Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Бадномии ҳаёт ду рӯзе набуд беш,
Он ҳам, Калим, бо ту бигӯям чӣ сон гузашт:
Як рӯз сарфи бастани дил шуд ба ину он,
Рӯзи дигар ба кандани дил з-ину он гузашт.
(Калим).
Дар чамане, ки фитад сарву гул баробари ту,
Ба ҳусни ину тамошои он кӣ пардозад?
(Мушфиқӣ).
Ғайр аз матлаъ ҳамаи байтҳои ин ғазали Сайдо дорои санъати тақсим мебошад:
Ин чӣ рангу рухсор аст? Гулшани ҷамол аст ин!
Ин чӣ кадду рафтор аст? Ғояти камол аст ин!
Пеши рӯи тобонат ҷилваи таҷаллӣ чист?
Офтобу моҳ аст он, партави ҳилол аст ин!
Бо даҳони майнӯшат нест ғунчаро нисбат,
Чашмаи ҳаёт аст он, соғари сафол аст ин!
Мекунӣ гаҳ истиғно, медиҳӣ гаҳе дашноҳ,
Шишаи шароб аст он, шарбати висол аст ин!
Аз ту анҷуман кардан, май зи хуни дил хӯрдан,
Базми пойдор аст он, айши безавол аст ин!
Аз ғамат чу нақши по хок мекунам бар сар,
Ваҳ, чӣ рӯзгор аст он, оҳ ин чӣ ҳол аст ин!
Ҳаминнишин маро бо ту ҳар кӣ дид, мегӯяд:
Пири кӯҳнакор аст он, шӯхи хурдсол аст ин!
Ҳар куҷо ту мебошӣ Сайдо бувад он ҷо:
Юсуфию Миср аст он, Ҳинду хокмол аст ин!
(Сайидо).
Чунон ки аз ин мисолҳо дида мешавад, санъати тақсим айнан ҳамон лаффу нашри мураттаб асту бас. Ҳатто Шамси Қайс санъати ҷамъ ва тафриқро ҳам алоҳида зикр ва эзоҳ надод: «Ташбеҳи тафзил он аст, ки баъд аз ташбеҳи чизе ба чизе ваҷҳи тафзили мушаббаҳунбиҳӣ (монандкунанда) баён кунад».
Чунон ки Фаррухии Саҷзӣ гуфтааст:
Ба қадд гӯй сарвест дар миёни қабо,
Ба рӯй гуфтӣ моҳ аст барниҳода кулоҳ,
Чу моҳ буду чу сарву на моҳ буду на сарв,
Камар набандад сарву кулаҳ надорад моҳ.
Ва дигаре гуфтааст:
Рӯи ӯ моҳ аст, на, на, моҳ кай дорад кулоҳ, Қадди ӯ сарв аст, на, на, сарв кай бандад қабо!
Анварӣ гуфтааст:
Хостам гуфтан, ки дасту табъи ӯ абр асту кон,
Ақл гуфт: ин мадҳ бошад низ бо ман ҳампалос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё