Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

вақти баёни эҳсосот дар сухани худ гӯё ягон норасӣ пай мебарад, аз сухани аввалаи худ бармегардад ва тасвирро бо ибораи боз ҳам зеботару бурротаре қувват медиҳад.

Гоҳе руҷӯъ дар як байт ва гоҳе дар ду байт ва зиёда аз он алоқамандона воқеъ мешавад ва он гоҳ мисраъ ё байти дуюми нисбат ба якумӣ руҷӯъ ҳисоб меёбад.

Мисол аз Низомӣ:

То сабзаву боғро бибинад,
Дар сояи сурхгул нишинад,
Бо наргиси тоза ҷом гирад
Бо лола набидӣ хом гирад.
Аз зулф диҳад бунафшаро тоб,
В-аз чеҳра гули шукуфтаро об.
Аз нофан ғунча боғ хоҳад
В-аз мулки чаман хироҷ хоҳад,
Бар сабза зи соя наҳл бандад,
Бар сурати сарву гул бихандад.
Не, не гаразаш на ин сухан буд,
Не, сурхгулу на сарабӯи буд.
Будаш ғараз он ки дар паноҳе
Чун сӯхтагон барорад оҳе.

Дар ин порча шоир ҳодисаеро тасвир намуда, дар байти шашум якбора аз гапи худ мегардад ва «не, не гаразаш на ин сухан буд» гӯён, ҳодисаро ба тарзи дигаре ба таври боз ҳам муассиртаре эзоҳ медиҳад. Ҳамин ҷои ин порча, яъне ду байти охири он руҷӯъ (бозгашт) аст.

Чанд мисоли дигар:

Сухандонои сухан дӯшиза2 гуфтанд,
Сухан бигзор, марворид суфтанд.
(Низомӣ).

Лайлӣ на, ки субҳи гетиафрӯз,
Маҷнун на, ки шамъи хештансӯз;
Лайлӣ ба гузори боғ дар боғ,
Маҷнун, ғалатам, ки доғ дар доғ.
(Низомӣ).

Туро рух чун гулу лаб чун набот аст,
Ғалат гуфтам, лабат оби ҳаёт аст.
(Низомӣ).

Ҳар хӯша ривоҷбахши ҷон аст,
Шириникуни талхиҳои даҳон аст.
Хӯша на, ки шӯшаҳои зар буд,
Ҳар як силк3 ақиқи тар буд.
(Ҷомӣ).

1 Набид — бода, шароб.
2 Дӯшиза — духтари бокира, маҷозан сухани обношуста.
3 Силк — шадда, ҳамоил.

пешина
аз 303
навбатӣ