Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар банди 1-уми шеъри «Суруди ман» М. Турсунзода ду санъати шеъриро кор фармудааст: тавсиф ва ташбеҳи мутлақ:

Сурудам — ҳофизи рози дили ман,
Аниси булбуловози дили ман,
Уқоби тезпарвози дили ман.
Адиби нуктапардози дили ман.
Ба обуранги нав овоз сар кун,
Сар овози нав аз банди ҷигар кун!

Сифатчинӣ

(Тансиқи сифот)

Баъзан барои тавсиф ва тасвири касе ё чизе ба таври болобардорӣ ва ё бо роҳи сарзаниш сифатҳои муносиб барои як мавсуф қатор чида мешавад, ки ифодаро қувват медиҳад. Ин гуна санъатро, ки сифатҳо паси ҳам чида шуда омадаанд, дар осори балоғати классикӣ тансиқи сифот меноманд, ки маънояш сифатчинӣ гуфтан аст. Сифатчинӣ бештар дар як байт ва гоҳо дар ду-се байти алоқадор, ҳатто баъзан дар тамоми як ғазал воқеъ мешавад.

Чанд мисол аз Низомӣ:

  1. Шигарфе1, чобуке, чусте, далере,
    Ба ҳар оҳу ба кина тундхӯе.

  2. Шакархандае рост чун найшакар
    Латифу хушу сабзу ширину тар.

Мисол аз Ҳофиз:

  1. Ширинлабе, шакардаҳоне, сарвкомате,
    Кӯтоҳ кунам ҳадис — ба хуби қиёмате...

  2. Дилам рабудаи лӯливашест шӯрангез,
    Дурӯғваъдаву қаттолвазъу рангомез...

Мисол аз Восифӣ:

Ситамгаро, фалако, каҷраво, ҷафокоро!
Нагӯямат, ки маро мулку подшоҳӣ деҳ!
Туию кӯҳнаработе хароб бар сари роҳ
Зи ҳар ки хоҳӣ ситону ба ҳар ки хоҳӣ деҳ.

Мисол аз Саййидо:

Чӣ нон? Рухсори хубони гуландом,
Чӣ нон? Дар чарбу нармӣ магзи бодом,
Бувад сурху сафеду пухтаву нарм,
Кунад савдои ӯ бозорро гарм.

1 Шигарф — аҷиб, ғалатӣ, ин ҷо ба маънои шӯх.

пешина
аз 303
навбатӣ