Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Мисоле аз Фавқӣ ном шоире, ки тақрибан дар асри XVII зиндагӣ кардааст, дар баҳри тавил1 санъати сифатчиниро ба кор бурдааст:

Дӯш сармаст ба гулгашт саҳарғаҳ шуда будам, ки яке сарвкаде, лоларуҳе, ҳӯру парӣ, лабшакаре, симбаре, турфа нигоре, ки хиромидану рафтору шакархандаву гуфтору ду чашмаш ба фусун — ҳар як аз инҳо ба ҷудоӣ бирабоянд зи ошиқ дилу ҷонро.

Гуфтам: эй ҷони ҷаҳон, сарви равон, мӯрмиён, пистадаҳон, абрӯкамон, ҷумла ҷаҳон сарфи қадамҳои ту созам, агар аз роҳи яқин банданавозӣ бикунӣ, бар сару чашмам қадаме ранҷа намой, ки бувад боиси хушҳолию фархундагию айни сарафрозии ин мухлиси дерини шуморо.

Охируламр ба сад нозу карашма ба хиромидану рафтор даромад, ки ту гӯй магар ин қабки дарӣ ё ки тазарвест, ки дар боғи ҷинон ҷилвакунон бо ҳаракоту саканоту ба табассум ҳамагӣ сайд кунад шоҳу гадоро.

Дар таҳи гулбуни наврустаи пероста бинҳасту бигуфто, ки ҳало, ошиқи побастаи ман, пеш биёр он чӣ ту дорӣ зи шаробу зи кабобу газак, аз канду набуту шакару себу анору биҳию олуву шафтолуву гулканд, зи ҳар навъ, ки бошад, ба назар ор, ки то ҳар ду ба ҳам хандазанон, айшкунон ҷуръа бинӯшему хурӯшем, ки кайфияти завқи дигар аст ин ман гулталъати фарҳунданмонанди шафак сурхлиқоро2.

ТАЗОД ВА МУҚОБИЛА

Яке аз пуртаъсиртарин воситаҳои тасвироти бадеӣ ҳамоно муқобил гузоштани ду фикр ба ҳамдигар аст ва ё бо таъбири дигар гӯем, сифат хислатҳои ду кас ва ё ду чизро ба таври муқоиса ба ҳам муқобил гузоштан аст, ки санъати тазод ва муқобила (мутобиқа) ном дорад.

Аз каҷӣ афтӣ ба каму костӣ,
Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ.
(Низомӣ)


1 Баҳри тавил — шеъре, ки мисраҳои он хеле дароз аст ва ҳар мис-раъ бо як нафас кашидан хонда мешавад. Ҳарчанд ин мисол чандоне қи-мати бадеӣ надорад, чун намунаи ин қабил шеърҳо бо ҷавонон хотирнишон намудани онро лозим донистем.

2 Ниг. ба баҳри тавил, саҳ. 320.

пешина
аз 303
навбатӣ