Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар ин байт каҷӣ ба ростӣ ва афтодан ба растан (халос шудан) муқобил гузошта шудааст. Шоир ду хислатеро, ки зидди якдигаранд, ба ҳам рӯ ба рӯ гузошта, натиҷаи онҳоро, ки низ акси ҳамдигар аст, эзоҳ додааст. Ҳамин гуна зикр шудани ҳодисаҳоро, ки зид ва акси якдигаранд, санъати тазод ва муқобила меноманд:
Чунин аст расми сарои дурушт:
Гаҳе пушти зинҷу гаҳе зин ба пушт.
(Фирдавсӣ).
Чунин аст расми сарои1 фиреб.
Гаҳе бар фарозу гаҳе бар нишеб.
(Фирдавсӣ).
Чунин аст кирдори гардонсипеҳр:
Гаҳе чангу заҳр асту гаҳ нӯшу меҳр.
(Фирдавсӣ).
Дар ин байтҳои Фирдавсӣ дар мисраъҳои дуюм ду ҳодиса ба ҳам зид гузошта шудааст. Дар байти аввал: дунё чунин аст, ки гоҳ кас савори пушти зин аст, аммо гоҳ зинро ба пушт бардошта рафтани кас лозим меояд; дар байти дуюм калимаҳои фароз (баландӣ) ва нишеб (пастӣ), дар байти сеюм калимаҳои чангу заҳр ва нӯшу (нозу неъмат) меҳр ба ҳам муқобиланд.
Ба ҳангоми сахтӣ машав ноумед,
Ки абри сиях борад оби сафед.
(Низомиё).
Чун шамъ ба ханда дар ҳамезист,
Ширин ҳандиду талх бигрист.
(Низомиё).
Ба кам хӯрдан касеро таб нагирад,
Ба пур хӯрдан ба рӯзе сад бимирад.
(Низомиё).
Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.
Сухан кам гӯй, то бар кор гиранд,
Ки дар бисёр бад бисёр гиранд.
(Низомиё).
Чунон зӣ2, к-аз он зистан солиён
Туро суду касро набувад зиён.
(Низомиё).
Аз мисолҳои Низомӣ дар байти аввал барои ифодаи фикр
1 Саро — маҷозан дунё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё