Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

дода бошад ҳам, дар баёни санъатҳо тасарруф низ нишон додааст. Масалан, санъати иштикоқро иқтизоб (буриш) номидааст. Дар эроди мисолҳо низ мустақил кор кардааст. Дар «Маҳосин-ул-калом» зиёда аз 33 адад санъат нест, вале Рӯдакӣ онро ба 73 адад расондааст.

Абулҳасан Наср бинни Ҳасани Марғинонӣ аз адибони аввали асри V ҳиҷрӣ (XI мелодӣ) ва марде фозилу донишдӯст будааст. Самъонӣ дар «Ансоб» ва Боҳарзӣ дар «Дамьят-ул-каср» шарҳи ҳоли Марғинониро нигоштаанд. Рашидуддини Ватвот низ дар «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» ин олими фозилро ном мебарад.

Ногуфта намонад, ки як нусхаи мункасир аз китоби «Маҳосин-ул-калом» дар китобхонаи Испания мавҷуд аст.

Китоби «Маҳосин-ул-калом» ба ҳиммат ва мусоидати профессор Е. Гомес дар ихтиёри бунгоҳи тадқиқоти шарқии донишкадаи адабиёти донишгоҳи Истамбул қарор гирифтааст1.

Дар асрҳои XI—XII чанд асари дигар дар илмҳои сегона эҷод шудаанд. Аз ҷумла Аҳмад бинни Муҳаммади Маншурии Самарқандӣ доир ба санъати муталаввин, ки яке аз саноеи лафзияи шеърст, асари мухтасаре таълиф намудааст, ки Хуршедӣ онро шарҳ дода, «Канз-ул-ғароиб» номидааст2. Абумансури Қосим бинни Иброҳими Қойнӣ маъруф ба Бузургмеҳр, аз шоирони дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буда, аз арӯзиени Аҷам ҳисоб мешудааст, дар ин илм рисолае ҳам доштааст. Абумуҳаммади Абдулло бинни Муҳаммад Рашидии Самарқандии шоир, ки дар давраи ҳукмронии Султон Маликшоҳи Салҷуқӣ зиндагӣ кардааст, дар илми шеър «Зинатнома» ном китобе навиштааст3.

Аммо беҳтарини асарҳое, ки дар он давра ба вуҷуд омадааст, асари алломаи бузург Рашидиддин Абубакр Муҳаммад бинни Муҳаммад бинни Абдулҷалили котиби Умарии Балхӣ, маъруф ба Рашиди Ватвот (вафоташ дар соли 1182—1183) мебошад, ки «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-уш-шеър» ном дорад. Ҳадоиқ-ус-сеҳр яке аз шоҳкориҳои абадӣ дар илми бадеъ аст, ки ҳанӯз аҳамияти худро гум накардааст ва дар давраҳои гузашта бисёр муаллифон дар вақти навиштани асаре дар назария асосан ба ин рисолаи Рашиди Ватвот такя кардаанд.

Аз шоирони давраи Ғазнавиён Абулҳасан Алиӣ Баҳромии Сараҳсӣ чанд таълифоте дар илми арӯз ва қофия доштааст. Аз ҷумла «Ғоят-ул-арӯзийин» (ё «Ғоят-ул-арӯзайн») ном асаре навиштааст ва Низомии Арузии Самарқандӣ дар «Чор мақола» онро аз китобҳое ҳисоб мекунад, ки мутолиаи он барои ҳар

__________________ 1. Зеби сухан, ҷ. 1, саҳ. 27—227.
2. Ал-мӯъҷам, таълифи Шамси Қайс, чопи Теҳрон, муқаддимаи Абдулваҳҳоби Қазвинӣ, саҳ «б».
3. Ал-мӯъҷам, муқаддимаи Абдулваҳҳоби Қазвинӣ, саҳ. «ч».

пешина
аз 303
навбатӣ