва шарҳи он дароз бувад.
Ва гурӯҳе дигар рӯзгор ба фиқҳи зоҳир бурдаанд ва нашинохта бошанд, ки ҳадди фиқҳ беш аз он нест, ки қонуне, ки бад-он султон халқро сиёсат кунад, нигоҳ дорад, аммо он чи ба роҳи охират тааллуқ дорад, илми он дигар аст ва пиндоранд, ки ҳар чӣ андар фиқҳи зоҳир рост бувад, андар охират суд дорад ва мисоли он бувад, ки касе моли закот андар охири сол ба зан фурӯшад ва моли вай бихарад, фатвои зоҳир он бувад, ки закот аз вай бияфтад, яъне соъии султонро1 нарасад, ки аз вай закот хоҳад, чи назари вай ба зоҳири мулк бувад ва мулк бурида шуд пеш аз тамомии сол ва бошад, ки бад-ин фатво кор кунад ва ин миқдор надонад, ки он кас, ки чунин кунад ба қасди он, то закот бияфтад, андар мақти Ҳақ таъоло бувад ҳамчунин касе бувад, ки закот бинадиҳад: чи бухл муҳлик аст ва закот таҳорат аст аз палидии бухл ва муҳлик бухле бувад, ки маттоъ бошад ва ин ҳилат ниҳодан тоати бухл аст ва чун бухл бад-ин маттоъ гашт, ҳалоки тамом шуд, наҷот чун ёбад?! Ва ҳамчунин ҳар шавҳаре, ки ба зани хеш хӯи бад фаро пеш гирад ва вайро ба ранҷондан гирад, то ковин бидиҳад, андар фатвои зоҳир, ки ба маҷлиси ҳукм тааллуқ дорад ин абро2 дуруст бувад: ки қозӣ ин ҷаҳон роҳ фароз ба он дорад, на фаро дил, аммо дар он ҷаҳон маъхуз бувад, ки ин абро ба як роҳ буда бошад ва ҳамчунин чун бармало аз касе чизе хоҳад ва он кас аз шарм бидиҳад, андар фатвои зоҳир ин мубоҳ бувад ва андар ҳақиқат ин мусодира3 бувад, ки фарқ набувад миёни он, ки ба тозиёнаи шарм дили вайро бизанад, то аз ранҷи дил он мол бидиҳад ва миёни он, ки ба зоҳир ба чӯб бизанад ва мусодира кунад. Ин ва амсоли ин бисёр аст ва касе, ки ҷуз фиқҳи зоҳир надонад андар ин пиндор бувад ва ин дақоиқ аз сари дин фаҳм накунад.
Табақаи дуввум — зоҳидон ва обидонанд ва аҳли пиндор низ андар миёни эшон бисёранд: гурӯҳе мағруранд бад-он ки ба фазоил аз фароиз
1 Маъмури давлат.
2 Замаи касеро аз воме барӣ кардан.
3 Моли касеро ба ҷавру ситам ғасб кардан.
бозмонанд, чун касе, ки вайро васвасаи таҳорат бошад, ки бад-он сабаб намоз аз вақт бияфканад ва модару падару рафиқро сухани дурушт гӯяд ва гумони баъид андар наҷосати об ба наздики вай қариб бувад ва чун фаро луқмае расад, пиндорад ҳама чизе ҳалол аст ва бошад, ки аз ҳароми маҳз ҳазар накунад ва по бе поҳабла1 бар замин наниҳад ва ҳароми маҳз ҳамехӯрад ва сирати саҳоба фаромӯш кунад; ва Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Ҳафтод бор аз ҳалол даст бидоштам аз бими он, ки андар ҳаром наяфтам ва бо ин ба ҳам аз сабӯи пиразане тарсо таҳорат кард, пас ин қавм эҳтиёти луқма бо эҳтиёти таҳорат овардаанд ва бошад, ки агар касе ҷомае, ки гозур шуста, бипӯшад, пиндоранд, ки гуноҳе азим аст ва расул алайҳиссалом ҷомае, ки куффор ба ҳадя фиристодандӣ, андар пӯшидӣ ва ҳар ҷома, ки аз ғанимати куффор биёвардандӣ, бипӯшидӣ, ӯ ва саҳоба ва ҳаргиз кас ҳикоят накард, ки бар об бар овардандӣ, балки силоҳи куффор бар миён бастандӣ ва бо он намоз кардандӣ ва нагуфтандӣ, ки бошад, ки об фаро оҳан дода бошанд ё лак2 андар вай карда бошанд ё пӯст, ки пироста бошанд, ба шарти намоз накарда бошанд, пас ҳар кӣ андар меъда ва андар забон ва дигар аъзо ин эҳтиёт накунад ва дар ин муболиға кунад, зуҳакаи3 шайтон бувад, балки агар ҳама ба ҷо оварад, чун ба об рехтан ба исроф расад, ё намоз аз аввали вақт даргузарад ҳам мағрур бошад ва ҳар кӣ ин эҳтиёт, ки андар китоби таҳорат гуфтаанд, ба ҷой тавонад овард, кифоят бошад».
Ва гурӯҳе, ки васваса бар эшон ғолиб шавад андар нияти намоз, то бонг ҳамедоранд ё даст ҳамеафшонанд, бошад, ки ракъати аввал фавт кунанд ва ин миқдор надонанд, ки нияти намоз ҳамчунон нияти вом гузоридан ва закот додан аст ва ҳеч кас аз эшон закот дигарбора бинадиҳанд ва вом дигарбора надиҳанд бар васвасаи ният. Ва гурӯҳеро васваса андар ҳуруфи сураи Алҳамд бувад, то аз махориҷ берун оваранд ва вайро дил бо маънӣ бояд дошт, то ба вақти Алҳамдҳама шукр гардад, ба вақти ийёка наъбудуҳама тавҳид ва аҷз гардад ва ба вақти иҳдиноҳама тазаррӯъ гардад ва вай дили ҳама бо он дорад, то ин ийёка аз махраҷ берун ояд, чун касе, ки аз подшоҳе ҳоҷат хоҳад хост, ҳамегӯяд айюҳа-л-амир? Ва ин ба қувват ҳамегӯяд, то инҳо дуруст гӯяд ва мими амир дуруст гӯяд, шак нест, ки мустаҳақ силӣ ва мақт бувад ва гурӯҳе ҳар рӯз хатме кунанд ва Қуръон ба ҳазрама4ҳамехонанд ва ҳамедаванд ба сари забон ва дил аз он
1 Попӯш, кафш.
2 Модаи часбандае, ки бо он дастаи шамшерро бичаспонанд.
3 Асбоби ханда.
4 Ба шитоб хондан.
ғофил ва ҳама ҳиммати эшон он, ки то хатме бар хештан шумуранд, ки мо чунин хатм кардем ва имрӯз чандин ҳафтяки Қуръон хондаем ва надонанд, ки ин Қуръон номаест, ки ба халқ набиштаанд, андар вай амру наҳй ва идда ва ваъид ва ваъз ва тахвиф ва андоз меёбад, ки ба вақти ваъид ҳама хавф гардад ва ба вақти ваъд ҳама нишот гардад ва ба вақти масал ҳама эътибор гардад ва ба вақти ваъз ҳама гӯш гардад ва ба вақти тахвиф ҳама ҳарос гардад ва ин ҳама аҳволи дил аст, бад-он ки сари забони ҳама ҷунбонад, андар он чӣ фоида бошад? Масали вай чун касе бошад, ки подшоҳе ба вай номае нависад ва андар вай фармонҳо бувад, вай бинишинад ва нома азбар бикунад ва ҳамехонад ва аз маъонии он ғофил; ва гурӯҳе ба ҳаҷ шаванд ва муҷовир бинишинанд ва рӯза фаро гиранд ва ҳаққи рӯза бигузоранд ба нигоҳдошти дилу забон ва ҳаққи роҳ бигузоранд ба талаби зоди ҳалол ва ҳамеша дили эшон бо халқ бошад, ки эшонро аз муҷовирон шиносанд ва гӯянд мо чандин мавқуф биистодаем ва чандин сол муҷовир биистодаем ва ин миқдор надонистанд, ки андар хонаи хеш бо шавқи Каъба беҳтар аз он, ки дар Каъба бо шавқи риёи он, ки халқ бидонанд, ки вай муҷовир аст ё тамаъи он, ки чизе ба вай диҳанд ва бо ҳар луқмае, ки меситонад, бухле андар вай падид ояд, ки тарсад, ки касе аз вай биситонад ё бихоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё