Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

АСЛИ ДАҲУМ
Андар илоҷи ғафлату залол ва ғурур ва фирефтагӣ ва гумони некӯ бурдан ба хештан Бидон, ки ҳар кӣ аз саодати охират маҳрум монад, аз он бувад, ки роҳ нарафт ва ҳар кӣ роҳ нарафт, аз он бувад, ки ё надонист ва ё натавонист ва ҳар кӣ натавонист, аз он бувад, ки асири шаҳват бувад ва бо шаҳвати худ барнаёмад ва ҳар кӣ надонист аз он бувад, ки ё ғофил бувад ва бехабар бувад, ё роҳ гум кард, ё ҳам андар роҳ ба навъе аз пиндор аз роҳ бияфтод,
1 Арҷмандтарини шумо пеши Худованд парҳезгортарини шумоянд.
2 Ва битарсон хонавода ва наздикони худро.
3 Миёнҷӣ нахоҳанд шуд ҷуз барои касе, ки Худованд хушнуд бошад.
аммо он шақоват, ки аз натавонистан хезад, шарҳ кардем ва масали ин қавм чунон бувад, ки касеро роҳе бибояд рафт ва бар роҳ ақабаҳои танг ва душвор аст ва вай заиф бувад ва ақаба натавонад гузашт ва ҳалок шавад ва ақаботи ин роҳ чун шаҳвати ҷоҳ аст ва шаҳвати мол ва шаҳвати шикам ва фарҷ аст ва ин шаҳавот, ки гуфтем, кас бошад, ки як ақаба бигузорад ва андар дуввум оҷиз ояд ва кас бувад, ки ду бигузорад ва андар саввум оҷиз ояд ва ҳамчунин то ҳамаи ақабот бозпаси пушт наяфканад, ба мақсад нарасад, аммо шақоват, ки ба сабаби надонистан аст аз се ҷинс аст: яке ғафлат аст ва бехабарӣ, ки онро нодонӣ гӯянд ва мисоли ин чун касе бувад, ки бар роҳ хуфта монад ва қофила биравад, чун касе вайро бедор накунад, ҳалок шавад. Дуввумҷинси залолат аст, ки онро гумроҳӣ гӯянд ва масали ин чун касе бувад, ки мақсади вай аз сӯи машриқ бувад, рӯй ба ҷониби мағриб оварад ва ҳамеравад ва ҳарчанд бештар равад, дуртар монад ва ин залолро баъид гӯянд, аммо он гоҳ аз рост ва чап шавад ва залолат бувад, валекин баъид набошад. Аммо ҷинси саввум ғурур бошад, ки онро фирефтагӣ ва пиндор гӯянд: ва масали ин чун касе бувад, ки ба ҳаҷ хоҳад рафт, вайро дар бодия ба зари холис ҳоҷат бувад, ҳар чӣ дорад, ҳамефурӯшад ва ба зар ҳамекунад, валекин зар, ки ҳамеситонад қалб бувад ё мағшуш ва вай надонад, ҳамепиндорад, ки зод ҳосил кард ва мурод бихоҳад ёфт, чун ба бодия расад, зар арза кунад; ҳеч кас андар вай нанигарад, ҳасрат ва ташвир дар дасти вай бимонад ва андар ҳаққи ин қавм омадааст: «Қул ҳал анаббиъукум бил-ахсарина аъмо илло-лазина залл саъйуҳум фи-л-ҳайоти-д-дунйо ва ҳум йаҳсибуна сунъан», гуфт:
«Хосиртарин андар қиёмат касоне бошанд, ки ранҷ бурда бошанд ва пиндоранд, ки коре кардаанд, чун нигоҳ кунанд, ҳама ғалат карда бошанд ва тақсири ин кас аз он буда бошад, ки аввал ҳамебоист, ки саррофӣ биёмӯхтӣ, он гоҳ зар ситадӣ, то холис аз набаҳра бишинохтӣ, агар натавонистӣ, бар сарроф арза кардӣ, агар натавонистӣ, санги зар ба даст овардӣ ва сарроф мисли пир аст ва устод, бояд ки ба дараҷаи пирон расад ё андар пеши пире бошад ва кори хеш арза ҳамекунад, агар аз ин ҳар ду оҷиз ояд, санги зар шаҳвати вай аст, ҳар чӣҳаво ва табъи вай бад-он майл кунад, бояд ки бидонад, ки ботил аст ва андар ин низ ғалат афтад, валекин ғолиб он бувад, ки савоб ояд, пас нодонӣ асли аввал аст андар шақоват ва ин се ҷинс аст ва тафсили ин ҳар се ва илоҷи вай фариза бувад ба шинохтан: ки асли нахустин шинохтани роҳ аст, он гоҳ рафтани роҳ ва чун ҳар ду ҳосил шавад, ҳеч боқӣ намонад». Ва аз ин бувад, ки Абӯбакр разийаллоҳу анҳу андар дуо бар ин иқтисор кард ва гуфт: «Арина-л-ҳаққа ҳаққан ва арзуқно иттибоъаҳу — Ҳақ ба мо намо, чунон ки ҳаст ва қудрату қувват деҳ, то аз паи вай биравем». Ва мо андар ин усул, ки гузашт, илоҷи нотавонистан бигуфтем, акнун аз нодонистан бигӯем.
Пайдо кардани илоҷи ғафлат ва нодонӣ Бидон, ки бештари халқ, ки маҳҷубанд, ба сабаби ғафлатанд ва ҳамоно, ки аз сад наваду нӯҳ аз ин бошад; ва маънии ин ғафлат он аст, ки аз кори охират хабар надоранд ва агар хабар дорандӣ, тақсир накардандӣ: ки одамиро чунон офаридаанд, ки чун хатар бинад, ҳазар кунад, агарчи ба ранҷи бисёр ҳоҷат ояд, валекин ин хатар ба нури нубувват битавон дид ё ба мунодии нубувват, ки ба дигарон расад ё ба мунодии уламо, ки варасаи анбиёанд: ҳар кӣ бар сари роҳ хуфта монад, вайро ҳеч илоҷ набувад, ҷуз он ки бедоре мушфиқ фаро вай расад ва вайро бедор кунад ва ин бедори мушфиқ пайғамбар аст ва ноибони вай уламои дин ва ҳамаи анбиёро бад-ин фиристодаанд, чунон ки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд:
«Литунзира қавман мо унзира обоъуҳум фаҳум ғофилуна». Ва гуфт:
«Литунзира қавман мо атоҳум мин назирин қаблика», ҳамегӯяд: туро ки Муҳаммаде бад-он фиристодем, то халқро аз хоби ғафлат бедор кунӣ ва фаро ҳама бигӯӣ, ки: «Инна-л-инсона лафӣ хусри». Ҳамаро бар канори дӯзах офаридаанд: «Фа аммо ман тағо ва осара-л-ҳайота-д-дунйо фа иннал-ҷаҳима ҳиййа-л-маъво ва аммо ман хофа мақома раббиҳи ва наҳа-ннафса ъани-л-ҳаво, фа инна-л-ҷанната ҳиййа-л-маъво», ҳар кӣ рӯй ба дунё оварад ва аз паи ҳаво фаро шудан гирад, ба дӯзах афтод, ки масали ҳавои вай чун ҳасире аст ба сари чоҳи дӯзах фаро карда, ҳар кӣ бар ҳасир биравад, лобуд андар чоҳ афтад ва ҳар кӣ шаҳватро хилоф кард, ба биҳишт афтод. Ва масали шаҳват чун ақабаест бар роҳи биҳишт, ки ҳар кӣ аз вай андар гузашт, лобуд ба биҳишт расад. Ва ин гуфт соҳиби шаръ алайҳиссалом: «Хуффати-л-ҷаннату бил-макориҳи ва хуффита-н-нору биш-шаҳавоти»1. Пас, ҳар кӣ аз халқ, ки андар бодия аст, чун араб ва турку курд ва амсоли ин қавм, ки андар миёни эшон уламо наянд, андар хоби ғафлат бимонданд, ки кас эшонро бедор накард, худ аз хатари охират бехабаранд, бад-он сабаб роҳ намераванд ва ҳар кӣ андар рустоҳоянд ҳамчунин, ки олим андар миёнаи эшон камтар бошад, ки русто чун гӯр аст, чунонки андар хабар аст: «Аҳлу-л-куфури ҳум аҳлу-л-қубури». Ва ҳар кӣ андар шаҳре аст, ки андар вай олим ва воиз бар минбар сухангӯй нест ва ё олими он шаҳр ба дунё машғул аст ва ба маъсияти дин машғул нест, ҳам андар ғафлат бимонданд, ки ин олим низ ғофил ва хуфтааст,
1 Гирдогирди биҳиштро сахтиҳо фаро гирифтааст ва гирдогирди дӯзахро шаҳватҳо ва хушиҳо.
дигареро чун бедор кунад ва агар олими шаҳре бар минбар ҳамеравад ва маҷлис ҳамегӯяд, чунонки одати музаккирони беҳосил аст: саҷъе ва томоте ва нуктае ва ваъдаи раҳмате ва ишвае ҳамедиҳад, ки мардумонро гумоне афтад, ки ба ҳар сифат бошад, раҳмати эшонро андар хоҳад ёфт, ҳоли ин қавм аз ҳоли ғофилон батар аст ва масали вай чун хуфтае аст бар сари роҳ, ки касе вайро бедор кунад ва шаробе фаро вай диҳад, ки маст шавад ва бияфтад, ин мудбир пеш аз ин чунон бувад, ки осон бедор шудӣ ба ҳар овозе, ки бишунидӣ, акнун чунон шуд, ки агар панҷоҳ лагад бар сари вай зананд, огоҳӣ наёбад ва ҳар уммӣ, ки дар чунин маҷлис бинишинад, бад-ин сифат шуд, ки низ хатари охират андар дили вай фурӯ наёяд ва ҳар чӣ бо вай гӯӣ, гӯяд: эй мард, Худой карим ва раҳим аст ва аз гуноҳи ман вайро чи зиён ва биҳишт фарох аз он аст, ки моро андар он ҷой набувад? Ва амсоли ин турраҳот андар димоғи эшон бирӯяд; ва масали вай чун табибе бувад, ки беморро, ки андар ҳарорат бар хатари ҳалок аст, ангубин диҳад ва гӯяд ангубин шифост, ангубин касеро шифост, ки иллати сардӣ бувад ва оёт ва ахбори риҷо ва умеди Худои таъоло шифост ду беморро ва бас: яке он, ки чандон маъсият карда бошад, ки навмед шуда бувад ва аз навмедӣ тавба накунад ва гӯяд тавбаи ман ҳаргиз напазирад, ин вайро шифост, ки гуфт: «Қул йо ъибодийа-ллазина асрафу ъало анфусиҳим ло тақнату мин раҳматиллоҳи»1 ба шарти он, ки он оят, ки бад-ин пайвастааст, бархонӣ: «Ва анибу ило раббикум ва аслиму лаҳу мин қаблу ан йаътикуму-л-ъазобу сумма ло тунсаруна»2. Бо вай бигӯ навмед машав, ки Ҳақ таъоло гуноҳон биёмурзад, чун бозгардӣ ва тавба кунӣ ва аҳсану мо уназила3ро итбоъ4 кунӣ ва бемор дигар касе бувад, ки хавф бар вай ғолиб бувад, чунонки ҳеч аз ибодат наёсояд ва бими он бувад, ки худро аз ҷаҳди бисёр ҳалок кунад: ки ба шаб ҳеч нахусбад ва таом андак моя хӯрад ва амсоли ин, вайро ба оботи риҷо марҳам бошад. Аммо чун ин бо ғофилон ва далерон гӯӣ, чун намак бувад, ки бар сӯхта карда бошанд, ки иллат зиёдат кунад ва чунонки табиб ҳароратро бо ангубин илоҷ карда бошад ва андар хуни беморе шуда, ин олим ҳамчунон андар хуни дини мардумон бошад ва рафиқи Даҷҷол бувад ва мадади иблис бувад ва андар ҳар шаҳре, ки олиме чунин бувад, иблис дар чунон шаҳр нашавад: ки худи вай ниёбат дорад. Аммо агар
1 Бигӯ: эй бандагони ман, ки бар нафси худ ситам кардаед, аз бахшоиши худовандӣ навмед набошед.
2 Ва ба Худо бозгардед ва худро бад-ӯ боз гузоред, пеш аз он ки азоб бар шумо биёяд ва ёру ёваре набошад.
3 Некӯтарини он чи фиристода шуда.
4 Пайравӣ кардан.
сухани воиз ба шарти шаръ ва тахвиф ва инзор1 бувад, лекин сирати вай мухолифи гуфтор бувад ва бар дунё ҳарис бошад, ғафлати мардумон ҳам ба сухани вай барнахезад ва масали вай чун касе бувад, ки табақи лавзина андар пеш гирад ва ҳамехӯрад ва фарёд ҳамекунад, ки эй мардумон, зинҳор ҳеч кас гирди ин магардед, ки пурзаҳр аст: ин сабаби он шавад, ки мардумон бар он ҳарис шаванд ва гӯянд ин аз он ҳамегӯяд, то ҳама вайро бошад ва ҳеч кас бар вай заҳмат накунад; аммо чун кирдор ва гуфтори ҳар ду ба шарт бувад ва аз ҷинси гуфтор ва сирати салаф бошад, ғофилон ба қавли вай аз хоби ғафлат бедор шаванд, агар вайро қабуле бошад андар миёни халқ, аммо агар қабул набошад ва ё гурӯҳе сухан ҳаменашунаванд ва гурӯҳе ҳозир наёянд ва андар он ғафлат бимонанд, воҷиб бошад, ки чандон, ки тавонад, аз паси эшон фаро шавад ва ба хонаи эшон ҳамешавад ва даъват ҳамекунад.
Пас, аз ин маълум шуд, ки халқ аз ҳазор нӯҳсаду наваду нӯҳ андар ҳиҷоби ғафлатанд ва аз хатари кори охират бехабаранд ва ғафлат иллате аст, ки илоҷ ба дасти бемор нест: чи ғофилро аз ғафлати худ хабар набувад, илоҷи он чун ҷӯяд?! Пас, илоҷи он ба дасти уламост, чунон ки кӯдак, ки аз хоби ғафлат бедор шавад, ба қавли падару модар ва муаллим шавад, мардумон ба қавли воизон ва олимон бедор шаванд; ва чун чунин олим ва воиз азиз2 шудаанд, лоҷарам беморӣ музмин3 шудааст ва халқ андар ҳиҷоби ғафлат бимондаанд ва агар ҳадиси охират гӯянд, ба сари забон гӯянд ва бар тариқи расм гӯянд ва ботини эшон аз дарди ин мусибат ва ҳароси ин хатар бехабар бувад ва андар ин ҳеч манфиат набошад!
Пайдо кардани залолат ва гумроҳӣ ва илоҷи он Бидон, ки гурӯҳе дигаранд, ки аз охират ғофиланд, валекин эътиқоде кардаанд бар хилофи ростӣ ва аз роҳи ҳақ бияфтодаанд ва он гумроҳии ҳиҷоби эшон аст ва аз ин панҷ мисол бигӯем, то маълум шавад:
Мисоли аввал — он, ки гурӯҳе охиратро мункиранд ва эътиқод кардаанд, ки одамӣ чун бимирад, нест шавад, ҳамчун гиёҳе, ки хушк шавад ва ҳамчун чароғе, ки бимирад ва бад-ин сабаб лигоми тақво аз сар фаро кардаанд ва хуш ҳамезиянд ва пиндоранд, ки ин ки анбиё — алайҳимуссалом — гуфтаанд: дар ин ҷаҳон талаби ҷоҳ ва табъ кардаанд ва
1 Тарсондан.

пешина
аз 176
навбатӣ