Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ба мӯе метавон сад кӯҳро бардоштан, Соиб,
Зи дил то бар забон як нуктаи санҷида меояд.
(Соиб)
Зи интизори кудумаш чунон гиристаам,
Зи ашки дидаи ман рӯи олам об гирифт.
(Сироҷии Бухороӣ)
Дар забони халқ низ дар соҳаи муболиға ифодаҳои аҷоиб ва барҷастае ҳаст. Аз он ҷумла, намунаҳои зеринро нақл намоем:
- Замин кафидасту одам баромадаст.
- Ба сараш санги осиё гашт-мӣ? Ин маънӣ дар шеър ин тавр истифода шудааст.
Бар сарам хоҳанд гардонанд санги осӣ,
Дар раҳат собит намоям ваъдаи мардонаро.
(М. Турсунзода)
- Ба осмон барой, аз поят мекашам, ба замин дарой — аз гӯшат.
- Дунё ба сараш фурӯ рафт.
- Ба ҳавли даҳанаш оши палав мепазад.
- Ба девор занад, каламаро гирифта мехезад.
Ин муболиғаҳои халқиро муболиғаҳои киноягӣ номидан ҳам мумкин аст.
ТАВСИФ
Нависанда барои тасвир кардани ягон воқеа, касе ё чизе гоҳо сифатеро меорад, ки яке аз муҳимтарин хусусиятҳои он воқеа, он касе ё чизеро хеле барҷаста нишон медиҳад.
Ҳамин гуна муайянкунандаи бадеӣ, ки муҳимтарин хусусияти ҳодисаро таъкид менамояд, тавсиф номида мешавад.
Масалан, сифатҳое, ки дар байтҳои зерини Ҳилолӣ омадаанд, хислатҳои асосии предмети тасвиршавандаро тавсиф кардаанд:
Эй модари меҳрубон, чӣ кардӣ?
Бо ошиқи нотавон чӣ кардӣ...
Дар оташи сӯзгӯдозам имрӯз,
Ё раб, чӣ кунам, чӣ созам имрӯз?
Дар забони тоҷикӣ бисёр калимаҳое ҳастанд, ки як ё якчанд сифати муайян доранд ва ин калимаҳо аксаран бо ҳамин сифатҳои худ якҷоя кор фармуда мешаванд.
Масалан, шери жаён, пили дамон, сарви равон, гули хандон, модари мушфиқ (ё меҳрубон), фарзанди азиз ва ғайра. Ин тарз калимаҳое, ки ба сифати доимии ягон исм табдил ёфтаанд, низ ба қатори тавсиф дохил мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё